Дидгоҳ | Муҳаммад (с) паёмовари сулҳ буд

17 апреля 2019
1169
Муаллиф: Rushnoi.org

Ҷомеашиноси фаронсавӣ — Эмил Дюрҳим (фр. David Emil Durkhim) мегӯяд, “Муҳаммад аз қабоили мухталифи дар ҳоли набард ва кашмакаш як уммати воҳид ва якпорча сохт” (ниг. “Ҳаёти Муҳаммад”, тарҷумаи арабӣ, саҳ 183).

Муҳаммад (с) дар чӣ ҷомеа паёми нубуват ва худошиносиро овард? Ӯ бо чӣ паёме вориди ҷомеаи пур аз фасод ва дур аз ҳар гуна ахлоқу рафтори инсонӣ гардид? Бо фармони қатлу куштор? Ҷанг? Террор? Ҳаргиз НЕ!

Дар шароите ки арабҳо фарзандони навзоди худро дар сурати духтар будан зинда ба гӯр мекарданд, дар шароите ки зулму ситам ва фасод одати рӯзонаи онҳо буд, Муҳаммад (с) нахустин паёми Қуръон ва амри китобе бо номи Қуръонро, ки бо он мабъус шуд, овард. Ва нахустин паём ва амри ин китоб бо калимаи “БИХОН” ғоз шуд.

“Муҳаммад (с) дар маъракаи саҳеҳи зиндагӣ, дар вазъияти саросар аз ҷаҳл ва барбарӣ ва ваҳшигарӣ ворид шуд” (ниг. “Таърихи ҳаёти Муҳаммад (с)”, саҳ.18).

Ҷаъфар ибни Абутолиб, ки яке аз сокинони аслии Макка аст, вазъи ахлоқии ҷазираи Араб, ба вижа шаҳри Маккаро дар ҳузури подшоҳи Ҳабашистон (Эфиопия) — Наҷошӣ чунин тасвир мекунад:

“Подшоҳо! Мо аҳли ҷоҳилият будем, бутҳоро парастиш мекардем ва гӯшти мурдор мехӯрдем ва аъмоли мунофии иффат анҷом медодем, риштаи хешовандиро қатъ мекардем ва бо ҳамсоя ба бадӣ рафтор менамудем ва тавонои мо нотавонамонро тӯъмаи хеш месохт” (ниг. “Набии раҳмат”, саҳ.90, таълифи Алома Абуҳасани Надавӣ, форсӣ).

Арабҳо дар Макка ва ҷазираи Араб дар ҷоҳилият ба сар мебурданд. Ин таърихи сиёҳро на танҳо таърихнигорони мусалмон, балки таърихнигорони ғайримусалмон низ эътироф доранд (муфассалтар ниг. “Таърихи Ислом”, пажуҳиши Донишгоҳи Кембриҷ, тарҷумаи Аҳмад Ором).

Дар чунин вазъият Муҳаммад (с) аз китобе паём овард, ки бино ба таҳлил ва ҳисоби муҳаққиқону муфассирони улуми қуръонӣ дар он калимаҳои “салом = сулҳ ва амният” бо тамоми хусусиёти он 140 маротиба ва калимаи “ҳарб = ҷанг” бо тамоми хусусиятҳои он ҳамагӣ 6 маротиба зикр гардидааст. Агар ба ҳисоби фоиз бишморем, калимаҳои сулҳ ва амният дар Қуръон 96 дарсад ва вожаи ҳарб, яъне ҷанг ҳамагӣ 4 дарсадро ташкил медиҳанд (муфассал ниг. “Паёмовари раҳмат”, саҳ.254-256, форсӣ).

Навиштаи муаррихон ва муҳаққиқону донишмандони улуми инсонӣ ва ҷамъиятшиносӣ нишон медиҳанд, ки он замон натанҳо ҷазираи Араб, балки тамоми ҷаҳон дар ботлоқи фасоди ахлоқӣ ва бебандуборӣ ба сар мебурд. Ва ҷойе вуҷуд надошт, то инсоният битавонад дар пайравӣ аз он худро ба ахлоқе, ки хоси одамӣ аст, ороста намояд ё дар бархӯрд ба он сари инсоният ва офариниши ҷаҳони ҳастӣ биандешад.

“Дар шароите ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) мабъус шуд ҷаҳон ҳамчун биное буд, ки бо зилзилаи қавӣ сахт такон хӯрда буд. Ҳеч чиз сари ҷояш набуд; бархе аз биноҳо харобу сутунҳояш шикаста ва бархеи дигар хамида буд; қисме ҷойгоҳи аслиашро раҳо ва ҷойи дигареро ишғол карда буд. Муҳаммад (с) инсонеро дид, ки инсонияташ барои вай аҳмияти худро аз даст дода буд. Вай инсонеро дид, ки санг, дарахт, дарё ва ҳар ончиро ки тавони нафъ ва зарар барои хеш надорад, мепарастад” (“Инҳитоти мусалмонон”, саҳ.128).

Дар чунин вазъи бади ахлоқиву иҷтимоӣ, ки хабаре на аз илм буду на аз дониш Муҳаммад (с) мисли офтобе, ки ҷаҳонро бо нури худ равшан мекунад, зуҳур кард. Ӯ дар камоли адаб, ахлоқ ва сабру ҷавонмардии бемисл мардумро ба сӯйи дин ва шариате, ки аз ҷониби Худованд ба он мабъус шуда буд, даъват мекард. Даъватҳои ӯ, ки ба сӯйи яктопарастӣ ва раҳоӣ аз ширку бутпарастӣ сурат мегирифт, дар айни замон саршори муҳаббат, раҳмат ва сулҳу оромиш буд. Дуронӣ чунин менависад: “Яке аз бузургтарин ҷурмҳо ва гуноҳон он аст, ки ин марди раббонӣ мавриди инкор қарор бигирад (ва ҳар навъ иттиҳоми бад дар ҳаққи ӯ асос надорад)” (ниг. “Паёмовари раҳмат”, саҳ 150, форсӣ).

Даъватҳои Расули акрам дар Макка ба сӯйи яктопарастӣ ва дурӣ аз ширку будпарастӣ бисёр оромона ва шаффоф сурат мегирифт. Чаро шаффоф? Зеро Муҳаммад (с) ҳадафу барномаҳои худро ошкоро ба пайравонаш мегуфт ва ҳеч ҳиллаву найранг ё кадом манофеи дунявӣ дар миён набуд. Ҳангоми таҳқиқ дар мавриди сирати Расули акрам ҳеч шиканҷа, озор, таҳдид, фишор ё ҳиллаву найранге гузориш нашудааст, ки ӯ нафареро аз ин тариқ мусалмон карда бошад.

Донишманди инглис — Ҳайдлӣ Лурд, ки баъди тадқиқот оид ба ҳаёти паёмбар соли 1914 Исломро пазируфт, дар китобаш бо номи “Марди ғарбӣ ба ҳуш омад ва Исломро пазируфт” чунин менависад:

“Ҳаргиз Муҳаммад (с) дигаронро ба пазириши Ислом маҷбур накардааст”.

Ӯ воқеан аз дари сулҳ вориди ҷаҳони нав шуд. Ӯ нагуфт ҳамаи ин ҷоҳилонро қатли ом карда, аз сари нав инсонҳои дигареро бояд тарбия кард. Ӯ инсонҳоро чунон тарбия кард ва ҷаҳони харобгаштаи онҳоро таъмир намуд, ки кору пайкори онҳо намуна ва улгу барои башарият шуд. Саҳафоти таърих тиллоранг аз ҳилму сабру ахлоқу адаби онҳо гашт.

Ҳангоми баҳсу гуфтугӯ бархе муҳаққиқону зиёиён далели таблиғи ороми Муҳаммад (с)-ро дар Макка ва бо душманонаш муборизаи мусаллаҳона накардани ӯро ба он рабт медиҳанд, ки Ислом ҳанӯз қавӣ набуд ва пайравони Муҳаммад (с) заиф буданд. Ин иттиҳом асос надорад, зеро аллакай дар Макка Абубакри Сиддиқ, Алӣ, Усмон, Ҳамза писари Абдулмуталиб, Умар писари Хатоб (Худо аз ҳамаи онҳо розӣ бошад), ки аз оилаҳои бонуфуз ва шахсиятҳои қавии шаҳри Макка буданд, ислом оварда буданд.

Инчунин аз хонаводаҳои бонуфузи Макка фарзандон ва ғуломонашон аз Муҳаммад (с) ва шариати ӯ пайравӣ мекарданд. Бале, он вақт дастуроти ҷанг аз сӯйи Худованд содир нагашта буд, аммо таърих гувоҳ аст, ки ин афрод дар муқобили он ҳама зулму ситам ва қатлу куштор ва террорҳое, ки мушрикони Макка алайҳашон анҷом медоданд сабр ва шикебоӣ пеша кардаанд. Зеро Муҳаммад (с) асло намехост, зери зулму фишор ва қатлу куштор паёмашро, ки аз ҷониби Аллоҳ ба ӯ дастур мешуд, ба мардум бирасонад. Файласуф ва шарқшиноси фаронсавӣ — Эдвард Монет (фр. Edouard Manet) дар китоби “Ал-араб” чунин менависад: “Муҳаммад боҳуштарин, одилтарин ва меҳрубонтарин инсоне аст, ки таърих  дидааст”.

Муҳаммад (с) аз рӯзи оғози даъваташ ҳамвора ва таҳти ҳар шароите мардумро ба сулҳу ҳамзистии мусолиматомез дар канори ҳамдигар даъват мекард ва то охирин лаҳзаи ҳаёташ ин амри муҳим барои башариятро барои пайравонаш таълим дод. Ин гуфтаҳо барои ӯ шиор набуд, балки қотеона ба он амал мекард. Ба таъбири Лурд — донишмандӣ инглис, “Муҳаммад пайваста барои ҳифзи хунҳо талош мекард”.

Зулму фишор бар Муҳаммад (с) ва пайравонаш то ҷойе пеш рафт, ки ҳатто Сумайя, духтари Хаёт ва шавҳараш Ёсир писари Омир, ки аз нахустин исломовардаҳо буданд, аз тарафи оли Муғира ба шаҳодат расиданд. Зулм бар Билол писари Равоҳа, Аммор писари Ёсир ва садҳо пайравони нав имоновардаи Муҳаммад (с)-ро таърих кам дар хотир дорад (муфассал ниг. “Родмардоне дар артофи паёмбар” (с).

Ин оғози шариате аст, ки таҳти ҳама шароит ба худаш иҷоза надод, ки як низоъ ва ошуби хурдеро ҳам бар по кунад то дар он як инсон ба ҳалокат бирасад. Пас маълум мешавад, ки сарчашма ва оғози шариати ноби Муҳаммад (с) пок, соф ва дур аз ҳар гуна амали террористию экстремистӣ аст.

Дар хулосаи ин мавзӯъ бояд ба як масъала диққати ҷиддӣ бидиҳем, ки Ислом ба сулҳу оштӣ ва зиндагии сулҳомез таъкиди махсус дорад. Шиоре ки Муҳаммад (с) ба пайравонаш омӯхт ва он як амри воҷиб ва лузумӣ барои тамоми мусалмонҳост, ин “Ассалому ъалайкум” мебошад, яъне сулҳу оромиш ва оштӣ аз ҷониби Худо ва ман ва мардум бар шумо бод ва ҳамеша дар сулҳ қарор бигиред. Ин шиор ба сурати як шиори калидӣ рӯзона миллионҳо маротиба тавассути мусалмонҳо такрор мешавад. Ҳамчунин Ислом гуфтани ин ҷумларо дар охири ҳар намоз воҷиб кардааст. Ин аст бархӯрди Муҳаммад (с) ва шариаташ ба инсонҳо. Ҳамин далел кофист бар ҳамаи онҳое, ки хунгармӣ, ифрот ва хушунатро бар мусалмонҳо нисбат медиҳанд. Дарвоқеъ Муҳаммад (с) паёмовари сулҳ буд, на ҷанг!

Далер Шарифов