Фейк | Занозании ду ронанда ба Тоҷикистон рабт надорад

29 января 2019
1260
Муаллиф: Rushnoi.org

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук наворе мечархад, ки дар он ду ронанда бо ҳам даст ба гиребон мешаванд. Нафаре, ки ин наворро нашр кардааст, дар шарҳи он навишта, ки “Шапо — Шапи дар рох!?»Раиси налоговый инспекция Хатлон бо раиси спорткомитети ноҳияи Хатлон дар роҳи сӯи Шохамбари». Бо вуҷуди гузоштани аломати ханда (?) бисёре аз корбарон ин видеоро ҳақиқат гумошта зери он шарҳ навиштаанд ва чанд нафар ҳам онро дар саҳифаҳои худ бознашр кардаанд. Чун корбарони бештар ба тоҷик будани “қаҳрамон”-ҳои навор бовар кардаанд, тасмим гирифтем, онро мавриди санҷиш қарор бидиҳем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст ба рақамҳои давлатии мошинҳо таваҷҷуҳ мекунем. Рақами яке аз мошинҳо, ки соҳибаш вориди моҷаро мешавад, 2910 FTJ аст. Бисёре аз корбарон бо ишора ба “TJ” таъкид мекунанд, ки ин ҳодиса дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст, аммо тавре медонем, дар силсилаи рақамҳои Тоҷикистон нахуст “TJ” баъд чор ададу ду ҳарф ва пасон рақами минтақаҳо (01,02,03 ва ғ) навишта мешавад. Ин силсила ба эҳтимоли қавӣ ба Испания рабт дорад, зеро аз миёни кишварҳои Аврупо танҳо дар рақамҳои мошинҳои ин кишвар рақамҳои чорадада ва пасон се ҳарф навишта мешавад.

Ин навор тавассути видеорегистратор ё дурбини махсус барои мошинҳо сабт шудааст. Аз дохили мошине, ки ин дастгоҳ насб шудааст, садои радио меояд, ки тоҷикӣ нест. Гузашта аз ин ба гӯш садои зане меояд, ки фарёд мезанад, он ҳам бо забони ғайр суҳбат мекунад. Зоҳиран он зан дар дохили мошини дигар нишастааст.

Ҷӯстори Google нишон медиҳад, ки ин навор борҳо дар шабакаҳои иҷтимоии мухталифе аз сӯи намояндаҳои миллатҳои гуногун бознашр шудааст. Аз корбарони Твиттер дар Кувейту Испания то истифодабарандагони Инстаграм дар кишварҳои Аврупо онро дар саҳифаҳои худ нашр кардаанд.

Хулоса

Аз натиҷаи ин санҷишҳо, ки хеле содда ва осон анҷом шудаанд, метавонем ба ин натиҷа бирасем, ки навори мазкур ҳеч рабте ба Тоҷикистон надорад ва нафаре, ки бори аввал онро дар фазои тоҷикистонии Фейсбук нашр кардааст, ба эҳтимоли қавӣ барои шухӣ ё бештар намудани теъдоди бинандаҳову ҳаводорони саҳифааш онро “тоҷикӣ” гуфтааст.

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.