ДИДГОҲ | Қуръон дар мавзӯи ҷиҳод (ҷанг) чӣ мегӯяд?

14 марта 2019
1518
Муаллиф: Rushnoi.org

Чанд соли ахир талоши ба дини Ислом рабт додани бераҳмӣ ва даҳшатафканӣ ба як раванди босуръат табдил ёфт ва хеле маъмул шуд. Мубтакирони ин тарҳ талош намуданд, исломро дини хушунат ва мусалмононро ифротӣ ба намоиш гузоранд. Аз воқеиятҳое ки дар зиндагии имрӯз дар ҷаҳон шоҳид мешавем, маълум мегардад, тарроҳон то андозае ба аҳдофи худ расидаанд. Дар ин баробар бахше аз соддагии мусалмонон ва шинохти нокофии онҳо аз дин истифода ва бо шиорҳои “Ҷиҳод дар роҳи Худо” онҳоро алайҳи иддае аз мардум шӯронданд. Ҳоло фурсате расида, то мизони огоҳии одамон бештар ва шинохти онҳо аз дин ва мафҳумҳои қуръонӣ комил карда шавад. Рӯзноманигори ҷавон Далер Шариф дар ин росто як гоме бардошта, ки “Rushnoi.org” як бахши онро пешниҳоди хонанда мегардонад.   

Пеш аз он ки вориди мавзӯи (Муҳаммад (с) — паёмбаре зидди террор, ифрот ва бераҳмӣ) шавем, нахуст бояд ба Қуръон, ки нахустин сарчашма ва манбаи асосии дини муқаддаси Ислом аст, назар биандозем. Ин китоби осмонӣ ва муъҷизаи паёмбарамон оид ба ҷанг чӣ дастуротеро содир кардааст?

Аслан Қуръон — як дастурамали ҳидоят ва роҳнамо барои башарият — ҳамеша аз итоати Аллоҳи ягона, ибодати ӯ, хайру баракат ва раҳмату бародарӣ, эҳтироми ҳамдигар ва риояи бе чуну чарои ҳақ ва ҳуқуқи ҳамдигар суҳбат мекунад.

Шурӯъ аз сураи Фотиҳа — сураи аввали ин китоби муқаддас то сураи Нос — охирин сура, ба ҷуз аз сураи Тавба, яъне 113 сураи Қуръон — бо “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим”оғоз мешавад.

“Бисмиллоҳир- раҳмонир- раҳим”, ки маънояш ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон мебошад, оғозгари ҳар сураи Қуръон аст ва дар он сифати раҳмонӣ ва раҳимии Парвардигори оламиён таҷассум мегардад.

Яъне, шурӯи Қуръон бо раҳмат аст, на даъват ба ҷангу низоъ! Ин раҳмат фарогири ҳамаи башарият мебошад.

Кулли амру наҳӣ ва даъватҳои умумибашарии Қуръон барои саодат ва хушбахтии инсонҳо равона шудааст ва Қуръон тарғибгари ифротгароӣ, ҷангҷӯйӣ ва низоъпароканӣ нест.

Муҳаққиқони улуми қуръонӣ ҳангоми баррасӣ ва таҳлилҳо ҳисоб намудаанд, ки дар баробари сифатҳои ҳалим (15), собир (90), карим (41), содиқ (145) … ва аммо сифати РАҲМАТ бо тамоми хусусияти он дар Қуръон 315 маротиба зикр гардидааст (ниг. “Пайёмовари раҳмат”, форсӣ, саҳ 51).

Дар воқеъ, ин далелҳо нишон медиҳанд, ки Қуръон саршор аз раҳмат, саодат ва наҷот аз залолату гумрҳоӣ барои башарият аст. Танҳо ҳамин далел кофист, ки ҳар навъ туҳмат ва буҳтон бар ин ки Қуръон пайравон ва хонандагони худро ба сӯи ифротгароӣ ва моҷароҷӯӣ даъват мекунад, қатъан инкор намуда ва чеҳраи дурӯғгӯёнро ошкор созад.

Дуруст аст, ки дар Қуръони карим оятҳое дар мавриди ҷангу сулҳ ва ҷиҳод дар роҳи Худо вуҷуд дорад, ки он вижагиҳои худро дошта, ҳадаф аз онҳо ба ҳам задани вазъи амниятӣ, лашкаркашӣ, ғорату таҷовуз ва ё ба даст овардани ҳокимият ё сохтани империя нест. Балки онҳо барои ҳифзи ақидаи солим, худошиносӣ ва раҳоӣ аз залолату гумроҳӣ мебошанд.

Мо дар Қуръон бо чунин ояҳо во мехӯрем:

Ва дар роҳи Худо бо касоне, ки бо шумо меҷанганд, биҷангед ва таҷовуз накунед! Худованд дар ҳақиқат таҷовузкоронро дӯст намедорад (Сураи Бақара, ояи 190).

Дар тафсири ояи мазкур Абдушариф Бақозода, муаллифи “Тафсири навин аз Қуръон” чунин навиштааст: “Чӣ тавре ки мушоҳида менамоем, дар ин оят ҷангу мубориза бо тамоми мардум амр нашудааст, балки мегӯяд, ки бо ҳамон одамоне мубориза баред, ки бар зидди шумо меҷанганд” (ниг: “Тафсири навини Қуръони карим”, саҳ 300).

Дар оятҳои дигар:

Касоне ки имон овардаанд ва онҳое, ки ватанро тарк кардаанд ва дар роҳи Худо ҷиҳод намудаанд, ба раҳмати Худо умед доранд ва Худованд омурзанда ва меҳрубон аст (Бақара, 2018).

Онҳое ки имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд… ( Анфол, 72).

Ононе ки имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва ононе ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, омурзиш ва рӯзии некӣ аз они онҳост (Анфол, 74).

Ононе ки имон оварданд ва муҳоҷират карданд ва дар роҳи Худо бо молу ҷони хеш ҷиҳод карданд дар назди Худо дараҷоте азимтар доранд ва комёфтагонанд (Тавба, 20).

Ба ҷанг шитобон биравед хоҳ бар шумо осон бошад хоҳ душвор ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кунед. Агар бидонед, хайри шумо дар ин аст! (Тавба, 41).

Ба ҷуз инҳо, ояҳои дигаре ҳам ки калимаҳои ҷанг, қасос, ҷиҳод доранд, дар Қуръон мавҷуданд.

Так-таки ин ояҳо мустақим ё ғайри мустақим ҷиҳодро танҳо дар роҳи Худо як амри зарурӣ медонад, на барои дигар роҳу шеваҳое, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир шоҳиди он мешавем.

 Ба роҳ андохтани ҷанги шаҳрвандӣ, овардани гуруҳе ба қудрат танҳо барои манофеъи дунявӣ, шӯриш ва балвоҳое, ки боиси қатли дастаҷамъии инсонҳо мешавад, иваз намудани як сохти давлатдорӣ ба сохти дигар (ба шарте ки мусалмонҳоро маҷбуран ба ширк ва бутпрастӣ водор накунанд), дастёфтан ба молу сарвати мардум, пул ҷамъ кардан аз тариқи ҷанг ва… ин ҷиҳод дар роҳи Худо нест. Ва бо тамоми масъулият мегӯям, ҳеч гоҳ Қуръони карим пайравонашро ба ин амалҳо дастур намедиҳад.

Ончи ки гуруҳи даҳшатафкани ДОИШ дар Ироқ ва Сурия анҷом дод, тибқи дастурот ва таълимоти Қуръон ҷиҳод набуд. Балки як ҷанги таҳмилӣ ва тарҳрезишуда алайҳи мусалмонон буд, ки мутаассифона бо дасти худи мусалмонҳо анҷом шуд. Дар ҳамин ҷанг мусалмонҳо кушта шуданд ва тамоми ҷабру зулмро ҳам мусалмонон ва фарзандони онҳо кашиданд.

Иштироки ҳазорҳо ҷавони мусалмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон дар ин ҷанг бори дигар нишон дод, ки қисме аз мардуми минтақа, ба вижа ҷавонон бо омилу сабабҳои маълум аз фаҳм ва таълимоти дурусти Ислом бебаҳра мондаанд. Ва онҳоро мешавад ба соддагӣ ба ҳар роҳу равише роҳнамоӣ кард.

Чуноне ки “мубалиғон” аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳамин ҷумлаи “ҷиҳод дар роҳи Худо”-ро бо такя ба ояҳои дар боло зикргардида бештар такрор мекарданд. Ҳол онки мазмун ва фаҳми онро воруна нишон дода, бардоштҳои ғалат ва аз қабл тарҳрезишударо бо шеваҳои гуногуни таблиғӣ болои ҷомеаҳои мусалмонишин мерехтанд.

Тамоми муфассирон ва муҳаққиқони улуми қуръонӣ дар мавриди ҷиҳод ба ҳамин ақидаанд, ки манзур аз “ҷиҳод дар роҳи Худо” танҳо замонест, ки агар мусалонҳо аз тариқи зӯр аз парастиши Худо ва калимаи шаҳодат дур карда шуда, маҷбуран ба дигар ойин дароварда шаванд. Дар ҳамин маврид мусалмонҳо тибқи дастурот ва таълимотҳои Қуръон муваззаф ҳастанд, ки аз ақида ва молу ҷони хеш дифоъ намоянд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кунанд.

ЯК НУКТАИ МУҲИМ

Ба маварид аст, ки инҷо барои хонанда чанд ҷумлае оид ба “ҷиҳод дар роҳи Худо” бигӯем, то аз он дарки дуруст намояд ва фирефтаи ҳар навъ таблиғ нашавад.

Ҷиҳод дар роҳи Худо чист? Ҷиҳод дар роҳи Худо ва барои ризои Худост. На ба хотири ҳадафҳои дигаре аз навъи ҳадафҳое, ки башарият дар ҷангҳои тӯлонӣ шинохтааст!

Ҷиҳод дар роҳи Худост! На ин ки дар роҳи қудраталабӣ ва азаматхоҳӣ ё ман-манӣ ва бартариҷӯӣ дар замин. На дар роҳи ҷамъоварии ғаниматҳо ва тороҷ намудани мардумон ва ҷамъоварии сарватҳо. На ба хотири бозорёбиҳо ё тавсеаи бозорҳо ва пайдо кардани маводи хоми кишварҳои дигар.

Ҷиҳод дар роҳи Худост! На инки табақаеро болотар аз табақаи дигар бардоштан ё нажодеро ба нажоди дигар бартар шумурдан ё миллатеро афзалият додан.

Ҷиҳод дар роҳи Худост! Он ҳам дар мавриде, ки агар аз ҷамъияти мусалмонон дархост шавад, ки шумо аз парастиши Худои хеш даст кашед ё онҳоро маҷбуран ба дигар ойин дароваранд ё ба ҳарими хонавода дахолат кунанд ва ё болои онҳо ҷангро шурӯъ намоянд.

Имрӯз дар сайёраи замин тақрибан 2 миллиард мусалмон дар кишварҳо ва низомҳои мухталифе аз қабили низомҳои шоҳӣ, парлумонӣ, исломӣ, президентӣ, федеративӣ, демократӣ ва дар шаклу низомҳои мухталифи дигаре зиндагӣ мекунанд.

Чуноне ки мебинем дар ин кишварҳо мусалмонҳо озодона ба парастиши Худо ва таблиғи динашон машғуланд, гарчанде ки роҳбарӣ ва идораи умури кишвар дар ихтиёрашон ҳам набошад. Дар чунин шароит ҳеч мусалмоне ҳақ надорад кӯчактарин ҳаракат ва эътирозеро, ки мунҷар ба ташаннуҷи авзоъ ё қатлу куштор мегардад, анҷом диҳад.

Тақрибан дар ҳамаи кишварҳои аврупоӣ, ки низоми демократӣ ва қонунмеҳварӣ доранд ақида, ибодат ва зиндагӣ тибқи дастуроти шариати Муҳаммад (с) барои ҳар мусалмоне ҷоиз аст.

Оё дар чунин шароите барои мусалмонҳо ҷиҳод дар роҳи Худо лозим аст ё не? Тибқи дастуроти Қуръон ва суннат — ҷоиз нест. Танҳо чизе ки мусалмонҳо дар он бояд талош намоянд ин дар илм, маориф, технологияи ҷадид ва дигар бахшҳое, ки барои ҳаёти рӯзмараи инсонӣ зарур аст. Ва аз тариқи роҳҳои мусолиматомез ба ҳукумат ва давлатдорӣ шомил шуда, аз ин тариқ метавонанд, ҳадаф ва барномаҳои исломии худро ба роҳ монанд ва дар низоми давлатдорӣ ширкат варзанд. Ҳатто аз ин тариқ метавонанд, то ба сатҳи роҳбарии кишварҳо бирасанд.

Ҳеч гоҳ дар ҳеч гӯшаи олам вақте мусалмонҳо дар шароите бо ҷамъиятҳои дигар якҷо кору зиндагӣ мекунанд ва барои парастиш ва ақидаашон ягон мамониат вуҷуд надорад ва касе ҳам онҳоро маҷбуран аз ин амал манъ накардааст, даст задан ба ҳама навъи хушунат ва даҳшатафканӣ як амали номатлуб ва аз нигоҳи шариат ҳаром аст.

Пӯшида нест, ки дар ин кишварҳо гуруҳҳое пайдо мешаванд, ки аз тариқи расонаҳо ё ташкили ҳизбу гуруҳҳои мухталиф ба муҳокима ва тавҳину туҳмати Ислом ва мусалмонон мепардозанд. Дар ин сурат мусалмонҳо бояд ба мисли онҳо аз тариқи навиштан, ахлоқи накӯ, риояи қонун посух бигӯянд, на аз тариқи хушунат. Чаро ки бештари ин таблиғҳо хусусияти таҳрикӣ дошта, ба эҳсосӣ мусалмонҳо бозӣ кардан аст.

Шайх Мавлавӣ Гул Раҳмони Ҳаққонии Ҳанафӣ дар мавриди ин баҳс мегӯяд: “Маънои ҷиҳод ин аст, ки тоқат ва тавон на ба хотири мол ва на ба хотири қавмият ва на ба хотири изҳори шуҷоат бошад. Балки маҳз барои эълои калиматуллоҳ (парастиши Аллоҳи ягона дар сурати иҷборан ё ба ҳар ҳиллаву найранг манъ карда шудан) истеъмол шавад, барои хушнудии Худованд бошад, аз ғарази дунё пок бошад. Мақсад аз ҷиҳод қатли куфор нест, балки ғолиб гардонидан ва ҳоким кардани дини илоҳӣ аст, то мусалмонҳо сарбаланд ва дар амну осоиш бошанд…” (ниг.“Меъроҷулвоизин”, форсӣ, саҳ.95).

Дини муқаддаси Ислом ва мактаби ҷовидонаи Муҳаммад (с) қотеъона зидди ҳар амали террористие аст, ки дар гӯшаҳои мухталифи олам бо номи ҳизбу гуруҳҳои мухталиф сурат мегирад.

Уммат ва ҷавонони мусалмон набояд фирефтаи инсонҳое бишаванд, ки аз номи ҷиҳод сӯйиистифода карда, онро барои манофеи моддиву сиёсии худ истифода менамоянд. Аз ин баҳс ҳаминро метавон хулоса кард, ки дар ҳар кишваре мусалмонҳо озодона ба парастиши Аллоҳи воҳид машғул бошанд ва барои анҷоми ибодатҳову таблиғи динашон ягон мамониат вуҷуд надошта бошад, ҳақ надоранд даст ба хушунат бизананд ва дар чунин ҷомеаҳо эълони ҷиҳод ва ҳар фатвое қобили пазириш набуда, балки ҳароми қатъӣ аст.

Дар мавриди ноадолатии иҷтимоӣ, фасоди густурда, риоя нашудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва тақсимоти нодурусти захоири миллии кишварҳо, идораи нодурусти ҳокимият ва ғайра мусалмонҳо тибқи муқаррарот ва қонунҳое, ки кишварҳо муайян кардаанд, метавонанд мавқеъ, эътироз ва дигар шаклҳои норозигии худро баён кунанд, аммо он набояд ба ҷангҳои доманадор, қатлу куштор анҷом шавад.