Амрико Сурияро тарк мекунад

23 января 2019
728
Муаллиф: Rushnoi.org

Президент Доналд Трамп дастур дод, ки неруҳои низомии Амрико ба таври “комил” ва “сареъ” Сурияро тарк кунанд.

 

Трамп 19 декабр дар Твиттери худ навишт:

“Мо ДОИШ-ро дар Сурия шикаст додем, ин танҳо далели ман барои ҳузур дар он ҷо дар замони маъмурияти Трамп буд”.

Ин тасмим пас аз гуфтугӯи телефонӣ миёни Трамп ва президенти Туркия – Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳафтаи гузашта гирифта шудааст.

Як мақоми вазорати дифоъи Аёлоти Муттаҳида ба CNN гуфтааст, барномарезӣ барои хурӯҷ дар ҳоли анҷом аст. Сухан дар бораи хуруҷи беш аз 2 ҳазор неруи амрикоӣ меравад, ки дар шимоли шарқи Сурия, манотиқи курднишин мустақаранд. Мӯҳлати хурӯҷ аз 60 то 100 рӯз гуфта мешавад.

Нерӯҳои амрикоӣ 22 сентябри соли 2014 дар ҳайати “Эътилофи ҷаҳонии мубориза алайҳи ДОИШ” (ҳудуди 60 кишвар, ба шумули Австралия, Дания, Ҳолланд, Фаронса, Олмон, Итолиё, Урдун, Бритониё), ҳамчунин гуруҳҳои таҳти фармони “Ал-қоида”, ба ҷанги дохилии Сурия ворид шуда буданд. Ин эътилоф бидуни ризоияти ҳукумати расмии Сурия ҳузур дорад ва амалаш “таҷовуз” хонда шудааст.

Тасмими Трамп сиёсатмадорону низомиёни амрикоӣ, бахусус ҳамҳизбонаш дар ҳизби ҷумҳурихоҳро ба хашм овард. Онҳо гуфтанд, ки ин иқдом маънии вогузор кардани Сурия ба Башшор Асад ва як қисмати бузурги Ховари Миёна ба Русияву Эрон – рақибони минтақаии Амрико аст.

Русияву Эрон ҳомии ҳукумати Башшор Асад дар Сурия мебошанд.

Русия амалиёташро дар Сурия моҳи сентябри соли 2015 шуруъ кард. Ҳадафҳои Амрикову Русия ба ҳам мухолифат мекунанд, аммо ДОИШ душмани умумии онҳост.

Моҳи декабри соли 2017 Маскав аз пирӯзӣ бар ДОИШ хабар дод ва қисмати умдаи нерӯҳояшро аз Сурия берун овард.

Тасмими Трамп иттиҳоди шибҳи низомёни курдӣ, маъруф ба Неруҳои демократики Сурия (SDF)-ро, ки дар канори Амрико алайҳи давлати Сурия ва “Давлати исломӣ” меҷангид, низ дар маърази хатар қарор медиҳад, зеро Туркия як таҳоҷуми ҷадид дар Сурияро ба роҳ андохтанист. Неруҳои ИМА дар Сурия курдҳоро таҷҳиз мекарданд ва замонати иқдомоти Туркия алайҳи SDF ба ҳисоб мераванд.

Аммо ҳузури низомии Амрико дар Ховари Миёна хатм намешавад. Ҳудуди 5200 сарбози ин кишвар дар марзи Ироқ мустақаранд ва тайёраҳои низомиаш аз Қатар ва тамоми гӯшаву канори минтақа парвоз мекунад.

Тасмими Трамп водор кард, ки Ҷеймс Матис, вазири дифоъи Амрико ба истеъфо равад. Вай гуфт, Амрико бидуни ҳифзи “эътилофҳои қавӣ” ва “намоиши эҳтиром” ба муттаҳидонаш манфиатҳои худро ҳимоят карда наметавонад. Ӯ этилофи байналмилалии зиддитеррористӣ таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар Сурияро мисол овард.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД