“Чароғҳои сурх” (ҚИСМИ 2)

16 января 2019
888
Муаллиф: Фахриддини Холбек

ҚИСМАТИ АВВАЛРО ИНҶО БИХОНЕД

Ҳузури равияву фирқаҳои динӣ дар Қирғизистон “даҳсолаи демократия” – и даврони Зоҳиршоҳи Афғонистонро ба хотир меорад.

акс аз nat-geo.ru

ДУ ПАЛЛАИ ЯК ТАРОЗУ

Ҳузури мазҳабҳо дар Қирғизистон ва вазъи динии он аз кишварҳои минтақаву давру бар ба куллӣ фарқ мекунад. Зоҳиран, ин ҷо ба як “даста гулҳои рангобаранги мазоҳиб” дучор меоед, аммо дар амал як корзори рақобатҳо ва “ҷангҳои пинҳон”–и мазҳабиро мебинед, ки воқеияти хеле талх ва нигаронкундаи минтақа аст.

Мусалмонони Қирғизистон таърихан аз як мазҳаб – ҳанафияи мотуридӣ пайравӣ мекунанд. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, ҳоло дар даҳҳо донишкадаву мадорису масҷид шаш равияву мазҳаб барои ҷой гирифтан дар дилу дидаи мардум пинҳону ошкор набард мекунанд:

1) Салафия ё ваҳҳобия — мактаби Арабистони Саудӣ ва кишварҳои Халиҷ;

2) Девбандӣ – мактаби Покистон – Ҳинд — Бангладеш;

3) “Нурчилар” ё гулениҳо – мактаби Туркия;

4) Мактаби Русия;

5) Шиа – а) мактаби Эрон; а) Исмоилия дар симои Бунёди Оғохон.

САЛАФИЯ. Дар бораи салафиҳо дар Бишкеку Қирғизистон қиссаҳои маъруфу маъмулро мешунавед. Як таксирон қисса кард, ки салафиҳои қирғиз гоҳо духтарони муосирпӯшро дар роҳ бозмедоранд ва таҳдид мекунанд, ки либоси исломӣ ба бар кунанд. Ин гуна иттифоқотро шумо метавонед дар ҳар куҷои Осиёи Марказӣ дучор оед, аммо танҳо фарқ ин аст, ки дар Бишкек ин қабил омол озод ва бидуни муҷозот анҷом мешаванд.

Коршиносон мегӯянд, салафӣ ё салафиёни нав, номи нави ваҳҳобиҳо дар минтақа аст. Дар Қирғизистон онҳо ибтидои солҳои 2000 ба фаъолият шурӯъ карданд (маҳз ҳамон замон ки фаъолияташон дар дигар кишварҳои ИДМ оғоз шуд). Мавқеияти қавии салафиҳо дар ҷомиаи Қирғизистон, қабл аз ҳама, ба фаъолиятҳои Анҷумани ҷаҳонии ҷавонони мусалмон (World Assambley of Muslim Youth, WAMY) бастагӣ дорад, ки “вақте раҳбарони фасодзадаи кишвар барои қудрат мубориза бурда, мардумро ба фақру бесуботӣ мувоҷеҳ карданд ва ба таракаи сарватҳои миллӣ машғул шуданд, маҳз ин созмони саудӣ ба имдодашон расид — миллионҳо доллар харҷ карда, барояшон садҳо бунгоҳи тиббиву мактаб ва масҷиду мадраса сохт”.

Расонаҳои Қирғизистон Сайид Баюмиро як инсони солор ва хуштипу бофарҳанг тасвир мекунанд. Баюмӣ дар суҳбатҳояш бо мардуму расонаҳо аз исломи муътадил суҳбат ва тундгароиву терроризмро маҳкум мекунад. Фалсафаи созмони ӯ дар Қирғизистон чунин аст:

“Агар ояндаи ягон ҷомиаро дидан хоҳӣ, бояд ба ҷавонони ин мардум таваҷҷӯҳ кунӣ”.

Ҳеҷ шакке дар ин нест, ки обрӯву эътибори баландаш дар ин кишвари Осиёи Марказӣ дар пайи хизматҳои шоистаи ӯ барои мардуми Қирғизистон ба даст омадааст.

Аммо иттилооти созмонҳои истихборотии ҷаҳон — Амрико, Аврупо, Покистон, Ҳинд… — ҳикоят аз як собиқаву ҳозираи комилан дигари Анҷумани ҷаҳонии ҷавонони мусалмон (WAMY) мекунад. Хадамоти истихборотӣ ин созмонро ҳамкори “Ал-қоида” мешиносанд. Амрикоиҳо онро ҳамдасти террористоне мешуморанд, ки ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Ню-йорку Вашингтонро анҷом додаанд. Дафтари Анҷуман дар Фолз Черчи аёлати Вирҷиниёи Амрикоро соли 1992 бародарзодаи Усома бин Лодан – Абдулло Авод бин Лодан таъсис додааст. Ин дафтар соли 2004 аз сӯи Бюрои таҳқиқоти федералӣ (FBI) баста шуд.

Ҳадафи аслии WAMY дар як баёнияе таҳти унвони “Ислом аз нигоҳи аввал” — “мусаллаҳ кардани ҷавонони мусалмон бо ақидаи эътиқод бар бартарии низоми исломӣ бар дигар низомҳо” низ гуфта мешавад. WAMY дар баробари ин, ки идомаи таҳсили донишҷӯёни муваффақро дар мадориси Покистону Арабистони Саудӣ, Миср ва… маблағгузорӣ мекунад, яке аз сармоягузорони ҷиҳод дар Фаластин, Афғонистон, Кашмир, Босния, Филиппин ва дигар кишварҳо низ ба шумор меравад.

Ҷамъияти талабаи арабия (ҶТА) аз аввалин ниҳодҳои WAMY аст, ки дар Покистон соли 1975 ташкил шудааст. Анҷуман бо мушорикати ҶТА барои афғонҳои муҳоҷир дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ садҳо мадорисро бунёд ва сармоягузорӣ кардааст. ҶТА дар сафи Ҳизби исломии Ҳикматёр меҷангид ва пас аз соли 1990 ба ҷиҳод дар Кашмир ҳамроҳ шуд. Сардор Иҷо Афзалхон, амири Ҷамоати исломии Ҷамму ва Кашмир соли 2002 зимни як суханронӣ аз WAMY қадрдонӣ кард.

Ҳукумати Ҳинд бар ин аст, ки “90 дарсади сармоягузории ҷангиёни кашмирӣ аз сӯи созмонҳои исломӣ, назири Анҷумани ҷаҳонии ҷавонони мусулмон таҳия мешавад…” Расонаҳо аз мудири кулли пулис (DGP)–и Хадамоти пулиси Ҳинд (IPS) дар штати Андҳра Прадеш иқтибос кардаанд, ки гуфтааст, “Диндор Анҷуман”, як созмони исломгароёни Ҳайдаробод (1924) бо мусоидати Анҷумани ҷаҳонии ҷавонони мусалмон дар Босния, Косово ва Чеченистон ҷангидааст. “Диндор Анҷуман” ҳамон созмонест, ки аз Бил Клинтон, президенти Амрико замони сафараш ба Ҳинд даъват карда буд дини исломро  қабул кунад.

12 феврали соли 2002 нашрияи «Бухарест Зива» иттилое пахш кард, ки бино ба он, чанд созмону бунёдҳои хайрияи исломӣ, аз қабили Лигаи исломӣ — фарҳангии Руминия (LICR), «Тайиба», «Ҳилоли Аҳмар», ҳамчунин анҷумани «Ассалом» асосан аз сӯи Анҷумани ҷаҳонии ҷавонони мусалмон (WAMY)–и Саудӣ ва «Тайиба»-и Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мешаванд.

Иттилооти фавқуззикр муште аз хирвори маълумотест, ки дар шабакаҳои интернетӣ дастрас аст ва чизе бофтаву тофтаи мо нест. Шояд беҳтар аз як коршиноси қирғиз натиҷагирӣ карда натавонем, ки гуфт:

“Ин созмонҳо дар зоҳир дар ростои мубориза бо фақр ва рушди сойири кишварҳои исломӣ фаъолият мекунанд, аммо дар воқеъ тахтаи хезе барои фаъолиятҳои таблиғии ваҳҳобият ва Оли Сауд дар хориҷ аз марзҳои Арабистонанд”.

“ҶАМОАТИ ТАБЛИҒ”. 12 сентябри соли равон Асилбек Кожобеков, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар парлумони ин кишвар ба суоли намояндагони мардум дар ин бора, ки чаро ин ниҳод дар мамнуъияти “Таблиғи ҷамоат” ё “Ҷамоати таблиғ” таъхир мекунад, посух дод, ки кумита далеле барои рафтан ба додгоҳ надорад. Коҷобеков дар ҷаласаи тасвиби Эъломияи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой барои муқобала бо тундгароӣ дар Жогорку Кенеш гуфт, “Ҷамоати таблиғ” дар Ӯзбекистон (2004), Тоҷикистон (2006), Русия (2009) ва Қазоқистон (2013) мамнуъ эълон шудааст ва кишварҳои ҳамкор низ ин суолро мекунанд, ки чаро мо онро мамнуъ эълон намекунем.

Нигарониҳои коршиносон ва расонаҳои Қирғизистон аз густариши “Ҷамоати таблиғ” ба замони суқути Шӯравӣ бармегардад, ки ин созмон майдонро холӣ дида, бо шиори “эҳёи динии мусалмонон” даст ба кор шуд. Соли 2009 ҳатто Шӯрои амнияти Қирғизистон ба Суди Олии кишвар пешниҳод кард, ки ин созмонро мамнуъ эълон кунад, зеро ба амнияти миллии кишвар хатар дорад. Аммо Идораи динии мусулмонони Қирғизистон бо ин вуҷуд, ки мегӯяд, дар кишвар созмоне ба номи “Ҷамоати таблиғ” нест, аз гуруҳҳои даъват пуштибонӣ мекунад, зеро онҳо ба таблиғи мазҳаби анъанавии қирғизҳо – ҳанафия машғуланд ва кори хубе ҳам мекунанд. Идораи динии мусулмонон худ як шуъбаи даъват дорад, ки курсҳои омӯзишӣ ташкил карда, барои хатмкардагон шаҳодатнома медиҳанд.

Расонаҳо менависанд, ки тайи 25 соли ахир садҳо шаҳрванди Қирғизистон дар марокизи “Ҷамоати таблиғ” дар Покистон, Бангладеш ва Ҳинд таълим гирифта, ба ватан баргаштанд ва ба даъват машғуланд. Қавонини Қирғизистон даъвати исломиро иҷоза медиҳад. Кофист ки як иҷозатнома аз Идораи динии мусалмонон бигиред ва хона ба хона, кӯча ба кӯча, масҷид ба масҷид гашта, ҳар куҷое ки хоҳед, даъват кунед.

Кор ба ҷое расид, ки соли 2013 аъзои ин созмон як рӯзноманигор дар Бишкекро барои як матлаб алайҳи гуруҳҳои даъват, ки гуфта мешуд, ба густариши тундгароӣ ва истихдоми ҷавонон ба сафи созмонҳои террористӣ машғуланд, ба суд кашад. Дар ин мурофиа Идораи динии мусалмонон аз даъвогарон ҳимоят кард.

Бино ба иттилоъи расмиву ғайрирасмӣ, шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳоли ҳозир озодона ба марокизи таблиғиҳо дар шаҳри Райванди Покистон, Даккаи Бангладеш ва Деҳлии нави Ҳинд равуо мекунанд. Ҳатто мегӯянд, 400 навраси аз 10 то 15–солаи ин кишвар ҳоло дар Бангладеш ба таълими динӣ машғуланд ва истихдоми онҳо аз масҷиди марказии шаҳри Бишкек сурат мегирад.

Суоли мантиқӣ ин аст, ки чаро Қирғизистон дар баробари узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), созмонҳое, ки «Таблиғи ҷамоат»–ро тундгаро хондаанд ва ҳам тақозои қудратҳое, назири Русияву Чин аз расман мамнуъ эълон кардани ин созмон худдорӣ мекунад? Дар баробари он, ки мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳанӯз шавоҳиде барои ироа кардан ба суд надоранд, як ҳамсуҳбати мо, ки собиқаи кор дар ниҳодҳои ҳукуматии Қирғизистонро дорад, мегӯяд, ҳукумат чизе барои мамнуъ кардан ҳам надорад, зеро созмонеро ба чунин ном сабти расмӣ накардааст ва суолеро ба унвони посухи мантиқӣ низ матраҳ мекунад: “Чизеро, ки нест, чӣ тур мешавад манъ кард?”

Соли 2006 ҳукумати Покистон эълон кард, ки ҳудуди 60 донишомӯзи қирғизро ба хотири  камбудиҳо дар асноди будубошашон дар ин кишвар ихроҷ мекунад. Ҳинд ҳанӯз миёнаҳои  тасмим гирифта буд, ки барои толибони мадориси девбандӣ виза надиҳад. Аҳли даъвати қирғиз масири худро ба Бангладеш, як кишвари фақир, ки то соли 2010 даҳгонаи сармоягузорони иқтисодашро Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ раҳбарӣ мекарданд, тағйир дод.

Моҳи декабри соли 2017 Саудӣ эълом кард, ки дар бахши хусусии иқтисоди Бангладеш 50 миллиард сармоя хоҳад гузошт. Зимнан, мадориси Бангладеш низ аз ҳисоби созмонҳои хайрияи Саудӣ, Кувайт ва дигар кишварҳои Халиҷ, аз ҷумла дафтари WAMY дар Бангладеш, ки шуъбаи даъват ва омӯзиш низ дорад, пуштибонии молӣ мешаванд.

Далели мувассақи маблағгузории сафарҳои даъватчиёни қирғиз аз сӯи созмонҳои арабӣ ба Бангладеш ё Покистону Ҳинд дар дасти мо нест, аммо ҳеч имкон надорад, ки мақомоти амниятии қирғиз низ надошта бошанд. Ҳатто дар маҷмӯи бузурги иттилооте, ки худи «Ҷамоати таблиғ» аз фаъолиятҳояш ҳикоят мекунанд, дар бораи Қирғизистон ба ҷуз чанд далели нимҷон чизе ба даст намеояд. Ин созмон соли 2008 рӯйхати афроди иртиботиаш дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Эрон ва ҳатто Чинро нашр кард, аммо исми нафари робит дар Қирғизистон, ягона кишвареро, ки озодона фаъолият дорад, наовардааст. Дар суҳбатҳое ки расонаҳо бо худи донишҷӯёни мадорис анҷом додаанд, номи «Абдураҳим – байке» аз Масҷиди марказии Қирғизистон зикр шудааст, аммо мавҷудияти ин шахсро Идораи мусалмонони Қирғизистон рад мекунанд.

Мақсадбек Тоқтомушев, муфтӣ ва раиси Идораи мусулмонони Қирғизистон, ки худ хатмкардаи мадрасаи «Арабия»–и Райвинди Покистон (1996 — 2005) аст, дар суҳбат бо расонаҳои қирғизӣ гуфтааст, ки дар Бангладеш бо бархе шогирдон суҳбат карда, дарёфтааст, ки он чӣ онҳо мехонанд бо мазҳаби ҳанафии мо мухолифат надорад. Аммо мавсуф гуфтааст, ки аз теъдоди шогирдон ва роҳҳои рафтани онҳо ба мадориси Бангладеш иттилоъ надорад. Дар як суҳбати дигар бо инкори мавҷудияти «Таблиғи ҷамоат» дар Қирғизистон мавсуф мегӯяд, ки аҳли даъватро набояд марбути як созмон донист ва онҳоро аз ҷомиа ҷудо кард, зеро ин кори маъмулии як мусалмон аст.

Ин ҳама хушбовариҳои муфтӣ ва дигар пуштибонони «Таблиғи ҷамоат» дар Қирғизистонро, аввалан, таърихи ин созмон таҳти суолу шакку гумон мегузорад. Сониян, бояд инро дарк кард, ки чаро ин созмон ё ҳаракат пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) дар як муддати кӯтоҳ бо истифода аз харҷу марҷҳои солҳои аввали истиқлолият даҳҳо нафарро дар марокизи худ дар Осиёи Ҷанубӣ омода ва вориди Осиёи Марказӣ кард. Созмонҳои исломӣ мусалмонони Иттиҳоди Шӯравиро қурбониёни коммунизм медиданд ва ба ин фикр буданд, ки онҳо аз дини ислом дур шудаанд. Худи «Ҷамоаи таблиғ» солҳои 1920 барои «зинда кардан»–и ҷомиаи мусалмони Ҳинд ва ба манзури муқовимат бо динҳои ҳиндӣ вориди майдон шуда буд. Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки шаттаи исломиҳоро хӯрда буданд, «Таблиғи ҷамоат»–ро ба зудӣ аз саҳна ҳазф карданд. Аммо дар Қирғизистон, бино ба иттилооте, ки аз соли 2007 дар расонаҳои байнулмилалӣ нашр шудаанд, теъдоди аъзои он 10 000 нафар ҳисоб шудааст.

То замони мо коршиносони ҷаҳонӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки «Таблиғи ҷамоат» шохаи таблиғотии ҳаракату созмонҳои тундгарову террористии олами ислом аст. Ин созмон дар Қирғизистон киро ва алайҳи кӣ «зинда мекунад?» Муфтиёту масоҷид ва мадорису аҳли дини худи кишвар ба чӣ кор машғуланд, ки барои мусулмонони кишвар дар Покистону Бангладеш ва Ҳинд даъватгар омода мекунанд? Пас мешавад хулоса кунем, ки ин ҳама як барномаи тарҳрезишуда дар хориҷ аст, ки бо ҳамдастии доираҳое аз дохил ва ҳатто хориҷ аз муфтиёту Идораи мусулмонони Қирғизистон роҳандозӣ шудааст ва ҳам аз тариқи гуногун сармоягузорӣ мешавад?

«Таблиғи ҷамоат» дигар он созмони 100 соли пеш нест. Қудратҳо қудрат намебуданд, агар нерӯи онро ба хотири пиёда кардани аҳдофи хеш истифода накунанд. Агар ҳадафи ин созмон дар ибтидо муқовимат бо сиёсатҳои мустамликадоронаи инглис дар Осиёи Ҷанубӣ буд, ҳоло ба мактаби «зинда кардан»–и мусалмонҳо на барои худу худошиносӣ, балки вокуниш ба сиёсатҳои ҳукуматҳо дар дохилу хориҷ равона шудааст ва ин роҳ онҳоро ба сафҳои созмонҳои террористӣ меорад.

«Таблиғи ҷамоат» зодаи мактаби Девбандӣ аст, ки ҳоло моҳияти худро гум карда, тасаввуфро канор задааст ва даст ба дасти ваҳҳобият додааст. Пас аз тақсим шудани Ҳиндустон миёни Ҳинд, Покистон ва Бангладеш марокизи таблиғиён низ се тақсим шуд. Ҳарчанд ин марокиз аз сӯи як Шӯро раҳбарӣ мешаванд, дар асл дар ҳамнавоӣ бо таваққӯоти кишварҳо амал мекунанд.

Ҷамъияти уламои Ҳинд (1919) аз оғоз ба нафъи сиёсатҳои ҳукумати ин кишвар барои иттиҳоди мусалмону ғайримусалмонҳо дар эҷоди як давлати дунявӣ кор мекунад. «Ҷамъияти уламои ислом» (1945), ки дар Ҳинд фаъолият дорад, мухолифи ҷудоии Покистон аз Ҳинд буд ва ҳоло барои иттиҳоди онҳо шиор медиҳад. «Маҷлиси аҳрори ислом» ё «Аҳрор» (1929) барои ҷунбиши «Хилофати мусалмонон» ба манзури ҳимоят аз хилофати усмонӣ ва Ҳизби Конгресси Ганди ташкил шуда буд. Пас аз 1947 он ба ду тақсим шуд – яке камар ба хизмати Ҳинд баст, дигаре, ба Муҳаммад Ҷиннаҳ, асосгузори Покистон пайваст.

Ҳамчунин аҳзоби сиёсие, ки реша дар мактаби фикрии девбандӣ доранд, дар Покистон низ вуҷуд доранд, аз ҷумла Ҷамоаи уламои ислом, ки аз ду ҷиноҳ иборат аст: Ҷиноҳи Ҳақ (Самиулҳақ, ки 2 ноябр кушта шуд) ва Ҷиноҳи Фазл (Фазлурраҳмон). Ин ду ҷиноҳ вобастаи истихбороти Покистон буда, аз муборизаи «Толибон», «Ал-қоида» ва дигар созмонҳои террористӣ алайҳи ҳукумат ва нерӯҳои НАТО дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд.

Созмонҳои низомии девбандӣ низ мавриди истифодаи кишварҳо буданду ҳастанд. «Лашкари Ҷангавӣ» (1996) алайҳи шиаҳо ва пуштибонони онҳо ташкил шуд. Онро Покистон ва Амрико расман террористӣ хондаанд, амалан аз сӯи хадамоти истихборотии ин кишварҳо ҳидоят ва назорат мешавад. Сипоҳи саҳобаи Покистон (ССП, 1980) ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши Инқилоби исломии Эрон аз ҳизби сиёсӣ ба созмони ҷангӣ табдил ёфт ва ҳамнавои он «Ҷайши  Муҳаммад», созмони девбандиҳои Ҷамму ва Кашмир, пас аз хуруҷи Шӯравӣ охири солҳои 1990 ба манзури муқобила бо Ҳинд эҷод шуд.

Ҳаракати ба ҳама маълуми «Толибон» низ дар мадориси девбандии Покистон тарбия ва ба Афғонистон фиристода шуданд. «Дор ул-улуми Девбанд» дар Ҳинд аз «Толибон» ҳимоят карда буд. Раҳбарони Толибон (Мулло Умар, Мулло Ахтар Мансур) хатмкардаи Дорулулуми Ҳаққония буданд. Толибон ба ҷуз аз идеологияи девбандӣ аз Паштунволӣ – кодекси қавмгароии пашту низ истифода мекарданд ва дар натиҷа як ҳукумати мазҳабӣ – қавмиро ба номи Аморати исломии Афғонистон ташкил карданд. Ин ҳукумат танҳо як вазири тоҷик дошт, ки ҳамон ҳам маҳсули мактаби девбандӣ – ваҳҳобӣ буд. Таҳрики Толибони Покистон (2007), низ бо идеологияи девбандӣ ва паштунволӣ зидди Покистон ва НАТО дар Афғонистон мубориза мекард. Аз ҳамаи ин созмонҳо Арабистони Саудӣ низ дар рақобатҳояш бо Эрон дар минтақа истифода ва онҳоро сармоягузорӣ мекунад.

Қирғизистон чӣ таърифе аз ояндае дорад, ки мубаллиғони девбандиаш барояш ба армуғон хоҳанд овард? Он чӣ имрӯз мебинему мешунавем, ҳамон суҳбати Коҷобеков аст, ки чизе дар даст надоранд. Коршиносон мегӯянд, гап дар маболиғи ҳангуфте аст, ки аз созмонҳои хайрия ба иқтисоду иҷтимоъи кишвар мерезад, ки дар ҳамин маврид низ далеле ба даст нест.

(Идома дорад)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД