ФАКТЧЕК | Беш аз 45 дарсади ҷамъияти Афғонистон тоҷиканд

21 января 2019
1465
Муаллиф: Rushnoi.org

ЧӢ САНҶИДА ШУД?

Дар бархе шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон, бо шумули Фейсбук иттилое мечархад, ки бар пояи он 45 дарсади ҷамъияти Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳад. Ин иттилоъ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон низ роҳ ёфт ва як сол ба ин сӯ даст ба даст мешавад.

Скрин аз гуруҳи фейсбукии Tajiks of the world

Ҳуҷҷате ки бар асоси он ин омор ироа мешавад, чунин ном дорад: “Листи саршумории нуфуси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар соли 1396 (2017) сурат гирифтааст”. Бино ба ин санад, ин саршумории нуфусро “созмонҳои мӯътабари ҷаҳонӣ бо ҳамкории Идораи сабту аҳволи нуфуси Афғонистон” анҷом додаанд”.

Дар ин санад теъдоди ақвом дар 34 вилояти Афғонистон ба тафсил оварда шуда, дар ниҳоят хулоса мешавад, ки тоҷикон — 45,6%, паштунҳо — 26,4%, ҳазораҳо — 13,1%, ӯзбекҳо — 7,1%, туркманҳо — 2,2% ва ақвоми дигар — 5,5%-и нуфуси ин кишварро ташкил мекунанд.

Онҳое ки ин ҳуҷҷатро дар шабакаҳои интернетӣ муаррифӣ кардаанд, менависанд, ки манбаъи ин омор сафоратҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё дар Афғонистон ҳастанд ва ҳам як харитаи ақвоми ин кишварро барои субути даъвои худ далел овардаанд.

Ин иттилоъ машкук аст, зеро

а) бино ба эътирофи мақомоти расмии Афғонистон то ба ҳол дар ин кишвар саршумории нуфуз баргузор нашудааст;

б) то ба имрӯз манобеи гуногун арқоми зиддунақизеро дар ин маврид пешниҳод намудаанд.

Аз ин рӯ тасмим гирифтем, онро бисанҷем.

ЧӢ ТАВР САНҶИДА ШУД?

Асли санад ва харитае, ки барои субути хабар истифода шудаанд, дар шабакаи интернет ва ҳам манобеъи расмии Афғонистон ҷустуҷӯ шуд, аммо чизе ба даст наомад.

Сомонаҳои расмии сафоратҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониё ва мақомоти расмии Афғонистон низ ҳарфе дар ин бора зикр накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз манобеи гуногун иттилои мухталифе дар бораи тақсимоти қавмии Афғонистон дучор меояд, ки ҳеч яке ба дигарӣ монанд нестанд. Агар минҳайси манбаъи мувассақ ба сомонаи Агентии марказии истихбороти Амрико рӯ оварем, ин ниҳоди мӯътабар соли 1993 нуфуси ақвом дар Афғонистонро ба таври зайл марқум кардааст: паштунҳо — 38%, тоҷикон —  25%, ӯзбекҳо — 6%, ҳазораҳо — 19% ва бақия аққалиятҳое, назири чаҳораймоқҳо, туркманҳо, балучҳо ва дигарон.

Ё 1 декабри соли 2009 се расонаи муътабари ҷаҳон – ABC News (Амрико), ВВС (Бритониё) ва  ARD German TV (Олмон) зимни як назарсанҷӣ ба ин натиҷа расида буданд, ки дар Афғонистон паштунҳо — 40%, тоҷикон —  38%, ҳазораҳо — 11%, ӯзбекҳо — 7% ва бақия 4%-ро ақвоми ғайр ташкил мекунанд.

Аз ин хотир, ба гумони ағлаб, иттилои мазкур воқеӣ нест, агар ҳам ҳаст, субути собит надорад. Дар гузашта манобеъ ё муаллифоне, ки аз паштунҳо ё ҳазораҳо намояндагӣ мекарданд, ин оморро ба нафъи худ тафсир мекарданд ва теъдоди ақвоми дигарро дар баробари қавми худ кам нишон медоданд.

Тасвир ва тасаввури харитаи қавмии Афғонистон бо арқом дар ҳоли ҳозир имкон надорад.

Аз ҷумла, Қонуни асосии Афғонистон дар соли 2004, 14 қавмро ба расмият мешиносад: паштун, тоҷик, ҳазора, ӯзбек, балуч, туркман, наврустонӣ, помирӣ, араб, гуҷор, бароҳавӣ, қизилбош, аймоқ ва пашшаӣ.

Феҳристи ақвоми Афғонистон/скрин аз сомонаи afghanpaper

Аммо манобеъи ғайрирасмӣ аз мавҷудияти ҳудуди 50 қавм дар Афғонистон суҳбат мекунанд: паштун, тоҷик, ҳазора, ӯзбак, туркман, шодибоз, гувоработӣ, тоҳирӣ, араб, қизилбош, ҷӯгӣ, тойманӣ, бароҳавоӣ, гуҷор, тиробӣ, сикх, мӯриёнӣ, муғул, мунҷонӣ, шайхмуҳаммадӣ, зӯрӣ, қирғиз, ишкошимӣ, шуғнонӣ, яҳудӣ, ҷит, қипчоқ, сангличӣ, қорлиқ, темурӣ, пайкароғ, рушонӣ, форсӣ, фирӯзкӯҳӣ, мияшмаст, қазоқ, вохӣ, ҷамшедӣ, ғӯрбат, порочӣ, нуристонӣ, аймоқ, маликӣ, вонгволо, армурӣ, балуч, ҷалолӣ, тотор, кутоно, ҳинду.

Номуайянӣ дар омори ақвоми Афғонистон ба ҳаддест, ки ҳатто ҳамон CIA – Агентии марказии истихбороти Амрико 12 декабри соли 2018 чунин эътироф кардааст: “Додаҳои омори ҷорӣ дар мавриди мавзуъи ҳассоси қавмӣ дар Афғонистон вуҷуд надоранд ва додаҳои қавмии намунаҳои хурд аз назарсанҷиҳои мавҷуд қобили эътимод нестанд”.

Суол ин аст, ки чаро саршумории нуфуси Афғонистон анҷом намегирад? Коршиносони ин кишвар мегӯянд, ҳукумати кунунии Афғонистон хавф аз ин дорад, ки натиҷаҳои саршумории нуфуси қавмӣ хилофи интизориҳояш хоҳад буд ва хурсанд нахоҳад кард. Дар асл ноамниҳои 40 соли ахир имкон намедиҳанд, ки ҳамчунин як нуфусшумории саросарӣ дар ин кишвар анҷом гирад, аз ин хотир, арқом ҳамеша тахминӣ буданд.

Ин ба он маъност, ки ин мавзуъ сиёсӣ шудааст, то ин ки идорӣ бошад.

ХУЛОСА

Ин хабар дурӯғ аст, ба ин далел ки

а) манбаъи муътамад надорад;

б) дар Афғонистон то ба ҳол саршумории нуфус анҷом наёфтааст.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.