Марям Давлатова: “Андешаи инсонеро ки ба таври комил шакл нагирифтааст, тағйир додан осон аст”

05 марта 2019
1065
Муаллиф: Rushnoi.org

Равоншиноси тоҷик яке аз сабабҳои ба доми мубаллиғони гуруҳҳои ифротӣ афтодани ҷавононро камтаваҷҷуҳӣ аз сӯи наздикони онҳо медонад. Марям Давлатова, ки чанд сол омилҳои пайвастшавии одамон ба ин гуруҳҳоро таҳлил кардааст, мегӯяд, мубаллиғон одамони осебпазирро хеле содда шиносоӣ мекунанд ва бо “сеҳри сухан” онҳоро ба худ ҷалб месозанд. Rushnoi.org бахше аз суҳбатҳои хонум Давлатоваро, ки дар радиомарафони “Як рӯзи мубориза бо экстремизму терроризм” тавассути радиои “Ватан” нашр шуд, пешниҳоди хонанда мегардонад.

Акс аз саҳифаи Фейсбуки Марям Давлатова

МУБАЛЛИҒОН ТАВАССУТИ СУХАН БА МАҒЗ ТАЪСИР РАСОНДАН ВА «ЗОМБӢ» СОХТАНРО МЕТАВОНАНД

Марям Давлатова мегӯяд, инсон замоне осебпазир мешавад, ки андешаву афкори ӯ ҳанӯз напӯхтааст: “Чизи хомро дигар кардан хеле осон аст. Мисли он ки аз “пластилин” ҳар чӣ бихоҳед месозед, андешаи инсонеро ки ба таври комил шакл нагирифтааст, тағйир додан мушкил нест. Аммо ин ҳанӯз як тарафи масъала мебошад. Паҳлӯи дигари масъала ин аст ки дар он тарафи сангарҳо одамоне кор мекунанд, ки аз илми равоншиносӣ хуб огоҳ ҳастанд. Тавассути сухан ба мағз таъсир расондан ва «зомбӣ» сохтанро метавонанд. Ин сеҳру ҷоду нест, балки як илми хоса мебошад. Ё ба таври дигар бигӯем, сеҳри сухан аст”.

Аммо онҳо чӣ гуна одамони мавриди ниёзашонро пайдо мекунанд? Равоншисон дар посух ба ин пурсиш мегӯяд, «аввалан онҳо одамони осебпазирро хуб мешиносанд. Яъне, инсонҳое ки ҳамон лаҳза саволи мушкиле доранду дар ҷавобаш оҷиз ҳастанд. Ё дар ҳолати ногуворе гирифтор шудаанд. Мисли ин ки дар хона бемори вазнин доранд ва барои ба беморхона бурдани он маблағ лозим аст. Мубаллиғон мушкили маблағро ба осонӣ ҳал карда метавонанд. Маслан, як ҷавон мехоҳад ба донишгоҳ дохил шавад, аммо падараш мегӯяд, ки пул надорад. Ин ҷавон назди бародар ё кадом хешаш меравад, аммо баъзан онҷо низ ӯро ноумед мекунанд ва ҳатто меранҷонанд. Ва ин ҷавон дар ҳолати афсурдагӣ аз дар берун мешавад. Худо накарда ҳамон лаҳза аз рӯ ба рӯяш чунин як мубаллиғ пайдо шавад. Аз ин ҳолати афсурдагӣ истифода мебарад. Ҷавонро бо меҳрубонӣ ҳолпурсӣ мекунад. Он суханҳоеро ки аз наздикон нашунид, аз он нафар мешунавад. Ва замоне ки мефаҳмад гап сари пул аст, зуд мегӯяд, ки мушкилашро ҳал мекунад. Барои он тараф пул мушкил нест. Ҳар қадар ки лозим шавад, барои дилгарм намудани одамон сарф мекунанд. Яъне, осебпазирӣ аз нигоҳи равонӣ ин аст ки ҳама чизе ки ҳамон лаҳза дода шуд, чӣ муҳаббат бошад ва чӣ пул бидуни “филтр” қабул мешавад. Ва боварии том аллакай қабул мешавад, ки ин одами хуб аст, ин ба ман кӯмак мекунад. Ҷавон ба худ меандешад, ки падарам, амакам, бародарам ёрӣ надод, аммо ҳамин одам дасти маро гирифт.

Равоншиноси тоҷик мегӯяд, сухан танҳо сари маблағ ҳам нест. Гап дар мавриди бетаваҷҷуҳӣ ё беэҳтиромӣ меравад: “Вақте сухани ҷавонро гуш намекунанд, ӯ худашро як нафари бегона эҳсос мекунад. Ва дар ҳамон маблағе ки барояш аз ҷониби мубаллиғ пешниҳод шуд, муҳаббатро мебинад. Вакте мо дар самти муайян кардани роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ таҳлилҳо анҷом додадем, маълум шуд, ки аз оилаҳои сарватмандон низ кам нестанд онҳое ки ба сафи гуруҳҳои ифротӣ шомил гардидаанд. Инҳо кӣ ҳастанд? Инҳо ҳамон падару модароне ҳастанд, ки нисбат ба фарзанд хеле сахтгиранд. Ба онҳо имкони нафаскашӣ намедиҳанд. Ва он фарзанд аз он “қасри заррин” гурехтан мехоҳад. Барои ӯ дигар муҳим нест, ки куҷо меравад. Муҳимаш аз ҳаминҷо берун равад. Ва ин танҳо хоси Тоҷикистон нест”.

Ба андешаи Марям Давлатова, роҳи ҷалб кардани ҷавонон аз се давра иборат аст, ки давраи аввали он тавре дар боло ишора шуд, пайдо кардани афроди осебпазир мебошад: “Давраи дуввум аз шиносоии бештар оғоз мешавад. Мубаллиғ ҷавонро даъват мекунад ва онҷо аз хуб набудани ҷомеа, одамон ва хешу табор сухан мекунад. Ҳамин тавр миёни ӯ ва муҳити атрофу инсонҳо як ҷарӣ эҷод кардан мегирад. Ва одамони дигар, ки аллаккай дар он маҳфиланд, аз чӣ гуна мактаби хуб будани он тарафи сангар ва гирифтани дарси мардиву мардонагӣ қисса мекунанд. Ин давра метавонад хеле дуру дароз то замоне идома кунад, ки мағзи ҷавон ба самти дилхоҳ шакл бигирад. Вакте эҳсос мекунанд, ки аллакай пӯхта расидааст, мегӯянд, мехоҳӣ ин ҷомеаи харобро дигар кунӣ? Ҷавон омодагии худро изҳор медорад ва ӯро ба амалиёт омода мекунанд. Шояд, якбора ба дасташ аслиҳа надиҳанд. Нахуст аз паҳн кардани варақаҳои таблиғотӣ шурӯъ мекунад. Дар қадами сеюм вақте комилан омода шуд, баъд ба амалҳои зӯроварона ҳамроҳ мешавад. Паҳн кардани варақа ҳануз зӯроварӣ нест, мегӯянд, ба мардум маърифат медиҳӣ, кори савоб мекунӣ. Ва вакте ки аз арзишҳои пештара комилан даст кашид ва дар онҳо танҳо чизҳои манфиро дид, он вақт барои бунёд кардани “дунёи нав” омода мешавад ва ба амалҳои дигар даст зада метавонад. Дар ду давраи аввал имкони баргардонидани одамон мавҷуд аст. Падару модар, ҷомеа агар нишонаҳоро шиносоӣ кунанд, эҳтимоли қавӣ аст, ки ӯро аз ин роҳи ғалат баргардонанд. Вале дар давраи баъдӣ ки барои амали террористӣ анҷом додан омода аст ё аллакай ба чунин амал даст задаас, ӯро дигар баргардонида наметавонем. Зеро ӯ аллакай дар як олами тамоман дигар зиндагӣ мекунад”.

ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚӮЪ

Равоншиноси тоҷик мегӯяд, бояд қаблтар аз ҳама бо волидон бояд кор карда шавад. Ба онҳо фаҳмонда шавад, ки бо фарзандони худ бо эҳтиром муносибат кунанд ва ба ҳаққу ҳуқуқи онҳо эҳтиром қоил шаванд. “Насли нав хеле огоҳ ҳаст, арзишҳои онҳо низ дигар ҳастанд. Нисбат ба наслҳои пешина покизатар ҳастанд. Ҷасур ва поквиҷдонтар ҳастанд. Дурӯғро ҳазм карданашон мушкил аст. Ва мо бисёр маврид гӯиё барои ҳал кардани ин ё он масъала “дурӯғҳои маслиҳатомез” мегӯем. Ва бо ҳамин мо фарзандонро аллакай аз худамон дур мекунем. Миёни худамон ва фарзандон як девор ба вуҷуд меоварем. Ва мубаллиғон аз мавҷудияти ҳамин девор ба нафъи худ истифода мебаранд. Як масъалаи дигар, ин аст, ки  мутаасифона дар маърифати чандинасраи инсонӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам нисбати фарзанд эҳтироми лозим вуҷуд надорад. Мо нисбат ба фарзандҳо ғамхорӣ мекунем, онҳоро дӯст медорем, вале ҳеч вақт ҳаққи ӯро бо ҳаққи худамон баробар нишон намедиҳем. Шояд дар масъалаи ғизо, либосу мактаб ин ҳақро риоя мекунем, аммо дар масъалаи муносибат не. Эҳтироми шахсият нест, яъне мо ба худамон чунин ҳақро медиҳем ки ҳамаи масъалаҳое ки ба фарзанд марбут аст, бидуни розигии ӯ ва бе маслиҳат бо ӯ ва донистани андешаи вай ҳал кунем. Ҳанӯзам дар мо хеле зиёд мушоҳида мешавад, ки як мӯйсафеди 70-сола — бобо ё бобокалон тақдири фарзанду набераву абераҳоро ҳал мекунад. Ин ки кӣ дар куҷо бояд бихонад, кӣ киро ба шавҳар ё ба занӣ бигирад, кӣ ба куҷо кор равад ё кор накунад, ӯ ҳал мекунад. Аммо ин насл ин чизро таҳаммул надорад. Ин насл, яъне онҳое ки баъди солҳои 90 зода шудаанд, бисёр озодипараст ҳастанд. Ва бисёр одамони хуб ҳам ҳастанд. Дар бисёр масъалаҳо аз мо беҳтар ҳастанд. Ва вақте мо онҳоро эътироф намекунем, эҳтиром намегузорем, маҷбур мешаванд, аз бари мо дур шаванд. Чойе бираванд ки ин эҳтиромро пайдо кунанд”

“ҶАНГИ СЕЮМИ ҶАҲОН” ВА ФАЛСАФАИ ИТТИҲОД

-Дар афсонаҳо дар мавриди ҷанги сеюми ҷаҳон мегуфтанд. Модаркалони ман мегуфтанд, ки ҷанги сеюми ҷаҳон мешаваду баъд дунё ба охир мерасад. Он кас одами қуръонхон буданд, аммо аз нигоҳи худашон як фалсафаи худашонро доштанд. Агар аз нигоҳи фалсафаи одамият бигирем, имрӯз ҳамон ҷанги сеюми ҷаҳон рафта истодааст. Ҷанги сеюми ҷаҳон чӣ дод? Ҳамаи моро ба ҳам муттаҳид кард. Имрӯз дар кадом кишваре ки ҷанг набошад, дили мо дар манзилҳои худ меларзад. Зеро дигар ҳеч кас аз ин хатар эмин нест. Ин ба ҳам пайвастан аҳли башар аст. Барои ба ин дараҷа расидан таконҳое лозим буданд. Ва лозим буд ки инсоният қурбонӣ бидиҳад. Психологияи одамизод ҳамин аст ки то такони сахт нахурад, ба худ намеояд. Кишварҳое ҳастанд ки аз ҷангҳо манфиат мебардоранд. Ҳамаи ҷангҳо барои кисаи касе кор мекунад. Ва онҳо низ дар рӯи замин бо номи инсон зиндагӣ мекунанд. Вале манфиатҳояшон аз манфиати кулли башар фарқ дорад. Ва инҳо нақшаҳои пешакӣ тарҳрезишуда доранд. Азбаски ин нақшаҳо пушти дарҳои баста тарҳрезӣ мешаванд, табиист ки оммаи зиёди мардум аз он бехабаранд.

МУБАЛЛИҒОН ДИНРО ҲАМЧУН ВАСИЛА ИСТИФОДА МЕБАРАНД

“Ҷойи осебпазири дигари мардуми мо дин аст. Мо дар масъалаи дин хеле ҳассос ҳастем. Ва мубаллиғон динро ҳамчун васила истифода мебаранд. Онҳо мегӯянд, ки Худо ин мехоҳад, Худо он мехоҳад, падару модари ту инро намедонад ё намехоҳад ки бидонӣ ва ғайраву ҳоказо…”,-меафзояд равоншинос.

Ба таъкиди ӯ, “аз боғча сар карда, то хатми мактаби миёна кудак бояд чизҳои бунёдии фарҳанги миллаташро бидонад. Динро ҳамчун як бахши фарҳанг истифода бояд кард, на ҳамчун василаи сиёсӣ. Мо фарҳанги милли точикиро аз дин берун карда наметавонем. Дар интернет китоберо дидам, ки бо забони русӣ аст ва “Қуръони аввалини ман” ном дорад. Бо аксҳо ва сураҳои хурд хеле ҷолиб таҳия шудааст. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам метавонад, ҳамроҳ бо мутахассисони соҳа ин корр анҷом диҳад. Аз боғча сар карда, як қадам-як қадам бояд маърифати динӣ омӯзонда шавад. Дар баробари ин, маърифати оиладорӣ низ бояд аз сатҳи боғча таълим дода шавад: Падар кист, модар кист, чаро мо бояд онҳоро эҳтиром кунем. Чаро бо бародарамон бояд ҷанг накунем. Барои чи духтараконро эҳтиёт кардан лозим ва ба ин монанд масъалаҳое, ки донистани он барои кудак хеле муҳим аст.  Маърифати оиладорӣ дар боғча ва дар шаклҳои барои кӯдакони сину соли  мувофиқ омӯзонда шавад.  Ҳоло маърифати динӣ ва маърифати оиладориро дар таърихи дин ворид кардаанд, аммо хеле кам аст. Ин бояд қадам ба қадам аз боғча то мактаби миёна дар ҳар синф таълим дода шавад. Волидон ва муаллимон шикоят мекунанд, ки дарсҳои фанӣ зиёд аст ва кӯдакон хаста мешаванд. Бовар кунед, қисме аз ин предметҳо дар зиндагии оянда барои ин кӯдакон лозим нестанд. Аммо чизҳое, ки онҳоро ба хушбахтӣ равона мекунад, мутаасифона аз тангии вақт ворид намешавад».