“Абумусаъб Тоҷикӣ” кист?

12 января 2019
189
Муаллиф: Rushnoi.org

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ҷангие ки аз сӯи неруҳои дифоъи мардумии курд дар Сурия боздошт шудааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт. Як манбаъ дар ин ниҳодҳо ба “Рушноӣ” гуфт, Муҳаммад Давлат, мулаққаб ба “Абу Мусаъб Тоҷикӣ»-и 22-сола, дар асл Муҳаммадалӣ Давлатализода, сокини деҳаи Тоҷикободи шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд)–и вилояти Хатлон аст ва аз соли 2015 ба рӯйхати афроде шомил шудааст, ки ҷустуҷӯ мешаванд.

Акс аз Твиттери YPG

Бино ба иттилои манбаъ, ин шахс на фақат ному насаб, балки синни худро низ ба бозҷӯёни курдӣ нодуруст гуфтааст ва ӯ 24–сола аст, на 22. Меҳрӣ Қурбонова, модари Муҳаммадалӣ, ба расонаҳо гуфтааст, писараш донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон буд ва соли 2014 барои идомаи таҳсил ба Миср рафта, як муддат бедарак ва пас аз чанде дар Ироқ пайдо мешавад.

9 январ сомонаи интернетии Неруҳои дифои мардумии Курдистони Сурия (YPG) аз боздошти 8 ҷангии аз 16 то 58–солаи ДОИШ хабар дод. Маркази матбуоти YPG мегӯяд, боздошти ин афрод зимни як амалиёти густардаи ҷангӣ таҳти унвони “Тӯфони Ҷазира” дар шаҳри Хоҷини муҳофаза ё вилояти Дайруззӯри Сурия иттифоқ афтодааст. Дар хабар ин гуруҳ аз боқимондаҳои ҷангиёни гуруҳи ДОИШ муаррифӣ шудааст, ки дар як минтақаи ин вилоят гир монда, барои раҳоӣ ҳар гуна тадбир меҷӯянд.

“Пошхӯрии гуруҳ шиддат гирифтааст ва теъдоди ҷангиёне, ки аз майдони ҷанг фирор мекунанд, афзудааст” – омадааст дар хабар.

Неруҳои дифои мардумии Курдистони Сурия мегӯяд, террористон нақшаҳоеро рӯи даст мегиранд, то пешравии неруҳои курдиро кунд созанд, аз ин хотир, онҳо ҳатто ба шаҳрвандони қаторӣ минҳайси як тадбири иҷборӣ ҳамла мекунанд. Гуруҳи террористони чандмиллиятӣ, ки аз пайи анҷоми ҳамчунин ҳамла буд, аз сӯи хадамоти махсуси неруҳои курд боздошт ва як муддати тӯлонӣ таҳти бозҷӯӣ қарор дода шудааст. Маркази матбуоти YPG мегӯяд, ин гуруҳ аз шаҳрвандони Амрико, Русия, Украина, Олмон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иборат аст, ки зимни амалиёти ҷангӣ 6 ва 7 январ боздошт шудаанд.

Ин афрод ба таври зайл муаррифӣ мешаванд: Одил Раҳимов (Абу Амина Ӯзбекӣ, 58-сола) аз Ӯзбекистон, Фарҳод Қодиров (Абу Билол Ӯзбекӣ, 28-сола) аз Ӯзбекистон, Муҳаммад Давлат (Абу Мусаъб Тоҷикӣ, 22–сола) аз Тоҷикистон, Аскар Зарманбетов (Абу Довуд Нуға, 27-сола) аз Украина, Саттибек Ошибаев (Абу Руқайя, 30-сола) аз Қазоқистон, Бимураев Бегҷан (Абу Соро, 30-сола) аз Русия, Сулай Ноаҳ Су (Абу Сулаймон ал-Амрикӣ, 16-сола) аз ИМА, Лукас Глаб (Абу Иброҳим ал-Олмонӣ, 31-сола аз Олмон.

YPG (курд. Yekîneyên Parastina Gel) ё Неруҳои дифоъи мардумии Курдистони Сурия, ҷиноҳи низомии Неруҳои демократии Сурия, эътилофи курду арабҳо ва аз ҳамкорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мухолифи ҳукумати расмии Димишқ аст. Ҳамсуҳбати “Рушноӣ” аз ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон мегӯяд, бо ҳар роҳи мумкин ва роҳҳои дипломатӣ кушиш ба харҷ хоҳанд дод, ки ҷангиёни боздоштшуда ва ҳам шаҳрвандони кишварро аз Сурияву Ироқ ба кишвар интиқол диҳанд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 1900 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ироқу Сурия ба ДОИШ пайваста ва то ба ҳол теъдоди бузурге аз онҳо, ки ба садҳо нафар тахмин мешавад, дар майдонҳои ҷанг кушта шудаанд.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД