Бо Кодекси ахлоқи далелсанҷӣ шинос шавед

01 апреля 2019
963
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар навиштаҳое пештар перомуни далелсанҷӣ гуфтем, ки фактчекинг тоза ба фазои журналистикаи Тоҷикистон ворид шудааст ва ҳанӯз суолҳои зиёде мунтазири ҷавоб ҳастанд. Аммо мавриди тазаккур аст, ки фактчекинг дар Амрико ва кишварҳои Аврупо даҳсолаҳост амал мекунад ва лоиҳаҳои бузург ва муваффақи далелсанҷӣ фаъол ҳастанд. Дар кишварҳои пасошӯравӣ таҷрибаи Гурҷистон ва Укроин қобили таваҷҷуҳанд (дар ин маврид дар матлабҳои дигар хоҳем гуфт). Ба ин тартиб ҳамасола дар ҷаҳон теъдоди тарҳҳои марбут ба далелсанҷӣ меафзояд. Агар 15 сол қабл дар кишварҳои ҷаҳон ҳамагӣ 44 лоиҳаи фаъол амал мекард, пас соли 2017 шумори онҳо ба 114 расид. Ин раванд сабаби таъсиси платформаи Шабакаи байналмилалии далесанҷӣ – IFCN гардид. Ҳадафи он назорат ва пуштибонӣ аз фаъолияти тарҳҳои далелсанҷӣ мебошад. IFCN дар як замони хеле кам тавонист ба бозигари арзишманди доираи далелсанҷон табдил ёбад ва ғояи далелсанҷиро ба сатҳи васеи байналмилалӣ баровард.

IFCN соли 2016 кодекси ахлоқи далелсанҷҳоро пешниҳод намуд. Ҳоло лоиҳаҳои  зиёди далелсанҷӣ  ба он пайвастанд. Ин Кодекс натиҷаи заҳматҳои чандинмоҳа ва пайдоиши тавофуқи ҷомеаи далелсанҷон аст. Аз соли 2017 раванди назорат амал мекунад, ки аз ҷониби сохтори коршиносони мустақил иҷро мегардад. Тақрибан ҳар як лоиҳаи далелсанҷӣ, агар хоҳиши онро дорад, ки тасдиқи расмии мутобиқати амалашро бо кодекси ахлоқ бигирад, бояд аз баҳогузории коршиносон бигзарад.

Кодекси ахлоқи IFCN ба қоидаҳои зер такя мекунад:

  1. Қоидаи бетарафӣ ва адолат

Дар доираи далелсанҷӣ ҳамон меъёрҳое ҳастанд, ки дар ҳама гуна санҷишҳои изҳороти воқеӣ истифода мешаванд. Дар гузоришҳои таҳлилӣ кушиш мекунанд, ки ба сатҳи баланди объективият ноил шаванд ва аз касе ҷонибдорӣ накунанд. Барои ҳама гуна санҷиш аз критерия ва тартиби ягона кор мегиранд ва танҳо дурустии фактологии санҷидашаванда баҳои ниҳоиро муайян менамояд. Ҳангоми тафтиш ба субъективизм набояд роҳ дод.

  1. Қоидаи шафоффияти сарчашмаҳо

Хулосаи санҷишҳо бояд такрор шаванд, то ҳар хонанда имкони дубора тафтиш намудани натиҷаҳои нашршударо дошта бошад. Аз ин рӯ, бояд тамоми сарчашмаҳои истифодашуда нишон дода шаванд, то ҳар нафар онҳоро пайдо намояд ва дар асоси онҳо таҳлили изҳороти мазкурро такрор намояд. Истисно ҳолатест ки нашри номи сарчашма метавонад боиси хатар бошад, аммо дар чунин вазъ ҳадди аксари маълумот пешниҳод мегардад.

3. Қоидаи шаффофияти маблағгузорӣ ва созмонҳо

Манбаъҳои маблағгузор бояд комилан шаффоф бошанд.Агар лоиҳа аз созмони дигар кӯмак мегирад, бояд кафолат дод, ки он созмон ба ҳеч ваҷҳ дар объективияти тафтиш ва баҳои ниҳоӣ таъсиргузор нест. Ҳамчунин бояд иттилооти касбӣ оид ба аъзои раёсати он созмон чоп кард ва сохтори ташкилот ва мақоми ҳуқуқии онро шарҳ дод. Ҳамчунин, шабака (канал)-и дастраси иртибот бо хонандаро бояд таъмин намуд.

  1. Қоидаи шаффофияти методология

Шарҳ додан ва нашр намудани методологияе, ки барои интихоби изҳорот, санҷиши он, тасҳеҳ ва чоп истифода мешавад, зарур аст. Ҳамчунин, манбаъҳои далелсанҷӣ аз хонандаҳо даъват мекунанд, ки агар хоҳиши тафтиши ин ё он изҳорои воқеиро дошта бошанд, ба онҳо муроҷиат намоянд.

  1. Қоидаи тафтиш ва тасҳеҳи арзёбӣ

Талабот оид ба ислоҳ намудани ҳукмномаи нашршуда дақиқан муайян шудааст. Тасҳеҳ ва тағйирот бо овардани далелҳои мувофиқ нашр шуда, бо талаботи муайян мувофақа мешаванд

(бо истифода аз китоби «Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ». Муаллиф: Александр Гороховский)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД