“Чароғҳои сурх”. Оё Қирғизистон “афғониза” мешавад?

25 ноября 2018
821
Муаллиф: Фахриддини Холбек

Ҳузури равияву фирқаҳои динӣ дар Қирғизистон “даҳсолаи демократия” – и даврони Зоҳиршоҳи Афғонистонро ба хотир меорад.

Ба гумони ағлаб, иштибоҳи сарнавиштсози шоҳ ин буд, ки бо қабули Қонуни асосии ҷадид (1964) дасти тамоми неруҳои сиёсиро боз кард. Аз ин роҳ ӯ Афғонистонро ба коми коммунистон (Ҳизби халқӣ – демократӣ), маоистҳо (“Шӯълаи ҷовид”), ихвониҳо (Ҷамоати ихвонулмуслимин) ва дигар ҳизбу созмонҳо, ба шумули миллигароён, аз қабили “Афғонмиллат” – и паштунҳо ва “Ситами миллӣ” – и тоҷикон тела дод. Натиҷаи аввалини ин “даҳсола” кудатои соли 1973 буд, ки писарамакаш Довудхон бо кӯмаки генералҳои коммунисти артиш ӯро аз тахт пойин андохт.

Афғонистон ҳудуди 60 ба ин сӯ ба ҳисоби мушкили худ расида наметавонад, балки се қарн ба ин сӯ майдони набарди бозигарони аслии “Бозии бузург” – Британия ва Русияи шоҳӣ, ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳоло Амрико ва Русия шудааст. Ҳинду Покистон ва Эрону Арабистони Саудӣ низ сармояҳои бузургеро харҷи рақобатҳои сарду гарми худ кардаанд, то ин кишвар ба як тали хок ва азиятхонаи инсонҳо табдил ёбад.

Таърих шоҳид аст, ки коммунистҳо ва маоистҳо — неруҳои ниёбатии маснуъии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин нокорагии худро собит карданд, зеро реша дар таъриху фарҳанги ҷомиаи Афғонистон надоштанд. Коммунизм ҳатто ба дарди худи русҳову қаламравҳои таҳти нуфузашон дар Аврупои Шарқиву соҳилҳои Балтика ва Қафқозу Осиёи Миёна нахӯрд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳифзи ҳукумати Довудхон ва режими коммунистие, ки миёни солҳои 1973 — 1992 дар қудрат буданд, ҳатто аз роҳи таҳоҷум ва дахолати низомии мустақим ноком шуд. Дастнишондаҳои чинӣ танҳо як вазифа доштанд —  ҷилавгирӣ аз густариши нуфузи Шӯравӣ.

Ихвониҳо, ки аз сӯи Зоҳиршоҳ, Довудхон ва коммунистҳо таъқиб мешуданд, бо пули Амрико,  Покистон, Саудӣ, Эрон ва дигар кишварҳо таҳкиму таҷҳиз шуданд ва ниҳоят соли 1992 ба қудрат расиданд. Онҳоро ҳаракати ҷадиди исломгароёни мутаассиб – Толибон, намояндагони идеологияи девбандии наздик ба ваҳҳобиён ва такфириҳо, ки аз сӯи Покистон – намояндаи осиёии Британия ва ИМА, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб пуштибонӣ мешуд, аз қудрат канор зад.

Дахолати низомии бузургтарин қудрати низомӣ ва иқтисодии ҷаҳон – ИМА дар соли 2001 ва суқути ҳукумати Толибон низ ба Афғонистон сулҳу рифоҳ наовард. Баръакс, кишвар ба “Ветнами дуввум” барои Амрико ва НАТО табдил ёфт ва Афғонистонро дар баробари чолишҳои ҷадид қарор дод. Талибон ин дафъа бо пуштибонии Русия, Эрон ва Покистон боз баргаштанд. Мутаассифона, орзуи сулҳу субот барои мардуми азияткашидаи Афғонистон ҳам пушти кӯҳи Қоф монд.

Оё Қирғизистон низ “афғониза” мешавад?

Билофосила зикр мекунем, ки ҳамсӯҳбатони ман қатъан хоҳиш карданд, то сӯҳбатҳои онҳо дар бораи фаъолиятҳои ҷараёнҳои мазҳабӣ ва мадориси Қирғизистон бидуни зикри ном нашр шавад. Онҳо бепарда мегӯянд, ки назарҳои манфии онҳо дар бораи созмонҳои террористӣ ва тундгаро барояшон мушкилоти бузургро халқ хоҳад кард, зеро ин неруҳо дар Қирғизистон дасти боз доранд. Аммо онҳо бо камоли майл ва нигаронӣ вазъи кишварро ба риштаи тасвир мекашанд. Ҳар қадар, ки ба ин мавзуъ жарф меравед, ҳамон қадар бештар аз ояндаи ин кишвар ва дар умум минтақаи Осиёи Марказӣ нигарон мешавед.

Оморе, ки ҳамсӯҳбатони мо ба даст медиҳанд, қобили мулоҳиза аст. Дар Қирғизистоне, ки 6 миллион аҳолӣ дорад, 100 муассисаи таълимии сабтиномшудаи исломӣ — 10 донишкада, 1 донишгоҳ, бақия мадрасаҳо – фаъолият мекунанд. Мадрасаҳо аксаран хусусӣ – ғайридавлатиянд (барои муқоиса: дар Ӯзбекистоне, ки 30 миллион аҳолӣ дорад, як донишгоҳ ва 9 мадраса фаъоланд ва ҳамагӣ давлатиянд; Тоҷикистон ҳудуди 9 миллион аҳолӣ, аммо ҳамагӣ як донишкадаи исломӣ дорад ва дар Қазоқистон (беш аз 18 миллион нуфус) ҳудуди 30 муассисаи таълимии динӣ фаъоланд, ки ҳамагӣ давлатиянд).

Мадорису донишкадаҳои Қирғизистонро бунёдҳои хайрия сармоягузорӣ мекунанд. Ин кишвар ҳудуди 80 бунёду созмони ғайридавлатии динӣ дорад, ки умдатан аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд. Толибон, ҳамон донишҷӯён, умдатан фарзандони муҳоҷирини афғон, фориғуттаҳсилони мадориси ғайрирасмии Покистон буданд, ки дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ бо пули Арабистони Саудиву дигар кишварҳои Халиҷ бунёд шуда буданду харҷашон ҳам аз кисаи шайхҳои араб буд. Дар қиёс бо Покистон дар Қирғизистон ин ҳама дар як замони осоишта рух медиҳад ва дида мешавад, ки бо иҷоза ва ризоияти хамӯши мақомоти расмӣ. Ҳукумати ин кишвар ҳатто рӯйхати донишгоҳҳои исломӣ дар хориҷро таҳия кардааст, аммо ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, рафтуомади талабаҳо ва донишҷӯён ба онҳоро касе назорат намекунад.

Дар ҳамин ҳол, як таҳқиқи Булан Институт (Bulan Institute for Peace Innovations), як созмони ғайриҳукуматие, ки аз Женева (Суис) сармоягузорӣ мешавад, моҳи майи соли 2017 гузоришеро расонаӣ кард, ки омори муғойир ба коршиносонро ироа мекунад. Бино ба он, дар Қирғизистон 112 муассисаи омӯзиши динӣ, ба шумули 102 мадраса сабти ном шуда, аз онҳо 78 адад фаъоланд ва 6 ҳазор кӯдакро бо таҳсил фаро гирифтаанд.

Дар кишварҳои минтақа таълимгоҳҳои динӣ бо ибтикори муфтиёт ё кумитаҳои дин сабти ном мешаванд ва таҳти назорати қатъии давлат амал мекунанд. Аммо дар Қирғизистон ҳар соҳибкор, масҷид, бунёди хориҷӣ ё ҳомии молӣ метавонанд мадраса ё донишгоҳ ташкил кунад. Далели мақомоти қирғиз ҳам ин аст, ки 90% нуфуси кишвар мусалмону мутадайинанд ва ҳаққи табииву қонунӣ доранд соҳиби мадрасаҳои динӣ бошанд, бахусус ки онҳоро Идораи динии мусулмонон сабти ном мекунад. Нурлан Исмоилов, як узви Шӯрои амнияти ин кишвар ҳатто гуфтааст, ки дар қиёс бо кишварҳое,  назири Миср,  Покистон,  Арабистони Саудӣ ва ҳатто Туркия, Қирғизистон як кишвари чандмазҳабӣ, чандмиллиятӣ, дунявӣ ва демократӣ аст.

Соли 2014 Шӯрои амнияти Қирғизистон «Консепсияи сиёсати давлатӣ дар масоили дин барои солҳои 2014 — 2020» – ро қабул кард, ки яке аз аҳдофи он ислоҳоти муассисоти омӯзиши мазҳабӣ ва тақвияти контроли фаъолиятҳои онҳост. Ин консепсия барои баррасии мардум пешкаш шудааст, ки қобили ситоиш аст.

Аммо аз ҳамон гузориши Булан Институт бармеояд, ки хушбовариву хушниятиҳои мақомоти қирғиз то ба ҳол натоиҷи баръакс додаанд. Худи мақомот зимни як имтиҳони саросарӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки 92%  дарсади раҳбарони мадорис саводи дунявӣ надоранд. Мониторинги мадрасаҳо дар 3 моҳи соли 2017 нишон додааст, ки 27  мадраса ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Соли 2013 Шӯрои уламои муфтиёти Қирғизистон барномаи воҳиди омӯзиши мадрасаҳоро таҳия кард, аммо аксари кулли мадорис онро риоят намекунанд. Таълими аксари онҳо бо ҳифзи Қуръон маҳдуд мешавад. Дар ин гузориш омадааст, ки бархе устодони мадорис худ саводи касбии динӣ надоранд ва тундгароҳо дар ҳоле ки мафҳумҳои “алгебра, химия,  алгоритм,  косинус,  синус,  тангенс, котангенс ва рақамҳо кашфи мусулмонҳост, фардеро, ки кашфиёти илмӣ мекунад, “шарир” ва пешрафтҳои технологиро “як амали шайтонӣ” мехонанд. Танҳо коре, ки аз дасташон меояд, ин аст, ки ба дароз кардани риш ва пӯшидани ҳиҷоб минҳайси асли ислом қатъан ташвиқ кунанд.

95% — и мадорис улуми дунявиро таълим намедиҳанд, дар бақия 5% низ таълими ин улум муваққатӣ аст. Қонуни маорифи Қирғизистон таълим то синфи 9 ва маълумоти умумии миёнаро ҳатмӣ медонад, аммо расман ошкор шудааст, ки солҳои 2012 — 2845 ва соли 2016 — 82 кӯдак ба хотири эътиқоди динӣ ба мактаб нарафтаанд. Ин ҳам омори расмист. Аз он чӣ ки дар асл мегузарад, касе дақиқ сар дар намеорад. Булан Институт дар 21 мадраса таҳқиқ гузаронда, дар 10 – тои он мактабиёни аз 7 до 14 – соларо кашф кардааст. Дар вилоятҳои ҷанубӣ мавориди ба хотири намози ҷумъа ба мактаб нарафтани мактабиён мушоҳида шудааст. Ин маворид низ зикр мешавад, ки шогирдони мадорис аз номҳои миллии худ рӯй гардонда, номҳои арабӣ пазируфтаанд. Масалан, Бойҷигит Абдулбашар шудаву Тумон – Умар. Яке ҳам номи аслии худ Нуруллоро ба Ислом тағйир додааст.

Як пурсиши ҳамагонии Булан Институт миёни 87 шогирди мадорис дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй ошкор кардааст, ки 60%  — и волидайни талабаҳои мадорис маълумоти миёна, 10% — миёнаи касбӣ, 30% — олӣ доранд. Дар пайи ин 5% — и хонандагон 3, 15% — 4, 45% — 5, 20% — 6 ва 10% — 7 хоҳару бародар доранд. Аксари талабҳо аз оилаҳои серфарзанданд. 5% — и онҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд пас аз хатми таълим ба даъват машғул шаванд. Он чӣ дар мадорис мегузарад, ба табъи дили мақомот ва ҷомиаи Қирғизистон нест, аммо иддае аз мардуми оддӣ бар инанд, ки таълим дар мактабҳои маъмулӣ заъиф шуда, ҳаводиси ҷиноӣ, аз қабили кордкашиҳо, низ дар онҳо иттифоқ меафтанд, аз ин хотир, волидайн фарзандони худро ба макотиби динӣ месупоранд, то тарбияти дуруст бинанд.

Ҳарфи сармоягузории мадрасаҳо як қиссаи хеле бузурги дигар аст, ки бо чанд ҷумла аз он мегузарем. Идораи динии мусулмонони Қирғизистон гуфтааст, ки то соли 2013 ба мадорис аз Покистон, Туркия ва Миср пул меомад, зеро давлат мадрасаҳоро сармоягузорӣ намекунад. Даҳҳо бунёду созмонҳои хайрияи дохиливу хориҷӣ ҳамоно аз кишварҳои хориҷӣ сармоягузорӣ мешаванд. Дар миёни сармоягузорон даҳҳо бунёду созмони хайрияи дохиливу хориҷӣ, аз қабили “Ихсан Хайрия”, «Адеп  башати», «Мутакаллим», «Дилмурок», «Мурадия», «Иман», АВЕП, ҳатто сафоратҳои хориҷӣ, аз ҷумла ИМА, дучор меоянд, ки тарҳҳои марбут ба мадорисро пуштибонии молӣ мекунанд. Ба кӯмаки онҳо бархе мадорис вазъи хуби молӣ ва шароити мусоиди таълимро доранд. Дар онҳо синфхонаҳо компютерӣ шудаанд, талабаҳо бепул мехонанду мехӯранд, дарсҳои дунявӣ низ мехонанд. Аммо теъдоди ин қабил мадорис хеле кам аст ва қисмати умда ҳамоно ҳоли хароб доранд.

Як созмони қобили таваҷҷӯҳ бунёди хайрияи “Таборак” (Кувайт) аст, ки дар вилояти Бодканд ду мадраса ба номҳои “Баткен” ва “Абубакри Сиддиқ” – ро сармоягузорӣ мекунад ва худ аз сӯи шайхҳои сарватманди Кувайту Арабистони Саудӣ кӯмаки молӣ мешавад. Ин бунёдро як шаҳрванди Ироқ ба номи Абдуллоҳ Фалиҳ Ҷобир соли 2006 ташкил кард ва моҳи июни соли 2016 дар пайи як расвойии ҷинсӣ аз Қирғизистон ихроҷ шуд. Дар гузашта ӯро Чин барои фаъолиятҳои экстремистӣ аз Шинҷон – Уйғур ронда буд.

Аммо ҳарфи Сайид Баюмӣ ва созмонҳои марбут ба кишварҳои Халиҷи Форс ҷудост. Ин шайхи араб шояд маъруфтарин чеҳраи хориҷӣ дар Қирғизистон бошад, ки аз ӯ бо эҳтироми беандоза ёд мешавад. Баюмӣ зодаи Миср аст, ки раёсати Анҷумани ҷаҳонии ҷавонон мусалмон (World Assembly of Muslim Youth (WAMY), як созмони саудиро, ки соли 1973 бо ибтикори шоҳ Файсал ибни Абдулазиз ташкил шуда буд, ба дӯш дорад ва ҳам як бунёди хайрия ба номи “Санобил” – ро раҳбарӣ мекунад.

Аз соли 2000 ба ин сӯ бо пули хайрияи ин Анҷуман садҳо чоҳи об канда ва обкаш насб шудаанд. Садҳо ятим таҳти сарпарастии он қарор доранд ва садҳо аробаву тӯҳфаҳои беҳисоб ба маъюбон тавзеъ шудаанд. Даҳҳо мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва хонаҳои пирон бо пули ин Анҷуман сохта шудаанд ва дар расми ифтитоҳи онҳо раҳбарони баландпояву вазирони Қирғизистон ширкат кардаанд. Анҷуман танҳо соли 2010 маблағи шартномаи 122 донишҷӯи Академияи давлатии ҳуқуқи Қирғизистонро дар ҳаҷми 3 миллиону 647 ҳазору 800 сом (ҳудуди 60 ҳазор доллар), ба ҷуз аз идрор, пардохт кардааст.

Дар баробари ин ҳама,  “барои ҳифзи аркони ахлоқӣ”–и ҷомиаи Қирғизистон ва дархости Идораи мусулмонони Қирғизистон ин Анҷуман ҳудуди 200 масҷид, ба шумули Масҷиди ҷомеъи марказии Бишкекро бунёд кардааст ва даҳҳо мадрасаро аз лиҳози молӣ дастгирӣ мекунад. Баюмӣ яке аз мубтакирони ҳамкории донишгоҳҳои Қирғизистон бо Миср, аз ҷумла “Ал-аҳзар” аст. Анҷумани ҷаҳонии ҷавонони мусалмон дар Осиёи Марказӣ танҳо дар Қирғизистон фаъолият мекунад. Муваффақиятҳояш то ба ҷоест, ки дафтари бишкекиаш соли 2011 миёни 75 намояндагии ин Анҷуман дар ҷаҳон унвони «Беҳтарин дафтари сол»-ро гирифт.

Баюмиро ба қирғизӣ “саке” – бародар меноманд. Ӯ соҳиби чандин ҷоизаи расмии Қирғизистон аст ва борҳо чапони сафеду қалпоқи қирғизиро ба ӯ пӯшондаанд. Мегӯянд, дар ҷевони либосаш танҳо як шиму костюм ва пероҳани аврупоӣ боқӣ мондааст. Ӯ соли 2009 аз табаияти мисриаш даст кашид ва шаҳрвандии Қирғизистонро ба даст овард. Забонҳои русӣ ва қирғизиро медонад ва бино ба бархе иттилоот, ҳамсари қирғиз низ ихтиёр кардааст.

Ба бунёди “Санобил” – и Баюмӣ созмонҳои хайрияи «Qatar Charity» (Хайрияи Қатар), «Абдулло Нурӣ» (Кувейт) ва RAF, бунёди Тонӣ бин Абдуллоҳ (Қатар) дар Қирғизистон ҳамкорӣ мекунанд ва ин созмонҳои низ даҳҳо тарҳи худро пиёда сохтаанд. Як Бунёди дигари хайрияи ҷаҳонӣ ба номи “Ассалом” (Кувайт, раҳбараш Даҳир Солеҳ) низ дар Қирғизистон ба иҷрои тарҳҳои башарӣ машғул аст.

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД