Фактчек | Игор Зубов: ДОИШ ба марзи Тоҷикистон интиқол меёбад

29 января 2019
609
Муаллиф: Rushnoi.org
Скрин аз Спутник

Чӣ санҷида шуд?

Расонаҳои Русия аз қавли як мақоми Вазорати корҳои дохилии Русия навиштанд, ҷангиёни ДОИШ тавассути чархболҳои номаълуме ба таври оммавӣ аз ҳудуди Покистон ба марзи Тоҷикистон интиқол меёбанд.

Игор Зубов, муовини вазири корҳои дохилаи Русия дар ҷаласаи ҳайати раҳбарии ин ниҳод дар мавриди интиқоли ҷангиёни гуруҳи террористии ДОИШ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистон сӯҳбат карда, ҳушдор додааст, ки ин ҳолат метавонад мунҷар ба сарозер шудани фирориён шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҷангиёни ДОИШ “бо теъдоди бузург тариқи чархболҳои ношинохта” партоб мешаванд ва барномаи “тавтиаҳои густурда ба хотири рондани теъдоди зиёди фирориён” ба сӯйи Русияро доранд.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, Зубов аз пулис хостааст, афродеро, ки ба тозагӣ аз Тоҷикистону Узбакистон ба қаламрави Русия ворид мешаванд, таҳти баррасии шадид қарор бидиҳанд. Вай афзуда, ҳарчанд ин муҳоҷирин мекушанд қонунҳои Русияро ба хубӣ риоят кунанд, аммо “идеологияе, ки ба армуғон меоранд, дар навбати аввал аз мо таваҷҷуҳи бештарро тақозо мекунад”.

Муовини вазири корҳои дохилӣ дар ин ҷумла дақиқан чиро дар назар дошт, шарҳ надодааст.

Бино ба иттилои Федератсияи муҳоҷирати Русия, теъдоди бештари муҳоҷирони кориро шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ба омори ин ниҳод, давоми 9 моҳи соли гузашта 3,4 миллион шаҳрванди Узбакистон ва 1,7 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба манзури кор ба Русия омадаанд.

Хабари тавассути чархбол аз Покистон ба марзи Тоҷикистон интиқол ёфтани ҷангҷӯёни ДОИШ-ро бештари расонаҳои бонуфузи Русия, назири РБК, Спутник, Новая газета ва дигарон нашр карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин мавзӯъ хеле зуд баҳсбарангез шуд ва суолҳои зиёдеро халқ намуд. Аз ин хотир тасмим гирифтем, онро мавриди санҷиш қарор бидиҳем.

Скрин аз Новая газета
Скрин аз РБК

Чӣ тавр санҷида шуд?

Дар бораи интиқоли ҷангиёни ДОИШ ба марзи Тоҷикистон ҳеч як аз расонаҳои Афғонистон ва Покистон хабаре пахш накардаанд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба “Рушноӣ” гуфт, дар имтидоди марзи Тоҷикистону Афғонистон то ба имрӯз аъзои гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дида нашудаанд. Вай афзуд, дар ҳоли пеш омадани вазъи фавқулодда тамоми омодагиҳо дида шуддаанд ва дар қатори тадобире, ки пешбинӣ шудаанд, шарикони Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ низ масъулият хоҳанд дошт.

Дар ҳамин ҳол, манобеи амниятии Афғонистон мегӯянд, иттилоъ дар бораи интиқоли ҷангиёни ДОИШ аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистонро дар ихтиёр надоранд. Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи урдуи вижаи 209–и “Шоҳин”, мансуби Вазорати дифоъи Афғонистон, ки дар тамоми 9 вилояти шимоли ин кишвар масъулият дорад, ба “Рушноӣ” гуфт, иддаои мақоми рус саҳеҳ нест. Вай афзуд:

“Дар ин маврид аснод вуҷуд надорад. Фақат як иддао аст ва иддао ҳеч вақт наметавонад дуруст бошад. Бино бар ин, ман ин мавзӯъро таъйид намекунам”.

Саноуллоҳ Раҳмонӣ, сухангӯи пулиси Бадахшон, вилояте ки бо Покистон ва ҳам Тоҷикистон ҳаммарз аст, низ ин гуна ахборро ғайривоқеӣ хонд. Вай гуфт, бахусус дар ҳамин шабу рӯз, ки барфи зиёде дар Бадахшон боридааст, ҳеч имконе барои ҳаракати чархболҳо вуҷуд надорад.

Халил Ёсин, сухангӯи фармондеҳии амнияти Тахор низ ҳузури ДОИШ–ро дар ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистонро таъйид накард. Вай гуфт, дар қаламрави вилоят ҷангиёни Толибон ҳузур доранд, аммо ДОИШ–иҳо нестанд.

Сайид Илёс Ҳошимӣ, маъмури раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти дигари ҳаммарз бо Тоҷикистон — Кундуз низ гуфт, ин қабил иттилоот бепояанд. Вай афзуд, шояд ин қабил иддаоҳо корбурди дохилӣ доранд ва барои ҷомеаи Русия пешбинӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ин хабарро сиёсатшинос Андрей Серенко, коршиноси аршади Маркази омӯзиши Афғонистони муосири Русия дар сафҳаи фейсбукии худ “афсонаҳои муҳлики пулис” унвон карда, менависад, пахши ин хабар аз сӯйи ВКД–и Русия суолангез аст, зеро тибқи салоҳиятҳо ҳамчунин изҳорот хоси идораҳои дигар – Хадамоти кашфи хориҷӣ (СВР), Раёсати кашфи давлатӣ (ГРУ) ё Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ) аст. Вай мегӯяд, ба ҷуз гуфтаҳои Зубов ягон хабари муътамад дар ин маврид вуҷуд надорад ва миш-миши интиқоли ҷангиёни ДОИШ бо нақлиёти ҳавоӣ чанд сол ба ин сӯ бештар аз манобеъи Толибон пахш мешавад ва ин “меваи ҷанги иттилоотии ҷонибҳои ҷанги Афғонистон” метавонад бошад.

Ин коршиноси аршад мегӯяд:

“Далоили маҳкаме дар даст аст, ки бигӯем, баёнияи дирӯзи Игор Зубов чизе беш аз як “достони ваҳшат” нест, ки бархе аз мақомоти рус борҳо ва борҳо ба хотири “ҳушёр нигаҳ доштан”–и ҳамкоронашон дар демократияҳои дар ҳоли тавсеаи Осиёи Марказӣ (минтақаи манофеъи суннатии Русия) партоб мешаванд. Дар ҳар сурат, то пешбинии Зубов дар бораи сарозер шудани теъдоди зиёди паноҳандагони Осиёи Марказӣ ба қаламрави Русия дар пайи фишори ҷангиёни ДОИШ, ки тариқи чархболҳо аз Покистон интиқол ёфтаанд, ҳанӯз бисёр вақт ҳаст”.

Хулоса

Бо таваҷҷуҳ ба он чӣ дар боло оварда шуд, мешавад натиҷагирӣ намуд, ки баёнияи Игор Зубов ва ахбори бар пояи он пахшшуда заминаи воқеӣ надоранд ва ду ҳадафро нишон гирифтаанд:

а) ташдиди назорати муҳоҷирини кории Тоҷикистону Узбакистон;

б) ангехтани изтироб дар Осиёи Марказӣ.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД

Дар сурати розӣ нашудан ба хулоса (ҳукмнома)-ҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.

———————-

Ҳ А М З А М О Н