Пажуҳиш: Одамони аз 65-сола боло хабарҳои нодурустро бештар паҳн мекунанд

11 апреля 2019
1069
Муаллиф: Rushnoi.org

Донишмандони амрикоӣ муайян кардаанд, ки одамони синашон аз 65 боло дар қиёс ба ҷавонон иттилои нодурустро 7 маротиба бештар паҳн мекунанд.

акс аз pixаbаy.com

Профессорони донишгоҳҳои Принстон ва Ню-Йорк навиштаҳои 3500 корбари шабакаи Facebook дар Амрикоро таҳлил кардаанд. Дар пайи ин пажуҳиш маълум гардида, ки 11 дарсади одамоне, ки хабарҳои дурӯғро бознашр карда ё ба дигарон фиристодаанд, аз 65-сола боло ҳастанд. Ин дар ҳоле ки танҳо 3 дарсади ҷавонони аз 18 то 29-сола чунин ахборро қисмат кардаанд. Олимони амрикоӣ таъкид кардаанд, ки дониш, мизони даромад ва мансубияти ҷинсӣ ба натиҷаи пажуҳиш бетаъсир будааст.

Донишмандон ба ин суол ки чаро маҳз одамони аз 65-сола боло бештар иттилои дурӯғро бознашр мекунанд, ҷавоби дақиқ надоранд. Аммо онҳо ду фарзияи эҳтимолиро пеш овардаанд:

— Насли бузургсол хеле дер ба ҷаҳони интернет ворид шуданд, аз ин рӯ маҳорати камтари дониши рақамиро доро ҳастанд;

— Солмандӣ тафаккури шинохтро дар одамон заиф мекунад ва ин метавонад ба қабули иттилоъ таъсир расонад.

Аммо бояд таъкид намуд, ки новобаста ба натиҷаҳои ин пажуҳиш бахши аъзами корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир ҷавонон ҳастанд. Ва паҳн накардани маълумоти бардурӯғ ва рушди тафаккури интиқодӣ масъулияти ҳар яки мо аст!

Сарчашмаҳо:
— http://advances.sciencemag.org/content/5/1/eaau4586

— https://medium.com/…/the-kids-are-alright-grandpas-the-prob…

манбаъ: Три.точки. Знай, что смотришь!

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД