ДИДГОҲ | ЗиддиТолиб. Генерал Розиқ ба кӣ халал расонд? (ҚИСМИ 3)

25 февраля 2019
463
Муаллиф: Фахриддини Холбек

ҚИСМАТИ АВВАЛРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ ДУВВУМРО ИНҶО БИХОНЕД

Рӯзи маргаш ҳама гиристанд. Дар тамоми масоҷиди гӯшаву канори Афғонистон ҷаноза хонданд ва дуо карданд, ки Худованд ӯро ба биҳишти худ қабул кунад. Тоҷик, ӯзбек, ҳазора… бори аввал дар канори паштун барои як одам ашк рехтанд. Дар дохилу хориҷ маҳфилҳои ёдбуд гирифта шуд. Дар шаҳрҳо овезаҳои бузурге аз аксҳои ӯ қад афрохтанд. Аксҳояш рӯи мизу деворҳои утоқҳои кориву манзилҳо пайдо шуданд. Дар борааш ба ҳамаи забонҳо тарона офариданд. Дар ин кишваре, ки марги як шахсият нисфашро шод мекунад ва ҳамдилӣ рахти сафар барбастааст, бори аввал мардум бидуни эълони расмӣ ба азои умумимилӣ нишастанд. Ин ҳама аз нишонаҳои як қаҳрамони миллиянд, ки Афғонистон пас аз Аҳмадшоҳи Масъуд ёд надошт…

Абдулрозиқ Ачакзай

Ҳама алайҳи як кас

Толибон, нурзойиҳо, Ғанӣ, “Шабакаи Ҳаққонӣ”, Покистон, Амрико… Ин феҳристи иҷрогарон ва ҳам супоришгарони эҳтимолии террори генерал Розиқ аст, ки дар азҳони ҷомиа, коршиносон ва мақомоти Афғонистон тартиб дода шудааст.

Танҳо Толибон расман куштори ӯро ба зимма гирифтанд. Аммо на амрикоиҳо ва ҳам на мақомоти Афғонистон ба таври расмӣ Толибонро ба марги Розиқ муттаҳам накарданд, ҳарчанд онҳо шавоҳиди даст доштани худро пешниҳод намуданд. Ин ба он маъност, ки Толибон бо вуҷуди пешниҳод кардани шавоҳиди аз ин бештар ҳам, ин бовариро эҷод карда наметавонанд, ки ин корро ба танҳоӣ кардаанд. Онҳо ин қудратро ҳеч гоҳ надоштанду надоранд.

Розиқ ҳамеша як ҳадаф на фақат барои Толибон, балки нурзойиҳову қочоқбарон ва Покистон буд. Бидуни ҳеч андеша мешавад якеро муттаҳам кард. Аммо таҳлили иттилооте, ки дар дастрас қарор доранд, нишон медиҳад, ки марги генерал Розиқ як тарҳи муштараки ин неруҳост ва онҳо дар иҷрояш даст ба дасти ҳам додаанд.

1) Гуфтем, сабаби мухолифати нурзойиҳо, ки низ дуррониянд, бо ачакзойиҳо даромадҳои миллиардии тиҷорати маводи мухаддир ва гузаргоҳи гумрукии ағбаи Ҳоҷак аст, аммо дар ин миён қатлҳое аз ду ҷониб ҳам анҷом шуд, ки ҳардуро ба душманони хунӣ табдил дод. Розиқ коре барои фурӯ нишондани ин душмании қабилаӣ накард. Ӯ ҳеч гоҳ қатли падар ва амакашро, ки аз сӯи Толибон дар милаи тонк овехта шуда буд, фаромӯш насохт. Соли 2006 аз Кобул Шин Нурзай, рақиби маъруфи Розиқ дар қочоқи маводи мухаддир, бо 15 нафари дигар ғайб зад. Онҳо меҳмони як ачакзайии маъруфи дигар — Наим Лолай Ҳамидзай, намояндаи кунунии парлумон буданд. Чанд рӯз пас Розиқ эълон кард, ки террористе бо номи Нурзай бо 15 ҳамроҳаш дар пайи даргирие кушта шудаанд. Розиқ Нурзайро қотили бародари худ – Файзулло Адузай медонист, аммо миёни 15 нафари дигар афроди бегуноҳу фақир ҳам ҳузур доштанд, ки дар замону макони номувофиқ афтода буданд. Ин парванда то Созмони Милал, НАТО ва президент рафт, аммо ба ҷое нарасид.

Ба қавли Раҳматулло Набил, раиси собиқи Хадамоти амнияти Афғонистон, барномаи террори генерал Розиқро яке аз аъзои Шӯрои Кветтаи Толибон ба номи Мулло Ширин тарҳрезӣ кардааст. Ин Шӯро таҳти фармони Мулло Ҳайбатулло, раҳбари Толибон аст, ки аз қавми нурзойист. Бо ин вуҷуд, омили нурзойӣ наметавонад дар террори Розиқ аслӣ бошад ва ҳам афкандани чунин доме барои ӯ, он ҳам дар бинои вилояти Қандаҳор дар ҳадди тавони нурзойиҳо ҳеч гоҳ буда ҳам наметавонист.

2) Ихтилофи Розиқ бо президент Ғанӣ ба рақобати таърихии миёни дуррониву ғилҷойиҳо бармегардад. Дуррониҳо асосгузори Афғонистон буданд ва Қандаҳор пойтахташон буд. Онҳо беш аз 200 сол дар Афғонистон подшоҳӣ карданд, то ин ки коммунистҳо, аз пайи онҳо Толибони ғилҷоӣ, ба қудрат расиданд ва то замони Ҳомид Карзай қудратро дар даст доштанд.

Ғании ғилҷоӣ пас аз расидан ба қудрат кушиш ба харҷ дод, ки ҳатто ифротитарини ғилҷоиҳо — Гулбиддин Ҳикматёрро ба Кобул баргардонад ва бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, бо “Шабакаи Ҳаққонӣ”, ки дар дасти ғилҷоиҳост, тамос барқарор кунад (ҳатто мегӯянд, Ғанӣ бо раҳбари он Сироҷуддин Ҳаққонӣ дӯстии пешина дорад), аммо Розиқ – охирин дурронии матраҳ — ба масобаи дижи маҳкам дар муқобили қудрати афзояндаи ғилҷоиҳо қомат афрохта буд. Ашраф Ғанӣ чор соли ахир хеле талош кард, ки ӯро аз фармондеҳии пулиси Қандаҳор дур созад, аммо муваффақ нашуд. Розиқ мегуфт:

“Танҳо мардуми Қандаҳор салоҳият дорад, ки маро барканор кунад”.

Аз Розиқ дуррониҳо – Карзай ва Шерзуй пуштибонӣ мекарданд. Аммо вай маҳз қурбонии сиёсати “ҳазфи ҷазираҳои қудрат” гардид, ки аз сӯи Карзай ва бо пуштибонии амрикоиҳо шурӯъ шуда буд. Ғанӣ ин сиёсатро идома дод. Аз ҷумла, ӯ муваффақ шуд Абдурашид Дӯстум, раҳбари ӯзбекҳо ва Ато Муҳаммади Нур – “императори шимол” ва дигар ҷазираҳои хурдтари қудрат дар маҳалҳоро суқут диҳад. Аммо суқути Розиқ дар тавони ӯ набуд. Ӯ дигар на монеа, балки ба хатари муҷассаме барои қудрати ӯ табдил ёфта буд.

Иддае ҳам пешгӯӣ мекарданд, ки пас аз таъйини ғилҷоии дигар – Залмай Халилзод — ба вазифаи намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон, вазъи Розиқи дурронӣ бад мешавад, ки чунин ҳам шуд. Ҳомид Карзай низ такягоҳи охирин ва умеди бозгашт ба қудратро барои ҳамеша аз даст дод. Ба ҷуз Ғанӣ, ҳама довталабони президентии Афғонистон мехостанд, ки ҳимояти Розиқро  ба даст оранд. Ӯ воқеан ягона нафаре дар вилоятҳои муҳими ҷануб буд, ки дар интихоби президенти ояндаи Афғонистон метавонист нақши барозанда дошта бошад. Акнун ӯ нест, “Эътилофи бузурги миллӣ” заъиф ва роҳи Ғанӣ ҳам боз шуд.

3) Раҳматулло Набил, раиси собиқи Хадамоти амнияти Афғонистон, нуктаи ҷолиберо аз робитаи “Шабакаи Ҳаққонӣ” ба марги Розиқ ривоят мекунад. Вай мегӯяд, “Абудуҷона”, лақаби террористеро, ки генерал Розиқро кушт, Сироҷуддин Ҳаққонӣ ба як террористи араб дода буд:

“Доктори урдунӣ (Ҳумом Балавӣ – м.), муҳоҷими интиҳорӣ дар кампи Чапмани қароргоҳи CIA (Агентии истихбороти марказӣ)–и Амрико дар Хӯст низ Абудуҷона ном дошт (ҳамлаи мазкур декабри соли 2009 ба вуқӯъ пайваста буд, ки 7 амрикоиро кушта ба ҷой гузошт). Ин исми мустаорест, ки Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар мусоҳибааш дар рустои Дандии Вазиристони Шимолӣ ба масъули расонаии шабакаи “Ал-қойида” баъд аз ҳамла бар кампи Чапман ёд намуда буд”.

Ба қавли Набил, Тоҷмир Ҷавод, ки террористро омода кард ва ҳам Мулло Ширин, узви Шӯрои Кветтаи Толибон, ки тарҳи террори генерал Розиқро кашид, бо “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва шахси Сироҷуддин Ҳаққонӣ рабти мустақим доштанд.

4) Исломобод Розиқро “enemy of Pakistan” ё “душмани Покистон” мехонд. Душманӣ бо ин кишвар, шурӯъ аз замони Исмат Муслим, низ “мероси авлодӣ”–и Розиқ аст. Исломобод ӯро тоқат мекард, зеро пушти ӯ амрикоиҳо истода буданд. Аммо, бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, масъалаи хатти Дюранд миёни ҳукумати Ғанӣ ва Покистон хеле барвақт ҳалли худро ёфта, аз ин қарор амрикоиҳо низ истиқбол мекунанд. Покистон соли дуюм аст, ки дар хатти Дюранд – марзи ҷуғрофӣ, аммо баҳсноки Афғонистону Покистон аз симхор девор мекашад ва хандақ меканад, аммо кори ин пружа дар ҷанубу ғарб ба сабаби мухолифати Розиқ ба таъхир афтодааст.

Раҳматулло Набил мегӯяд, тарҳи қатли Розиқ, ки Тоҷмир Ҷавод ва Мулло Ширин таҳия кардаанд, ба ҷуз “Шабакаи Ҳаққонӣ”, таъйиди идораи истихбороти Покистон – ISI-ро низ гирифтааст. Тоҷмир Ҷавод дар Пешовар ва Мулло Ширин дар Кветта — шаҳрҳои Покистон зиндагӣ мекунанд.

Маълум аст, ки нурзойиҳо ва қочоқбарони ин қавм, ҳукумати Ғанӣ, Толибону “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва Покистон ин ҳама солҳо дар пайи нобудии генерал Розиқ буданд ва он 40 сӯиқасде, ки ба ҷони ӯ карданд, кори дасти онҳо буд, аммо ҳарчанд ҳатто дар маъқади як террорист маводи мунфаҷира ҷойсозӣ карда, ба ҷони Розиқ фиристода буданд, ҳеч гоҳ муваффақ нашуданд. Худи Розиқ як фарди ҳушёр буд, аммо дастҳои қавии Амрико низ ӯро медоштанд, ки то ин замон дар саҳна бимонад. Аз ин хотир, комилан қобили мулоҳиза аст, вақте мегӯянд, ки бидуни ризоияти хамӯш, ҳатто ҳамкорӣ ва шароитсозии Амрико, имкони аз миён бардоштани ӯ вуҷуд надошт.

5) Як идда бар ин назаранд, ки амалиёти қатли генерал Розиқ аз сӯи Толибон, истихбороти Покистон ва қудратҳои минтақа, назири Русияву Эрон, ба хотири беобрӯ кардани Амрико дар ҷомиаи Афғонистон низ метавонад тарҳрезӣ шуда бошад. Аммо ин бовар аз чандин зовия заъф дорад.

6) Омили амрикоӣ дар қатли генерал Розиқ хеле муҳим ва ҳалкунанда буд, зеро маҳз амрикоиҳо масъули аслии соҳаи ҳузури генерали худ буданд. Аз онҳо низ бастагӣ дошт, ки Розиқ кушта шавад ё зинда бимонад. Онҳо метавонистанд террористеро, ки Розиқро кушт, ба саҳна роҳ диҳанд ва ҳам ӯро нобуд кунанд. Агар соҳа таҳти пӯшиши на амрикоиҳо, балки маҳаллиҳо буд, аввалин суол ин аст, ки чаро ҳеч яке аз амрикоиҳо кушта нашуд? Ҳатто чаро аз 28 тир танҳо се нафар ба ҳалокат расиданд?

Ин ҳам имкон надорад, ки истихбороти чунин як кишвари қавӣ аз қабл амнияти генерали худро нагирифта, балки дидаву дониста ӯро ба дами тири душман фиристода бошад. Ҳамзамон вақте Остин Скот Миллер мегӯяд, ҳадафи террорист ман набудам, пурсида мешавад, ки чаро чунин фикр мекунад ва ин итминону дилпуриро ба ӯ кӣ додааст? Ӯ аз куҷо медонад, ки Толибон ӯро намекушанд, дар ҳоле ки ӯ саркардаи “нерӯҳои ишғолгар’ — душмани асосии Толибон аст?

Аз сӯи дигар, Амрико кишваре нест, ки ба як чунин содагӣ ва муфт шарики боэътимодеро, назири Розиқ, аз даст диҳад. Гап ин аст, ки дар марҳалаи кунунӣ сиёсатҳояш дар Афғонистон ба бунбаст расида, тамоми дастовардҳояш ва ҳам ҳузури низомиаш дар танҳо кишвари минтақа таҳти суол ва хатар қарор гирифтааст ва ҷуз сулҳ бо Толибон роҳи дигаре барои раҳоӣ надорад.

Аз сӯи дигар, Толибон таҳти нуфузи Русия ва Эрон — рақибони Амрико дар ҷаҳону минтақа — қарор доранд. Ҳадди ақал агар бо қисмате аз онҳо сулҳ карда, худро дар Афғонистон тақвият набахшад, мисли пахол бо панҷшохи онҳо ба уқёнуси Ором партоб хоҳад шуд. Вашингтон пас аз нокомӣ дар Ховари Миёна наметавонад дар Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ бибозад. Аз ин хотир, амрикоиҳо дигар наметавонистанд вобастаи хостаҳои Розиқ бошанд ва ба истилоҳ, нози ӯро бардоранд.

Кашфиёти нави амрикоиҳо – “ҳамлаи афғон ба афғон” нишон медиҳад, ки Толибон дигар душмани онҳо нестанд. Субути содааш ҳам ин аст, ки агар мебуданд генерал Миллерро ҳадаф қарор медоданд. Марги Розиқ ҳам инро собит мекунад. Дар қиёс ба таҳаввулоте, ки соли 2001 — замони эълони ҷанг бо Толибон — ба миён омад, марҳалаи ҷадиди сулҳ бо онҳо шуруъ шудааст ва тани беҷони Розиқ – душмани қасамхӯрдаи онҳо — маҳсули ин сиёсат ва туҳфае барои субути ҳусни ният ба онҳо метавонист бошад. “Ҳамлаи афғон ба афғон” ин паёмро дар зимн дорад, ки онҳо дигар ба зиддитолибе назири Розиқ ниёз надоранд, балки ниёзи онҳо акнун худи Толибон аст.

Дигар ин ки тарҳи сулҳи Амрико миёни ҳукумати Кобул ва Толибон бидуни мушорикати Покистон амалӣ намешавад. Қисмати бузурге аз Толибон тобеъ ва дастнигари Покистонанд. Марги Розиқ ва рӯзе қабл террори зиддитолиби дигар — Ҷаббор Қаҳрамон дар Ҳилманд ҷуз ҳадя ба Толибон ва Покистон чизи дигаре буда наметавонад.

Иддае бар инанд, ки раҳоии Мулло Бародар, яке аз асосгузорони ҳаракати Толибон аз зиндони Толибон чор рӯз пас аз террори генерал Розиқ бо хости шахсии Залмай Халилзод анҷом гирифтааст. Аз ин рӯ, қиссаи хатти Дюранд дар марги Розиқро иддае нӯги кeҳях мехонанд. Ба гумони ғолиб, Халилзод Қандаҳорро бо Толибон муомила кард ва агар дар оянда чанд вилоятро ба номи тарҳи сулҳ ба Толибон вогузоранд, якеи он ҳатман Қандаҳор аст ва табиатан генерал Розиқ як монеаи бузург буд.

Дар ин маврид ин суол ҳам, ки “чаро террористи толиб фармондеҳи умумии НАТО Остин Скот Миллерро ҳадаф қарор надод?” низ посухи худро меёбад. Покистон ҳеч гоҳ ин ҷуръатро надорад, ки хилофи манофеъи Амрико аланӣ амал кунад. Куштани як генерали амрикоӣ ба маънии эълони ҷанг алайҳи Амрикост. Душмани Покистон Миллер нест. Агар Миллерро ҳадаф қарор медод, ҳатман Амрико ба Покистон ҳамла мекард, зеро хуб медонад, ки Толибон бидуни машвараи Покистон коре намекунад. Ҳадафи хос генерал Розиқ буд. Инро худи Миллер ҳам иқрор кард. Бино ба бархе манобеъ, панҷ ё понздаҳ дақиқаи пеш, ки террорист бо он тарафи хатти Дюранд суҳбат кардааст, ин дастурро мегирад, ки фармондеҳи НАТО–ро ҳадаф қарор надиҳад. Агар чунин бошад, кӣ аз Қандаҳор ба Толибон “чароғи сабз” дод? Миллер ҳам хуб медонист, ки Покистон ҷуръати куштани ӯро надорад. Аз ин хотир, софу содда саҳнаи қатли Розиқро тамошо карду ба чархболаш нишаст ва рафт.

Генерали машкук

Дуввумин нафаре, ки ба бовари Набил, асли қазияро медонад ва дар тарҳи террор даст ҳам дошта метавонад, Залмай Висо, волии Қандаҳор аст. Ин бори дуввум аст, ки ӯ дар саҳнаи террори як зиддитолиби матраҳ ҳузур пайдо мекунад.

28 майи соли 2011, вақте дар вилояти Тахор генерал Муҳаммад Довуд, фармондеҳи пулиси минтақаи шимоли Афғонистон, кушта шуд, Залмай Висо ҳузур дошт. Ӯ он замон фармондеҳи неруҳои корпуси 209–и “Шоҳин”–и Вазорати дифоъ дар шимоли Афғонистон буд (2010-2014). Бино ба як санади маҳрамонаи НАТО (аз 16 августи соли 2011), ки аз сӯи German ТВ–и Олмон пахш шуд, ин генерали “фосид” ва “тафриқаандоз миёни низомиён” замоне ки террористи интиҳорӣ худро дар чаласаи мақомоти амниятӣ инфиҷор дод, дар манзили дуввум бо телефон суҳбат мекард. Ӯ даҳ дақиқа пеш ҷаласаро тарк карда, зинда монд, аммо Довуд ва бо ӯ фармондеҳи пулиси вилоят Шоҳ Ҷаҳон Нурӣ кушта шуданд. Ин иттилоъ низ дарз карда буд, ки вақте Довуди захмӣ ба муҳофизаш занг мезанад, муҳофиз ин ҳарфҳоро аз гӯшӣ мешунавад, ки шахсе садо мебарорад: “Ту ҳанӯз зиндаӣ?” ва Довудро як тири дигар мезанад.

Довуд ваъда дода буд, ки шимоли Афғонистонро ба “гӯристони Толибон” табдил медиҳад, аммо пас аз марги ӯ Толибон дар шимол тақвият ёфтанд ва кор ҳатто ба суқути шаҳри Қундуз расид.

Висо – коммунисти “халқӣ”, узви Ҳизби демукротики халқ аст. Охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Маскав маълумоти низомӣ гирифтааст. Бародари ӯ, Турёлай Висо, собиқ волии Қандаҳор (2008 — 2014, феврал – апрел 2015) низ дар Маскав зиндагӣ кардааст. НАТО ӯро дар робита бо “идораи истихбороти Русия (ФСБ) ва “Шабакаи Ҳаққонӣ” муттаҳам медонист. Дар санади дигар гуфта шудааст, ки бино ба иттилои истихбороти Афғонистон (NDS), Висо бо “Шабакаи Ҳаққонӣ” “тариқи сарбози корпуси 209 бо номи М…” тамос дорад. Соли 2014 “генерали фосид”–ро аз вазифа барканор карданд, аммо соли 2016 аз сӯи Ғанӣ волии Пактиё ва соли 2017 – Қандаҳор таъйин шуд.

Раҳматулло Набил мегӯяд, волии Қандаҳор, ки дар ҳодиса аз ноҳияи по захмӣ гардидааст, бояд пурсишҳои ҷиддиро ҷавобгӯ бошад, ки ба кадом далел як писарбачаи 17-сола бо шиносномаву номи ҷаълӣ дар муддати яку ним моҳ он қадар маҳбубулқалби волӣ мегардад, ки ба чунин маҷолис роҳ меёбад ва ҳатто силоҳ “Калашников’–и волиро бо худ ҳамл менамояд?

Воқеан, захмӣ шудани Висо ба ин монанд аст, ки дар баъзе филмҳои ҳиндӣ қотил баъд аз ҷиноят як шиллик ба дасти худаш ҳам мекунад, то битавонад худашро бегуноҳ ва ё ҳадди ақал аз маҳалли ҳодиса дур кунад. Вагарна чӣ тавр тир фақат ба пои ӯ хӯрда, дар ҳоле ки генерал Розиқ ва дигарон ба синаву шикам тир хӯрданд?

Ба ҳар ҳол, рӯи об баромадани “ҷосуси ФСБ” ва “Шабакаи Ҳаққонӣ” қазияро ба сӯи дигар давр медиҳад, аммо ҳамоно ба саҳни вилояти Қандаҳор бармегардонад. Пӯшида нест, ки Русияву Покистон солҳо ба ин сӯ ҳамкориҳои муштаракеро ба хотири ром кардани Амрико дар Афғонистон пеш мебаранд. Агар гӯем, ки ҳарду дар қатли Розиқ даст доранд, ба ин воқеияти талх бозгашт мекунем, ки саҳнаи қатл дар ихтиёри Амрико буд. Бидуни Амрико ин тарҳ ба ҷое намерасид. Пас ҳазфи Розиқ – муттаҳиди асосии Амрико – тавофуқи назар миёни истихбороти Амрико, Покистон ва Русия аст? Пас ИМА Розиқро қурбонӣ кард? Коре ки русҳо бо Исмат Муслим накарданд.

Ба ҷои охирсухан

Шахси ватандӯст, саркаш ва ҳарфношунав дар як кишвари ишғолшуда ғайри қобили таҳаммул аст. То Розиқ аз бисёриҳо хостанд, ки хомӯш бошанд, қабул карданд, чизешон нашуд, аммо ин қабули марг дар зиндагӣ буд.

Розиқ хомӯш нашуд, хомӯшаш карданд. Барои ҳамеша.

Куштандаш, аммо бо марг зинда шуд.

Дар Афғонистон бисёриҳо хомӯш мешаванд, аммо боз касоне пайдо мешаванд, ки садо баланд мекунанд.

Ин ҳам сирри ҷанги чилсолаи ин кишвар — хомӯш нанишастан дар баробари бардагӣ.

Он чӣ ки Масъуду Розиқро пайванд дод.

Дар қатли ӯ ҳама чиз огаҳона ва ҳадафмандона сардаргум карда шудааст. Ҳеч кас ва ҳеч гоҳ ҳақиқатро нахоҳад гуфт, зеро қарор ҳам ин аст, ки онро нагӯянд. Ва то дунё боқист, касе ҳам нахоҳад донист, ки чӣ нерӯҳое ӯро куштанд.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД