Иззатманд Саломиён дар бораи далелсанҷӣ ва зарурати таъсиси созмони фактчек дар Тоҷикистон 

09 апреля 2019
1737
Муаллиф: Rushnoi.org

Фактчекинг ё далелсанҷӣ яке аз равияҳои нав дар журналистикаи Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд дар Ғарб он таърихи наздики 20-сола дорад, аммо аввалин корҳо дар қолаби далелсанҷӣ дар кишвари мо ҳамагӣ як соли пеш анҷом дода шуд. Аз ин лиҳоз, дар Тоҷикистон ҳанӯз ин жанр ба таври бояд шиносоӣ нашудааст. Иззатманд Саломиён, журналист ва адиби тоҷик яке аз нахустин нафароне мебошад, ки барои муаррифии далелсанҷӣ талош мекунад. Ӯ китоби “Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ”-и Александр Гороховскийро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума карда, ҳамчун тренер дар машғулиятҳои омӯзишӣ далелсанҷиро ба рӯзноманигор ва блогерҳо меомӯзад. Иззатманд Саломиён дар як суҳбат ба “Rushnoi.org” ҳам дар бораи далелсанҷӣ гуфт.

Иззатманд Саломиён/акс аз «Rushnoi.org»

-Барои рӯи кор омадани фактчек сабабҳо ҳастанд. Инкишофи бемайлони рушди техника ва фаъол шудани расонаҳои зиёд, барои “манипулатор”-у дурӯғгӯйҳо майдон фароҳам овард. Бо истифода аз минбарҳо, ин афрод идеяву тарҳҳои барои худашон мувофиқро баён карданд ва ин зарурати тавлиди жанри наверо дар журналистика ба миён овард,-шарҳ медиҳад коршинос.

Ҷаноби Саломиён фактчекинг ё далелсанҷиро ба “пости нозири роҳ” шабеҳ медонад, ки агар ҳуҷҷатҳои ронанда дуруст бошад, иҷозаи идомаи ҳарактро медиҳад ва агар не, онро нигоҳ медорад: “Ба ин монанд, далелсанҷ изҳороти шахсони расмиро, ки расман эълон шудаанд, месанҷад. Агар он дурӯғ бошад, мегӯяд, ки дурӯғ аст, агар рост бошад, мегӯяд рост аст. Яъне, дар фарқият аз тадқиқоти журналистӣ, ки мо қаблан дар замир гунаҳкореро пайдо карданием ё кадом масъала ё мушкилеро ҷустанием, ин намуди жанр масъала намегузорад, ки ҳатман гунаҳкорро пайдо кунад. Танҳо далелҳои расман баёншударо бо оморҳои расмие, ки дар дастрасии умум қарор доранд, муқоиса мекунад ва хулосаи онро пешниҳод менамояд. Масалан агар як вазир гуфт, ки “10 бинои нав сохтем”, вале дар омор омадааст, ки ки дуто сохтааст, пас далелсанҷ мегӯяд, ки вазир 10 мегӯяд, омори расмӣ 2, барои мисол Бонки ҷаҳонӣ 3. Яъне, гапи вазир нисбатан дурӯғ аст”.

ФАКТЧЕК БАРОИ ЧӢ ПАЙДО ШУД?

Аввалин бор фактчекинг соли 2003 дар Амрико пайдо шуд. Ҳоло дар Амрико ва кишварҳои Аврупо идораҳои алоҳидае ба далелсанҷӣ машғуланд. “Яъне, тамоми гузориш ва баромадҳои расмӣ сабт мешавад ва онҳо санҷидаву худи ҳамон рӯз хулоса ба хонанда пешниҳод мегардад. Фактчек барои чӣ аст? Ду мисол меорам. 1) Дар интихоботи соли 2007-2008-и Амрико як номзадро аз қабл ҳушдор доданд, ки ҳамаи баромадҳоятонро месанҷем ва натиҷаи онро эълон мекунем, аммо номзади дигарро аз ҳамин ҳавза чизе нагуфтанд. Он нафареро ки огоҳ карда буданд, 70 дарсад гапи дурӯғи камтар гуфт. 2)  Дар Рада ё парлумони Укроин аз 1000 изҳороти расмии депутатҳо, ки далелсанҷон санҷиданд, 85 дарсадаш дурӯғ баромад”.

Ба гуфтаи ӯ, сиёсатмадор аз минбари расмӣ, ба таври расмӣ дар ҳузури одамон фикрашро ифода мекунад. Як журналист, блогер ё далелсанҷ онро дар асоси сарчашмаҳои бози расмӣ месанҷад. Яъне, талаботи фактчекинг ин аст, ки изҳорот ё баромади мансабдор ё шахси машҳур расмӣ ва оммавӣ бошад. Ва он ҳатман бояд бо такя ба омори сайту манбаъҳои расмии боз санҷида шавад. Дар тадқиқоти журналистӣ метавонем ба сарчашмаи номуайян такя кунем, вале дар фактчек ин гапҳо нестанд.

КАДОМ ИЗҲОРОТҲО МОЛИ ФАКТЧЕК НЕСТАНД?

1)        Далелсанҷӣ масъалаҳоеро ки ба оянда нигаронида шудааст, мавриди санҷиш қарор намедиҳад. Масалан, агар як шахси расмӣ бигӯяд, ки “умедворам дар оянда шумораи хонандаҳое, ки дар озмунҳо медал мегиранд, 50 дарсад зиёд мешавад”, моли фактчек нест, зеро ӯ умедвор аст ва ин ҳарфҳояш ба оянда нигаронида шудааст.

2)        Вақте як шахси расмӣ дар гуфтораш аз калимаҳои тахмину тақрибан истифода мебарад. Масалан, мегӯяд, “нақшаи коркарди тилло тақрибан 20 дарсад афзуд”. Ин ҳам далели фактчек шуда наметавонад.

3)        Вақте шахси расмӣ бигӯяд, “ба андешаи ман”. Ин ҳам мавриди фактчкек қарор намегирад.

МУШКИЛИ ДАЛЕЛСАНҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

-Дар Тоҷикистон мисли аксар кишварҳои пасошӯравӣ изҳороти расмии ашхоси расмӣ хеле кам аст. Чизе ки онро бишавад далелсанҷӣ кард. Аз ин рӯ дар кишвари мо ва бештари кишварҳои пасошӯравӣ далелсанҷии ВАО маъмул аст. Яъне, ба шакли оддитар — далелсанҷон мақола, изҳорот ва хабару гузоришҳои ҳамкорони худро месанҷанд. Масалан, дар як расона матлабе нашр мешавад ва далелсанҷон ба он шубҳа доранд ва онро месанҷанд. Масалан як хабар пайдо шуд, ки китобҳо аз пусти одам сохта шудаанд, далелсанҷ онро бо истифода аз обзорҳои маъмул месанҷад ва хулосааш ин мешавад, ки ҳақиқат надорад,-меафзояд Иззатманд Саломиён.

Ба гуфтаи ӯ, далелсанҷӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз рушд накардаст. Бархе фактчекҳое ки имрӯз анҷом мешаванд, ҳанӯз ба сатҳи зарурӣ нестанд, аммо ин ки қадамҳо дар ин замина гузошта шудаанд, хуб аст. Масалан, аллакай бисёриҳо бо абзорҳои барои фактчек муҳим ошно ҳастанд: “Фазои фактчеки Тоҷикистонро бо он чӣ дар Қазоқистону Қирғизистон ҳаст, намешавад қиёс кард. Дар он кишварҳо изҳороти шахсони расмӣ бештар аст. Аммо дар мо ҳоло ин раванд хеле заиф аст, вале бо вуҷуди ин талош барои анҷоми далелсанҷӣ ва муаррифӣ шудани абзорҳои расмии коркарди фактчек хуб аст”.

ҲАДАФ ПАЙДО КАРДАНИ ДУРӮҒИ МАНСАБДОРОН НЕСТ

-Як чиро бояд хуб дар хотир дошта бошем, ки ҳадафи фактчек ошкор кардани гуноҳу ҷурми касе нест. Танҳо далели расман эълоншударо месанҷад ва мегӯяд, ки дуруст аст ё дуруст нест. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки фактчек як таноқуз ба журналистика аст, зеро як асли журналистика ин аст, ки бояд фактҳоро қабл аз нашр санҷад. Аммо тавре боло ишора шуд, кори фактчек танҳо санҷидани изҳороти шахсони расмӣ ва маъруф, овозаҳои пурсару садои оммавипаҳншуда мебошад. Як хусусияти фактчек нисбат ба матлабҳои дигари журналистӣ ин аст, ки он вердикт, хулоса ё ҳукмнома дорад. Далели санҷида дар охир хулоса карда мешавад, ки рост аст, дурӯғ аст, дасткорӣ аст ё иштибоҳ дар рақамҳо. Дар баъзе кишварҳо рӯйхати хулосаҳо хеле зиёд аст. Ин вобаста ба менталитет ва фазои кори ҳамон кишварҳо аст. Дар Аврупо маъмулан се то аст: дуруст, нодуруст, шибҳи дуруст. Дар Тоҷикистон ҳоло гузинаи дуруст, нодуруст ва дасткорӣ истифода мешавад.

ЗАРУРАТИ ТАЪСИСИ СОЗМОНИ ДАЛЕЛСАНҶӢ

Дар кишварҳое, ки ин жанр ривоҷ ёфтааст, як изҳороти расмӣ зуд ва дар “гармогармӣ”- аш санҷида мешавад. Дар чунин давлатҳо ҳатто созмонҳои мустақили фактчек амал мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳам агар як чунин созмон таъсис ёбад, хуб мешавад. Вақте як нафар ба фактчек машғул аст ва далелеро ки аз чанд факт иборат аст, мавриди омӯзиш карор медиҳад, то онро ба итмом мерасонад, ки як ҳафта мегузарад. Аз ин рӯ агар як созмон ё нашриёти алоҳидаи фактчек рӯи кор биёяд, беҳтар аст.

Иззатманд Саломиён таъсиси як созмони фактчекро дар кишвар амри зарурӣ медонад. Аммо мегӯяд, ҳоло заминаҳо барои ҷиддӣ машғул шудан ба ин кор камтар аст. “Мисоле ки дар боло гуфтем. Ин ки аз 1000 изҳороти расмии Радаи Укроин 85 дарсадаш дурӯғ бошад, маънои онро дорад, ки ҳамон 1000 изҳорот будааст, аммо дар Тоҷикистон дар як сол 50 изҳорот мешавад ё не? Изҳорот ба ин маънӣ нест, ки Вазорати корҳои хориҷӣ дар саҳифаи расмиаш менависад, балки мурод аз ин калима изҳороти оммавӣ ё расмии як мансабдор аст”.

-Ҳар ҷо ки факту рақам ҳаст, изҳороти касе ки набошад, қобили боварӣ нест ва ҳатман бояд санҷида шавад. Баро ин чиз тафаккури интиқодӣ лозим аст. Гузашта аз ин, ба санҷидан одат кардану бе далел сухан нагуфтан барои журналистон хеле муҳим аст.

P.S.Иззатманд Саломиён табъи шоирӣ низ дорад ва ахиран мафҳумҳои нав дар рӯзноманигориро дар қолаби як шеър ҷой дод. Ин шеър ба зарурати бедор кардани тафаккури интиқодӣ дар замири инсонҳо таъкид мекунад.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД