Фейк | Даъватномаи муштараки Толибон ва Русия

04 февраля 2019
1036
Муаллиф: Rushnoi.org

Чӣ санҷида шуд?

5–6 феврал Маскав бори дуввум нишасти сулҳи Афғонистон бо ширкати неруҳои сиёсии ин кишварро мизбонӣ хоҳад кард. Дар ин робита расонаи polit-asia.kz даъватномаи муштараке аз Сафорати Русия ва Толибонро нашр кард, (бойгонӣ) ки ба Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон фиристода шудааст. Дар хабарҳо омадааст, онро Раҳматулло Набил, собиқ раиси Хадамоти амнияти Афғонистон дар Твитераш нашр кардааст. Дар ин даъватнома, ки аз рост нишони Толибон ва аз чап Русияро дорад, чунин омадааст: (бойгонӣ)

“Даъватнома

Нишасти Маскав дар робита ба ба сулҳи Афғонистон

Таърих: 2019, 5 феврал

Кобул, Афғонистон: Қарор аст рӯзи сешанбе муаррихи 5 феврали соли 2019 дар робита ба сулҳи Афғонистон нишасти дуввум дар Маскав бо иштирок ва мизбонии музокиракунандаҳо ва намояндагони аршади Дафтари сиёсии толибҳо бо ҳузури намояндагон ва дипломатони ҷумҳурии Федеративи Русия, Покистон, Эрон ва Туркия баргузор гардад. Бино бар ин, аз аксарият раҳбарони муҷоҳидин ва сиёсии ҳамсӯ бо сиёсатҳои сулҳталабонаи Русия даъват ба амал меояд, то ҷиҳати иштирок ва ибрози назар дар мавриди ояндаи сиёсии Афғонистон ба ин нишаст ташриф биоваранд.

Мизбонони нишаст: Аббос Истоникзай, музокиракунандаи аршади Толибон ва Замир Кобулов, намояндаи вижаи ҷумҳурии Федеротифи Русия барои Афғонистон.

Тасҳилкунанда: Дафтари райиси ҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай

Сафорати ҷумҳурии Федеротиви Русия пешопеш аз ҳузури тамомии раҳбарони сиёсӣ ва аҳзоби Афғонистон ташаккур ва қадрдонӣ менамояд.

Сафорати куброи Ҷумҳурии Федеротиви Русия дар Кобул

Муҳр”

Скрин аз сомонаи Полит-Азия

Дар бораи ин нишаст расонаҳои дигари бонуфузи ҷаҳонӣ низ хабар пахш карданд.

Нахуст Reurters (Бритониё) аз қавли як манбаи расмӣ, аммо бидуни ном дар Маскав хабар дод, ки дар ин нишасти якрӯза раҳбарони Толибон ва сиёсатмадорони матраҳи Афғонистон сари як миз вориди музокира хоҳанд шуд. Бино ба манбаъи беноми ин хабаргузорӣ, ҳукумати Афғонистон ба ин нишаст даъват нашудааст.

“Мавҷи Олмон” гузориш кард, ин нишасти Толибон бо мухолифини ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аст. Ин манбаъ навишт, дувумин бор аст, ки Маскав аз нишасте дар мавриди сулҳи Афғонистон мизбонӣ мекунад.

9 ноябри соли 2018 дар Маскав нишасте бо номи Формати маскавии машваратҳои сулҳи Афғонистон ва бо ширкати 11 кишвари ҷаҳону минтақа баргузор шуда буд. Толибон бори аввал дар ҳамчунин нишасти байналмилалӣ ҳузур ёфтанд. Аз Кобул ҳайати Шӯрои олии сулҳ, як ниҳоди ғайрирасмӣ низ омад.

Суҳайл Шоҳин, узви Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ба расонаҳо гуфт, ки Русия аз онон даъват кардааст, то дар нишасти сулҳ дар Москва ширкат кунанд. Вай афзуд, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва чеҳраҳои барҷаста меоянд ва як ҳайати бузурги мо ҳам ба Маскав меравад ва ширкат мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон аз ин нишаст интиқод кард. Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи ин ниҳод гуфт, Русия борҳо музокироти сулҳ ба раҳбарии афғонҳоро ба расмият шинохтааст, бояд ба тааҳҳудаш амал кунад. Вай афзуд, “агар қарор бошад кишваре моро барои расидан ба сулҳ кӯмак кунад, бояд заминасозии гуфтугӯҳои мастақим миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибонро фароҳам созад”.

Толибон хабар доданд, ки дар ин нишаст як ҳайате аз онҳо таҳти раҳбарии Аббос Истоникзай, раҳбари пешини Дафтари сиёсии Қатар ширкат мекунад.

Бино ба гузориши ТВ “Тулӯъ”, аз аҳзоби сиёсӣ ва чеҳраҳои матраҳ дар Афғонистон Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Атомуҳаммади Нур, Муҳаммад Исмоилхон, раҳбарони Ҷамъияти исломӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби Ваҳдати исломӣ, Сайидҳомид Гелонӣ, раҳбари Ҳизб Муҳози Миллӣ, як узви Ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёр, Абдусалом Заиф, узви пешини Толибон ва Забеҳоллоҳ Муҷаддадӣ, писари Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ қарор аст дар ин нишасти дурӯзаи Маскав ширкат кунанд.

Агар ба иттилои пахшшуда, бахусус “даъватномаи муштараки Толибону сафорати Русия” бингарем, ин шакку гумон падид меояд:

Баргузор кардани нишасти аҳзоби сиёсӣ ва чеҳраҳои матраҳи Афғонистон ҳукумати он кишварро меранҷонад. Ин саломати дипломатияи Русияро таҳти суол мегузорад, зеро Маскав бо ҳукумати Афғонистон низ тааҳудҳое дорад ва сари як миз нишондани мухолифони ҳукумати Кобул як гуна дахолати рӯйрост ба умури дохилии Афғонистон аст. Аҳзоби сиёсӣ ва чеҳраҳои матраҳ агар дар гузашта мухолифи Толибон буданд, ҳоло мухолифи ҳукумати кунунии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай низ ҳастанд. Ҳарду ҷониб – ҳам аҳзоби сиёсиву чеҳраҳо ва ҳам Толибон — мухолифони ҳукумати Афғонистонанд. Мантиқан, Русия ҳеч гоҳ набояд ба ин иштибоҳ роҳ диҳад, ки равобиташ бо Кобулро хароб созад.

Гузашта аз ин, даватномаи муштарак фиристодани Русия ва Толибон мантиқӣ нест, зеро ин созмонро Маскав расман дар рӯйхати созмонҳои террористӣ ҷой додааст. Аз ин хотир тасмим гирифтем воқеӣ ё фейк будани ин даъватномаро бисанҷем.

Чӣ тавр санҷида шуд?

“Рӯшноӣ” аз сафорати Русия дар Афғонистон шарҳ хост ва ин посухро гирифт:

“Табсираи сафорати Русия дар Афғонистон

Гузоришоти дурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ ҷалб кардааст. Дар ин гузоришот омадааст, ки дувумин нишасти сулҳи Афғонистон бо иштироки намояндаҳои раҳбарии Толибон, дипломатҳои Русия, ба шумули Замир Кобулов, намояндаи хоси раисҷумҳури Русия барои Афғонистон, намояндаҳои Покистон, Эрон ва Туркия ва ҳамчунон раҳбарони танзимҳои ҷиҳодӣ ва соири аҳзоби сиёсии Афғонистон дар 5 феврали соли ҷории милодӣ дар Маскав баргузор мегардад.

Скрин аз сомонаи Сафорати Русия дар Афғонистон

Бо ин иртибот ба огаҳии ҳамагон расонида мешавад, ки қарор аст як гирдиҳамоии байналафғонии ҳамашумул дар ҳафтаи оянда дар Маскав баргузор шавад, ки кумитаи ташкилоти гардиҳамоӣ ҷомеаи афғонҳо дар Маскав таҳти номи «Диалоги байнулафғонӣ» танзимкунанда ва мубтакири гирдиҳамоии ёдшуда мебошад.

Расман эълом медорем, ки иштироки на намояндаҳое аз Русия ва на намояндаҳои ҳеч кишвари хориҷии дигар дар ин гирдиҳамоӣ мадди назар гирифта нашудааст”.

Ин баёнияи Сафорати Русия дар Афғонистон дар сомонаи расмии сафорат ҳам ба нашр расидааст.

Мо ба “Ҷомеаи афғонҳо дар Маскав таҳти номи «Диалоги байнулафғонӣ» муроҷиат кардем ва аз Муҳаммад Нодиршоҳ, раиси Кумитаи созмондеҳии  Анҷумани ҷомеаи афғон дар Русия, посух гирифтем, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Таври маълум, хориҷ аз Афғонистон, аз ҷумла Федератсияи Русия, як ҷомеаи бузурги афғон зиндагӣ мекунад. Бисёре аз намояндагони он маълумоти хубе доранд, дар илму касбу тиҷорат ба баландиҳои қобили мулоҳизае расидаанд ва дар ҷомеа мавриди эҳтиром ҳастанд.

Мо ба он чӣ ки дар Афғонистон иттифоқ меафтад, бетафовут нестем. Мо қудрати инро дорем, ки саҳми худро барои ҷустуҷӯи роҳҳои дастёбӣ ба сулҳ дар ватани таърихии худ гузорем. Бино бар ин, мо мӯътақидем, ки замони баргузории як Гуфтугӯи байнулафғонии густурда фаро расидааст”.

Дар интиҳои ин баёния омадааст, 5 ва 6 феврали соли 2019 дар Президент-отели Маскав як мулоқоти васеи афроди бонуфуз ба намояндагӣ аз ҷамоаи афғонҳо таҳти унвони “Гуфтугӯи байнулафғонӣ” баргузор мешавад. “Дар ин ҳамоиш табодули назари озод дар бораи вазъи Афғонистон ва ҷустуҷӯи роҳҳо барои расидан ба сулҳ дар ватани мо дар назар аст” – омадааст дар ин баёния.

Раиси Кумитаи созмондеҳии  Анҷумани ҷомеаи афғон дар Русия мегӯяд, умедворанд, ки “Гуфтугӯи байнулафғонӣ”–и озод миёни афғонҳо ба наздик шудани мавоқеи ҷонибҳое, ки дар буҳрони Афғонистон дахил ҳастанд, мусоидат мекунад.

Дар Твиттер ва сафҳаи фейсбукии Раҳматуллоҳ Набил “даъватнома”–и Толибон ва Русия вуҷуд надорад. Мавсуф танҳо ин гуна назар додааст:

“Конфронс Маскав ба мизбонии Мулло Аббос Истоникзай (ҳамоне, ки инҳилоли неруҳои амниятии афғонро дар сар дорад) ба намояндагии Толибон ва русҳо ва меҳмон шудани сарони муҷоҳидин муаммои соли 2019.

Ҳол замони он фаро расидааст, то сарони муҷоҳидин ҷасорат кунанд ва баъд аз ин Доктар Наҷибро «Шаҳид Доктар Наҷибуллоҳ” хитоб кунанд”.

Хулоса

Нишасти сулҳи Афғонистон дар Маскав як нишасти миёни афғонҳо буда, идомаи нишасти 9 ноябр – Формати маскавии машваратҳои сулҳи Афғонистон, ки бо ибтикори вазорати корҳои хориҷии Русия баргузор шуда буд, намебошад.

Ин мулоқот ғайрирасмӣ буда, бо ташаббуси Ҷомеаи афғонҳои Русия доир мешавад, на мақомоти ин кишвар.

“Даъватнома”–и муштараки Сафорати Русия дар Кобул тақаллубӣ аст.

Дар сурати розӣ нашудан ба хулоса (ҳукмнома)-ҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.