Миссияи ироқии Зубайдзода

28 января 2019
1053
Муаллиф: Фахриддини Холбек

Тоҷикистону Ироқро бозмондагони ҷангиёни ДОИШ ба ҳамкорӣ такон медиҳанд

акс аз mfa.tj

8 январ сафири Тоҷикистон дар Ироқ Зубайдулло Зубайдзода дар Қасри Саломи шаҳри Бағдод эътимодномаи худро ба президенти Ироқ Бархам Аҳмад Солеҳ таслим кард. Ӯ нахуст аз номи президент, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон пирӯзии Ироқ бар гуруҳи террористии ДОИШ–ро табрик гуфт. Президенти Ироқ ба роҳбарият ва мардуми тоҷик изҳори сипос намуд. Дар навбати худ, сафирро ҳам барои таъйин шуданаш ба ин мансаб табрик кард. Аз Зубайдзода хост, ки дар тақвияти равобити дуҷониба саъю талош ба харҷ диҳад.

Зубайдзода ба гӯшае аз равобити хориҷии Тоҷикистон қадам мениҳад, ки анқариб холӣ аз дастовард аст. Ироқ ба далоили маълум дар равобити хориҷии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ҷойгоҳи махсус надошт. Ин кишвар истиқлолияти Тоҷикистонро 5 моҳ пас — 11 январи соли 1992 ба расмият шинохт, аммо равобити дипломатӣ миёни кишварҳо танҳо 30 ноябри соли 1995 шуруъ шуданд ва ин ҳадди охири пешравӣ то як даҳаи дигар буд.

14 сол пас — 12 ноябри соли 2009 (бори дуввум соли 2011) президенти Ироқ — Ҷалол Толибонӣ аз ҳамтои тоҷикаш — Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки ба Ироқ ояд. Аммо ин сафар то ба имрӯз анҷом наёфт.

Рафтуомад миёни Душанбеву Бағдод умдатан бо ширкати намояндагони ироқӣ дар маъракаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон маҳдуд мешуд. Октябри соли 2009 Доктор Аҳмад Ҳасан ат-Тоҳа — имоми масҷиди ҷомеъи Имоми Аъзам аз маҳаллаи Аъзамияи Бағдод дар симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» ва 7-10 июни соли 2010 Муҳаммад Сабрӣ Иброҳим, муҳаққиқи вазорати захираҳои оби Ироқ дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт – 2005-2015», ки дар Душанбе баргузор шуд, ширкат намуданд. Як сол баъд дар конфронси навбатии «Об барои ҳаёт» (9 — 11 июн) вазири захираҳои обии Ироқ Муҳсин аш-Шамрӣ низ бо як ҳайат ҳузур ёфт.

Тоҷикистон дар Бағдод ва Ироқ дар Душанбе то ба ҳол сафоратхона надоранд.

Сафири Ироқ дар Тоҷикистон Роҷиҳ Собир Аббуд ал-Мусавӣ 3 майи соли 2011 ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурд ва бар решаҳои деринаи таърихию суннатиии равобити ду кишвар ишора кард. Соли 2013 ӯ дигарбора ба Душанбе омад, то “заминаҳои ҳуқуқӣ”–и равобити миёни ду кишварро баррасӣ кунад. Ҳамин тавр, 27 — 29 майи соли 2015 ӯ бори охир “ба муносибати ба анҷом расидани маъмурияташ” ба Душанбе омад ва бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот анҷом дод.

Душанбеву Бағдод ҳеч гоҳ шароити мусоиде барои тавсиаи равобит надоштанд. Ироқи замони Саддом Ҳусайн пас аз ҳамла ба Кувайт дар соли 1990 таҳти таҳримҳои шадиди Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифт. Тоҷикистон низ пас аз истиқлолият ба як ҷанги дохилӣ печид, ки то шуруъи солҳои 2000 идома ёфт. Соли 2003 эътилофи байналмилал таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои суқути режими Саддом Ҳусайн ба Ироқ ҳамла кард, аммо ин гом деви ноамниҳоро дар Ховари Миёна аз кӯза раҳо кард. Ҳукумати ҷадиди Ироқ то ба имрӯз бо гуруҳҳои мусаллаҳи ғайримасули дохилӣ ва созмонҳои террористии байналмилалие, назири ДОИШ ва “Ал-қоида”, даргири ҷанг аст.

Саркӯбии ДОИШ дар Сурия ҳузури онро дар Ироқ низ ба ҳадди сифр наздик кард.  Душанбе имрӯз ҳукумати Ироқро пирӯзи ҷанги бо ДОИШ этироф мекунад ва аз ин муҳосаба бармеояд, ки акнун равобит бо Бағдод барои Душанбе ҷойгоҳи хос хоҳад дошт.

Он чӣ ҳарду кишварро ба сӯи ҳамкориҳои бештар такон медиҳад, қабл аз ҳама, занону кӯдакони тоҷики ҷангиёни ДОИШ-анд, ки имрӯзҳо дар зиндону ятимхонаҳои Ироқ ба сар мебаранд.

Зубайдулло Зубайдзода ҳанӯз моҳи апрели соли 2018 ба Бағдод сафар карда, бо вазири вақти корҳои хориҷии Ироқ Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ мулоқот анҷом дода буд. Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ӯро, ки дар Кувайт сафир буд, “фиристодаи президенти Тоҷикистон” муаррифӣ кард. Ҳосили аслии ин сафар раҳоии чор кӯдаки тоҷик ва интиқолашон ба Тоҷикистон буд. Зубайдзода ба вазири ироқӣ изҳори сипос кард, аммо хуб медонист, ки ҳанӯз даҳҳо кӯдак ва ҳам зани тоҷик дар Ироқ дар ҳоли бесарнавиштӣ ба сар мебаранд.

Ин сафар ба равобити Ироқу Тоҷикистон, бавижа дар мубориза алайҳи терроризм такон дод. Моҳи майи соли гузашта як ҳайати ироқӣ таҳти раҳбарии хонум Амал Мӯсо Ҳусайн ва кордор (и.в. сафир)-и Ироқ дар Қазоқистон Юнус Салим Сарҳон дар конфронси байналмилалии мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар Душанбе ширкат намуданд.

Моҳи июли соли 2018 ҳукумати Ироқ ба кишварҳои ҷаҳон муроҷиат кард, ки кӯдакҳои худро соҳибӣ кунанд. Мақоме, ки Зубайдзода дошт, барои иҷрои ин миссия – раҳоии занону тифлони тоҷик кифоят намекард. 19 октябри соли 2018 президенти Тоҷикистон ӯро сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ироқ (ҳамзамон бо Кувайт) таъйин намуд.

Ҳоло ки Зубайдзода дар корҳои худ мухтор аст, ду вазифа дорад — баргардонидани занону тифлони ҷангиёни ДОИШ ва тақвияти равобити ду кишвар.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Ироқ ҳудуди 40 ҳазор ҷангӣ аз 124 кишвари ҷаҳон дар сафи созмонҳои террористӣ ҷангидаанд. Дар моҳи июни соли 2018 ҳудуди 509 зан бо 813 тифл дар зиндонҳои Ироқ нигаҳ дошта мешуданд, ки шавҳарони ҳамагӣ ба ДОИШ пайваста ва дар даргириҳо кушта шуда буданд. Аммо теъдоди воқеии онҳо дақиқ набуд.

Бино ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Ироқ, дар зиндонҳои ин кишвар ҳудуди 2 500 зану кӯдаки хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз онҳо 43 зан ва 95 кӯдаки аз ҳаштмоҳа то 5 — сола тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистонанд ва се кӯдаки дигари тоҷик, ки падар ва модарашон дар Ироқ кушта шудаанд, дар яке аз ятимхонаҳои Бағдод ба сар мебаранд.

Зубайдулло Зубайдзода таъкид кард, ки бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон то шаш моҳи дигар бояд ҳамаи кӯдакон пурра ба Тоҷикистон баргардонида шаванд.

Ҳукумати Ироқ ҳарчанд кишварҳои ҷаҳонро барои бурдани кӯдакҳои худ ташвиқ намуд, аммо аз дигар масъулиятҳо шона холӣ кард. Ба қавли сафири Тоҷикистон дар Ироқ, мақомоти ироқӣ бар ивази раҳоии кӯдакон ғаромат ё ҷуброни молиявӣ мехоҳанд, зеро онҳо ягон ҳуҷҷат надоранд ва тибқи қонунҳои Ироқ, ғайриқонунӣ вориди ин кишвар шудаанд.

«Ҷаримаи он нафароне, ки ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, барои ҳар кадом на камтар аз севуним ҳазор доллар буд. Ҳамаи инро то ҳол ҳукумат пардохт кардааст», — гуфтааст сафир.

Вай афзуд, харидани билети ҳавопаймо, ташхиси тиббии кӯдакон ва анҷоми дигар расмиёт низ масулияти давлатҳои соҳиби кӯдак аст. Ба қавли ӯ, ин раванд ба ҳадде мураккаб шудааст, ки ҳатто кӯдакон барои иштибоҳан иваз нашудан бояд ташхиси ДНК шаванд ва ҳам ризоияти модарони маҳсубашонро дошта бошанд.

Тибқи иттилои расмӣ, то имрӯз шаш кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Аммо занон?

Зубайдулло Зубайдов мегӯяд, агарчи модарони ин атфол қурбонӣ шудаанд, танҳо дар ҳоли бегуноҳӣ ё афви мақомоти ироқӣ метавонанд аз ҳабс раҳо шуда, ба ватан баргарданд, аммо агар додгоҳ ширкати онҳоро дар ҷангҳо собит кунад, озодияшон таҳти суол қарор мегирад.

Моҳи апрели соли гузашта додгоҳи Ироқ 300 шаҳрванди хориҷӣ, ба шумули 100 занро ба ҷазоҳои мухталиф, аз ҷумла эъдом ва ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин миён 13 зани тоҷик низ аз 25 соли зиндон то ҳабси абад ҳукм гирифтанд.

Аммо сафири Тоҷикистон дар Ироқ умедвор аст, ки дар раҳоии занони тоҷик аз зиндонҳои Ироқ низ муваффақ хоҳанд шуд.

Ин на фақат оғози миссияи ироқии Зубайдзода, балки шурӯъи як гуна ғамангези сафҳаи равобити Ироқи ҷангзада ва Тоҷикистон низ хоҳад буд…

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД