Дасткорӣ | Раисҷумҳур беш аз 2 ҳазор зиндониро авф кард: ба муносибати Наврӯз

27 марта 2019
234
Муаллиф: Rushnoi.org

Чӣ санҷида шуд?

21 марти соли 2019 бахши тоҷикии “Спутник” (тарҳи Russia Today) хабареро бо унвони «Раисҷумҳур беш аз 2 ҳазор зиндониро авф кард: ба муносибати Наврӯз» (бойгонӣ) нашр кард. Хабаргузорӣ ва сомонаҳои дигар дар ин маврид чизе нагуфтанд ва ин сабаб шуд, то ба дурустии он шубҳа кунем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Дар акси асосии хабар пирамарде тасвир ёфта, ки дар сар тоқии дар Тоҷикистон маъмул дорад ва мардеро дар оғуш гирифтааст. Ин ки хабар бо забони тоҷикӣ, дар бахши тоҷикии “Спутник” ва бо акси нафаре, ки чеҳрааш ба тоҷик монанд аст, нашр шудааст, бозгӯи он аст ки сухан дар бораи Тоҷикистон меравад.

Барои боварӣ ҳосил кардан ба иттилои пешниҳодшуда, кофист матлаб боз карда шавад. Бо мутолиаи ҷумлаи нахусти хабар мисли сарлавҳаи он хонанда фикр мекунад, иттилоъ дар мавриди кишвари мо аст. Аммо дар сархати аввал гуфта мешавад, сухан дар мавриди афв дар Туркманистон меравад.

Мо ҳамчунин акси ин хабарро санҷидем. Обзори tineye.com маълум намуд, ки он аз як матлаби дигари “Спутник” — гузориши аксӣ аз ҷараёни раҳо шудани зиндониён дар пайи афв (бойгонӣ) аз шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ин нахустин хабар дар “Спутник” бо ҳамин усул нест. Моҳи декабри соли 2018 хабаре нашр шуд, ки “Президент бахшида ба Рӯзи бетарафӣ наздики 800 нафарро авф кард” унвон дошт (бойгонӣ). Чанд рӯз пештар хабари дигар чоп шуд — “Раисҷумҳур шаҳрванди Узбакистонро авф кард” (бойгонӣ) ва ё хабари дигар, ки “Президент бори аввал дар арафаи Истиқлолият 250 зиндониро авф кард” (бойгонӣ) ном дорад.

Хулоса

Тавре санҷиши мо нишон дод, на аз сарлавҳа ва на аз лиди хабарҳо фаҳмида намешавад, ки сухан дар бораи Туркманистон меравад, аммо ин ки хабар бо забони тоҷикӣ, дар бахши тоҷикӣ ва бо акси ба Тоҷикистон хос нашр шудааст, ин фикрро дар зеҳнҳо бедор мекунад, ки гап сари Тоҷикистон аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бахши асосии вуруд ба сомона аз онҷо сурат мегирад, танҳо акси хабар, сарлавҳа ва як бахши лид инъикос мегардад, чунин шеваҳо барои хонандаро ба сомона овардан истифода мегарданд. Аз ин рӯ мо фикр мекунем, истифодаи кликбейт-сарлавҳаҳо манипулятсия ҳастанд ва хулосаи мо низ дасткорӣ хоҳад буд.

бознашр аз factcheck.tj

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.