Дасткорӣ, сабабҳои паҳншавӣ ва нишонаҳои анънавии он

15 апреля 2019
98
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар яке аз матлабҳои ахир, ки ба далелсанҷӣ бахшида шуд, Иззатманд Саломиён, коршиноси тоҷик сабаби ба вуҷуд омадани фактчекингро ба ҷойи по ёфтани манипулаторҳо рабт дод. Ҳоло дар ин матлаб ба мафҳуми худи калимаи дасткорӣ ё манипулятсия аз нигоҳи коршиноси укроинӣ Александр Гороховский таваҷҷуҳ хоҳем кард, ки дар китоби “Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ. Имкониятҳо ва дурнамо” дарҷ гардидааст.

Таҳлили мафҳуми далелсанҷӣ пеш аз ҳама ба омӯзиш ва ифшо намудани далелҳои номӯътамад дар нутқи сиёсатмадорон нигаронида шудааст. Маҳз сиёсатмадорон ва сиёсаттарошон иқтидори қавӣ ва воситаҳои онро (пул ва таҷҳизот) барои таъсиррасонӣ ба табақаҳои васеи омма доранд ва аз ҳама муҳим ҳадафи ноил шудан ба вазну арзишмандии сиёсии муайян ва ташаккули афкори оммавии барномарезишуда доранд. Бино бар ҳамин усулҳо ва фанновариҳои дасткоришуда барои фазои иттилоотии муосир як дарди сар мегарданду донистани онҳо бештар дар дастрасӣ қарор мегирад ва каналҳои таъсиррасонӣ амиқтару муқтадиртар мешаванд.

Барои беҳтар бо тарафи муқобил (мухолиф) мубориза бурдан, ҳамаҷиниба омӯхтани он зарур аст. Аз бар намудани донишҳо оид ба моҳияти манипулятсия – ҷанбаи асосии кор ба бо мафҳуми далелсанҷӣ аст. Азин рӯ, ин мафҳумро муфассалтар дида мебароем.

Решаи калимаи “манипулятсия” аз калимаи лотинии “manus” – даст аст.

Дар ҳақиқат, агар лаҳзае мо тахайюл ва тасаввур намоем, ки моҳияти манипулятсия чист, асосан манзарае оид ба идоракунии ҳадафмандона ва мақсаднок бо чизе ё аз тарафи касе бо кӯмаки дастон ҷилвагар мешавад; идора намудани лӯхтакҳо бо ресмон ва аз ҳамин қабил корҳо. Инро бояд дар хотир дошт.

Дар луғот (луғатҳо)-и аврупоӣ калимаи “манипулятсия” чун амале шарҳ дода мешавад, ки ба объект/одамон ба ҳадаф ва нияти муайян равона шудааст. Манзур он аст, ки барои иҷрои чунин амалҳо чолокӣ ва маҳорат зарур аст. Маънои маҷозии замонавии калима-муомилаи моҳирона бо одамон ба унвони объектҳо ё ашё аз ҳамин ҷост. Қомуси англисии Оксфорд манипулятсиро ҳамчун “амали таъсиррасонӣ ба одамон ё идоракунии онҳо бо чолокӣ, махсусан, бо зермаънои беэътиноӣ, ҳамчун идоракунии пӯшида ё таъсиррасонӣ тафсир мекунад.

Ба маҳуми “манипулятсия” истилоҳи “макиавеллизм” – “истифодаи ҳилаву найранги хос дар идораи давлат ва ё умуман дар идоракунии маъмурӣ” наздик аст. Дар ин бора дар китобҳои Никколо Макиавелли — дипломати итолиявии аҳди Эҳё навишта шудааст.

Ин вожа истифодаи монанд дар равоншиносии муосир дорад ва он муомилаи байнишахсии носамимиро тавсиф мекунад, ки ба рафтори хунсардона ва амлагароёна бидуни эҳтиром қоил будан ба ахлоқ аст. Макиавеллизм дар забони аглисӣ дар охири асри шонздаҳ хеле машҳур шуд, ҳарчанд ки бори аввал дар қомуси Оксфорд дар соли 1626 оварда шуд.

Сарфи назар аз имтидоди замонӣ, маънии ҳар ду мафҳум тақрибан яксонанд. Гузашта аз ин, мафҳуми “макиавеллизм” барои фаҳмиши бештар амиқи хунсардӣ ва бераҳмии “манипулятсия” дар шарҳи замонавиаш мусоидат менамояд. Тибқи ченакҳои сиёсии имруз – манипулятсия воқеан абзори прогма тикии таъсиррасонӣ, равиши идоракунии маъмуриест, ки меъёрҳои ахлоқии аз ҷониби умум эътирофшударо намешиносад. Хусусияти он – ба ҳар воситае расидан ба ҳадаф аст.

Бояд қайд кард, ки таъсиррасонии манипулятивӣ кори пушида аст. Амаликунандагони он, чун қоида, бисёр талош мекунад, ки аз ин далел объекти таъсир огоҳ нашавад. Муваффақ шудани дасткорӣ замоне кафолат дода мешавад, ки ба онҳое ки равона шудааст, бовар мекунанд, ки ҳама чиз дар доираи қонун ва табиӣ рух медиҳад.

Чаро фанновариҳои манипулятсия дар замони мо чунин интишори васеъ пайдо карданд ва чаро барои оянда хатарзо ҳастанд? Ин бо сабаҳои зерин имконпазир шуд:

− усулҳои таъсиррасонии манипулятсионӣ ба шуур ва афкори ҷомеа дар равандҳои иттилоотӣ-иртибототӣ ворид карда мешаванд, самаранокии онҳо бо истифодаи қавӣ аз технологияҳои навтарини иттилоотӣ ва воситаҳои иртибо- тот ба маротиб меафзояд;

− афзоиши назарраси шумораи объектҳои таъсиррасонии манипулятивӣ дар натиҷаи дастрасии осон ба воситаҳои интишори иттилоот;

− мавҷуд набудани низоми босамари ҳимояи иҷтимоӣ-равоншиносӣ аз таъсиррасонии манипулятивӣ;

− тамоюли баланди қисми зиёди аҳолӣ ба таъсири бегона бо сабаби дурудароз дар шароити фишору садамаҳо (стресс)-и иҷтимоӣ/сиёсӣ)-и ҷангӣ будан;

− интишор ва истифодаи навтарин фановариҳои назоратнашавандаи манипулятсия (берун баромадани иттилот аз онҳо шадидан назорат карда мешуд);

комил набудани қонунгузорӣ ва бесамарии базаи меъёрӣ

-ҳуқуқӣ, ки тавассути онҳо имкони монеъ шудан аз истифодаи технологияи манипулятсия ё ба ҷавобгарӣ кашидани нафароне вуҷуд дошт, ки аз он кор мегиранд.

Ғолибан истифодакунандагони фанновариҳои манипулятсия ноил шудан ба ҳадафҳои зерро мақсад мегузоранд:

− афзудани клишеҳо (қолабҳо)-и сиёсӣ/иҷтимоӣ/ психологӣ;

− идеалсозии ҳодиса ё падидаҳои фардӣ-алоҳида;

− ташаккул додани муносибатҳои вафодорӣ ба гуруҳҳои алоҳидаи муассир/ шахсон ва дар оянда ташаккул додани ойини шахспарастӣ;

− интишори пешакии симои “созмонёфта ва моделсозишуда”-и шахсони алоҳида, созмонҳо, идеяҳо ва барномаҳо;

− заъиф гардонидани рақибон, ҳодисаҳо ва падидаҳо;

− таҳрифи далелҳои воқеӣ бо мақсади ҷойгузин намуда- ни нуқтаи назари зарурӣ, стериотипи ақидаҳо ва қолабҳои рафтории табақаҳои васеи аҳол;

− паҳн намудани овозаҳо, боло бурдани ташаннуҷ, ҳолоти ваҳмангез ва тарс.

Вазифаҳои стратегии дар боло зикршуда, ки дар пеши фанновариҳои манипулятивӣ ва нафароне истодаанд, ки аз он истифода менамоянд ва бо кӯмаки маҷмӯи абзорҳои муайян амалӣ мегарданд. Дар заминаи далелсанҷӣ мо бо унсурҳое вомехӯрем, ки дар нутқ, изҳорот ва тезисҳои шахсони маъруф-объектҳои тадқиқоти далесанҷҳо мавҷуданд. Маълум аст, ки ҳар сухангӯ вобаста аз ҳадаф, сатҳи донишҳои касбӣ, салоҳияти ҳирфавӣ, ҳаҷми огоҳиаш аз равишҳо ва таҷрибаи баромадҳои оммавӣ, омодагии равонӣ ва мизоҷаш аз усулҳои инфиродии манипулятсия истифода мебарад.

Ҳадафе ки барои ба он расидан одамони алоҳида ё гуруҳи шахсон аз техникаи манипулятивӣ истифода мекунанд, асосан рӯи шонаҳои чор чузъи таркибии асосӣ меистад, ки моҳиятан, матритсаи манипулятсиро ташкил медиҳанд:

− мунҳариф кардани манзараи аслии воқеа ва далелҳои ҳақиқӣ;

− ҳар чӣ бештар ворид шудан ба муҳити васеътари аудитория;

− пароканда кардани таваҷҷуҳ, афзудани ташаннуҷ, дарки мунҳарифи ҳодиса/падида;

− ташаккули симои шахсии мусбат, заъиф кардани рақибон.