70%-и одамон танҳо бо мутолиаи сарлавҳа хулоса мебароранд

15 марта 2019
1018
Муаллиф: Rushnoi.org

Сомонаи ҳаҷвии Sience Post бо нашри як хабари бофта эълон кард, 70 дарсади корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook танҳо сарлавҳаи хабарҳоро мутолиа ва онро ба дигарон қисмат мекунанд. Давоми як сол ин хабари Sience Post-ро дар Facebook 120,7 ҳазор нафар қисмат кардаанд.

Дар матни хабар омадааст: “Пажуҳишҳои охир нишон дод, ки танҳо 70 дарсади хонандаҳо воқеан мақолаҳои илмиро мехонанд. Бахши аъзам танҳо ба сарлавҳае, ки ба онҳо писанд аст, таваҷҷуҳ намуда, тугмаи “қисмат кардан” (share)-ро зер мекунанд ва зери он шарҳ менависанд”.

Дар матн дигар ҳеч мушаххасоте дар мавриди муаллифони пажуҳиш дида намешавад. Аммо одамон бидуни мутолиаи хабар ва дар мавриди муаллифони пажуҳиш маълумот гирифтан, ба таври фаъол онро ба намоиш мегузоштанд.

Пажуҳиши воқеиро дар ин замина донишмандони амрикоӣ соли 2016 дар пайи омӯзиши ҳудуди 2,8 миллион бознашр дар Twitter анҷом дода буданд. Бар пояи натиҷаи онҳо, 59 дарсади корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ хабарро пурра мутолиа накарда, онро “қисмат мекунанд”. Яъне, боз ҳам бештар аз нисфи истифодабарандаҳо.

Ҳанӯз дар асри гузашта таблиғгари маъруф Дэвид Огилви муайян карда буд, ки “одамон сарлавҳаҳоро 5 маротиба бештар аз худи матни дохили он мутолиа мекунанд”.

ЧАРО ЧУНИН АСТ?

Мо ба ҳадде дар иҳотаи иттилои зиёд қарор дорем, ки хоҳиш ва фурсати хондани тамоми матлабро надорем. Фикр мекунем, ки тамоми иттилои заруриро аз сарлавҳа гирифтем ва мешавад дар пояи он хулоса кард. Аммо аз натиҷаҳои ин корамон намеандешем. Сарлавҳа метавонад бо хабар мутобиқат накунад. Кликбейтро ба хотир биёред (сарлавҳаҳои сенсатсионӣ ё суратҳои ҷалбкунанда, ки бо ҳадафи ҳар чӣ бештар паҳн шудани ин иттилоъ дар Интернет, ба вижа шабакаҳио иҷтимоӣ истифода мешавад. Ҳадафи он расонидани иттилоъ ба хонанда набуда, ҷалби бештари корбарон барои ворид шудан ба саҳифаи мазкур аст. Кликбейт-сарлавҳаҳо одатан мазмуни матнро таҳриф намуда ва аксаран сухани бофта ҳастанд-шарҳи Rushnoi.org бо истифода аз матлаби Википедиа).

Ва оё шумо ҳамеша аз тафаккури интиқодӣ меандешед, ки бояд дилхоҳ хабарро нахуст санҷид?

БА ЁД ДОШТА БОШЕД!

Аз сарлавҳа танҳо як қисми ками иттилоъро дарёфт мекунем. Бо қисмат кардани он, бидуни мутолиаи комили матн метавонед яке аз паҳнкунандаҳои фейк ё иттилои таҳрифшуда гардед!

манбаъ: Три.точки. Знай, что смотришь!

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД