Тааҳҳуди муштараки Риёзу Душанбе барои мубориза бо терроризм

02 ноября 2018
747
Муаллиф: Rushnoi.org

Тоҷикистону Арабистони Саудӣ бори дигар тааҳҳуди худ дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалиро таъйид карданд. Ин нукта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд, ки 2 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.

Акс аз president.tj

Маркази матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо бар аҳамияти ҳамгироии ду кишвар дар раванди ба эътидол овардани вазъи сиёсию амнияти Афғонистон ва таъмини амнияту субот дар кишварҳои олами ислом ва араб, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ низ таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки дар шароити кунунӣ манфиатҳои муштараки Тоҷикистону Саудӣ дар ҳамаи самтҳо дучанд афзун гардида, ҷавҳари онҳоро мафҳумҳои субот, амният ва пешрафту баланд бардоштани рифоҳи мардумонашон ташкил медиҳад. Вай гуфт, зарур аст, ки мазмуну мундариҷаи сифатан нави муносибатҳои ҳамкории ду кишвар таъмин карда, онҳо ба ниёзҳои имрӯза ва манфиатҳои миллии ду кишвар комилан созгор намуда шаванд.

Ду кишвар соли 2016 ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ як Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткориро ба имзо расонда буданд.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи соли 1992 ба расмият шинохт ва 22 феврали соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Тоҷикистон соли 2008 аввалин сафири худро ба Саудӣ фиристод ва соли 2010 сафорати Саудӣ дар Душанбе ифтитоҳ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ду маротиба (1997, 2001) ба Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом додааст ва декабри соли 2005 дар мулоқоти фавқулоддаи сарони кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ дар шаҳри Макка ширкат доштааст.

20 майи соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои ширкат дар нахустин нишасти сарони кишварҳои мусулмоннишин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Арабистони Саудӣ сафар кард.

Шиддати гармии равобити Тоҷикистону Саудӣ дар пайи рӯ ба сардӣ овардани равобити Душанбе ва Теҳрон пас аз 2015 мушоҳида мешавад. Он сол Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби исломиашро террористӣ эълон ва Эронро ба пуштибонии он муттаҳам кард.

Саудӣ ва Эрон ду рақиби сарсахт дар олами ислом ба ҳисоб мераванд, ки солҳо ба ин сӯ барои пешво будан дар олами ислом, бахусус нуғтаҳои доғи он – Афғонистон ва Ховари Миёна рақобат мекунанд.