Террори аср | Аҳмадшоҳи Масуд чӣ тавр кушта шуд? (ҚИСМИ 3)

19 февраля 2019
1974
Муаллиф: Фахриддини Холбек

ҚИСМАТИ АВВАЛРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ ДУВВУМРО ИНҶО БИХОНЕД

Пушти террори Масъуд на фақат “Ал-қоида” – ву Толибон, балки ҳудуди 20 кишвару созмон ва атрофиёни ӯ низ даст доштанд. Таҳқиқоти байнулмилалӣ ва дохилии қатли ӯ мутаваққиф шуданд. Натоиҷи қаблӣ эълон нагардиданд. Аммо пас аз марги “Шери Панҷшер” мавҷи террор дар саросари ҷаҳон паҳн шуд. Кӣ дар ин кор манфиат дошт? Чаро ин “аждаҳои оташнафас” ба номи терроризмро дар лонааш – Афғонистон нобуд накарданд, баъракс, дастҳо ва роҳашро ба сӯи Амрико, Аврупо, Африқо ва Ховари Миёна боз намуданд?

 

Аҳмадшоҳ Масъуд/акс аз russian7.ru

Қуттие аз Кветта

Маркази омӯзишӣ–таблиғотии марбут ба “Ал–қоида” – “Мактаб-ул–Аълом” дар Қандаҳор ба чопи варақаҳо, ва маҷаллоти созмон ба забонҳои арабӣ, урду, пашту, дарӣ ва инглисӣ ихтисос ёфта буд, ки баъдтар ба саросари ҷаҳон фиристода мешуданд. Марказ бо дастгоҳҳои чопии пешрафтатарин муҷаҳҳаз буд ва чопхонаи компутаришуда дошт. Аз хадамоти он Толибон низ ба нафъи таблиғоти худ истифода мебурданд.

Тайёраҳои хурди Созмони Милали Муттаҳид ҳар чоршанбе аз Исломобод ба Қандаҳор парвоз мекарданд ва бо истифода аз он Толибону “Ал-қоида” бархе заруриёти худро аз Исломобод ё Қандаҳор интиқол медоданд. Дар яке аз ҳамин чоршанбеҳо кормандони “Мактаб–ул-Аълом” аз фурудгоҳ бо дасти холӣ баргаштанд. Вақте онҳо бо намояндаи худ дар Покистон тамос гирифтанд, ба онҳо гуфта шуд, ки амволашон тариқи роҳи заминӣ аз Кветта, маркази Балуҷистони Покистон хоҳад расид. Ва он пас аз як ҳафта расид.

Миёни бастаҳо ва қуттиҳои картонӣ як қуттие низ буд, ки зоҳиран аз бақия фарқе надошт. Тарҷумони афғонии “Ал–қоида” аз қавли кормандони “Мактаб-ул– Аълом” қисса мекунад, ки бегоҳии шанбеи ҳамон ҳафта меҳмони Абуҳафси Сағир (Маҳфуз Валад-ал–Валид, мавританиёӣ, олими “Ал–қоида”) буд, ки як афғон омад ва аз қуттӣ пурсид. Рӯзи дигар ду нафар бо иттифоқи як тифл ба анбори марказ омаданд. Қуттӣ сабук буд. Онро боз карданд. Дар дохил як камераи мустаъмал ҷобаҷо шуда буд. Вақте аз онҳо пурсиданд, ки ин камераи кeҳна ба чӣ дард мехӯрад ва ин қадар таваҷҷуҳ ба он ба кадом хотир аст, посухе надоданд.

Аммо рӯзи дигар он ду бо ҳамон камера ба назди тарҷумони афғонӣ омаданд. Хоҳиш карданд, ки мусоҳибаашонро бо Мавлавӣ Мутаваккил, вазири хориҷаи Толибон тарҷума кунад. Тарҷумон мегӯяд, суолҳои онҳо ғайриҳирфаӣ, гоҳе ҳатто хандаовар буданд. Дар охир Мутаваккил аз онҳо хост, ки мусоҳибаро копӣ карда ба ӯ диҳанд, аммо ин хоҳиш иҷро нашуд (Мутаваккил, пас аз Амрико “душмани дуввуми Усома”, шояд пас аз 9 сентябри соли 2001 дарёфт, ки чаро “меҳмон” ин дуро ба назди ӯ фиристода буд…)

Рӯзи дигар раҳбарияти Толибон ба тарҷумон фармуд, ки “рӯзноманигорон”–ро ба фурудгоҳи Қандаҳор раҳбаладӣ кунад. Вақте ӯ ба меҳмонхонаи “Ал-қоида” омад, сахт дар ҳайрат афтод: ба гусели онҳо афроди раддаи авали “Ал-қоида” – Сайф-ул-Адл (мисрӣ, ки соли 2011 ба ҷойи Усома нишаст), Абуҳафси Кабир (мисрӣ, муовини бин Лодан), Абуҳафси Сағир, Сулаймон Абуғайс (кувайтӣ, домоди бин Лодан) омада буданд. То ин дам, ба қавли Ваҳид Мужда, террористонро шахсан Усома бин Лодан, муовини ӯ – Аймон Завоҳирӣ ва Мулло Умар, роҳбари ҳаракати Толибон дуои сафар дода буданд.

Дар Кобул “журналистон”–ро Абдулҳодии Ироқӣ, мудири меҳмонхонаи “Ал-қоида” дар маҳаллаи Вазир Акбархон қабул кард. Ӯ аз Абдураҳмон Зоҳид, раҳбари дастгоҳи вазорати хориҷаи Толибон барои онҳо хати роҳ гирифт.

Дар ин миён Абу Ҳонӣ пас аз 15 сол тариқи телефони моҳвора бо ошнои деринааш — Абдураб Расули Сайяф ду маротиба тамос гирифта, аз ӯ хоҳиш карда буд, ба “рӯзноманигорон” барои анҷом додани мусоҳиба бо раҳбарони Ҷабҳаи Муттаҳид мусоидат кунад. Ӯ сафари эшонро бо он асоснок кард, ки дар олами араб шоеоту ақидаҳои нохушоянде дар бораи роҳбарони Ҷабҳа, бахусус раҳбарони он, қабл аз ҳама Аҳмадшоҳ Масъуд сайр мекунанд ва гузоришҳои онҳо метавонад афкори умумро ба сӯи беҳбудӣ савқ диҳад.

Абу Ҳонӣ бори аввал дурӯғ мегуфт, ки аз Бусниё занг мезанад. Дар асл аз Қандаҳор, кӯшки бин Лодан тамос гирифта буд. Бори дуюм ӯ аз Кобул тамос гирифт, аммо боз ҳам дурӯғ гуфт, ки аз Қандаҳор занг мезанад. Маъмурияти ӯ бо ҳамин анҷом ёфт. Ӯ аз Афғонистон ғайб зад.

Роҳ ба Панҷшер/акс аз viaestvita.org

Рӯзҳои Панҷшер

Ҳамин тавр, ин қисса аз оғоз саропо бар дурӯғ – рӯзноманигорони ҷаъливу асноди ҷаълӣ ва асосу сабабҳои ҷаълӣ бунёд ёфт. Арабҳои террорист миёнаҳои моҳи августи соли 2001 аз Ҷалолобод ба роҳ баромаданд. Онҳо хатти ҷангро дар вулусволии Тагоби вилояти Кописо, ки таҳти назорати неруҳои Ҷабҳаи Муттаҳид буд, убур карданд.

Убур ба қаламрави Ҷабҳаи Муттаҳид ва иқомати рӯзноманигорони ҷаълӣ дар Панҷшер бо ҷузъиёти зиёд дар китоби Раззоқи Момун – “Радди пойи фиръавн” тасвир шудааст. Бино ба қиссаи ӯ, террористон ахири моҳи асад (тақрибан охирҳои даҳаи дуюми моҳи август), бо мактуби дархостӣ ва шиносномаҳои ҷаълӣ ба ситоди Абдураб Расули Сайёф ба шаҳри Ҷабалуссироҷ, 70-километрии шимоли шаҳри Кобул, омаданд. Сайёф мегӯяд, вақте “рӯзноманигор” ба ҷуз нома, шиносномаи худро ба ӯ дароз кард, дар ҳайрат афтод, зеро касе аз ӯ инро нахоста буд ва дигар рӯзноманигорон ҳеч гоҳ ин корро намекарданд. Онҳо бо Сайёф мусоҳиба анҷом доданд. Сайёф мегӯяд, шубҳаи ӯ ҳамон вақт ба рӯзноманигор будани онҳо ҳамон вақт бедор шуд, ки иртиботи мантиқие миёни суолҳояшон вуҷуд надошт. Бо ин вуҷуд, Сайёф ба Масъуд занг зад ва ризоияти ӯро дар бораи иҷозаи вуруд ба қаламрави Ҷабҳа ҳосил намуд. Онҳоро ба меҳмонхонаи шаҳри Гулбаҳор, шаҳре дар даромадгоҳи дараи Панҷшер, фиристод.

Сайёф мегӯяд, аз дақоиқи аввал шубҳаи худро бо Бисмиллоoхон, фармондеҳи ҷабҳаи шимоли Кобул матраҳ кард. Ахирӣ ба яке аз кормандони оперативии хадамоти ҷосусии Масъуд – генерал Мирзо дастур дод, арабҳоро ба дохили дара биёварад.

Мирзо нақл мекунад, ки дар масири роҳ “рӯзноманигорон” ҳотамона пулҳои 100–афғониро ба кӯдакон ва гадоҳо хайр мекарданд. Аммо вақте дохили дара шуданд, сахраҳои азим ва табиати ваҳширо дида, дасту поча шуданд.

“Яке аз онҳо меларзид. Танҳо пас аз террори Омир Соҳиб (тахаллуси мардумии Масъуд, ҳатто вақте вазири дифоъ буд, аз атрофиёнаш хоҳиш кард, ки ӯро “вазир соҳиб” нагӯянд – м.) он лаҳзаҳоро ба ёд оварда, дарк кардам, ки онҳо фикр карда буданд, ки маъмурияташон ошкор шудааст. Аммо он замон ба худ гуфтам, ки ин биёбониҳо куҳро ки надидаанд, ошуфта шуданд” – мегӯяд Мирзо.

Онҳо ба Долон Санг, маққари фармондеҳии Ситоди Ҷабҳаи Муттаҳид, расиданд. Мирзо мегӯяд, дастур гирифт онҳоро дар утоқи Юнус Қонунӣ ҷой диҳем. “Ман аз рӯи эҳтиром ба меҳмонон хостам баксҳояшонро бардорам, аммо онҳо як қадар бо хушунату норизоиятӣ рад карданд ва нагузоштанд, ки ба онҳо кумак кунам” – мегӯяд Мирзо.

Рӯзи дигар дар Долон Санг ҷаласаи серӯзаи тамоми раҳбарону фармондеҳони Ҷабҳаи Муттаҳид, ба шумули Бурҳонуддини Раббонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд, Абдураб Расули Сайёф, Қосим Фаҳим, Бисмиллоҳхон ва дигарон, шурӯъ шуд. Террористон хоҳиш карданд, ки барои сабти як ду дақиқа навор иҷозаи вуруд диҳанд, аммо Бисмиллоҳхон ин иҷозаро ба онҳо надод. Онҳо рӯзҳои дигар низ баисрор талаб карданд, аммо муваффақ нашуданд. Худи Масъуд ба онҳо ваъда супурд, ки қабулашон мекунад, аммо на ҳолову на имрӯз. Мешавад тасаввур кард, ки агар онҳо ба толори ҷаласаи фармондеҳон раҳ меёфтанд, чӣ фоҷиае ба сари Ҷабҳа меомад! Сайёф мегӯяд, он замон  ба Масъуд гуфт, ки бо ин арабҳо аз эҳтиёт кор гирад.

Пас аз анҷоми ҷаласа Масъуд мехост онҳоро ҳамроҳ ба Тахор барад, аммо бо маслиҳат ва исрори Бисмиллоҳхон ва генерал Мирзо, аз фикраш баргашт. Арабҳоро дар меҳмонхонаи “Остона”, наздикии фурудгоҳи Панҷшер ҷой карданд.

“Онҳо як зиндагии пӯшида доштанд. Танҳо барои қазои ҳоҷат берун мешуданд. Мо шабҳо сояи онҳоро медидем, ки бо садои паст суҳбат ва гӯшакӣ мекарданд” – ба ёд меорад мудири меҳмонхона Ҷон Муҳаммад “Коко”.

Террористон ҳудуди як ҳафта дар Панҷшер буданд. Дар ин миён бо Бисмиллоҳхон ва Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури Давлати исломии Афғонистон мусоҳиба анҷом доданд. Бисмиллоҳхон мегӯяд, эшон танҳо дар бораи Масъуд суол карданд ва вақте аз онҳо пурсид, ки чаро дар бораи Толибон чизе намепурсанд, посух доданд, ки ҳадафи сафарашон танҳо Масъуд аст.

“Мусоҳиба” бо Раббонӣ хеле мухтасар буд. Даҳман танҳо се суол дар бораи сафари Масъуд ба Аврупо ва Усома бин Лодан матраҳ кард, ки ба Раббонӣ хуш наомад. Даҳман ҳам худро мебохт. Раббонӣ ҳавсалаашро гум кард ва аз идомаи мусоҳиба худдорӣ намуд. Ба қавли Раббонӣ, онҳо ҳатто як суолро дуруст матраҳ накарданд, вақте ӯ чанд расонаи чопии арабиро номбар кард, ҳеч якеро надонистанд. “Ба ин натиҷа расидам, ки ҳардуи онҳо наворбардор ҳастанду халос” – мегӯяд Раббонӣ.

Бисмиллоҳхон ҳангоми мусоҳиба чеҳраҳои террористонро аз назар гузаронд. Маълум буд, ки онҳо ба ҳамин қарибӣ ришҳояшонро тарошидаанд ва ранги пӯсти як қисмати рӯяшон аз қисмати дигараш фарқ мекард…

(Идома дорад)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД