Абдуллоҳ Анас: “Экстремизм ҳанӯз дар соли 1745 поягузорӣ шуда буд”

08 апреля 2019
1254
Муаллиф: Rushnoi.org

Абдуллоҳ Анас, пажуҳишгари алҷазоирӣ ҳаждаҳ солро дар Афғонистон сипарӣ кардааст. Вай таҷриба ва зиндагии худ дар ин кишварро дар китоби – “Зиндагии ман дар ҷиҳод: аз Алҷазоир то Афғонистон” ба тозагӣ нашр шуд, мустанад кардааст. Ӯ дар ин китоб менависад, тафовут миёни “ҷиҳоди поки шаръӣ” бо ҷиҳоде, ки аз масири худ берун шуда, аз сӯйи гуруҳҳои ифротгаро “ҷиҳоди ҷаҳонӣ” номида шуд, аз замин то осмон аст. Анас, домоди Абдуллоҳ Аззом, раҳбари маънавии муҷоҳидини араб дар Афғонистон аст. Ӯ аз дӯстони Аҳмадшоҳи Масъуд буда, солҳо дар канори ӯ ҷангидааст. Ахиран, шабакаи “Ал-ҷазира” бо Абдуллоҳ Анас мусоҳибае анҷом дод, ки онро Нур Фарзом бо дарӣ тарҷума кард. “Rushnoi.org” ин мусоҳибаро баргардон ва пешниҳоди хонанда мекунад.

— Чӣ чизҳо шуморо водор ба таълифи ин китоб намуд?

— Пас аз 11 сентябри соли 2001 ба ин китоб меандешидам, ҳангоме ки эҳсос кардам арзиш ва андешаи ҷиҳод бар хилофи он чӣ шариати исломӣ ва таҷрибаи афғонии мо буд, натиҷа медиҳад. Калимаи “ҷиҳод” қурбонии ду гуруҳ гардида буд: яке гуруҳи ифротии ростгаро, ки мехоҳад вожаи “ҷиҳод”-ро бо вожаи “терроризм ва ҷиноят” муродиф бисозад ва ин гуруҳ бо низомҳо ва дастгоҳҳои истихборотии араб иттифоқ карда буданд; дуввум, гуруҳҳое, ки мафҳуми “ҷиҳод”-ро рабуданд ва онро ба номи “ҷиҳоди ҷаҳонӣ” мехонданд, бо вуҷуди инкори Абдуллоҳ Аззом ва уламои Афғонистон, онро тағйир доданд, ба ҳадде, ки куштани бегуноҳон ва рабудани ҳавопаймоҳову мунфаҷирсозии таомхонаҳоро либоси шаръӣ доданд, дар ҳоле ки шариат аз он барӣ аст.

— Оё ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 ба навъе дастоварди таҷрибаи афғонӣ набуд?

— Ҷиҳоди шаръӣ ва покеро, ки ман дар ҷараёни даҳ сол (1983–1992) анҷом додам, комилан бо он мухталиф буда, ҳеч навъ робитае бо он надорад. Ҷиҳодеро, ки мо бо раҳбарони ҷиҳод — Абдуллоҳ Аззом ва фармондеҳ Аҳмадшоҳ Масъуд анҷом додем, ҳеч инҳироф (берун рафтан-“Rushnoi.org”)- е аз манҳаҷ (роҳи рост-“Rushnoi.org”) – и раббониро дар он надидам. Дар он замон чеҳраи ҷиҳод он гуна набуд, ки имрӯз Ғарб аз он ҷиноят тавсиф мекунад ва на ҳам он гуна, ки ҷараёнҳое чун “Ал-қоида”, танзими “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ва Боко Ҳаром ва ғайри инҳо, ки аъмоли ҷинояташонро талош мекунанд ба ҷиҳод нисбат бидиҳанд, балки ҷиҳоди афғонӣ, ки ман анҷом додам, як ҷиҳоди барҳақ, набил ва ҷиҳоде буд, ки дар хандақҳо алайҳи ишғолгарон буд ва ҳеx амалиёте берун аз қаламрави сарзамини афғон сурат нагирифтааст, ҳамчунон ки ба муҷарради аз ҳам пошидани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва тарк гуфтанашон аз Афғонистон поён ёфт.

— Ҳаракатҳоеро, ки шумо мисли “Ал-қоида” ва Боко Ҳаром ёд кардед, чаро гуфта мешавад, аз ҷиҳоди афғонӣ таҷриба гирифтаанд?

— Ин яке аз масоиле аст, ки дар ин китоб хостам аз он парда бардошта ва ғуборро аз он бизудоям. Ба ҳамин сабаб, таҷрибаи ҷиҳоди афғониро бо тамоми тафсилоти он мустанадсозӣ кардам.

— Бисёре аз мунтақидин, муҷоҳидини араб дар Афғонистонро ба муздурии амрикоиҳо муттаҳам карданд ва гуфтанд, ки ҷиҳоди Афғонистон ба маслиҳати Амрико буд ва аз ҳамин сабаб, онро ҳимоят мекард. Назари Шумо чист?

— Русҳо аз тариқи “ҷанги сард” мехостанд ба “обҳои гарм” (уқёнуси Ҳинд-“Rushnoi.org”) даст ёбанд ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ талош дошт, то дар ҷаҳони Ислом тавсеа ёбад ва ҳудуди урдугоҳи Ғарб пас аз кишварҳои Халиҷ дар Афғонистон ба поён мерасид. Ҷиҳоди афғонӣ омад то ин ки марзи миёни урдугоҳи Ғарб ва Шарқро таъйин кунад. Пас Амрико ва урдугоҳи Ғарб ба ин назар шуданд, ки ин фурсатест, ки метавонанд монеъи нуфузи Шӯравӣ шаванд. Аммо миллати афғон ҷиҳодашро ба амри Доналд Рейган, раисҷумҳури пешини Амрико оғоз накард. Ман чаҳор сол пас аз оғози ҷиҳод дар соли 1979 ба он пайвастам ва ҳеч пуштибонии Амрико то он замон вуҷуд надошт. Нахустин стингер дар соли 1989 ба мо расид, ки ин маъниро мерасонад, ин ҷиҳоди муборак на ба амри Амрико ва на ҳам бо мусаллаҳсозии он оғоз шудааст. Ман шоҳид будам, ки бархе аз ҷабаҳот тамоми рӯзро бо як дона картошка сипарӣ мекарданд ва попӯшашонро ба навбат мепӯшиданд. Муҷоҳидин ин ҷиҳодро бо чарраӣ (туфанги шикорӣ) ва табар оғоз карданд. Аммо Амрико манофеъи худро дар ҷиҳоди ин миллат, ки ҳозир ба ҳар навъ қурбонӣ буд ва таҷрибаҳои ҷангии зиёдеро дошт, дид. Афғонҳо ҳушёр буданд, асоси онон мабнӣ бар ин буд, ки набардашон бо русҳо аст ва ба ин сабаб, амрикоиҳо ва англис аз ҳимоят дареғ намеварзанд ва мо низ монеъи ин кӯмакҳои бидуни қайду шарт намешавем.

— Афғонҳо ба ин наздикиашон бо Амрико ба кадом ҳукми шаръӣ эътимод (амал-“Rushnoi.org”) карданд?

— Ин пурсиш дар соли 1978 ва 1988, ҳангоме ки кӯмакҳои Амрико пас аз фиристодани стингер расид, матраҳ шуд ва пурсиш ин буд, ки оё гирифтани ин рокетҳо дуруст аст? Гуфтугӯи бузурге ба вуҷуд омад. Уламо ба фиқҳи ҳанафӣ муроҷиа карданд ва машрӯъияти гирифтани бидуни шарти онро тарҷеҳ доданд. Амрико ба гунаи мустақим бо афғонҳо муомила надошт, балки аз тариқи Покистон кӯмак мекард. Аммо нақши молии Арабистони Саудӣ дар пуштибонии ҷамъоварии кӯмакҳо барои ҷиҳоди афғонӣ дар садри феҳрист қарор дошт. Шайх Абдуллоҳ Аззом дар масоҷиди Саудӣ мегашт ва кӯмакҳоро гирдоварӣ мекард. Имрӯз Саудӣ мегӯяд, ки асоси татарруф (экстремизм-“Rushnoi.org”) дар ҷаҳон аз сӯйи муҷоҳидини Афғонистон омадааст. Ин аз нигоҳи таърихӣ дуруст нест, чун зоиши асосии татарруф ба садҳо сол пеш аз ҷиҳоди афғонӣ, ба таври мушаххас, ба “Паймони Дириъа” бармегардад, ки дар соли 1745 нахустин давлати саудӣ шакл гирифт ва татарруфро бо паймони машҳуре миёни Муҳаммад ибни Сауд ва Муҳаммад ибни Абдулваҳоб оғоз кард. Ин давлат бар мадраса (мактаб-“Rushnoi.org”)-и ваҳҳобият эътимод кард, ки бо мадориси дигар хашин ва ситезаҷӯ буд. Ин мадраса шарреро, ки ба ҷаҳони Ислом овард, садҳо сол пеш аз ҷиҳоди афғонҳо буд.

Аз сӯйи дигар, ҳеx мазҳабе бадтар аз мазҳаби ваҳҳобият назди афғонҳо нест. Агар хостӣ ҳар пешво ва ё фармондеҳеро дар Афғонистон нобуд кунӣ, ба ваҳҳобият муттаҳам бисоз, чун мазҳаби маъмул ҳанафӣ аст ва ваҳҳобият рондашуда ва ғайриписандида аст. Ин бар хилофи он чӣ аст, ки Муҳаммад ибни Салмон гуфт, ин ки онон ҷиҳоди афғониро ба хотири набард бо Шӯравӣ ҳимоят кардааст. Аммо “Ал-қоида” андешаи салафӣ ва ваҳҳобӣ аст, ки онро Усома ибни Лодан ва Аймон ал-Завоҳирӣ оварданд ва ба сӯйи он чӣ, ки “ҷиҳоди ҷаҳонӣ” ном ниҳоданд, фаро хонданд.

— Иҷоза диҳед аз ҳамин андеша суҳбат кунем. Чӣ чиз ифротиятро зинда кард ва мафҳуми “ҷиҳоди ҷаҳонӣ” аз куҷо омад?

— Ман узви мактаби “Хадамот”-е ҳастам, ки онро доктор Абдуллоҳ Аззом эҷод кард ва Усома ибни Лодан дар сол 1985 ба мо пайваст ва тобеъи барномаи ин хадамот буд. Арабҳое ки омада буданд докторҳо, омӯзгорон ва ҷанговароне буданд, ки ба ҷангҷуёни афғон афзуда шуданд ва ба шартҳои афғонҳо хидмат мекарданд. Ҳангоме ки Усома ибни Лодан дар соли 1988 канорагирӣ кард, афкореро асос гузошт ва чунин ифода мекард, ки ин ҷиҳод як рӯзе ба поён хоҳад расид. Дидгоҳи Абдуллоҳ Аззом ин буд, ки вақте ишғоли Шӯравӣ ба поён бирасад, ҷиҳод низ ба поён мерасад. Аммо “Ҷамоати ҷиҳоди мисрӣ” ва андешаҳои Аймон ал-Завоҳирӣ ва Сайид Имом бо вай мухолифат карданд. Онон ба “ҷиҳоди ҷаҳонӣ” рӯй оварданд ва онон буданд, ки ифротиятро тағзия карданд ва Усома ибни Лоданро низ ба андешаи “ҷиҳоди ҷаҳонӣ” қонеъ сохтанд, ки тухми онро афшоданд ва ин барнома дар соли 1989 аланӣ гардид. Ин ҳангоме буд, ки ибни Лодан аз мактаби “Хадамот” ҷудо гардид ва урдугоҳҳои мустақилеро соҳиб шуд ва онро “Ал-қоида” ном гузошт, дар ҳоле ки ин андеша аз назари шайх Абдуллоҳ Аззом мардуд (инкор шуда-“Rushnoi.org”) буд.

— Оё танҳо андешаҳои ал-Завоҳирӣ бар Усома ибни Лодан асар гузошт ё ин ки дастҳои истихборотии дигар низ пушти он вуҷуд дорад?

Китоби Абдуллоҳ Анас/акс аз «Ал-Ҷазира»

— Бале! Дастҳои истихборотии ҷаҳонӣ буд, чунончи ки мо ба он натиҷа расидем ва ман шахсан мӯътақид ҳастам, дар чандин ҷаласа ҳузур ёфтам ва ибни Лоданро дар ин назарияи хатарнок ҳушдор додам. Барояш гуфтам, дуруст аст, ки торикӣ (ҷаҳолат)–и ҷаҳонӣ вуҷуд дорад, аммо қазияи идораи парвандаи ҷиҳод амри хатарнок аст, чун агар аз даст биравад, ба маслиҳати уммат (мусалмонон) нест. Ман ба ин назар ҳастам, ки имрӯз уммат товони ҳамон фикра (идея)-и “ҷиҳоди ҷаҳонӣ”-ро мепардозад, чун истихбороти ҷаҳонӣ вориди ин қазия шуданд ва дарёфтанд, ки ҳеx рӯъияти шаръӣ ва ҳеx фикри сиёсӣ пуштибони ин фикра нест ва дарёфтанд, ки ҳамин гумшудаашон аст. Аз ин ҷо буд, ки ҳар дастгоҳи истихборотӣ насиберо аз он бардошт ва дар он сармоягузорӣ кард. Истихбороти Эрону истихбороти осиёӣ ва амрикоӣ ворид шуданд ва тардидҳое вуҷуд доранд, ки тамоми раҳбарони “Ал-қоида” пас аз он ки аз Тӯра Бӯра фирор карданд, ба Эрон паноҳ бурданд ва тамоми фарзандону занонашон се ҳафта баъд ба онон пайвастанд. Ҳама раҳбарони ин танзим дар ҳамон замон зиндагӣ доштанд ва масориф зери назари идораи Сипоҳи Посдорон болои онон сурат мегирифт. Ин ҷо буд, ки Амрико Ироқро ишғол кард ва “Ал-қоида” ба ҳадафи озодсозии Ироқ вориди майдон шуд ва Эрон низ чунин чизеро мехост, чун аз як сӯ адами вуҷуди муқовамати муназзами ватанӣ ба маслиҳат он буд ва аз сӯи дигар, мехост, ки Амрико мавриди ҳадаф қарор гирад, то ин ки Ироқро ба он (Эрон) вогузор кунад. Пас Абумусаъаб Зарқовӣ, фармондеҳи “Ал-қоида” ҳамон имтидоди инҳироф (бероҳашавӣ)–и фикраи “ҷиҳоди ҷаҳонӣ” аст, ки ба гунаи қатъӣ ақида дорам, ки аз шиками истихбороти ҷаҳонӣ зода шудааст.

— Назаратон дар мавриди “Давлати исломӣ”-и ал-Бағдодӣ чист?

— Миёни шиорҳои барроқу ҷаззоб ва давлати ҳақиқии исломӣ тафовути зиёд вуҷуд дорад. Доим ба шиорҳо мегӯям, бале, аммо ин ки ба он бипайвандем, на хайр, чун инҳо танҳо шиор аст ва ин танзим (ДОИШ-“Rushnoi.org”) мабнӣ бар ҷаҳл, тафриқа ва хушунат аст ва ҳамаи номҳое, ки ин ҷараёнҳоро раҳбарӣ мекунанд, дорои ҳеч таърихе нестанд ва дар ҷиҳоди афғонӣ шинохташуда нестанд, дар ҳоле ки онон талош мекунанд бигӯянд, ки машрӯъияташонро аз ҷиҳоди Афғонистон гирифтанд. Аммо ҷиҳоди Афғонистон аз онон барӣ (болотар-“Rushnoi.org”) аст, балки инҳо ба Абдуллоҳ Аззом ва раҳбарон ҷиҳод хиёнат карданд.

— Чӣ розҳоеро дар китоби худ аз суқути Кобул ва пас аз он ҷанги муҷоҳидин дарҷ кардаед?

— Иллати асосии суқути Кобул тундхӯии муқовамати афғонҳо буд. Иллати ҷангидани муҷоҳидин алайҳи якдигар ин буд, ки уммати мусулмон омодаи ҷиҳоду қурбонӣ аст, аммо дар асосгузории давлат аз мушкил ранҷ мебурд. Бунёнгузории ҷамъиятҳо дар уммати мусулмон мавҷуд нест, ин камийяти бузурге аз муҷоҳидин дар хандақҳост, ки омода ба марг дар роҳи Худо буданд, аммо дар таъсиси як давлат таҷриба надоштанд ва фақир буданд ва ба ин мавзӯъ пас аз “баҳори араб” боварам бештар шуд. Ҳамин гуна дар Афғонистон дар ҷангҳои миёнгуруҳии афғонҳо бо садҳо дарду афсӯс шоҳиди таҳаввули хушии фатҳ ба як ҷанги ғамангез шудам, Афғонистонро дар ҳоле ки қалбамро ба он ҷо гузоштам, тарк кардам.

— Абдуллоҳ Аззом чӣ гуна террор шуд? Оё инро ҳам дар китоби худ мустанадсозӣ кардаед?

— Талош кардам, ҳамон шоеъотеро, ки дар урдугоҳҳо вуҷуд дошт, ба китоби худ нақл кунам, ки ин иборат аз муттаҳам сохтани Массад, Амрико ва ё истихбороти эронӣ ё покистонӣ ва ё ҳам Ҳизби исломии Афғонистон буд. Аммо ҳеч кадоми ин ривоятҳо мабнӣ бар асосҳои қонунии мувассақ нест. Чаҳор моҳ пеш Абдурраб Расули Сайёф, яке аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон ба Саудӣ рафта буд. Он ҷо изҳороти хеле муҳиме кардааст, ин ки онон яқинан медонанд, ки Абдуллоҳ Аззомро кӣ кушт, аммо вақти ифшои ном фаро нарсидааст.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД