ДИДГОҲ | ЗиддиТолиб. Генерал Розиқ ба кӣ халал расонд? (ҚИСМИ 2)

31 января 2019
1272
Муаллиф: Фахриддини Холбек

ҚИСМАТИ АВВАЛРО ИНҶО БИХОНЕД

Рӯзи маргаш ҳама гиристанд. Дар тамоми масоҷиди гӯшаву канори Афғонистон ҷаноза хонданд ва дуо карданд, ки Худованд ӯро ба биҳишти худ қабул кунад. Тоҷик, ӯзбек, ҳазора… бори аввал дар канори паштун барои як одам ашк рехтанд. Дар дохилу хориҷ маҳфилҳои ёдбуд гирифта шуд. Дар шаҳрҳо овезаҳои бузурге аз аксҳои ӯ қад афрохтанд. Аксҳояш рӯи мизу деворҳои утоқҳои кориву манзилҳо пайдо шуданд. Дар борааш ба ҳамаи забонҳо тарона офариданд. Дар ин кишваре, ки марги як шахсият нисфашро шод мекунад ва ҳамдилӣ рахти сафар барбастааст, бори аввал мардум бидуни эълони расмӣ ба азои умумимилӣ нишастанд. Ин ҳама аз нишонаҳои як қаҳрамони миллиянд, ки Афғонистон пас аз Аҳмадшоҳи Масъуд ёд надошт…

 

Абдулрозиқ Ачакзай/акс аз ТВ «Тулӯъ

Сардаргумии иттилоотӣ

Интизор мерафт мустанади ТВ “Тулӯъ” ҳама овозаҳоро бартараф кунад, аммо чунин нашуд. Иддае онро як гуна пӯшидани воқеият ва дур кардани иттиҳомот аз амрикоиҳо арзёбӣ карданд.

Маҷмӯаи бузурги иттилоъ аз ҳодисаи 18 октябр дар Қандаҳор ноҷӯриҳоеро бармало мекунад, ки хоси ҳамчунин амалиётҳои муҳим, мураккаб ва печидаи истихборотӣ аст. Парокандани иттилооти зиддунақиз, ҳатто тариқи расонаҳои мӯътабари мухталиф як гуна амалиёти огоҳонаи зеҳниятсозӣ аз тариқи афсонабофӣ, ҳатто бозӣ бо шуури мардумро мемонд. Аммо баррасиҳои ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум кард, ки бо ин гуна амалиётҳо наметавон ҷомиаи огоҳи Афғонистонро гӯл зад. Ин ҳодиса нукта ба нукта, ҳарф ба ҳарф баррасӣ шуд ва он чӣ равшан мешавад, қаноат наёфтани зеҳнҳои ҷомиаи Афғонистон аз иттилоотест, ки барои онҳо мақомот пешкаш карданд.

Табиист ки мардум ҳақ ҳам дорад, то ба суолҳои худ посух талабад. Аз ҷумла вақте намояндаи расмии НАТО мегӯяд, “ба мо гуфта буданд, ки маҳал амн аст”, ин тавр фаҳмида мешавад, ки амнияти маҳалро мақомоти амниятии Қандаҳор гирифта буданд, дар ҳоле ки расонаҳо, мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони мардум мегуфтанд, тазмини амнияти маҳал ба дасти неруҳои НАТО буд. Дар мустанади “Тулӯъ” гуфта мешавад, ки ҳама – ҳам хориҷиҳо ва ҳам дохилиҳо — мусаллаҳ буданд.

Агар чунин буд, суоли дигар халқ мешавад: чаро амрикоиҳо ва НАТО огоҳона ҷони чанд генералу сарбози худро дар хатар гузоштанд? Ба қавли огаҳони ҳол, тайи 17 соли ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ин воқеият аз хурду калони ин кишвар пинҳон нест, ки генералҳои НАТО дар ҳеч ҷаласае бо афғонҳо намераванд, магар ин ки худашон амниятро бигиранд. Онҳо ҳатто ба генералҳои афғон эътимод надоранд, чӣ расад ба сарбозашон. Вақте амрикоиҳо амнияти соҳаро ба дӯши худ мегиранд, соатҳо пеш, ба қавли рӯзноманигор Раззоқи Момун, “тамоми инсу ҷин, хазандаву ҳатто сояҳои дарахтонро таҳти назорат қарор медиҳанд”. Мавҷгирҳои гӯшиҳои ҳамроҳ аз кор меафтад ва фриконси ҳар василаи дигар дар масофаи ду ё панҷсад метр шунидаву забт мешавад ва маҳалле, ки дастгоҳ фаъол аст, фаврӣ ошкор мегардад. Ҳеч горди дохилӣ дар соҳа намемонад ва касе ҳам наметавонад аз ҳалқаи муҳофизати горди амрикоиҳо убур намуда, худро ба ҷое расонад.

Бино ба бархе иттилооти ғайрирасмӣ, 18 октябр амрикоиҳо ҳудуди панҷ соат соҳаро масдуд карда буданд. Абдулраҳим Аюбӣ, вакили Қандаҳор дар Вуруси Ҷирга – маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон мегӯяд, хориҷиҳо ҳатто тамоми шаҳри Қандаҳорро таҳти пӯшиши амниятӣ қарор дода буданд. Пас чаро онҳо ба муҳофизи мусаллаҳи волӣ иҷоза доданд, ки фармондеҳи НАТО–ро дунболагирӣ кунад, дар соҳа ҳузур дошта бошад ва чаро аз ӯ муроқибат накарданд?

Ин ҳам ҷои суол аст, ки чаро террорист содаву роҳат аз ҷамъи он ҳама фақат генерал Розиқ ва чанд тани муҳими дигарро нишон гирифт. Толибон изҳор доштанд, ки ҳадафашон аввал Миллер буд, баъд Розиқ. Аммо террористи онҳо Розиқро ҳадаф гирифт, на Миллерро. Чаро Розиқ муҳимтар аз як генерали маъруф ва сеситорадори амрикоӣ, фармондеҳи умумии неруҳои НАТО будааст?

Ҷиҳоди Толибон алайҳи Амрико ва НАТО аст. Мантиқан, агар онҳо генерали амрикоиро аз миён мебардоштанд, бузургтарин зарба ба НАТО мезаданд ва дар сатҳи милливу байналамилалӣ дастоварди бузургтаре насибашон мешуд. Он гоҳ ҷаҳон қудрати Толибонро эҳсос мекард, ки фармондеҳи умумии НАТО-ро бо вуҷуди шадидтарин тадобири амниятӣ аз по даровард. Аммо аз куштани генерал Розиқ хашми қисмати бузурги паштунҳо ва ҳамраъйии ақвоми дигар — тоҷик, ӯзбек ва ҳазора бо паштунҳо “дастовард”-ашон шуд.

Вақте худи Скот Миллер эътироф кард, ки

а) “ман ҳадаф набудам”;

б) як мақоми расмии Амрико эътироф кард, ки тирандозӣ дар наздикии Миллер ба вуқӯъ пайваст;

в) Иёлоти Муттаҳида эълом намуд, ки ҳадаф Розиқ буд, зеро муҳоҷим вақте ҳаққи интихоб барои тири аввал дошт, ба сӯи афғонҳо рафт, на Миллер — ин суол пеш меояд, ки ба кадом хотир?

Генерал Розиқ табъан бо волӣ ва дигар мақомот ҳадди аққал ҳафтае як бор дар мақоми вилоят ҷаласа доштанд. Аз нуқтаи назари амниятӣ он рӯзҳо осонтар буд, то террорист даст ба чунин амале бизананд ва ҳатто метавонист маводи инфиҷориро бо худ нақл диҳад. Чаро кореро, ки дар дигар рӯзҳо ба осонӣ ва бехатар метавонист анҷом диҳад, дар ин рӯз анҷом дод ва нахост осебе ба Миллер расонад?

Яке аз қурбониён рӯзноманигори Ширкати радиотелевизионии Афғонистон (RTA) муаррифӣ шуда буд, ки ҷаласаи Қандаҳорро ба навор мегирифт. Ӯ баъдҳо аз ахбори расмиву ғайрирасмӣ гум шуд. 22 октябр Муҷиб Машъал, хабарнигори “Ню-Йорк таймс” дар Твиттери худ навишт:

“Фарде, ки ҳамроҳ бо генерал Розиқ ва генерал Мӯъмин дар ҳамлаи Қандаҳор кушта шуд, Муҳаммад Салим Ангор, рӯзноманигори собиқадоре буд, ки 40 сол дар радиотелевизиони вилоят кор кардааст. Ин маҳз он қурбоние буд, ки мо рӯзноманигорон надидем ва қадр накардем”.

Бино ба иттилои дигар, Ангорро амдан кушта, камераашро оташ зада ва филми онро ҳам гирифта буданд. Дар саҳна ба ҷуз аз афроди расмӣ каси дигаре ҳам набуд. Шахси террорист фурсати инро дошта наметавонист, ки ҳам ин қадар одамро кушта, ҳам журналистро аз байн барад ва ҳам камераро бигирад. Агар чунин ҳам кард, бо ин вуҷуд, кушта шуд. Пас навори филми ҷаласа куҷост? “Бо худ ку ба он дунё набурд!?”– мепурсад як фейсбукӣ.

Ин суолҳои боқимонда аз ҳодисаи 18 дар Қандаҳор ҳамоно ишорат ба он мекунад, ки террори генерал Розиқ фаротар аз як ҳамлаи террористӣ, балки як амалиёти аз қабл тарҳрезишудаи авомили истихбороти чандин кишвар аст, ки дар идомаи матлаб ба он хоҳем пардохт.

Кӣ ба кӣ?

Пӯшиши иттилоотӣ ва изҳороти расмие, ки пас аз ҳамлаи террористӣ сурат гирифтанд, ҳақиқати ҳодисаро на фақат баён накарданд, балки баръакс, ҳамаро дарҳаму барҳам заданд. Ҳама кор анҷом шуд, то асли воқеа гуфта нашавад ва афкори умум сардаргум монад.

Сиёсатмадорони Афғонистон низ ба умқи ин ҳодиса фурӯ нарафтанд, балки ҳар яке сози худро зад ва ангушти иттиҳом ба ҷонибе дароз кард, ки мухотаби сиёсиаш буд.

Дар ҳоле ки дар афкори умум амрикоиҳо минҳайси омилони асосии террори генерал Розиқ барҷаста шуда буданд, доктор Абдулло бо такзиби ин ҳадсу гумонҳо гуфт, ки Амрико ба ин ҳамла рабте надорад ва парокандани ҳамчунин овозаҳо кори дасти душманони Афғонистон аст, ки мехоҳанд равобиташро бо пуштибонони байналмилалӣ тахриб кунанд.

Президент Ашраф Ганӣ Аҳмадзай, ки 22 октябр барои изҳори ғамшарикӣ ба хонаводаи Розиқ ба Қандаҳор омада буд, ангушти иттиҳом сари Покистон гузошт ва ҳам ҷое ДОИШ–ро масъул донист. Ҳамидулло Муҳиб, мушовири амниятии Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, бадоҳатан аз муттаҳам кардани Покистон худдорӣ кард.

Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх ва аз раҳбарони “Эътилофи бузурги миллӣ”, ки Розиқ низ узваш буд, мақомоти баландпояи Кобулро муттаҳам кард. Вай бидуни зикри номи мушаххасе гуфт:

“Зиндаи мо нафарин мешавад, ба мурдаи мо ашки тимсоҳ мерезанд”.

Қатли генерал Розиқ ба ибҳому шакку гумони амиқ печидааст. Вақте мақомоти раддаи аввал ҳар яке мисли коршинос ҳадсу гумон мезанад, ҳол он ки бояд хурдтарин ҷузъиётро дар даст дошта бошад, чиро ҳам бояд интизор шуд?

Ин ҳама сардаргумӣ нишонаи он аст, ки ҳамлаи террористии 18 октябри Қандаҳор воқеан як ҳодисаи таърихӣ буд, он гуна ки террори Аҳмадшоҳи Масъуд арзёбӣ мешавад.

“Қумондон соҳиб”

Розиқ кӣ буд?

Генерал Абдулрозиқ Ачакзай, писари Муҳаммадхон, маъруф ба генерал Розиқ, мутаваллиди соли 1979 (замони ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон) дар вулусволии Спинбулдаки вилояти Қандаҳор аст. Ӯ аз шохаи адузайиҳои қабилаи ачакзай, як шохаи қавми дуронист.

Хешованди машҳури ӯ Исмати Муслим, яке аз фармондеҳони режими коммунистии Кобул ба шумор мерафт. Муслим соли 1979 ҷузъи танзимҳои ҷиҳодӣ буд, аммо соли 1984 аз сӯи мақомоти Покистон “ҷосуси шӯравиҳо” эълон шуд ва ба Кобул гурехта, ба коммунистон пайваст. Ӯ ҳудуди 10 ҳазор сарбоз ҷамъ овард ва ба Спинбулдак, марзи Афғонистону Покистон фиристода шуд. Амаки Розиқ – Мансур яке аз фармондеҳони наздики Муслим буд. Пас аз суқути режими коммунистӣ Муслим ба Маскав фирор кард ва дар он ҷо соли 1991 бо дунёи фонӣ падруд гуфт.

Ачакзайиҳо тӯли таърих барои назорат бар ағбаи Ҳоҷак бо қабилаи нурзойиҳо рақобат мекунанд. Оне ки Ҳоҷакро дар даст дорад, тамоми тиҷорат – шурӯъ аз амволи одии тиҷоратӣ то аслиҳаву маводи мухаддирро таҳти контрол дорад. Ҳамаи муборизаҳои Муслим ба ҳамин хотир буд. Ӯ ҷосус набуд, аммо тиҷорати силоҳро дар даст дошт ва ба таври худкор ба рақиби истихбороти Покистон, ки тавзеъи силоҳу кумакҳои башарии байналмилалӣ ба муҷоҳидини Афғонистонро назорат мекард, табдил ёфт.

Спинбулдак аввалин шаҳре буд, ки 12 октябри соли 1994 аз сӯи Толибон фатҳ шуд. Муттаҳидони онҳо — нурзойиҳо — падар ва амаки Розиқро ба қатл расонданд. Мулло Ахтар Нурзай фармондеҳи Толибон дар Спинбулдак буд ва Ҳоҷӣ Башир Нурзай, яке аз бузургтарин қочоқбарони маводи мухаддири ҷаҳон (соли 2009 дар Амрико ҳабси якумра гирифт) ва пуштибони асосии молии Толибон ба шумор мерафт.

Розиқи 15–сола ба асорат афтод, аммо баъди муддате муваффақ ба фирор шуд ва бо бақия аъзои хонаводааш, ки аз кушта шудан эмин монда буданд, ба Покистон рафт. То соли 2001 ӯ дар Кветта дӯкондорӣ мекард. Замони шурӯъи амалиёти зиддитеррористии неруҳои эътилофи байнулмилалӣ таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон Розиқи 22–сола ва дигар ҷавонони ачакзайӣ бо раҳбарии Фидо Муҳаммад Хон аз сӯи дуррониҳои дигар – Ҳомид Карзай, Гул Оқо Шерзай ва амрикоиҳо барои тасхири Қандаҳор бо силоҳ таҷҳиз шуданд. Пас аз суқути Толибон Шерзай мақоми вилояти Қандаҳорро гирифт. Ачакзайиҳо ба Ҳоҷак ва марзҳои Афғонистону Покистон баргаштанд. Розиқ як муддат фармондеҳи хурди марзбонӣ буд.

Фидо Муҳаммад Хон аз уҳдаи ҳимоят ва таъмини манофеъи ачакзайиҳо набаромад, маҳз ин ки ӯ натавонист фоидаҳои тиҷоратҳои миллиардии ағбаи Ҳоҷакро дар ихтиёри онҳо қарор диҳад. Аз ин хотир, дар як ҷиргаи қабилаи ачакзайиҳо, ба далели далерӣ, ҳушмандӣ, тааллуқ доштанаш ба хонаводаи Мансур ва ҳам қобили идора буданаш Розиқро раҳбари малишаҳои қавм интихоб карданд. Ҳамзамон соли 2008 ӯ фармондеҳи кулли пулиси марзии Спинбулдак таъйин шуд. То рӯзҳои охири умраш, ҳатто пас аз интисоб ба мақоми фармондеҳии пулиси вилояти Қандаҳор (2011) ӯ дар ин вазифа боқӣ монд.

Ачакзайиҳо иштибоҳ карданд, ки пиндоштанд Розиқ як бачаи хубу гапгир аст. Ӯ ба зудӣ на фақат ба як пешвои бебаҳси ачакзайиҳо, балки ба “император ё шоҳи ҷануб” табдил ёфт. Аз ағбаи Ҳоҷак, ки таҳти назорати неруҳои ӯст, рӯзона то 700 борбари амволи тиҷоратӣ аз Покистон ба сӯи Афғонистон, Эрон ва Осиёи Марказӣ убур мекунанд. Бино ба иттилои мақомоти Қандаҳор, оидоти моҳонаи гузаргоҳи гумрукии Спинбулдак ҳудуди 55 миллион доллар, аз панҷ як қисмати даромади аслии онро ташкил медиҳад. Ширкатҳои Розиқ ҳамасола пудрату супоришҳои чандмиллиондоллариро аз неруҳои НАТО ба даст меоранд. Бино ба иттилои расонаҳои ғарбӣ, генерал аз империяи иқтисодии худ моҳона 5 то 6 миллион доллар суд мегирифт. Ҳамчунон аз амволи ғайриманқули ӯ дар Кобул, Қандаҳор, Дубай ва Тоҷикистон низ иттилоъ пахш шудааст. Аз ҳама муҳим, ӯ тавонист фоидаҳои ҳангуфтро дар ихтиёри ҳамқавмонаш қарор диҳад, интизориҳои онҳоро бароварда кунад ва эътирофу эҳтиромашонро ба даст орад.

Генерал Розиқ як фармондеҳи маъруфи зиддитолиб шинохта мешуд. Душмании Розиқ бо Толибон на душмании як пулис бо мухолифи мусаллаҳи давлат ё қонуншикан аст, балки реша дар ҳамон хусумати нурзайу ачакзай дорад. Ин мухолифат нурзайиҳоро ба оғӯши Толибон партоб кард ва ачакзайиҳоро дар паҳлуи нерӯҳои хориҷӣ қарор дод.

Соли 2009, вақте Қандаҳор дар ҳоли суқут ба дасти Толибон қарор дошт, мақомот аз Розиқ кумак хостанд. Нерӯҳои ӯ аз Спинбулдак омада, Қандаҳорро аз Толибон пок карданд. Соли 2011 пас аз кушта шудани Хон Муҳаммад Муҷоҳид, фармондеҳи пулиси Қандаҳор, Розиқ ба ҷои ӯ таъйин шуд. То соли 2012 ӯ Толибонро пурра аз Қандаҳор, баъдтар то соли 2015 аз дигар “пойгоҳҳои анъанавӣ”–ашон – вилоятҳои Ҳилманд, Урузгон ва Зобул ё Луи Қандаҳори таърихӣ — берун ронд. Забти шаҳри Ғазнӣ, маркази маъмурии вилояти ҳамном, ки бо Қандаҳор ҳаммарз ва ба Кобул наздиктар аст, собит мекунад, ки Розиқ як кори ношуданиеро шуданӣ карда буд.

Августи соли 2014 ӯ ба неруҳояш фармон дод, ки Толибонро асир нагиранд, балки дар ҷояшон кушанд. Вай мегуфт:

“Дар майдони ҷанг ҳалво тақсим намекунанд. Он, ки туро бо гулӯла мезанад, чӣ тур бо гул мезанӣ?”.

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки ба пуштибонии Толибон муттаҳам мешавад, соли 2015 хост ӯро аз симаташ барканор намояд, аммо зӯраш нарасид. Пушти Розиқ Амрико буд. Амрикоиҳо маҳз бо зӯри ӯ вилоятҳои хатарноктарини толибхезро ором нигаҳ медоштанд. Онҳо аз оғоз Розиқро пуштибонӣ мекарданд, зеро ӯ забони Толибонро медонист ва кори амрикоиҳо дар Афғонистонро осон карда буд. Амрико ҷангиёни Розиқро дар ширкатҳои низомии хусусӣ, назири DynCorp ва Xe, ки ба Black Water тааллуқ доранд, таълим дода, онҳоро бо силоҳ ва маош таъмин мекард. Карл Эйкенберри, сафири ИМА дар Афғонистон, фармондеҳони амрикоии НАТО — Стэнли Мак Кристал ва Девид Петреус борҳо меҳмони Розиқ дар Қандаҳору Спинбулдак буданд.

Бо вуҷуди ин ҳама, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Дидабони ҳуқуқи башар (HRW), муназзам Розиқро барои нақзи ҳуқуқи инсон мавриди интиқод қарор медоданд. Бино ба иттилои ин созмонҳо, вай зиндони шахсӣ дошт, ки дар он зиндониён шиканҷаи шадид мешуданд. Бархе аз онҳо ба шеваҳои бераҳмона, аз ҷумла бо истифода аз барқ, ба ҳалокат мерасиданд. Бино ба иттилои “Ню-йорк таймс”, як сол аз зиндони Қандаҳор 81 маҳбус бе ному нишон гум шудаанд. Пас аз таъйин шудани Розиқ ба фармондеҳии пулиси Қандаҳор теъдоди зиндониён 50% афзуда буд, ки бештаринашон ҷангиёни толиб буданд.

Ӯро ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир низ муттаҳам мекарданд. Расонаҳои ғарбӣ навишта буданд, ки пас аз интисобаш ба мақоми фармондеҳии пулиси вилоят ӯ қочоқи маводи мухаддир тариқи Спинбулдакро пурра ба дасти худ гирифт. Корҳое, ки хеши машҳураш дар замони худ мекард. Танҳо фарқ дар пуштибонҳо буд — замоне — Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳоло – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Бино ба як номаи маҳрамонаи сафорати Амрико дар Кобул аз соли 2010, амрикоиҳо аз нақзи ҳуқуқ башар, ҷиноятҳои ҷангӣ, даст доштан дар тиҷорати маводи мухаддир, ба киса задани бахши умдае аз даромади гумрук ва дигар корҳои ғайриқонунии Розиқ огоҳ буданд. Дар ин нома омадааст, ки агар Розиқ дар дарозмуддат ба унвони “кафили амният” арзёбӣ шавад, кори расидан ба як ҳукумати посухгӯ дар Афғонистон ба ҷое намерасад. Аммо Розиқ барои неруҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО танҳо касе буд, ки метавонист Толибонро аз онҳо дур нигаҳ дорад ва ҳузурашонро собит кунад. Аз ин хотир, ба ҷиноятҳои ӯ чашм мепӯшиданд.

Розиқ ҳамеша иттиҳомот алайҳи худро рад мекард. Мегуфт, ба зиндони шахсӣ ниёз надорад, зеро пулиси Қандаҳор худ зиндон дорад ва ҳеч гоҳ рабте ҳам бо тиҷорати маводи мухаддир надошт.

Аммо ӯ, воқеан, “меъмори амният”–и Қандаҳор буд. Ин фармондеҳи хашинро хурду калон ва ому хоси Қандаҳор дӯст медоштанд. Мегуфтанд, корҳои хилофи қонуни ӯ ба пашизе намеарзанд, вақте амнияту суботи ҳазорҳо сокини Қандаҳор матраҳ аст. Ӯ боре як гурӯҳи 16– нафараи одамрабоёнро дастгир карда, ба дасти додгоҳ дод. Пас аз чанд вақт огоҳ шуд, ки додгоҳ сарвари онҳоро озод кардааст. Розиқ дубора ӯро боздошт ва бандӣ намуд.

Мардум ӯро “Райис соҳиб” ё “Қумондон соҳиб” мехонданд. Наворҳои видеоие, ки аз генерал Розиқ дар расонаҳо нашр шудаанд, нишон медиҳанд, ки Розиқ як шахси бо мардуми оддӣ хеле самимиву хушмуомила аст, пешонии кӯдакону наврасонро мебӯсад, бо ҷавонон бародарона оғӯш мегирад ва бо ҳар сарбоз даст медиҳаду гарм аҳволпурсӣ мекунад. Мегӯянд, аз хабари озурда шудани як фақир аз сӯи зӯрманде сахт ба шӯр меомад ва зуд пайи тадбир мешуд. Дар қасри Мандигак, маҳалли кораш дар шаҳри Қандаҳор, ҳамарӯза сокинонро қабул ва ба мушкилоташон расидагӣ мекард. Мегӯянд, пулро барои фақирон ва коруфтодагон ҳеч дареғ намедошт ва умуман ҳис намешуд, ки ӯ – Розиқ ҳамон қочоқбар ва нозири тиҷоратҳои миллиардӣ аст. Ӯ ҳамчунин як ҷавони хеле хоксор ва хушсӯҳбат дар хотираҳо мондааст.

Қандаҳор — “зодгоҳи Толибон” дар 7 соли фармондеҳии ӯ ба як қисмати рӯ ба рушд ва амни Афғонистон табдил ёфт. Дар ин айём сатҳи ҷинояткорӣ дар Қандаҳор ба таври бесобиқа поён омад ва мардум, ба шумули занону кӯдакон, то дершаб дар кӯчаҳо озодона гаштугузор мекарданд.

Акнун бо марги Розиқ вазъи Қандаҳор ва вилоятҳои ҳамҷавораш ғайри қобили пешбинӣ аст. Бародараш Тодин Хон, ки ба ҷои Розиқ таъин шуд, ин халоъро пур карда метавонад? Инро вақт нишон медиҳад. Ҳоло он чӣ мегӯянд, ин аст, ки Тодин яке аз мушовирони асосии Розиқ ва нафари боэътимодтарини ӯ будааст. Аммо ҳар касе набошад, ҳеч гоҳ мақоми Розиқро намегирад, зеро Розиқ бо тамоми хубу бадиҳояш як пружаи байналмилалӣ барои суботи Луи Қандаҳор буд ва аз миён рафтанаш хатми ин пружа аст.

Муҷиб Машъал, хабарнигори “Ню-Йорк таймс”, дар Твитераш менависад, ки соли 2013, вақте меҳмони Розиқ буд, ҳарду теъдоди сӯиқасдҳо ба ҷони фармондеҳи 34–соларо ҳисоб карданд. Ҳудуди 40 маврид шумурда шуд. Танҳо доғе, ки дар дил дошт, марги бародараш Файзулло Адузай буд, ки 9 майи соли 2017 дар пайи як инфиҷор дар маҳалле ба номи Веш Мандӣ дар марзи Афғонистону Покистон ба ҳалокат расида буд…

(Идома дорад)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД