ДИДГОҲ | ЗиддиТолиб. Генерал Розиқ ба кӣ халал расонд?

29 ноября 2018
1289
Муаллиф: Фахриддини Холбек

Рӯзи маргаш ҳама гиристанд. Дар тамоми масоҷиди гӯшаву канори Афғонистон ҷаноза хонданд ва дуо карданд, ки Худованд ӯро ба биҳишти худ қабул кунад. Тоҷик, ӯзбек, ҳазора… бори аввал дар канори паштун барои як одам ашк рехтанд. Дар дохилу хориҷ маҳфилҳои ёдбуд гирифта шуд. Дар шаҳрҳо овезаҳои бузурге аз аксҳои ӯ қад афрохтанд. Аксҳояш рӯи мизу деворҳои утоқҳои кориву манзилҳо пайдо шуданд. Дар борааш ба ҳамаи забонҳо тарона офариданд. Дар ин кишваре, ки марги як шахсият нисфашро шод мекунад ва ҳамдилӣ рахти сафар барбастааст, бори аввал мардум бидуни эълони расмӣ ба азои умумимилӣ нишастанд. Ин ҳама аз нишонаҳои як қаҳрамони миллиянд, ки Афғонистон пас аз Аҳмадшоҳи Масъуд ёд надошт…

Абдулрозиқ Ачакзай/акс аз rferl.org

18 октябр дар шаҳри Қандаҳор генерал Абдулрозиқ Ачакзай, маъруф ба генерал Розиқ, зиддитолиби асосӣ, муборизи алайҳи терроризм ва барозандатарину муассиртарин чеҳраи ҷануби Афғонистон ба шаҳодат расид. Беҳуда нест, ки куштори ӯро аз рӯи аҳамият дуввумин ҳодисаи муҳим пас аз терури Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 2001 арзёбӣ мекунанд. Марги ӯ паём аз таҳаввулоти бузург на фақат дар ҷануб, балки Афғонистон ва дар умум минтақа медиҳад. Розиқ ягона ҷанговаре буд, ки ҳеҷ кадом аз набардашро ба Толибон набохтааст. Ӯ ҳадафи интиқодҳои шадиди созмонҳои ҳуқуқи башар низ буд. Таҳлили маҷмӯае аз иттилоот бармало мекунад, ки марги Розиқ як тарҳи муштараки хадамоти истихборотии чанд кишвар буд.

ГЕНЕРАЛ РОЗИҚ БА КӢ ХАЛАЛ РАСОНД?

“Ҳамаро чаппа кард”

Пас аз террори генерал Розиқ ахбори мухталиф ва баррасиву ҳадсу гумонҳои зиддунақизе аз сӯи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба азҳони умум рехта шуданд, ки як гуна сардаргумии иттилоотиро ба вуҷуд овард.

18 октябри соли 2018 тақрибан соати 11 – и пеш аз зуҳр ҷаласаи мақомоти амниятии Афғонистон дар бино (ё меҳмонхона) — и маъмурияти вилояти Қандаҳор, ки ба баррасии масоили интихоботи парлумонии рӯи 20 октябр ихтисос ёфта буд, оғоз шуд. Дар ин ҷаласа намояндагони дастгоҳҳои марказии мақомоти низомӣ, ҳамчунин Остин Скот Миллер, фармондеҳи тоза таъйиншудаи неруҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон (2 сентябр), мақомоти Қандаҳор – волӣ Залмай Висо, фармондеҳони пулис ва хадамоти амнияти вилоят — генерал Розиқ ва Абдулмӯъмин Ҳусайнхел, мӯйсафедон, афроди бонуфуз ва дигарон ширкат доштанд.

Бино ба ахбори манобеъи гуногун, ҳудуди соати 3 ба 3.30 — и пас аз зуҳр баъд аз мулоқот ё ҳангоми он ба ширкатдорони ин маҷлис ҳамлаи террористӣ сурат гирифт. Дар оғоз ин хабар дарз кард, ки дар пайи ин ҳамла ҳарду генерал — Розиқ ва Ҳусайнхел, волии Қандаҳор Залмай Висо ва Абдунабӣ Илҳом, фармондеҳи пулиси минтақаи 404 – и “Майванд” ба ҳалокат расидаанд. Баъдтар маълум шуд, ки  дар пайи ин ҳамла генералҳо Розиқ, Ҳусайнхел ва Муҳаммад Салим Ангор, рӯзноманигори телевизиони маҳаллӣ кушта, волӣ ва фармондеҳи пулиси минтақаи 404 – и “Майванд” захмӣ шудаанд. Фармондеҳи НАТО ҷон ба саломат бурда, аммо се низомии хориҷӣ, ба шумули генерали амрикоӣ Ҷефри Смайли низ захмҳои сабук бардоштаанд.

Дақоиқи аввал дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабар паҳн шуд, ки террористи худкуш аз ҷумлаи муҳофизини волии Қандаҳор ба толор ворид шуда, аз “Калашников” тирандозӣ кардааст. Баъдтар ин хабар бо ин ки ҳамла дар дари вурудӣ ё баромадгоҳи бино аз сӯи муҳофизи волӣ ба номи Гулбуддин анҷом шудааст, иваз шуд.

ТВ “Тулӯъ” аз маҳалли ҳодиса гузориш дод, ки генерал Розиқ ва дигарон дар саҳни канори бино, ки чархболи фармондеҳи НАТО фуруд омада буд ва аз сӯи сарбозони хориҷӣ муҳофизат мешуд, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Бино ба ин иттило, ҳамлаи террористӣ ҳангоме анҷом шуд, ки генерали амрикоӣ ба чархбол савор шуда буд ва ҳозирин бо генерал Розиқ тасвирҳои ёдгорӣ мегирифтанд. Террорист бо баҳонаи тавзеҳи анор вориди анбуҳи ҳозирин мешавад ва ба тирандозӣ мепардозад. Тирандозӣ ҳудуди 3 то 4 дақиқа идома меёбад. Бино ба ин манбаъ, муҳоҷим аз тири сарбози НАТО, ки дар боми бино буд, кушта шуд.

Худи ҳамон рӯз “Садои ҷиҳод”, пойгоҳи интернетии ҳаракати Толибон, аз кушта шудани генерал Абдурозиқ, “фармондеҳи ваҳшии пулиси Қандаҳор бо ҳамроҳонаш аз ҷумлаи мақомоти баландпояи душман” хабар дод. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба расонаҳо гуфт, ки ҳадафи ҳамла фармондеҳи амрикоӣ Остин Скот Миллер ва генерал Абдурозиқ буданд.

Аммо Скот Миллер худи ҳамон рӯз ба ТВ “Тулӯъ” гуфт: “Ман ҳадаф набудам…” Сарҳанг Кнут Питс, намояндаи расмии НАТО изҳор дошт, ки Розиқро яке аз муҳофизони нухбаи волии Қандаҳор пас аз мулоқоти сатҳи олӣ дар ҷаласаи вилоят аз пушти сар тир задааст. «Ахбори аввалия нишон медиҳанд, ки ин як ҳамлаи афғон ба афғон буд… Ба мо гуфта буданд, ки ин маҳал амн аст», – гуфт Питс.

Скот Миллер/акс аз khaama.сom

24 октябр сомонаи Толибон хабар дод, ки ҳамла пас аз хатми ҷаласа, вақте Миллер дар иҳотаи раҳбарони Қандаҳор ба сӯи чархболи худ мерафт, анҷом гирифт. “Сарбозони дигари душман ба муҷоҳиди нуфузӣ ҳамла карданд ва генерал натавонист аз байн равад ва ба ин тартиб, вафодорони афғонаш ба хун фурӯ рафта, барои ӯ қурбонӣ шуданд ва зиндагии ҷадидеро барои фармондеҳи амрикоӣ ба армуғон оварданд” – менависад ин манбаъ.

23 октябр расонаҳои Афғонистон фарзияи дигареро нашр карданд. Гул Оғо Шерзай, волии собиқи Қандаҳор, аз қавли Залмай Висо гуфт, ки то ҷаласа тамоми сарбозу муҳофизони афғон, ба истиснои Гулбиддин, халъи силоҳ шуда буданд. Ба қавли ӯ, вақте меҳмонон (фармондеҳони НАТО) рафтанд, бақия, аз ҷумла генерал Розиқ, дами дарвозаи шаҳрволӣ истода, бо меҳмонони боқимонда худоҳофизӣ мекарданд, ки ин одам ба тирандозӣ шуруъ ва ҳамаро чаппа кард.

22 октябр Хадамоти амнияти Афғонистон аз боздошти 15 гумонбар хабар дод. Баъдтар теъдоди боздоштшудагон аз сӯи ин ниҳод ба 22 тан расид.

Фарзияи даҳшатнок

Фарзияи дигар, ки аз номи “шахси ҳозир дар саҳна” дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст шарик карда мешуд, фоҷиаро барҷастатар мекард. Бино ба он, генерал Миллер дар ҷаласа ба ҷуз масоили интихоботӣ мавзӯъи деворкашиҳои Покистон дар хатти Дюранд ва сулҳ бо Толибонро низ матраҳ карда, аз генерал Розиқ тақозо мекунад, ки дар ин амр ба кори мақомоти Афғонистон ва НАТО мудохила накунад, балки хомӯш нишинад. Генерал Розиқ мегӯяд, миллати афғон барои Дюранд қурбонии зиёд додаву медиҳад, аз ин хотир, ҳақ дорад дар таъйини марзи ватани худ саҳм дошта бошад ва сулҳ ҳам барои мардуми Афғонистон аст, на дигарон. Вай мегӯяд, мо ду даҳа барои хориҷиҳо вақт додем, аммо на танҳо навиде аз сулҳ надоданд, балки рӯзи афғонҳоро аз гузашта бадтар сохтанд ва ҳоло мо худ даст ба кор шуда, аз ҳар тариқи мумкин сулҳро ба мардуми худ ҳадя хоҳем дод. Миллер боз таъкид мекунад, ки ҳозирин бояд донанд, Розиқ бояд хомӯш бошад, вагарна сулҳу амнияти ҷануби Афғонистон дар хатар хоҳад уфтод. Баҳс ба ҷое мекашад, ки генерал Розиқ бо қаҳр аз толори ҷаласа берун мешавад ва Миллер низ бо муҳофизонаш аз паси ӯ мераванд.

Шоҳид мегӯяд, ӯ низ мехост берун шавад, аммо дами дар муҳофизони Миллер ӯро бозмедоранд ва мегӯянд, ки интиҳорӣ омадааст, берун наоянд. Ин дам тирандозӣ шуруъ мешавад. Шоҳид ба манзили боло меравад ва аз тиреза мебинад, ки ҷасади фармондеҳ Розиқ дар саҳни ҳавлӣ хоб аст. Ҳамон лаҳза неруҳои НАТО худро ба дохилу хориҷи толор мерасонанд ва яке аз муҳофизони волиро тирборон мекунанд. Шоҳид фикр мекунад, ки шояд ҳамин нафар фармондеҳ Розиқро ба қатл расондааст. Ба шоҳид боз ду нафари дигар мепайванданд. Ҳама ҷоро дуд мегирад. Онҳо бо чашмони худ мебинанд, ки як хориҷӣ волӣ, раиси амният ва раиси манобеъи башариро, ки дар вурудгоҳи даҳлез банда монда буданд, низ тирборон кард. Шоҳидон мефаҳманд, ки қазия қисми дигар аст, аз ин хотир, ҳамагӣ ба ташноб паноҳ мебаранд, то онҳоро низ накушанд. Тақрибан пас аз даҳ дақиқа тирандозиҳо ба поён мерасанд. Шоҳидон берун меоянд ва дармеёбанд, ки ҳеҷ хориҷие дар саҳна ҳузур надорад. Вақте дохили толор мешаванд, мебинанд, ки хабарнигори телевизиони миллӣ низ тирборон шуда, рӯи фарш хобидааст. Камераи ӯро сӯзонда ва филмашро гирифта буданд…

“Писари хола”

19 октябр Сами Юсуфзай, рӯзноманигори афғоне, ки дар Покистон зиндагӣ мекунад ва барои маҷаллаи амрикоии Newsweek менависад, бо истинод ба манобеъи Толибон дар Твиттери худ навишт, ки шахси ҳамлавар ба генерал Розиқ шаш сол боз интизори фурсат буд: «Номи ӯ Ризо Муҳаммад ва бошандаи вулусволии Гелони вилояти Ғазнӣ аст». 20 октябр студияи “Ал-ҳиҷра” – и Толибон навори суҳбати террористи худкуши худ ба номи Ҳафиз Забеҳуллоҳ, мулаққаб ба “Абу Дуҷона” ва тамринҳои ӯ дар пойгоҳеро пахш кард. Тибқи ин манбаъ, мавсуф ба сафи муҳофизони Залмай Висо нуфуз дода шуда буд.

22 октябр Хадамоти амнияти Афғонистон эълон кард, ки террористи худкуш бидуни ҳеҷ гуна озмоишу таҳқиқи расмӣ ва ҳам шиносномаву номи ҷаълӣ яку ним моҳи пеш ба муҳофизати волӣ гумошта шуда буд. Бино ба ин манбаъ, ӯ 15 дақиқа қабл аз ҳамлаи террористӣ тариқи телефон бо он сӯи хатти Дюранд суҳбат кардааст. Бино ба иттилои дигар, ӯ дар сафи муҳофизини волӣ минҳайси “бачаи бериш” нуфуз ёфта буд. Худи волӣ ба Гул Оқо Шерзай гуфтааст, ки Гулбиддинро ба сафи муҳофизони ӯ писари холааш Гул Аҳмад оварда буд.

Гул Оқо Шерзай/акс аз rferl.org

Ба қавли Раҳматуллоҳ Набил, раиси собиқи Хадамоти амнияти Афғонистон, қотили генерал Розиқ як ҷавони 17 – сола буда, дар урдугоҳи “Ал-ҳамза” – и Толибон дар Покистон, ки ба омода кардани террористони худкуш ихтисос ёфтааст, таҳти назорати нафаре ба номи Тоҷмир Ҷавод, машҳур ба Мавлавӣ Забеҳуллоҳ тамрин дидааст. Набил бо ин иддао, ки иттилоаш мувассақ аст, менависад: “Дар асл барномаи террори генерал Розиқ тавассути Мулло Ширин, яке аз аъзои Шӯрои Кветтаи Толибон ва ҳамкории як тан аз муҳофизини волии Қандаҳор, ки фарди муҳоҷимро аз хешовандони худ (писари хола) муаррифӣ ва дар ҷамъи муҳофизин истихдом ва як соат қабл аз вуқӯъи ҳодиса аз шаҳри Қандаҳор фирор намуда буд, тарҳрезӣ гардидааст”.

25 октябр ТВ «Тулӯъ» хабар дод, ки ҳамоҳангсози кори террорист нафаре бо номи Басир аз муҳофизони Висо будааст. Вазорати корҳои дохилии Афғонистон эълон кард, ки бо террорист ду муҳофизи волӣ (эҳтимолан, Гул Аҳмад ва Басир) ҳамкорӣ мекарданд, ки ду соат қабл аз ҳамлаи террористӣ фирор кардаанд.

Шоҳидони айнӣ

Бегоҳи 7 ноябр ТВ “Тулӯъ” мустанади таҳқиқи ҳодисаи террори генерал Розиқро пахш кард. Ин ягона таҳқиқест, ки то имрӯз анҷом ва расонаӣ шудааст. Муаллифи мустанад Шариф Амирӣ бо шоҳидони айнӣ сӯҳбат карда, ҳодисаро аз забони онҳо баён мекунад.  Бино ба ин мустанад, рӯзи 18 октябр дар бинои маъмурияти вилояти Қандаҳор ду ҷаласа баргузор шуд: яке, амниятӣ ва пушти дарҳои баста, ки 20 дақиқа ва дигаре, умумӣ ва аланӣ, ки 1 соат идома ёфтанд. Ҳамла ба генерал Розиқ пас аз анҷоми ҷаласаҳо ҳаволии соати 3 – и баъд аз зуҳр сурат мегирад.

Мутеъуллоҳ, суратгири хоси Розиқ, ки ҳамеша дар фосилаи на чандон дур аз генерал мегашт. Дар яке аз аксҳои ӯ дида мешавад, ки муҳоҷим лабханд дар лаб ва ду кардони анор дар даст дорад ва аз пушти генерал Розиқ, ки бо иттифоқи Скот Миллер, генерал Мӯъмин ва Залмай Висо машғули тамошои аксҳои телефони мобайли генерали амрикоӣ ҳаст ва дар ҳоли табассум аст, дар якқадамӣ истодааст. Дар акси дигари Мутеъуллоҳ ҳамагӣ дар ҳаракат ба сӯи майдончаи ҳавоӣ ҳастанд. Мутеуллоҳ мегӯяд, дар майдон қумондон Абдуррозиқ ва муҳофизинаш дар саҳна ҳузур доштанд, вале чархболҳои генерали амрикоӣ ҳанӯз нарасида буданд.

Марди муҳоҷим дар миёни анбуҳи ҳадафҳост, аммо ҳадафи аслии ӯ генерал Розиқ аст ва қадам ба қадам ӯро дунболагирӣ мекунад. Ниҳоят дар майдончаи ҳавоӣ ӯ ба сӯи генерал Розиқ шиллик мекунад. Амирӣ мегӯяд, генерал Розиқ як тир ба сина, як тир ба шикам ва ду тир ба пойҳояш хӯрда буд. Мутеъуллоҳ мегӯяд:

“Дар ҳамин вақт ногаҳон файр шуд ва пасонтар дигар файрҳо ҳам сурат гирифт. Ман худро дар як гӯша пинҳон кардам, баъд ба ҷойи ҳодиса дидам, ки қумондон ба замин афтида буд ва ба ҷигар мармӣ хӯрда буд. Вақте ки соҳа контрол шуд, муҳофизини Абдурозиқ расиданд ва инҳоро ба шифохона интиқол доданд. Маълум нашуд, ки файр кӣ кард ва аз куҷо сурат гирифт… Ду файр шуд, яке кӯчак ва дигар калон”.

Вақте тирандозӣ шурӯъ мешавад, сарбозони хориҷӣ, ки дар болои як сохтмон буданд, низ тир меандозанд. Ин тирандозиҳо аз 3 то 4 дақиқа идома мекунанд. Хабарнигори “Тулӯъ” мегӯяд, шахси муҳоҷим дар умум 28 тир шиллик кардааст ва нахустинаш ба қалби генерал Розиқ.

Скот Миллер бо ҳамроҳии Мулло Масъуд Охундзода, масъули Ҳирқаи муборак дар Қандаҳор

пас аз аввалин шиллик худро пушти як танки мавҷуд дар майдон пинҳон мекунанд. Охундзода мегӯяд, қабл аз тирандозӣ мардум бо қумондон акс мегирифтанд. “Ман дар чандқадамӣ будам. Муҳофизи волӣ аввал Калашинкуфашро боло карда, ба Абдурозиқ ва баъд ба тамоми мардум тир андохт. Мардум захмӣ шуданд. Аз колоҳои ман ҳам тир гузашта буд. Баъдан амрикоиҳо ба тирандозӣ шуруъ карданд”.

Муҳофизи наздиктарини генерал Розиқ фармондеҳ Носир, ки беш аз 10 сол ӯро муҳофизат мекард, мегӯяд, интизори чунин ҳамла дар чунин ҷои амн набуд: “Туфанг дар шонаам буд ва пеш аз қумондон мерафтам. Тирандозӣ дар пушти сари ман сурат гирифт. Ман дидам, ки аскари сарҳади болои дарвоза тир меандозад, ки дар тарафи дарвоза буданд. Баъдан хориҷиҳо тир андохтанд, вале маълум нашуд, ки ба сӯи кӣ тир мезананд. Тирандозиҳои ҳавоӣ шурӯъ шуд”.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар майдончаи ҳавоӣ ҳама чӣ ба ҳам хӯрда буд ва ба ҳеҷ як аз низомиён бовар карда намешуд. Ба қавли онҳо, дар он рӯз ҳеҷ муҳофизи мақомоти маҳаллии амрикоӣ дар Қандаҳор халъи силоҳ нашуда буданд. Раҳматуллоҳ Атрофӣ, масъули таҳқиқи ҳодисаи террури генерал Розиқ мегӯяд, хориҷиҳо ва муҳофизини қумондон бар шахси мухолиф тир андохтанд.

Вазъият ба зудӣ таҳти назорат даромад. Шоҳидон мегӯянд, дар саҳна Розиқ дар хун метапид, Муъмин кушта ва волии Қандаҳору фармондеҳи нерӯҳои “Атал” ва ду низомии амрикоӣ ҳам захмӣ шуда буданд. Захмиҳоро ба шифохона бурданд.

Ғӯрзанг, ёвари генерал Розиқ, ки “маҳрамтарин розҳои ӯро медонист”, бахше аз ёфтаҳои тибби адлиро чунин баён мекунад: “Бино ба маълумоте, ки ба мо расид, он бача “Калашинкуф” дошт ва “Калакуф”-у “Кринкуф” — и волӣ ҳам бо ӯ буд. Захмҳои қумондон калон буд. Тирҳои туфангҳои амрикоӣ хурд аст ва тири “Калашинкуф” калон”.

Вай мегӯяд, генерал Розиқ аз ҳамла хабар дошт, аммо намедонист, ки кӣ ин корро хоҳад кард: “Вақте ки ба бинои вилоят мерафтем, қумондон гуфт, ки ба посгоҳҳои бино аскарҳои худамонро боло кунед. Дар 3 ё 4 посгоҳ аскарҳои худамон ҷо ба ҷо шуда буд. Аммо касе хабар набуд, ки муҳофизи волӣ чунин кор хоҳад кард”.

Баҳси Дюранд буд ё не? Абдулҳаннон Муниб, муовини волии Қандаҳор, ки дар ҳар ду ҷаласа ширкат карда буд, мегӯяд: “Ин сарусадоҳо дар Фейсбук нашр мешавад, ки инҳо (Розиқ ва Миллер) бар сари масъалаи Дюранд мушоҷараи лафзӣ доштанд. Қатъан чунин сӯҳбат набуд. Метавонед аз гувоҳони ҳамин маҳфил пурсон кунед”.

Дар ҳамин ҳол, дар мустанади “Тулуъ” аз 7 ноябр гуфта мешавад, ки нафари худкушро Гулбуддин мешинохтанд ва ӯ яку ним моҳ пеш ба сафи муҳофизони волӣ ҷалб шуда буд. Муҳаммад Насим, муҳофизи волии Қандаҳор мегӯяд:

“Ин одам гап намезад ва Басир ном ӯро оварда буд. Замонаташ Басир буд ва Басирро Мавлодод, ки амири муҳофизини волӣ аст, оварда буд. Мо намефаҳмидем, ки ин одам аз куҷо, аз кадом кӯча ва аз кадом вулусволӣ аст. Дар байни як ҳафта ба горди махсуси волӣ қабул ва посбони дафтари волӣ шуд”.

Ғӯрзанг ҳам мегӯяд, тазмини ӯро Мавлодод карда буд, ки фармондеҳи горди волӣ буд.

(Идома дорад)

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД