Бозгашт ба Тоҷикистон: “Шаҳрвандони пушаймоншуда афв мешаванд”

02 апреля 2019
933
Муаллиф: Rushnoi.org

Бозгашти аввалин зани тоҷик, ки як сол дар шаҳри Идлиби Сурия, дар қаламрави зери назорати ДОИШ (созмони экстремистӣ ва террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ-муҳаррир) қарор дошт, дар қалби волидоне, ки фарзандонашон ба майдонҳои набарди кишварҳои арабӣ рафтаву барнагаштаанд, тухми умед коштааст.

Занҳое ки аз шаҳри Раққаи Сурия фирор кардаанд. Апрели соли 2017. Акс аз Reuters

Шаҳраки Қизилнишони вилояти Хатлон дар 240 километрии ҷануби Душанбе қарор дошта, ҳудуди 4 ҳазор бошанда дорад. Тайи солҳои охир 30 сокини маҳаллии он ба сафи созмони мамнӯи ДОИШ пайвастаанд. Миёни онҳо занону кӯдакон ҳам буданд, ки тақдири онҳо норӯшан аст.

Дар маҷмӯъ, аз ноҳияи Қубодиён 60 нафар ба ДОИШ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) пайвастаанд. Ба иддаои мақомот, ин афрод дар шаҳрҳои Русия, ки онҷо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, “мағзшӯӣ” шудаанд.

Фарангис Тошматова, сокини 32-солаи шаҳраки Қизилнишон чанд моҳ қабл аз Сурия ба ватан баргашт ва мавриди афв қарор гирифт. Тошматова ҳамроҳи чор фарзандаш ҳанӯз зери муроқибати равоншинос ва дигар мутахассисон қарор дорад.

Фарангис соли 2014 ҳамроҳи шавҳараш — Эркин Тошматов ба шаҳри Маскави Русия рафт. Ҳамсараш онҷо ба кирокашӣ машғул буд ва ӯ дар хона се кӯдакашро нигаҳбонӣ мекард. Соли 2015 Эркин ба Туркия рафт ва бедарак шуд.

Ба гуфтаи Фарангис, аз Туркия як нафар бо ӯ тамос гирифта, худро дӯсти ҳамсараш муаррифӣ кардаст. Ин мард аз вай даъват мекунад, то наздашон биёяд ва барои онҳо билети ҳавопаймо мехарад. 29 ноябр Фарангис ҳамроҳи фарзандон ба Туркия меравад, аммо шавҳарашро онҷо намеёбад.

“Ба ман гуфтанд, ки шавҳарат туро даъват дорад. Аввал тарсидам, аммо баъдан ба ҳарфи онҳо бовар намуда, Туркия рафтам”,-қисса мекунад ӯ.

Дар Туркия Фарангиси дуҷон фарзанди чорумашро таваллуд мекунад, аммо аз шавҳараш ҳанӯз ҳеч хатту хабаре набуд. Пас аз чанд муддат дӯсти ҳамсараш ӯро ба шаҳри Идлиби Сурия бурда, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояшро мегирад ва ҳамин тавр ӯ низ бедарак мешавад.

“Моро ҳамроҳи занони зиёде аз Доғистону Қирғизистон дар як манзили бисёрқабата нигоҳ медоштанд. Садои тирпаррониро мешунидем, аммо касеро ки захмӣ шудааст, надидем. Як сол онҷо будам, аммо аз шавҳарам ҳеч хабаре набуд”.

Даҳшатҳои ҷангро фаромӯш созед

Фарангис мегӯяд, дар интернет мутолиа кард, ки дар Тоҷикистон чӣ тавр одамони пушаймоншударо афв мекунанд ва баъди ин дар андешаи бозгашт шуд. Аммо ин кор соддаву саҳл набуд. Ба гуфтаи вай, як гуруҳ аз занони доғистонӣ пинҳонӣ нақшаи фирорро кашиданд ва сентябри соли 2018 ӯ низ ҳамроҳи онҳо шабона марзи Туркияро убур кард.

“Ман шиноснома надоштам, аммо бар ивази пул моро шабона пинҳонӣ аз сарҳад гузаронданд. Ҳамроҳи кӯдакон шабона аз марз гузаштан хеле душвор буд, аммо занҳо ба ҳамдигар кумак мекарданд. Худоро шукр, то Туркия расидем. Аз онҷо ба падарам занг задам, то маро ба хона бубарад”,-идома медиҳад Тошматова.

Фарангис моҳи ноябри соли 2018 ҳамроҳи кӯдаконаш ба Ватан баргашт. Ҳоло ду фарзанди ӯ мактаб мераванд, ду тифли дигараш ҳанӯз ба синни мактабӣ нарасидаанд. Мегӯяд, дигар аз тақдири фарзандонаш нигарон нест.

Дар маъмурияти ноҳия гуфтанд, Тошматова баъди он ки изҳори пушаймонӣ кард ва тамоми қиссаи ба сараш омадаро нақл намуд, мавриди афв қарор гирифт. Ҳоло зери назорати мақомот қарор дорад. Ҳамроҳи кӯдаконаш равоншиносон кор мекунанд, то ба зиндагии осоишта одат ва даҳшати ҷангро фаромуш созанд.

Азимҷон Алимардонов, падари Фарангис Тошматова мегӯяд, умед надошт, ки духтар ва набераҳояшро мебинад, аммо ӯ занг зад ва барои баргаштан кумак хост:

“Гуфт ки: “падарҷон ман Туркия омадаам, маро хона баред”. Бо кумаки мақомот духтарамро овардем ва ҳоло ҳама чи хуб аст. Бояд каме ором шавад, то ба худ биёяд”.

Бозгашти Фарангис Азимҷон Алимардоновро умедвор кард, ки ду фарзанди дигараш низ, ки соли  2015 ҳамчунин аз Маскав ба Сурия рафтаанд, бармегарданд. Феълан, аз онҳо ҳеч хатту хабаре надорад.

“Касе ки пушаймон мешавад, мавриди афв қарор мегирад”

Вилояти Хатлон бо зиёда аз 3 миллион нафар бузургтарин вилояти Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Мушкили афзоиши ифротгароӣ, экстремизм ва пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ чанд сол қабл ба миён омад. Он вақт аз пайвастшавии чанд нафар ба ҳаракат ва созмонҳои “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва монанди ин хабар дода шуд. Бештари ин афрод зиндонӣ шуда, даҳҳо тани дигар мавриди пайгард қарор доранд.

Соли гузашта хабар дода шуд, ки бино ба омори расмӣ аз вилояти Хатлон 500 нафар, бо шумули занону кӯдакон ба Сурия рафтаанд. Тақдири бештари ин афрод солҳост, ки норӯшан боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи Искандар Солеҳзода, сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, шурӯъ аз оғози соли 2019 ду сокини ноҳияи Вахш, ки қаблан дар ҳайъати гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор доштанд, ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ин афрод бар пояи қонун афв шудаанд ва қарор аст, чанд сокини дигари вилоят низ баргарданд.

Ба таъкиди Солеҳзода, дархости онҳоро дар мавриди бозгашт ба ватан аз интернет дарёфт кардаанд.

“Ҳадафи мо ин нест, ки ҳамаро пушти панҷара равон кунем, касе ки пушаймон мешавад, мавриди афв қарор мегирад”,-афзуд ӯ.

Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён дар яке аз охирин нишастҳои хабарии худ аз афзоиши мизони экстремизм миёни сокинони ноҳия изҳори нишаронӣ карда буд. Аммо бо ин ҳол, бозгашти Тошматова ва кӯдаконашро ӯ натиҷаи корҳои профилактикии маъмурияти ноҳия унвон кард.

Тирамоҳи соли сипаришуда Мансурҷон Умаров муовини КДАМ-и Тоҷикистон аснои суханронӣ дар парлумон изҳор дошт, давоми солҳои охир 1899 тоҷикистонӣ барои иштирок дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафтаанд. Бисёриҳо тамоми хонаводаи худро ҳам бурдаанд.

Моҳи феврали соли равон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, бештари занону кӯдакони тоҷик зиёда аз як сол аст, дар шаҳракҳои зери назорати курдҳо дар қаламрави Сурия қарор доранд. Дар маҳбасҳои Ироқ бошад, феълан 43 зан ва 92 кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.

Умед барои дигарон

Ашурмо Саидалиева сокини 48-солаи рустои Фермаи ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Қубодиён аст. Бародари ӯ соли 2015 дар Сурия кушта шуд, аммо ҳамсари бародараш — Сарвиноз ҳамроҳи се кӯдак ҳанӯз онҷоянд.

-Хабари аз Сурия баргаштани ин зан ҳамроҳи кӯдаконаш ману модари пирамро хеле хурсанд кард. Мо умедвор ҳастем, ки келин ва ҷиянҳои мо низ бармегарданд. Охирин маротиба бо Сарвиноз ду сол пеш суҳбат карда будем. Он замон хабар дод, ки шавҳарашро кушта ва ӯро ба як марди дигар ба шавҳар додаанд. Дигар то имрӯз дар бораи ӯ ва кӯдаконаш чизе намедонем.

Мақомот омада аз мо мепурсад, ки оё суроғаи будубоши ӯро медонем? Ин ба мо умед медиҳад, ки агар суроғаро пайдо кунанд, онҳоро ба ватан бармегардонанд. Умед дорем ҳар нафаре ки аз рӯи нофаҳмӣ ё бесаводӣ он ҷо рафтааст дер ё зуд ба хонаҳояшон бармегарданд.

Манбаъ: CABAR

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД