“Нигоҳҳо аз чанд ҷониб” ба вазъияти Бадахшони Тоҷикистон

18 декабря 2018
838
Муаллиф: Rushnoi.org

“Шояд ҳамагӣ 5 ё 6 дарсади аҳолии вилояти Суғд дар Бадахшон будаанд, барои 95-94 дарсади дигар Бадахшон он гуна ҳаст, ки дар Фейсбук мебинанд ё аз касе мешунаванд. Бештари аҳолии вилояти Бадахшон низ дар бораи авзои Суғд ҳамин гуна иттилоъ мегиранд”  

“Вазъият дар Куҳистони Бадахшон: Нигоҳҳо аз чанд ҷониб”. Унвони ҳамоише буд, ки бо ибтикори Намояндагии Институти инъикоси масоили сулҳ ва ҷанг дар Тоҷикистон баргузор шуд ва коршиносон, намояндаҳои Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносию рӯзноманигорони тоҷикро ба ҳам овард. Таҳлилгарони қазоқ ва қирғиз тавассути “скайп” ба ин ҳамоиш пайвастанд.

ТАЪКИД БА ЗАРУРАТИ ТАҲИЯИ МОДЕЛИ НАВИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ

Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик бо такя ба ин иттилоъ, ки 80 дарсади буҷаи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон аз ҳисоби марказ-шаҳри Душанбе ва 20 дарсади боқимонда аз ҳисоби ҷамъоварии молиёт аз ҳудуди вилоят таъмин мешавад, гуфт, маълум аст ки дар шароити феълӣ намешавад, барои рушди минтақа аз ҳисоби буҷаи давлатӣ аз ин бештар коре анҷом дод. Ӯ ба самтҳое, ки дар Тоҷикистон рӯи он ҷиҳати рушди масоили иқтисодӣ такя мешавад, ишора кард ва афзуд, наметавонад як модели мушаххаси рушди иқтисодро барои тамоми кишвар таҳия ва бар асоси он кор кард. Дар ҳар минтақа бо назардошти махсусияти хос бояд модели вижа коркард шавад.

“Бадахшон ҳам ба як модели рушди иқтисодӣ, ки махсус барои ин минтақа таҳия шудааст, ниёз дорад. Ва чунин модел бояд яке аз самтҳои аслии кори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бошад. Ин модел бояд бо назардошти воқеиятҳо ва мизони маърифатнокии аҳолӣ коркард бишавад. Ба андешаи инфиродии ман маҳаки асоии ин модел на, коркарди захираҳои табиӣ, ки маълум аст дар шароити кунунӣ ва бо технологияи мавҷуд он аз нигоҳи иқтисодӣ фоидаовар нест, бошад, балки бештар ба потенсиали зеҳнӣ такя карда шавад. Ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ ва маълумоти техникӣ”.

ТАЪКИД БА “ДИГАРГУНӢ”- И ФАРҲАНГУ ЗАБОНӢ ВА МАЗҲАБӢ ЛОЗИМ НЕСТ

Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар бархе навиштаҳои расонаҳои хориҷӣ ва бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ талош мешавад, сари пайрави мазҳаби дигар будани сокинони вилояти Бадахшон таъкид шавад. Ба қавли ӯ, бо ин роҳ онҳо абзореро барои ташдиди вазъ ва ба самти дигар бурдани авзои воқеӣ ба миён мегузоранд ва баъзеҳо ба ин паёмҳо дода мешаванд. Яъне, талошҳои онҳо барои ишора кардани гуногуниҳои мазҳабӣ, фарҳангӣ ва забонӣ корагар мешавад.

“Инро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд мушоҳида мекунем, ки бархе шарҳнависон ба ҳамин нуктаҳо таъкид мекунанд. Истифода аз ин паҳлуҳо метавонад сабаби нофаҳмӣ ва буҳрон гардад. Баъзе нофаҳмӣ ё конфликтҳои маиширо вақте аз ин дарича, монанди дигаргунии мазҳабӣ, забонӣ нишон медиҳанд, маълум аст ки он идома меёбад. Ва ҳар гуна бархурд бар пояи масоили қавмӣ давомдор ва зиёновар хоҳанд буд”.

Ӯ дар идома таъкид кард, ки давоми 10-15 соли ахир ҳеч ҳолати бар пояи мазҳаб миёни исмоилиён ва суннимазҳабон дар Тоҷикистон ба вуқӯъ напайвастааст. Ҳамчунин ҳеч ҳолате ҳам бар пояи забону фарҳангро шоҳид набудаем.

Шаҳодат Соҳибназарова, рӯзноманигори тоҷик ҳам таъкид намуд, дар расонаҳо набояд ба масоили мазҳабӣ ва забонӣ ба ҳайси як рукни фарқкунандаи мардуми Бадахшон ишора шавад: “Аҳолии Бадахшон аҳолии Тоҷикистон ҳастанд, онҳо тоҷикистониянд”.

БОЯД БО ДАЛЕЛҲО КОР КАРД, НА БО САРУ САДОҲО

Габит Конусов, муҳаққиқи Инситути таҳқиқоти муосири Донишгоҳи миллии АвруОсиё аз Қазоқистон мегӯяд, дар шароити феълӣ

ВМКБ ба дастгирии ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ниёз дорад. Ва танҳо дастгирӣ аз дохили Тоҷикистон басанда нест. “Бояд қадамҳое барои ба марҳилаи нави рушд баровардани минтака гузошта шавад ва дар ин кор кишварҳои ҳамҷавор низ бояд саҳим бошанд”.

Салимахон Ваҳҳобзода, рӯзноманигори тоҷик, ки ахиран аз Бадахшон дидан кардааст, мегӯяд, ҳукумати марказиро зарур аст, мушкили роҳ ба ВМКБ-ро ҳал намояд. Ӯ гуфт, роҳи заминӣ аз ноҳияи Дарвоз то шаҳри Хоруғ харобу валангор ва хеле хафвнок аст. “Сокинони шаҳр дар суҳбат бо мо ҳатман ба ин мавзӯъ ишора мекарданд”.

Шералӣ Ризоиён, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, аксаран онҳое дар бораи Бадахшон суҳбат мекунанд, ки боре ҳам онҷо набудаанд. Ӯ гуфт:

“Он чи дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навишта мешавад аз воқеияти Бадахшон комилан фарқ мекунад. Моҳи сентябр ман дар Бадахшон будам. Сару садоҳо, ки гӯиё муносибати сокинони минтақа дигар аст, саҳеҳ нест. Бояд бо далелҳо кор кард на бо сару садоҳо”.

Ба таъқиди ӯ, дар Бадахшон воқеан баъзе мушкилиҳо мавҷуданд, монанди бекорӣ, аммо ин мушкил танҳо хоси ин минтақа нест ва тамоми кишвар бо он мувоҷеҳ аст.

Маҳрамбек Анварзод, корманди Маркази исломшиносӣ ба паҳлӯи дигари масъала дахл кард. “Шояд ҳамагӣ 5 ё 6 дарсади аҳолии вилояти Суғд дар Бадахшон будаанд, барои 95-94 дарсади дигар Бадахшон он гуна ҳаст, ки дар Фейсбук мебинанд ё аз касе мешунаванд. Бештари аҳолии вилояти Бадахшон низ дар бораи авзои Суғд ҳамин гуна иттилоъ мегиранд. Дар бораи мансубияти мазҳабӣ низ ҳамин гуна аст. Шоял танҳо 5 дарсади сокинони Тоҷикистон дар бораи мазҳаби Исмоилия медонанду халос”.

Ба гуфтаи вай агар ҳамгиройии байниминтақаҳои кишвар тавсеа ёбад, бархе мушкилиҳо худ аз худ рафъ мешаванд.

ТАЪРИХЧА

Моҳи сентябри соли 2018 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Бадахшон ва намояндаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, аз тартибот ва вазъи ҷинояткорӣ интиқод кард. Ба дунбол, дар Бадахшон Ситоди байниидоравии ниҳодҳои қудратӣ таъсис шуд ва бо фармони раисҷумҳур Ёдгор Файзов ба ҷойи Шодихон Ҷамшед, иҷро кунандаи раиси ВМКБ таъин гардид. Дар вилоят маъракаи ҷамъоварии силоҳ созмон дода шуд ва дар Хоруғ постгоҳҳои иловагӣташкил карданд. Дар суҳбатҳои расмӣ ва дар гузоришҳои телевизионӣ ҳамеша суҳбаӣ аз “лидерони ғайрирасмӣ”-и Бадахшон мерафт, вале касе расман намегуфт, ки онҳо кистанд, то он ки раиси нави Бадахшон дар як суханронӣэълон кард, гап дар бораи Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров меравад. Охирҳои моҳи октябр, дар гузориши видеоие таъкид шуд, ки 5 лидери ғайрирасмии Бадахшон ба бинои додситонии вилоят даъват ва огоҳии расмӣ гирифтаанд, ки аз амалҳои, ба қавли мақомот, ҷиноӣ даст мебардоранд.

 Моҳи юли соли 2012 низ Бадахшон шоҳиди танишҳо шуда буд. Шаш сол пеш куштори Абдулло Назаров, раҳбари раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ сабаби роҳандозии як амалиёти низомӣ дар минтақа шуд.  Бино ба оморҳо дар пайи ин амалиёт13 корманди ниҳодҳои қудратӣ ва 30 нафар аз гуруҳҳои мусаллаҳу чанд сокини осоишта кушта шуданд.