2004-2018. Президент Раҳмон дар паёмҳои солонааш ба МО дар бораи терроризм чӣ гуфт?

06 февраля 2019
1317
Муаллиф: Rushnoi.org

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми ахири солонааш ба парлумони кишвар гуфт, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудани гуруҳҳое, ки қасди анҷоми амалҳои террористӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистонро доштанд, нишон медиҳад, ки шиддати хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм ҳанӯз поин нарафтааст. Президент аз ҳолати хосе ном набурд, аммо ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дод, дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия лоиҳаи қонун “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”-ро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намоянд. Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи ин тарҳро “такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирии экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо он” унвон намуда, барои пешниҳоди лоиҳа ба ниҳодҳои зикршуда се моҳ муҳлат дод.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмҳои қаблиаш ба Маҷлиси олии кишвар ҳам дар мавриди хатарҳои ҷаҳони муосир, ба вижа терроризму экстремизм суҳбат мекард. “Рӯшноӣ” пайёмҳои Президентро аз соли 2004 ба ин тараф гирд овард ва нуктаҳои муҳимеро ки маҳз дар мавриди терроризм гуфта шудаанд, пешниҳоди хонанда мегардонад.

«СТАНДАРТҲОИ ДУГОНА», МАФҲУМИ «ФУНДАМЕНТАЛИЗМИ ИСЛОМӢ» ВА  ҲАРАКАТҲОИ НЕОФАШИСТӢ

Олами имрӯза бо таҳдиду хатарҳои нав ба монанди терроризм, экстремизм, истеҳсол, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ рӯбарӯ гардидааст, ки оқибатҳои фалокатбори онҳо имрӯз ба ҳама маълум аст. Ягон давлати ҷаҳон, ҳатто кишварҳои абарқудрат ба танҳоӣ бар зидди ин зуҳуроти даҳшатбор истодагарӣ карда наметавонанд. Ба ин маънӣ, ташаккули низоми нави тартиботи ҷаҳонӣ раванди таърихан тӯлонӣ ва пурихтилоф аст, зеро дар шароити глобализатсияи проблемаҳои умумибашарӣ баъзе ҷиҳатҳои инкишофи принсипҳои муносибатҳои байналхалқӣ боиси нигаронӣ мебошанд.

Якум, мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ дар шакл ва миқёси имрӯзаи худ ҳанӯз талаботи инсониятро қонеъ карда наметавонад.

Аз ин рӯ, мо аз созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо интизор дорем, ки мафҳуми мушаххаси терроризм ва аломатҳои онро барои оламиён таҳия ва эълон намоянд. Чунки, ба андешаи мо, то ҳол вуҷуд надоштани мафҳуми дақиқ ва гуногунфаҳмӣ дар ин масъала яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани сиёсати «стандартҳои дугона» мебошад. Илова бар ин, созмонҳои мазкурро даъват мекунем, ки ба таҳияи стратегияи ягонаи мубориза бар зидди терроризм фаъолтар мусоидат намоянд. Зеро Тоҷикистон ғайр аз он, ки зарбаи зуҳуроти нави асрро дар вуҷуди худ эҳсос кардааст, узви фаъоли эътилофи зиддитеррористӣ мебошад ва дар ин мавқеи худ собит хоҳадмонд.

Дуюм, бо дарназардошти ин, ки истеҳсол ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои молиявии терроризм мебошад, мо чандин маротиба аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилали ташкили иттиҳод ё коалитсияи мубориза бар зидди маводи мухаддирро пешниҳод кардем. Соли гузашта аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар қатори бист пешниҳоди муҳимтарини сайёра эътироф шудани ин пешниходи Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷаҳони муосир заруратӣ амалӣ намудани онро эҳсос карда истодааст.

Сеюм, имрӯз мафҳумҳои «терроризми исломӣ», «фундаментализми исломӣ» ва «исломиҳо» дар забони сиёсии ҷомеаи чаҳонӣ ва сиёсатшиносони баъзе кишварҳои Ғарб зиёд истифода мешаванд. Ин равия боиси дар шуури аҳолии сайёра ба вучуд омадани нафрат ба дини мубини ислом ва мардуми мусулмон мегардад. Дар натиҷа, чунон ки шоҳид ҳастем, имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам ба объекти фишору зӯроварӣ табдил ёфтани мусулмонон, поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҷой дорад. Ин сиёсат бисёр хатарнок аст. Зеро тафриқагузорӣ аз рӯйи дину мазҳаб ва дар ҳамин асос маҳдуд кардани ҳуқуқи мусулмонон метавонад ҷаҳонро ба мухолифати динӣ ва гузашта аз ин, ба мухолифати тамаддунҳо расонад. Бинобар ин, сиёсатшиносон бояд дар сари ин масъала андеша кунанд.

Чорум, солҳои охир дар баъзе кишварҳои дунё ҳаракатҳои неофашистӣ ва миллатгароӣ торафт қувват гирифта истодаанд. Моро махсусан густариши ин самти хатарноки сиёсӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ташвиш овардааст. Ҷаҳон ҳанӯз даҳшат ва фоҷиаи сиёсати нажодпарастӣ ва фашизмро фаромӯш накардааст. Тақсимбандии одамон аз рӯйи мансубияти нажодӣ ва миллӣ, бозӣ кардан бо ин зуҳуроти сиёсӣ ё нодида гирифтани хатари онҳо метавонад моро ба гирдоби фалокатҳои нав дучор намояд. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон бояд ба он омода бошад, ки бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар худро ба тағйироти сиёсии ҷаҳон ва минтақа мутобиқ карда тавонад. Марҳилаи сифатан нави инкишофи муносибатҳои байналмилали суръати амалҳои тактикӣ ва иқдомотеро, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ меандешад, муайян мекунад. Бинобар ин, вазифаҳои асосии сиёсати хориҷии мо аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, таъмини рушди устувори кишвар, таҳким ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва амнияти кишвар ва мустаҳкам кардани мақоми сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилали иборат мебошад. Ва ин сиёсат бо роҳи мубориза бар зидди таҳдидҳои навини замон, густариши робитаҳо бо кишварҳои мухталифи олам ва созмонҳои байналмилали аз тариқи пешбурди усулҳои прагматикӣ ва бисёрсамтӣ ба амал бароварда мешавад.

сарчашма:http://president.tj/node/6615#k_mastchoh (бойгонӣ)

“ТОҶИКИСТОН НАҚШИ МИНТАҚАИ БУФЕРИРО ДАР САРИ РОҲИ ЭКСПАНСИЯИ ТЕРРОРИЗМ… МЕБОЗАД”
Шарти муҳимтарин дар ин роҳ — ташаккул додани ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати бартараф намудани хатарҳо ва таҳдидҳои асосии глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад. Зеро дар ин раванд ҳамгироии босуръати ин падидаҳои фоҷиабор вусъат гирифта истодааст. Дар ин ҷо мехоҳам хотиррасон намоям, ки Тоҷикистон чандин сол инҷониб нақши минтақаи буфериро дар сари роҳи экспансияи терроризм, экстремизм ва паҳншавии маводи мухаддир мебозад.

Мо ҳанӯз баҳори соли 2000 зарурати таҳия ва қабули консепсияи ягона ва универсалии терроризмро таъкидан зикр намуда будем, ки дар он қабл аз ҳама мафҳуми амиқ ва возеҳи истилоҳи терроризм, хислат, мазмун ва амалиёти тахрибгаронаи он таъбир гардида, роҳҳо ва василаҳои муассири мубориза бар зидди он муайян ва мушаххас карда шаванд. Боиси қаноатмандист, ки дар паёми чанде пештар ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешниҳодшуда ин масъала ҳамчун афзалияти муҳими ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардидааст.

Мо зарур мешуморем, ки фаъолияти эътилофи байналмилалии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм босамар ва механизмҳои он муассиртар карда шаванд. Дар ин масъалаи ҳаётӣ мо стандартҳои дугонаро қабул надорем. Бори дигар ба Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, таъкид мекунем, ки татбиқи пешниҳоди қаблии мо дар мавриди таъсиси иттиҳоди байналмилалии зидди қочоқи маводи мухаддир кори ниҳоят муҳим мебошад. Шарти дигар, ин ширкати фаъол ва амалии ҳамаи давлатҳои хурду бузург дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини умумибашарист…

…Ба иловаи ин, таҳдидҳои наве, ки торафт миқёс ва хислати глобалӣ пайдо карда истодаанд, пеш аз ҳама терроризми байналхалқӣ, экстремизм бо шаклҳои мухталифи он, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ миллионҳо одамонро ба ташвишу тарс андохтаанд.

сарчашма:http://president.tj/node/199#bgafurov (бойгонӣ)

ТЕРРОРИЗМ ВА «БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО»

…Ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналмилалӣ ба хотири коҳиш ва рафъи хатарҳои асосии глобалӣ — терроризм, экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, ҳамчунин офатҳои экологӣ ва техногенӣ самти муҳимтарини амалиёти муштараки ҷомеаи башарӣ мебошад. Пешгирии оқибатҳои ниҳоят хатарноки тамоюлоти дигари рӯз, қабл аз ҳама «бархӯрди тамаддунҳо» низ аз вазифаҳои муҳимтарини башарият аст.

Ба андешаи мо, калиди аслии муваффақияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таҳия ва татбиқи стратегияи фарогир ва ширкати амалии ҳамаи давлатҳо дар ҳалли проблемаҳои зикршудаи ҳаётии умумибашарӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани манфиатҳои глобалист.

Дарки амиқи пайванди манфиатҳои миллӣ бо тақозоҳои ҷаҳони муосир моро ба ширкати фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ ҳидоят намуд.

сарчашма: http://president.tj/node/198 (бойгонӣ)

ҶИНОЯТҲОИ ХАВФНОКИ МУОСИР — ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ, МАВОДИ МУХАДДИР…

Барои таҳкими минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа бояд бар зидди ҷиноятҳои хавфноки муосир — терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ муборизаи қатъӣ бурд.

Сол ба сол зиёд шудани истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон хатари ин ҷиноятҳоро боз ҳам меафзояд, ки он ба оромию суботи минтақа ва умуман ҷаҳон таҳдид менамояд.

сарчашма:http://president.tj/node/197 (бойгонӣ)

“ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА СЕПАРАТИЗМ ХИСЛАТИ ГЛОБАЛӢ КАСБ НАМУДААНД”
Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои хатарноки муосир – терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои трансмиллӣ нигаронида шудааст.
Вобаста ба ин як қатор санадҳои меъёрӣ қабул карда шудаанд, ки дар онҳо татбиқи тадбирҳои мушаххас, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуби ҷомеа пешбинӣ гардидааст…

…Зиёда аз ин, таҳдидҳое ба монанди терроризм, экстремизм ва сепаратизм, ки қаблан ҳам вуҷуд доштанд, дар замони мо хислати глобалӣ касб намудаанд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масъалаи дарёфти тавозуни оқилона байни манфиатҳои ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ба ин асосан тағйироти босуръат ва назарраси сохтор ва мазмуни равобити байналмилалӣ аз ҳисоби рушди босуръати иқтисодӣ, илмию технологӣ ва вазъи демографии як қатор давлату минтақаҳои ҷаҳон сабаб гардидааст.

сарчашма: http://president.tj/node/195  (бойгонӣ)

ОМИЛҲОИ БАВУҶУДОРАНДАИ ТЕРРОРИЗМ — КАМБИЗОАТӢ, САТҲИ ПАСТИ МАЪРИФАТ, ҶУДОИАНДОЗИИ МИЛЛӢ…

Имрӯз инсоният бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, аслиҳаи қатли ом, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, гармои умумисайёравӣ ва бемориҳои сирояткунанда  рӯбарӯ гардидааст. Тоҷикистон комилан ҷонибдори собитқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ буда, дар он саҳми хешро мегузорад. Дар баробари ин, мо зарурати бартараф намудани сабабҳо ва омилҳои бавуҷудорандаи терроризмро, ки аз камбизоатӣ, аз адолати воқеӣ дур будани воқеияти низоми ҷаҳонӣ, сатҳи пасти маърифат, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофи фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзе давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ иборатанд, ногузир мешуморем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро бар зидди терроризм дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва эътилофи зиддитеррористӣ идома медиҳад. Дар ин ҷода мо ҳамгироии кишвари худро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Конфронси Исломӣ тақвият хоҳем дод.

сарчашма:http://president.tj/node/194 (бойгонӣ)

“ТАНҲО ҲАМКОРӢ ВА ФАҚАТ ҲАМКОРӢ”

Имрўз, ки таҳдиду хатарҳои басо сангине мисли терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории фаромарзӣ ва даҳҳо дигар падидаҳои хатарнок ба худи асли зиндагии мову шумо таҳдид менамоянд, вақти он расидааст, ки мушкилоти дуюминдараҷаи сунъиро як сў гузошта, сари ҳамкории созанда, тақвияти эътимоду боварӣ ва таҳкими ҳамёрӣ биёем, то ба наслҳои оянда минтақаи ободу осоишта ва равобити дўстонаву бародаронаро мерос гузорем. Роҳи ҳалли ҳамаи ин масоил – танҳо ҳамкорӣ ва фақат ҳамкорист. Тоҷикистон ҳамеша ба чунин раванд омода аст.

Кишвари мо айнан худи ҳамин усулро нисбат ба равобити худ бо кишварҳои дигари олам татбиқ менамояд: яъне мо ҷонибдори ҳамкории созанда бо ҳар кишваре мебошем, ки барои чунин равобит бо мо тайёр аст. Дар фазои пасошўравӣ мо узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳастем, ки узвияти мо дар ин созмонҳо ва ҳамкории мо аз принсипҳое, ки ман зикр кардам, маншаъ мегирад.

сарчашма:http://president.tj/node/192  (бойгонӣ)

ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА…

Хосияти байналмилалӣ гирифтани иқтисодиёт, рушди бесобиқаи алоқа ва дигар васоили коммуникатсионӣ, торафт амиқтар шудани проблемаву мушкилоти умумиинсонӣ, тағйири асоситарин вазифаҳои давлати миллӣ, тавсеаи  фаъолияти сохтору ниҳодҳои трансмиллӣ сабаби дигаргунии куллии худи асосҳои зиндагии мо гардидааст. Ин раванд, агар аз як ҷониб боиси тақвияти муносибатҳои қисматҳои мухталифи олами имрўз гардида бошад, аз ҷониби дигар ҷаҳонӣ шудани зуҳуроти хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, инчунин мушкилоти умумисайёравии техногенӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва ғайра вазъро торафт печида ва мураккаб гардонидаанд.

Тоҷикистон аз ин раванд дар канор нест, баръакс дар сафи пеши мубориза бо баъзе зуҳуроти он ва дар маркази ҷараён ёфтани қисмати дигараш қарор дорад. Табиист, ки чунин вазъият ва ҳаллу фасли ин масоил ҳамгироиву ҳамкории васеъ ва пурсамари моро дар асоси бисёрҷониба бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дар асоси дуҷониба бо кишварҳои алоҳида талаб мекунад.

сарчашма: http://president.tj/node/193 (бойгонӣ)

ЗАМОНИ ТАБЛИҒ ВА ПАҲН НАМУДАНИ ҒОЯҲОИ ТУНДГАРОӢ, ГУСТАРИШИ ХАТАРҲОИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ
Замони мо замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ, замони рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмӯъ нерӯи эҷодии инсон, замони имконоти азими такомули фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ, равобит ва ҳамкории густурдаи халқу кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Дар баробари ин, ба ҳама возеҳ аст, ки замони мо замони зуҳури фаъоли нерӯҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб низ мебошад. Суръати густариши онҳо ба ҳаддест, ки имрӯз хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон — ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ торафт аён мегардад.

сарчашма:http://president.tj/node/1084 (бойгонӣ)

ХАТАРИ ҶИДДӢ

Мехоҳам таъкид намоям, ки терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва дар маҷмӯъ ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ имрӯз ба хатари ҷиддӣ табдил ёфта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд.

Мо муборизаро бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир самти афзалиятноки сиёсати давлати худ эълон кардаем.

сарчашма:http://president.tj/node/4318 (бойгонӣ)

НИЗОМИ НАВИ ҶАҲОНӢ ЧӢ ГУНА БОШАД?

Мо чунин мешуморем, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом бояд комилан орӣ бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад.

Танҳо дар чунин шароит ва тавассути саъю кӯшишҳои якҷоя метавон дар баробари мушкилоти глобалии замони муосир, аз ҷумла пайомадҳои тағйирёбии иқлими сайёра, фалокатҳои техногенӣ ва экологӣ, ба таври шоиста истодагарӣ кард.

Ҳамин аст, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои бештар бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир ҳамоно манфиатдор мемонад.

сарчашма:http://president.tj/node/6598  (бойгонӣ)

“ПРОБЛЕМАИ ҶИДДИТАРИНИ ИНСОНИЯТ ДАР АСРИ БИСТУЯК”

Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

…Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осиштаро муҳайё кунем.

Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ва ҷомеа маблағгузориро барои таъминоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир, бунёди иншооти сарҳадӣ, мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, муҳайё кардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои сохтору мақомоти зикршуда сол ба сол зиёд намояд.

Сар задани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, шиддат гирифтани проблемаҳои экологӣ ва хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳмияти масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро ба маротиб зиёд мегардонанд.

Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. Тамоюли торафт қувватгирифтаистодаи сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад.

Имрӯз мо ниёз ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ дорем, ки мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намояд ва ҷиҳати ҳамкории ҳамаи нерӯҳои солими башарият хизмат кунад.

Бинобар ин, мо бояд тамоми василаву воситаҳоро истифода кунем, ки эҳтироми ғояву андешаҳои солиму созанда ва таҳаммули фикри якдигар тамоюли асосии дунёи имрӯз гардад. Вале чунин ба назар мерасад, ки “сиёсати дугона”, шиддати бесобиқаи муборизаи геосиёсӣ, бахусус барои дастёбӣ ба захираҳои ҳаётиву стратегӣ ва таъмини назорат аз болои минтақаҳои муҳимми геостратегӣ падидаи аз ҳама хатарноки солҳои охир мебошад.

Мо чунин мешуморем, ки бо талоши якҷоя ва дастаҷамъона эмин нигоҳ доштани сайёра ва минтақаи мо аз ин офатҳо аз ҷумлаи вазифаҳои бетаъхир ва муҳимтарини давлатҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалист.

сарчашма:http://president.tj/node/8136 (бойгонӣ)

ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД

Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи  ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо — Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.  Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ  ва  минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар  санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.

Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

сарчашма:http://president.tj/node/10585#aini (бойгонӣ)

ХАТАРИ ГЛОБАЛӢ

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

сарчашма:http://president.tj/node/13739 (бойгонӣ)

ТАЪРИФИ ЯГОНАИ МАФҲУМҲОИ “ТЕРРОРИЗМ” ВА “ТЕРРОРИСТ” ВУҶУД НАДОРАД

Дар соле ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои “терроризм” ва “террорист” вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.

Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

сарчашма:http://president.tj/node/16771 (бойгонӣ)

СУБОТУ ОРОМИИ АФҒОНИСТОН БАРОИ МО МИСЛИ ОБУ ҲАВО ЗАРУР АСТ

Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» — ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Суботу оромии ҳамсоякишварамон — Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад.

Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст. Аз ин рӯ, мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист.

сарчашма:http://president.tj/node/19088#vahdat (бойгонӣ)