Террори аср | Аҳмадшоҳи Масуд чӣ тавр кушта шуд? (ҚИСМИ 4)

28 марта 2019
2789
Муаллиф: Фахриддини Холбек

ҚИСМАТИ АВВАЛРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ ДУВВУМРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ САВВУМРО ИНҶО БИХОНЕД

Пушти террори Масъуд на фақат “Ал-қоида” – ву Толибон, балки ҳудуди 20 кишвару созмон ва атрофиёни ӯ низ даст доштанд. Таҳқиқоти байнулмилалӣ ва дохилии қатли ӯ мутаваққиф шуданд. Натоиҷи қаблӣ эълон нагардиданд. Аммо пас аз марги “Шери Панҷшер” мавҷи террор дар саросари ҷаҳон паҳн шуд. Кӣ дар ин кор манфиат дошт? Чаро ин “аждаҳои оташнафас” ба номи терроризмро дар лонааш – Афғонистон нобуд накарданд, баъракс, дастҳо ва роҳашро ба сӯи Амрико, Аврупо, Африқо ва Ховари Миёна боз намуданд?

Аҳмадшоҳ Масъуд/акс аз соnnесt.in.cом

ФАСЛИ СЕЮМ:

Ҳайъатҳои нарм

“Ал-Қойида” муҳтотона ва гом ба гом барномаашро пеш мебурд. Кишварҳое ки ҳузури Масъуд дар саҳнаи Афғонистонро як мушкили бузург барои пеш бурдани барномаҳои худ талаққӣ мекарданд, як барномаи дигареро ҳам рӯи даст гирифта буданд. Ин як амалиёти дуруст таҳияшудаи ворид кардани фишори равонӣ бар Масъуд буд, ки нишонаҳояш аз солҳои қабл маълум шуда буд.

27 октябри соли 1998 расонаҳо аз музокирот миёни Толибон ва Ҷабҳаи Муттаҳид дар Риёз бо миёнҷигарии Сайид Ҷалол Карим, маъруф ба “Нобиға”, як сарватманди афғони муқими Арабистони Саудӣ (аз соли 2010 то ба ҳол (2018) сафири Афғонистон дар он кишвар) хабар доданд, ки дар пайи он сари як оташбаси якҳафтаина ва раҳоии 3000 маҳбус аз ду ҷониб тавофуқ ҳосил шуд. “Нобиға” пас аз ин ба Панҷшеру Кандаҳор омада, шахсан дар табодули асирон ширкат кард ва муваффақ ба озодии ҳудуди 300 маҳбус аз ду ҷониб шуд. Ҳарчанд ӯ ҷонибҳоро ба идомаи оташбас то 18 ноябр — ду ҳафтаи дигар ва ҳам идомаи табодули маҳбусон розӣ кард, дигар натавонист ба муваффақияте аз ин бештар расад. Ин ахбор низ расонаӣ шудааст, ки дар пайи миёнҷигарии Сайид Ҷалол Карим дар умум 1200 маҳбус табдил шудаанд.

Аммо он чӣ аз чашми расонаҳо пинҳон монд, ин буд, ки “Нобиға” се бор ба Панҷшер омад ва ҳар дафъа ӯро ҳайъате аз нашрияи маъруфи арабизабон – “Ал–ҳаёт” (дар Лондон, Ню-Йорк, Фронкфурт, Дубай, Риёз, Ҷидда, Бейрут ва Қоҳира нашр ва дар саросари кишварҳои арабӣ паҳн мешавад. Шиораш – “Ҳаёт, ақида ва ҷиҳод”) ҳамроҳӣ мекард.

Масъуд ин ҳайъатҳоро хеле гарм истиқбол кард, зеро ӯ низ ҳисобу китоби худро дошт: мехост аз тариқи онҳо моҳият ва хатари “Ал-Қойида”–ву “Толибон”-ро ба олами араб ва ҷаҳони ислом бирасонад.

Фармондеҳ хуб мефаҳмид, ки ин сафарҳо хислати на ҳирфаӣ – рӯзноманигорӣ, балки истихборотӣ доштанд. Ҳадафи аслии ин тамосҳои фиребанда ё худ ҷанги иттилоотиву равонии тамомайёр ба Масъуд таъкид кардани ин нукта буд, ки ӯ дар баробари Толибон мавқеияти хуб надорад ва хоҳ-нохоҳ шикаст хоҳад хӯрд. Онҳо бар ин бовар буданд, ки паёмҳои рангоранг фармондеҳро сардаргум хоҳанд кард. Аз сӯи дигар, ин кӯшиш ҳам ба харҷ мерафт, ки дараҷаи пойдории равонии ӯ барои идомаи ҷанг ва нуқтаҳои заъфи низомиву ташкилотиаш кашф шавад. Пойи ин қабил ҳайъатҳо то марги Масъуд аз Панҷшер канда набуд.

Ба қавли Ориф Сарварӣ, раиси истихбороти Ҷабҳаи Муттаҳид, ҳайъатҳо бо Масъуд асосан сари масоили умумии олами Ислом, ваҳдат ва ухуввати исломӣ, ҳамчунин Кашмиру Фаластин баҳс мекарданд.

“Ин як тарҳи амалиёти равонӣ ба манзури ламс кардани заъфҳои Масъуд ва дар умум Ҷабҳа буд. Онҳо як гуна сигналҳое мефиристоданд, то фармондеҳ дар бораи ин ки мудирони ҷанги Афғонистон барномаи террори ӯро рӯи даст гирифтаанд, умуман фикр накунад”,-мегӯяд Сарварӣ.

Ҳамин гуна ҳайъатҳо бо айни аҳдофро Покистон – душмани қасамхӯрдаи Масъуд низ мефиристод. Покистониҳо мехостанд бовари вай ба ҳалли сиёсии буҳрони Афғонистонро ҳифз кунанд, аммо машғул нигоҳ доштани зеҳни ӯро ҳадаф қарор дода буданд. Моҳҳои ахири умри Масъуд Покистон тактикаашро тағйир дод ва ба фиристодани ҳайъатҳои “ҳусни ният” ё “иродаи нек” аз ҷумлаи муҷоҳидини собиқ шурӯъ кард. Яке аз онҳоро Қозӣ Муҳаммад Амини Ваққод, яке аз раҳбарони Ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёр сарварӣ мекард. Афғонҳо ҳам огоҳу ноогоҳ рисолати худро дар таъкиди ваҳдату ухуввати исломӣ ба Масъуд медиданд.

Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои аврупоӣ низ аз ин маърака қафо намонда буданд. Ба қавли ҳамразмони Масъуд, кормандони хадамоти ҷосусии ин кишварҳо ба назди фармондеҳ зери ниқоби рӯзноманигороне меомаданд, ки онҳоро бори аввалу охир медиданд ва матлабе аз онҳоро низ касе нахонда буду дигар нахонд. Ба қавли онҳо, ин ҳайъатҳо ҳамагӣ як ҳадаф доштанд – ҳар чӣ бештар бар Масъуд фишори равонӣ ворид кунанд.

Амрулло Солеҳ, тарҷумони инглисии Масъуд (раиси Хадамоти амнияти миллӣ дар замони Ҳомид Карзай, ҳоло вазири корҳои дохилии Афғонистон) мегӯяд:

“Дар баробари ҳайатҳои истихбороти кишварҳои хориҷӣ нухбагонӣ дохилӣ низ аз ӯ ин саволро мекарданд, ки душмани шумо қисмати бузурги Афғонистонро тасхир кардааст, бандаргоҳҳои тиҷоратӣ дар ихтиёри онҳо қарор дорад, Покистон ва кишварҳои арабӣ, аз онҳо ҳимоят мекунанд, шумо дар як ҷуғрофияи бисёр душвор ва фоқиди иқтисод, ҳатто нимахудкифо, гир афтодаед, кӯмаки хориҷӣ бароятон то он ҳад бузург ва зиёд нест, ки нуқтаи атф эҷод кунед, теъдоде аз ёрони хеле наздикатон шуморо тарк кардаанд ва мардум дар ҳавзае, ки шумо дар он ҳокимият доред, мушкилоти фаровони иқтисодӣ доранд ва чӣ гуна бовар доред, ки аз ин вазъият берун хоҳед шуд ва ҳатто агар аз ин вазъият бо роҳкори низомӣ берун шавед, роҳи ҳалли сиёсӣ аз диди шумо чист?”.

“Амалиёти нарм” то охирин рӯзҳои умри Масъуд идома дошт. Соли 2000 ду узви “Ал-Қойида” ба Панҷшер омаданд. Онҳо ба Масъуд гуфтанд, ки аз ҷангҳо хаста шудаанд ва аз ӯ мехоҳанд онҳоро ба Аврупо фиристад.

Дар оғози соли 2001 як араб дар Тахор бо Масъуд вохӯрд. Ӯро ба Панҷшер фиристоданд. Ҳангоми бозрасиҳо ӯ ба сутуҳ омад. Шояд дарёфт, ки маъмурияташ ошкор шудааст ва аз ин хотир, ба корманди оперативии истихбороти Ҷабҳа – Инҷинер Алӣ дарафтод. Мехост силоҳи ӯро рабояд ва ӯро ба қатл расонад. Ӯро боздошт карданд ва ба зиндони Панҷшер фиристоданд.

Он солҳо ҳайатҳои Толибон низ барои мулоқот бо маҳбусинашон дар зиндони Бораки Панҷшер меомаданд. Онҳо чанд рӯз дар дара меистоданд. Дар ин миён онҳо бо масъулин мулоқот карда, ба худ моил мекарданд. Натиҷаи ҳамчунин сафарҳо фирори шаш толиби муҳим аз зиндони мустаҳками Панҷшер буд…

Ба иттилои Инҷинер Нодиршоҳ Аҳмадзай, корманди истихбороти вижаи Масъуд, баъд аз сафари Аврупо фармондеҳ боре аз дидани эроние дар як нуктаи ҳассос ва пӯшидаи ҷанг дар Тахор ба ҳайрат афтод. Ӯро Сардор Мӯсавӣ робити Эрон бо Ҷабҳаи Муттаҳид муаррифӣ карданд. Аммо Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муттаҳид, ӯро бори аввал медид. Ӯ ба Мӯсавӣ гуфт:

“Зарурати ҳузури шумо дар ҳамчунин як нуктаи ҳассоси ҷабҳаи моро намебинам. Он чӣ ба кӯмакҳои низомии шумо рабт мегирад, ба шумо гӯям, ки муҳимот ва аслиҳаи шумо кайфияти паст доранд. Гулӯлаҳои шумо, ки ҳар донаашро аз шумо 63 доллар мехарем, милаҳои тонкҳои моро хароб мекунад. Рокетҳои шумо дастгоҳҳои партоби мушакро аз кор мебарорад…”

Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, Аҳмадшоҳ Масъуд бовар дошт, ки баъд аз он ки Толибон дар манотиқи шимоли Кобул сиёсати “замини сӯхта”-ро татбиқ ва дар Якавланги Бомиёну Мазори Шариф қатли ом карданд, бутҳои Бомиёнро аз байн бурданд ва дар Кобулу саросари кишвар ошкоро бо мардум бархӯрди табъизомез доштанд, дигар наметавонистанд дар дилҳои мардум роҳ пайдо кунанд.

“Ба бовари ӯ, хезишҳои мардумӣ дар эътироз алайҳи таассуб, табъиз, набуди арзаи хадамот, тафаввуқҷӯӣ, рафтори қурунивустоӣ ва зулми Толибон ва муҳиммтар аз ҳама ҳузури неруҳои покистонӣ дар саҳна ва арабҳо, як амри ҳатмӣ буд. Ӯ фикр мекард, ки сахттарин ва душвортарин рӯзҳояшро, ки ҳамоно солҳои 1996–1998 буд, пушти сар гузошта буд ва дигар мекӯшид дар вазъияти низомӣ бунбасте барои душманонаш эҷод кунад”,–мегӯяд Солеҳ.

Аз ин хотир, ӯ ба муваффақияти “амалиётҳои нарм”–и рақибонаш як гуна парво намекард, аммо мекӯшид фаҳмад, ки ин ҳама бозиҳои эшон чӣ маъно дорад ва онҳо чӣ андешидаанд. Аммо пас аз ин ки беш аз 30 ҳазор ҷангии Толибон ва интернатсионали террористии ҷаҳонӣ бо иттифоқи низомиён ва мушовирони покистонӣ дар соҳили муқобили дарёи Кӯкча, наздикии марзи Афғонистону Тоҷикистон ҷамъ омаданд, бар шакку гумонҳояш афзуда шуд, ҳатто то ҷойе ба таҳлука афтод.

Ҳаводис бо суръати девонавор, бахусус пас аз сафари ӯ ба Аврупо, ки таассуроти амиқе барои кишварҳои ин қора боқӣ гузошта буд, рушд мекарданд. Маҳз он ҷо ӯ ба Амрико ҳушдор дод, ки агар амрикоиҳо дар умури Афғонистон алайҳи “Ал-Қойида” ва Покистон даст ба кор нашаванд, оташи террор на фақат домани Амрико, балки дигар кишварҳоро низ хоҳад гирифт. Амрикоиҳо ин ҳушдорро нодида гирифтанд, баръакс, хилофи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи ҳукумати Мулло Умар, ҳайъати амрикоӣ бо раҳбарии конгрессмени ҷумҳурихоҳ Дейн Роҳрабаҳер дар Қатар бо ҳайати Толибон мулоқот анҷом дод.

Истихбороти Масъуд аз Қатар иттилои дигаре низ ба даст оварда буд. Мутаваккил дар Қатар танҳо бо амрикоиҳо мулоқот накарда буд. Ба қавли Меҳробуддин Мастон, намояндаи Масъуд дар Порис, он рӯзҳо, ки Масъуд дар Аврупо буд, ҳайати Толибон таҳти раҳбарии Мутаваккил дар Доҳа бо намояндагони расмии кишварҳои Халиҷ мулоқотҳо дошт. Мутаваккил ба онҳо гуфт, агар Масъуд мусалмон мебуд, ӯ ба Макка барои адои ҳаҷ меомад ва аз кишварҳои исломӣ, бародарони мӯъмини худ кӯмак мехост, аммо ӯ ба суроғи кӯмак ба назди аврупоиҳои насронӣ рафт.

Ҳамин тавр, ӯ танишҳо дар равобити Толибон ва кишварҳои Халиҷро, ки дар пайи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ва тарс аз Амрико кӯмаки лозимро намекарданд, коҳиш дод. Ба қавли Мастон, аз ҳама муҳим, кишварҳои Халиҷ 10 миллион долларро тариқи бунёдҳои хайрияи худ дар ихтиёри Толибон гузоштанд.

Пас аз мулоқотҳои Доҳа дар сафҳои “интернатсионали террористӣ” дар Афғонистон тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд: Усома бин Лодан фармондеҳи кулли неруҳои Толибон ва созмонҳои террористии чандмиллиятӣ таҳти сарварии “Ал-Қойида” ва Ҷуъма Намангонӣ, раҳбари низомии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон муовини ӯ таъйин шуданд. Намангонӣ фармондеҳи ин неруҳо дар шимоли Афғонистон — марзҳои ҷанубии Ӯзбекистону Тоҷикистон низ буд.

Дар равобити “Ал-Қойида” ва Толибон низ тағйири куллӣ ба вуҷуд омад. Бино ба як тавофуқе, ки моҳи майи соли 2001 миёни Аймон Завоҳирӣ, муовини Усома бини Лодан ва Мулло Умар ҳосил шуд, ҳамаи пойгоҳҳои низомии мавҷуд дар Афғонистон таҳти идораи “Ал-Қойида” қарор гирифтанд. Чаро Завоҳирӣ? Мавсуф аз соли 1998 ба ин сӯ мекӯшид, ки ҷиноҳи низомии “Ҷиҳоди исломӣ”–и Мисрро бо “Ал-Қойида” муттаҳид кунад, аммо кӯшишҳои ӯ ба натиҷа нарасид ва соли 1999 аъзои ин созмон нафари дигареро ба номи Сарват Шаҳата раҳбар интихоб карданд. Далели мисриён ин буд, ки Усома як чеҳраи таблиғотие беш нест ва душмани “Ҷиҳоди исломӣ” Миср аст, на Амрико. Шаҳата ба далели камбуди маблағ ва камруҳиягӣ истеъфо дод. Завоҳирӣ дар мактубе аз 3 майи соли 2001 ба нафари номаълум менависад, ки идғом ё иттиҳоди “Ҷиҳоди исломӣ” бо “Ал-Қойида” судҳои бештаре хоҳад дошт. Боз шудани дастони Аймон Завоҳирӣ ва ҷалб шудани Абу Ҳонии Мисрӣ, дар умум бориз шудани нақши мисриён дар тарҳи террури Масъуд ба ин таҳаввулот дар “интернатсионали террористӣ” рабт дорад.

Усома бин Лодан, Аймон Завоҳирӣ, Мулло Умар

Таҳаввулоти ахире, ки дар қаламрави Толибон мегузашт, бахусус, дар ихтиёри “Ал-Қойида” қарор додани умури ҷангу сиёсат, ин андешаро, ки Толибон ва созмонҳои террористии кишварҳои ҷаҳон як “ҳукумати ҷаҳонии исломӣ”-ро ташкил кардаанд, тақвият медиҳад. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, он замон дар Афғонистони толибонӣ як чунин ҳукумате ҳукмронӣ мекард, ки аз “панҷ покистонӣ, панҷ араб, панҷ афғон, кашмирӣ, уйғур, мусалмоне аз Ҳинд, чечен, тоҷик ва ӯзбек” иборат буд ва куштори Масъуду ҳамлаҳо ба Амрико таъйиди ин онро гирифта буд.

Ин таҳаввулот Масъудро ба андеша водор мекарданд. Фаҳими Даштӣ, он замон масъули “Паёми муҷоҳид”, нашрияи Ҷамъияти исломӣ ва аз атрофиёни “Шери Панҷшер”, мегӯяд, ба назар мерасид, моҳҳои ахир Масъуд истеъдоди худододи таҳлили хунсардонаи вазъ ва ба хулосаҳои дуруст расиданро аз даст дода буд. Ӯ дар маркази фармондеҳии ҷабҳа дар Тахор нишаста, риши худро бо дасти чап медошт ва мегуфт:

“Як ҳодисаи хатарнок ва ваҳшатноке бояд иттифоқ афтад. Аммо чӣ? Намефаҳмам!”

Даштӣ мегӯяд, баъдтар мо фаҳмидем, ки кишварҳои манфиатдор дар марги ӯ тавониста буданд миёни атрофиёни ӯ низ нуфуз кунанд ва аз ин роҳ, роҳҳои дастрасӣ ба иттилоои оперативиро ба рӯяш бастанд.

Танҳо чизе, ки ҳеч ба сари Масъуд намеомад, ин буд, ки ҳадафи ин ҳама амалиёту бозиҳо маҳз худи ӯ буд…

(Идома дорад)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД