Чаро ба фактоид бовар мекунем?

09 января 2019
866
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар як навишта барои хонандаҳои гиромӣ мафҳуми калимаи фактоид ё далелгунаро зикр намудем. Ҳоло дигар хонандаи огоҳ медонад, ки фактоид ба гуфтаи нависандаи амрикоӣ Норман Мейлер, “фактест, ки то дар бора он навиштани рӯзнома ва маҷаллаҳо вуҷуд надошт”. Аммо инҷо мехоҳем ба чанд нукта ишора кунем, ки чаро одамон ба фактоид бовар мекунанд. 

  1. Ҳамеша омода нестем ки барои санҷидани факту далел вақт ҷудо намоем. Аксар вақт, ҳатто замоне ки ба дурустии иттилоъ шубҳа мекунем, санҷидани он хеле душвор аст, зеро фактоид тавре навишта мешавад, ки гӯиё бо такя ба сарчашмаҳои муътамад иншо шудааст. Бештар ба “ҳуҷҷатҳои махфӣ”, “сирри давлатӣ ё тиҷорӣ” ва ё маълумоти дигаре, ки танҳо гуруҳи маҳдуде ба он дастрасӣ доранд, такя мешавад. Ин усул барои он истифода мешавад, ки моро ба хондани мақола ва “ошкор намудани асрори дар он  нуҳуфта” маҷбур созад. Асрор ҳамеша барои хонандаҳо ҷолиб аст.

 

  1. Эҳтиёҷоти равонӣ. Мо ба иттилое ки дидгоҳҳои моро инъикос мекунад, моро хушҳол месозад ё “МАН”-и моро бедор месозад, чандон нигоҳи интиқодӣ надорем. Барои мисол, хондани иттилоъ дар мавриди нокомӣ ва нуқсҳои чеҳраҳои машҳур барои мо писанд аст, зеро ин мизони “худбаҳогузорӣ”-ро бештар месозад. Овозаҳо дар бораи “СПИД” дар “Кока-кола”-ро бошад, мо барои он бовар мекунем, ки аз реша ба кори ҳалоли ширкатҳои бузург бовар надорем. Бар асоси пешдовариҳоямон низ баъзан воқеиятҳоро сарфи назар мекунем. Солҳои 90-ум бо яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои ҷиноӣ дар таърихи Амрико низ ҳамин ҳолат рӯй дода буд. Сокини иёлати Каролинаи Ҷанубӣ Сюзан Смит аз рабуда шудани ду фарзандаш аз сӯи ҷавонони сиёҳпӯст ба пулис хабар дод. Бештари расонаҳои амрикоӣ ин фарзияи ӯро бовар карда, онро сархати хабарҳо қарор додаву аз ин ҳисоб ба теъдоди нашрияҳояшон афзуданд. Аммо баъдтар маълум шуд, ки худи Смит қотили фарзандонаш ҳаст.

 

  1. Фактоид ба василаи пешдоварӣ табдил меёбад, он ба мо дикта мекунад, то чӣ тавр муҳити атрофро инъикос намоем. Ҳатто замоне ки маълум аст, маълумоти мавриди таваҷҷуҳ дурӯғ мебошад, он ҳанӯзам фикрҳои моро ба самти дигар мебарад ва андешаҳоямонро ба гунаи дигар шакл медиҳад. Масалан, вақте дар расонаҳо раддия нашр мешавад, ки фалон сиёсатмадор пора нагирифтааст, мо ҳанӯз дар бораи иттиҳомоти қаблӣ фикр мекунем ва новобаста аз далелҳои гунаҳкор набудан, одами мавриди таваҷҷуҳро ба ришвахорӣ айбдор менамоем. Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки дилхоҳ иттилоъ бояд мавриди таҳлили интиқодӣ қарор дода шавад. Танҳо дар ин сурат метавонем аз фактоид ё иттилои дурӯғ худро ҳифз кунем.
Тарҷума аз русӣ. Манбаъ: “Три точки. Знай, что смотришь”

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД