Сари буридаи хони қазоқ. Ҳикояти дигари фирори халабонони рус аз Қандаҳор

19 апреля 2019
1637
Муаллиф: Rushnoi.org
Аз чап ба рост: Владимир Шарпатов ва Кенесари хони қазоқ

Ишора: Моҳи феврали соли 2006 дар Лондон конфронсе барои Афғонистон барпо шуд. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ки дар он ширкат дошт, ба “ҳузури номатлуб”-и Толибон дар парлумони Афғонистон ишора кард.

Суханони вазири рус муаллифи ин сатрҳоро ба суҳбати Абдусалом Рокетӣ, собиқ соҳибмақоми Толибон ва он вақт узви парлумони Афғонистон, овард. Ӯ Лавровро ба дахолат дар умури дохилии Афғонистон муттаҳам кард. Рокетӣ, ки ба дарӣ дуруст ҳарф намезад, бо ҳамон лаҳҷаи хоси худ ва ғазаби омехтаи ифтихор ба шикаста шудани русҳо ва корномаҳои муҷоҳидин дар ҷиҳоди Афғонистон пардохт.

Он лаҳза фирори халабонони рус ба ёдам расид. Ба хотири бештар водор кардани ӯ ба суҳбат, ҳамин ҳодисаи фирори бесобиқаи соли 1996–ро ёдовар шудам, ки дар пойтахти аслии Толибон – Қандаҳор иттифоқ афтод. Ҳеч фаромӯшам намешавад, ки чашмони Рокетӣ аз миёни лунгӣ (салла)–и бузурги пайваста бо риши анбуҳи чеҳрааш рост ба чашмони ман дӯхта шуда буданд ва дар ҳоле ки ҳарфҳои маро бо диққати том мешунид, гуфт:

“Ҳатто агар ҷин мешуданд, ки аз дасти мо наметавонистанд фирор кунанд. Ин ҷо гапи дигар аст. Бирав, ки вақти гуфтанаш нест”.

Рокетӣ аз фармондеҳони матраҳ ва солҳои 1995–1996 волии Толибон дар вилояти Вардак буд. Нуктаи муҳиме, ки ман аз суҳбати ӯ берун оварда будам, ин буд, ки халабонони рус фирор накарда, балки раҳо шуда буданд. Ҳаводиси муҳими таърихӣ ба фарзияҳои мухталиф ривоят мешаванд. Ин ҳам як ривояте аз ҳодисаи фирори халабонони рус аз асорати Толибон дар соли 1996 аст.

Васияти Дудаев

Яке аз афроди наздик ба Аҳмадшоҳи Масъуд фирори халабонони рус аз асорати Толибон дар соли 1996–ро ба гунаи дигар қисса мекунад. Эътирофоти ӯ ривоятҳои 25 сол ба ин сӯ ҳоким дар матбуоти ҷаҳониро таҳти суол қарор медиҳанд.

Мавсуф Наим Амирӣ (номи шартӣ) аст, ки тобистони соли 1996 барои баррасии масъалае бо мақомоти покистонӣ дар Исломобод қарор дошт. Покистон он замон бо ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ дар Кобул аланӣ хусумат меварзид, аммо ҳалли масоиле, аз ҷумла марбут ба умури башарӣ, ҳамкорӣ мекард.

Амирӣ дар Ровалпинди тасодуфан бо Ваха Иброҳимов, собиқ мушовири Ҷавҳар Дудаев, раиси Ҷумҳурии чечени Ичкериё (1991-1996) дучор омад. Онҳо чанд сол пеш зимни ҷаласае дар Маскав ошно шуда буданд. Иброҳимов мехост бо раҳбари Толибон – Мулло Умар мулоқот кунад ва дар ин амр ба кӯмаки мақомоти покистонӣ ниёз дошт. Вай гуфт, мехоҳад аз Толибон ҳамон ҳафт халабони русро, ки дар асораташон ба сар мебаранд, таҳвил бигирад, то чеченҳо тавонанд бо русҳо вориди як муомилаи сиёсӣ шаванд. Чеченҳо, тибқи як васияти Ҷавҳар Дудаев, мехостанд ин халабонҳоро бо сари Кенесари, охирин хони қазоқ, ки дар як музейи Русия нигаҳдорӣ мешуд, табодул кунанд.

Кенесари, валади Қосим Султон, хони шашум ва охирин, ҳамзамон раҳбари шӯришиёни қазоқ буд, ки алайҳи русҳо дар солҳои 40–уми асри 19 меҷангид. Амири Бухоро расман ӯро хони қазоқҳо эътироф карда буд, аммо шоҳи сафед Николайи Аввал ӯро ба расмият намешинохт. Вақте дар ҳудудҳои Қазоқистони имрӯз хон Кенесари аз дасти русҳо ба танг омад, ба қаламравҳои кунунии Қирғизистон фирор кард ва пуштибонии манопҳои қирғизро ба даст овард. Аммо қирғизҳо яке аз баҳодурони дӯстдоштаи ӯро куштанд. Миёни Кенесари ва қирғизҳо ҷанг ба вуқӯъ пайваст. Муттаҳидони хон – ду султони қазоқ — Рустам ва Сипатай ба ӯ хиёнат карданд — ӯро дар майдони ҷанг танҳо гузошта, рӯ ба фирор оварданд. Кенесари мағлуб ва асир шуд. Манопи Қирғиз  — Ҷантай (ба ривояти дигар, Ормон) сари ӯро аз тан ҷудо кард ва онро ба нишони вафодории қирғизҳо ба Шоҳи Сафед ба генерал – губернатори Сибири Ғарбӣ тӯҳфа фиристод.

Кенесари/акс аз infоrmburо.kz

Мардуми қазоқ тайи ин ду аср бар ин бовар буд, ки сари хони онҳо дар Кунсткамера ё утоқи маводи нодири Санкт – Петербург, ки аз сӯи Пётри Кабир асос гузошта шуда буд, нигаҳдорӣ мешавад. Қазоқистон фақат соли 2004 расман аз Русия баргардонидани сари хони худро талаб намуд, вале посухи манфӣ гирифт. Гуфтанд, ки чунин чизе дар музейҳои Русия вуҷуд надорад ва ин ҳама ривояте беш нест. Аммо Дудаев, низомии собиқи Шӯравӣ, бовар ва ҳисобҳои дигар дошт. Ӯ мехост сари хони қазоқҳоро ба Қазоқистон оварда, бо бақияи танааш ба висол расонад ва аз ин роҳ мӯҷиби “бедории ғайрати қазоқҳо” алайҳи русҳо шавад. Аммо замоне, ки Ваха Иброҳимов ба Исломобод омад, Дудаев зинда набуд. Раҳбари Ҷумҳурии чечении Ичкериё, яке аз сарсахттарин мухолифони Русия, 21 апрели соли 1996 аз сӯи хадамоти махсуси рус аз саҳнаи сиёсӣ ҳазф шуда буд. Ҷанги аввали русу чечен (1994 – 1996) низ идома дошт.

Ваха Иброҳимов он замон мушовири Салимхон Яндарбиев, вориси Дудаев буд. Ӯ ба Исломобод омад, то васияти Ҷавҳар Дудаевро ҷомаи воқеият пӯшонад. Ӯ бовар дошт, ки Толибон дар ин кори бузург чеченҳои мусалмонро, ки барои истиқлолияти худ меҷангиданд, кӯмак хоҳанд кард. Амирӣ ба ӯ машварат дод, ки ба Пешовар равад ва бо Мавлавӣ Амир Кабир, як раҳбари матраҳи Толибон мулоқот кунад. Аммо Ваха Иброҳимов ҳанӯз дар Исломобод буд, ки хабари нохуше барояш расид…

Тасодуфе дигар

Аз қазо Амириро як дидори тасодуфии дигар дар камин буд. Ҳамон рӯз ӯ дар маҳалли мавсум ба “Анклави дипломатӣ” – и Исломобод бо Замир Кобулов, дипломати маъруфи рус (ҳоло намояндаи хоси раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон) дучор омад.

Дар шарҳи зиндагии Кобулов гуфта нашудааст, ки он сол (1996) ӯ дар кадом симмат ва дар куҷо фаъолият дошт. Он чӣ то ин замон ӯро бо Покистон мепайваст ба солҳои 1991 – 1992, замоне, ки мушовири сафоратҳои Русия дар Кобулу Исломобод буд, бармегардад. Аммо дар шарҳи ҳоли ӯ гуфта мешавад, ки Кобулов соли 1995 дар музокирот бо Толибон барои раҳоии дастаи сарнишинон (экипаж) — и Ил-76, ки дар асорат дар Қандаҳор ба сар мебурд, фаъолона ширкат дошт. Ӯро ҳатто “музокиракунандаи аслӣ” ном бурдаанд.

То он замон Кобулов ду маротиба дар амри расидан ба мулоқоти Мулло Умар ноком шуда буд. Раҳбари Толибон ӯро намепазируфт. Аммо пас аз кӯшиши сеюм ва мусоидати покистониҳо ӯ тавонист ба ҳузури Мулло Умар расад. Амирӣ бо Кобулов низ дар яке аз конфронсҳои марбут ба Афғонистон дар Маскав шинос шуда буд. Вай мегӯяд, Кобулов хеле хуш ва сари ҳол буд — ҳамон рӯз Толибон барои озодии халабонони рус ризоият дода буданд. Кобулов аз шарту шароит ва муомилае, ки ин озодӣ ё пирӯзии дипломатияи русро фароҳам сохта буд, чизе ба забон наовард. Вале ин хабар Ваха Иброҳимовро, ки барои сафар ба Пешовар омодагӣ медид, сахт ҷигархун кард…

Қиссаи асорати халабонони русро расонаҳои ҷаҳонӣ то ба имрӯз бо як сужа сабти таърих кардаанд. Тайёраи Ил-76 – и ширкати “Аэростан” – и Тотористони Русия 3 августи соли 1995 бо 30 тон (1200 қуттии тиру дигар муҳимоти туфанг) аз шаҳри Тирана, пойтахти Албания ба фурудгоҳи Багроми Афғонистон ба парвоз омад. Муҳимотро, тибқи як қарордод, ҳукумати Раббонӣ – Масъуд аз Албания харидорӣ карда буд. Аммо замоне, ки тайёра аз ҳарими ҳавоии Афғонистон убур мекард, дар фазои Қандаҳор таҳти таъқиби МиГ-ҳои шикории Толибон қарор гирифт. Халабони МиГ, ки ба русӣ хуб ҳарф мезад, онҳоро ба нишастан амр дод. Толибон ҳангоми бозрасии тайёра дар қатори муҳимоти ҷангии қонунӣ чанд пуста (снаряд) – и ғайриқонунӣ низ пайдо карданд ва 7 сарнишинро, ки барои душмани онҳо – нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд силоҳ мебурданд, ба асорат гирифтанд.

Раҳбарии ширкати “Аэростан” – и Тотористон зимни нишастҳои матбуотӣ бар ин таъкид мекард, ки бори тайёраи онҳо ҳеҷ мухолифате ба қонунҳои байнулмилалӣ надошт, чун ҳамлу нақли ин қабил муҳимотро ин қавонин иҷоза додаанд. Аз сӯи дигар, ин парвози сеюм (ба қавле дигар, дувум) – и Ил-76 ба Багром буд ва ҳам ҳамкории Русия бо ҳукумати Кобулро собит мекард.

Сарнишинони Ил-76 як солу 13 рӯз асири Толибон буданд. Дар ин миён Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз Толибон ду маротиба тақозо кард, ки онҳоро бидуни қайду шарт раҳо кунанд. Вазорати хориҷаи Русия аз Амрико, Арабистони Саудӣ ва Покистон низ кӯмак хост, ки натиҷае ба бор наовард.

Толибон бар ивази асирон аз Русия хостанд, ки собиқ мақомдорони ҳукумати коммунистӣ ва Хадамоти амнияти Афғонистон (ХОД) — ро таслим диҳад. Маскав ин шартро напазируфт. КамАз — ҳо, чархбол, қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳо ва ҳатто беш аз ду миллион доллар пули нақд ба Толибон пешниҳод шуд, аммо ин ҳама мавриди қабули онҳо нагардид. Ниҳоят, як сенатори амрикоӣ ба номи Ҳанк Браун, яке аз пуштибонони Толибон дар Амрико, даст ба кор шуд ва Толибонро ҳадди ақал ба ин мутақоид сохт, ки халабонҳо бояд тайёраро таҳти муроқибат гиранд, вагарна он тахриб мешавад ва барбод хоҳад рафт. Ҳамин гуна, заминаи фирори халабонҳо фароҳам шуд.

16 августи соли 1996, вақте Толибон машғули адои намози ҷумъа буданд, сарнишинони Ил-76 се ҷангии онҳоро асир гирифта, аз ҳарими ҳавоии Эрон ба Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб фирор карданд. Толибон дар ин робита як ҷаласаи изтирории Шӯрои марказии худро даъват карданд. 17 август Вакил Аҳмад Мутаваккил, сухангӯи ҷунбиш дар Қандаҳор, фирори халабонҳои рус ва ба асорат афтодани 3 толибро таъйид кард. Вай гуфт, ду МиГ-и шикорӣ ба таъқиби онҳо фиристода шуданд, вале яке натавонист парвоз кунад, дигарӣ 45 дақиқа пас ба парвоз омад ва ба сабаби номусоид будани обу ҳаво тайёраи русҳоро дар фазо гум кард. Аммо Мутаваккил гуфт, тайёраи русҳо сӯзишвории кофӣ надошт, ки ин қадар дур равад ва ин қазия таҳти таҳқиқ қарор гирифтааст. Мутаваккил ҳамкории эрониҳо бо русҳо ва харида шудани муҳофизонашонро рад карда, кӯтоҳ гуфт: “Ин талоши ҷасуронаи фирор буд, ки аз ӯҳдааш баромаданд”.

Филми «Қандаҳор»/акс аз pikаbu.ru

Халабонҳо ба Русия баргаштанд. Фармондеҳ ва пилоти дуввум унвони “Қаҳрамони Русия” ва бақия нишони “Мардонагӣ” гирифтанд. Соли 2010 як филме бо номи «Қандаҳор» низ бар пояи ин ҳодиса манзури бинандагон шуд. Расонаҳо ба масобаи ҳадсу гумон фарзияи пардохти пули газоф барои раҳоии ҷони халабонҳоро низ зикр карданд, аммо ҳеҷ далели мувассақе дар ин бора ироа нашуд. Касеро ҳам эътирофи ҷасорати халабонҳо рус аз сӯи Мутаваккил ва “ҳавои номусоид” ба пушти пардаи ин иттифоқот мутаваҷҷеҳ накард.

Владимир Шарпатов, фармондеҳи ҳавопаймо тайи ин солҳо бор – бор бо хабарнигорон мусоҳиба анҷом дод. Ӯ аз зиндагии вазнин дар Қандаҳор, ки тобистонҳо то 50 дараҷа гарм мешавад, хӯроки бад, фишорҳои равонӣ, таҳдидҳо ба марг, кӯшишҳои иҷбории мусулмонкунӣ ва ояндаи торики сарнавишти худ қисса мекунад.

Аммо дар ин қисса нуктаҳои пинҳоне буданд, ки ҳеҷ яке аз расонаҳои ҷаҳонӣ боре ҳам ба онҳо мурур накард ва кам касе ҳам таваҷҷӯҳ накард, ки қазия фаротар аз ин аст. Он чиро ки Шарпатов ҳеҷ гоҳ шояд аз ноогоҳӣ, ё огоҳона қисса накард…

Бут, ки буд!?

Лозим аст ба чанд нуктаи муҳим, ки дар даҳҳо матлаб аз ин ҳодиса руҷӯъи кофӣ нашудааст, рӯшанӣ андозем. Дар асл халабонҳои рус дар Қандаҳор зиндагии баде надоштанд. Он чӣ дар қиссаҳои Шарпатов гуфта ва филми “Қандаҳор” намоиш дода мешавад, бо аксҳое, ки аз ин айём ба нашр расидаанд, чандон ҳамхонӣ надорад. Дар ин аксҳо дида мешавад, ки халабонон, минҳайси гаравгон зиндагӣ мекарданд, на асир. Мардуми маҳал низ бо онҳо тамоси доимӣ ва озод доштанд. Духтуре, ки аз Маскав барои халабонҳо фиристода буданд, қандаҳориҳоро низ муоина мекард. Ширкати “Аэростан” низ онҳоро фаромӯш накарда буд. Намояндааш зуд-зуд ба онҳо хӯрданиву дигар заруриётро меовард. Замир Кобулов низ онҳоро медид.

Муаллифи ин сатрҳо қиссаҳои онҳоеро низ шунида буд, ки дар зиндони Толибон буданд. Ин қиссаҳо мутафовит ва даҳшатангез буданд. Худ ин далел, ки халабонҳо дар “ҷигари Қандаҳор” – пойтахти аслии ифротитарин ҳукумати ҷаҳон, ба истилоҳ, таги бинии “ращбари ифротиён” — Мулло Умар ва “террористи №1 – и ҷаҳон” – Усома ибни Лодан, боз дар ҳавлии шаҳрдор лучу бо шорт мегаштанд, як халта суолу шубҳаро тавлид мекунад. Ин асорат нест, як чизи дигар аст.

Ғулом, пилоти МиГ-и Толибон, ки бо русӣ ҳарф мезад, парвардаи мактаби ҳавонавардии Русия ва аз коммунистони “халқӣ” буд. Ӯ бо халабонҳо озод рафтуомад мекард. “Халқиҳо” бо раҳбарии Шаҳнавоз Танай, вазири дифои Афғонистон (1988—1990) дар ҳукумати Наҷибуллоҳ (1986—1992), аз нерӯи асосии Толибон ба ҳисоб мерафтанд. Умури амалиётии истихборот ва артиши ҷунбиш умдатан дар дасти онҳо буд. Тонку тӯп ва тайёраҳои Толибонро низ маҳз онҳо мечархонданд.

Александр Маловечкин, ки солҳои 90-ум минҳайси механики ҳавопаймои Ан-12 дар масири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Афғонистон парвоз мекард (як муддат мудири кулли ширкати «AirUnion» буд) ва замони асорати халабонҳо гузораш ба Қандаҳор низ афтода буд, ривояти дигаре ба даст медиҳад. Ӯ аз қавли Азиз ном танзимкунанда (диспетчер)-и фурудгоҳи Қандаҳор мегӯяд, Шарпатов хуб медонист, ки тайёра моли ғайриқонуниро интиқол медод ва ӯро ҳушдор дода буданд, ки аз ин масир парвоз накунанд, чун Толибон огоҳанд ва дар фикри дастгирии онҳо мебошанд.

Интиқоли 30 тун муҳимот барои нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъудро ширкати “Трансавиа” – и қочоқбари маъруфи силоҳ – Виктор Бут бар дӯш дошт. Бут зодаи Тоҷикистон буда, дар Русия чандин донишгоҳи низомиву ҳавонавардиро хатм кардааст. Ӯ авоили солҳои 90 – и асри гузашта, пас аз суқути Шӯравӣ ширкати “Трансавиа”-ро таъсис дод, ки ба интиқоли молу коло ва одамон дар саросари ҷаҳон машғул буд.

Аммо соли 1996 Бут он гуна, ки имрӯз ҳаст, шуҳрат надошт. Бо иттифоқи Замир Кобулов ва дигар миёнҷиён барои раҳоии халабонҳо талош мекард. Соли 2008 Бут дар Таиланд бо тақозои амрикоиҳо боздошт ва ба Ню-йорк истирдод шуд. Амрико нахуст ӯро ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мекард, аммо то замони ҳукмаш маълум шуд, ки Бут дар Африқо ва Амрикои Лотин бо қочоқи силоҳ машғул буд. Пас аз ҳодисаи Ил-76 “Ал-қоида” ва “Толибон” низ ба мизоҷони ӯ табдил ёфта буданд. Бино ба иттилои хадамоти ҷосусии Бритониё (МИ-6) Бут фақат ба Толибон дар ҳаҷми 30 ило 50 миллион доллар силоҳ фурӯхтааст.

Амирӣ мегӯяд, муҳимоте, ки Ил-76 ба нерӯҳои Масъуд меовард, тибқи як созишнома на аз Албанистон, балки Булғористон ва бо миёнҷигарии русҳо харидорӣ шуда буданд. Соли 1998 Масъуд боре эътироф кардааст, ки силоҳро ӯ аз “мафияи рус” мегирад. Аммо он замон кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Албанистон ва Булғористон барои узвият ба Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) гомҳои нахустини хешро мебардоштанд. Онҳо дигар ба силоҳҳои боқимонда аз даврони узвияташон дар Созишномаи Варшава (1955) ниёз надоштанд. Силоҳҳои шӯравӣ ба моли тиҷорат табдил ёфта буданд ва ширкатҳое, назири “Трансавиа”, онҳоро аз Аврупои Шарқӣ ба гӯшаҳои мухталифи дунё интиқол медоданд.

Ин овоза, ки Толибон халабонҳоро ба Ҷавҳар Дудаев таслим медиҳанд, низ аз ҳамон оғоз вуҷуд дошт. Фақат маълум набуд, ки роҳбари чеченҳо бо онҳо чӣ мехост кунад. Ин овоза низ афтода буд, ки Минтемир Шаймиев, президенти Тотористон дар ин робита ҳатто бо афроди Дудаев дар Шарҷа мулоқот кардааст. Оё то куҷо Дудаев муваффақ шуда буд, ки Толибонро муътақоид кунад? Дар ин бора маълумоте нест. Ҳузури Ваха Иброҳимов дар Исломобод собит мекунад, ки чеченҳо ҳеҷ пешрафте дар ин замина надоштанд. Аммо бо ин ҳама, ҳақоиқе, ки сарашон тамаркуз нашуд, ҳамоно “нӯги пиряхи бузург” буданд…

Тарҳи “Зоҳиршоҳ”

Хонум Робин Рафел (Robin Raphel), ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ тобистони соли 1996 дидори сеюм ва охирини худро бо Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи Афғонистон дар Қасри Истолифи Парвони Афғонистон анҷом дод. Ӯ ба Масъуд гуфт, пушти Толибон манофеи Амрико истодаанд ва ӯ бояд бо онҳо канор ояд. Вай гуфт, Амрико мехоҳад дар Афғонистон як ҳукумати технократҳоро сари кор орад ва ҷангҳои Масъуд бо Толибон ягона монеа дар амалисозии ин тарҳ мебошанд.

Амрикоиҳо ҳукумати Раббонӣ – Масъудро ба чанд далел қабул надоштанд: 1) он бо ҳамсӯии Амрико ташкил нашуда буд; 2) ҳукумати тоҷикон буд, ки бо режими Эрон қаробати қавмиву забонӣ дошт. Амрико ва Саудӣ, рақибони Эрон буданду ҳастанд. Туркӣ Файсал, вазири амнияти Саудӣ ба сароҳат гуфта буд, ки Масъуд ва муҷоҳидонаш бо забони эрониҳо гап мезананд; 3) Покистон, шарики дигари стратегии Амрико дар минтақа, низ ин ҳукуматро намехост. Исломобод аз паштунҳо ҳимоят мекард ва ба шеваи Иттиҳоди Шӯравӣ мехост як ҳукумати дастнишондаи худро сари кор орад. Он чӣ Масъудро дар муқобилаш қарор дод.

Масъуд ба Рафел ба сароҳат гуфт, ки агар онҳо мехоҳанд сари мардуми Афғонистон ҳукумати худро қабулонанд, ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳад пазируфт. Ӯ пакулашро рӯи миз гузошт ва ҳамон сухани таърихиашро гуфт:

“Агар то андозаи ҳамин пакул бароям ҷой монад, якпоя меистам ва алайҳи шумо меҷангам”.

Амрико ҳукумати Толибонро низ қабул надошт. Барномааш дигар буд – ташкили як ҳукумати муваққат бо роҳбарии Зоҳир, шоҳи собиқи Афғонистон (1933 – 1973). Аммо ин ҳам ҳарфи нав набуд. Ин ҷо мо ба тафсилоти бештар ниёз дорем, то бифаҳмем, ки қазияи халабонони рус дар Қандаҳор чӣ нақше дар таърихи Афғонистон ва рақобатҳои азалии Русияву Амрико ё “Бозии бузург” дошт.

Зоҳиршоҳ як раҳбари истисноӣ дар таърихи Афғонистон аст. Ҳарчанд низоми шоҳӣ буд, 40 соли ҳукумати ӯ шояд танҳо мақтаи таърихист, ки Афғонистон осоишу рифоҳ дошт ва қадамҳои нахустини худро дар рушди демократия бардошта буд, он чӣ дар кишварҳои атроф дида намешуд. Мардуми аз ҷангҳо хаставу безори Афғонистон дардаҳаҳои 80 ва 90 даврони ӯро бо некӣ ёд мекарданд. Ӯ ба як рамзи сулҳу субот ва ислоҳоту рушд табдил ёфта буд. Нерӯҳои дохилӣ ва қудратҳои хориҷӣ мехостанд ӯро барои расидан ба аҳдофи хеш истифода намоянд.

Аввалин ҷонибдорони Зоҳиршоҳ дар миёни танзимҳои ҷиҳодӣ пайдо шуданд. Аз 7 се танзим (Ҳаракати инқилоби исломии Муҳаммад Набии Муҳаммадӣ, Муҳози миллии Саид Аҳмад Гелонӣ ва Ҷабҳаи наҷоти Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ), ки монархист ё роялист буданд, аз Зоҳиршоҳ мехостанд раҳбарии ҷиҳодро бар дӯш гирад, то дар Афғонистон як ҳукумати мунтахаби демократӣ сари кор ояд. Аммо раҳбарони бақия чор танзим, аз ҷумла Бурҳониддин Раббонӣ ва Гулбиддин Ҳикматёр, ки “бунёдгаро” муаррифӣ мешуданд, инро қабул надоштанд. Онҳо низоми исломиро тарҷеҳ медоданд.

Л. Брежнев ва Зоҳиршоҳ/акс аз biоgrаphy.wikirеаding

13 ноябри соли 1986 сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул як номаи маҳрамонае ба Бюрои сиёсӣ фиристод. Бино ба он, аз қавли Доктор Наҷибуллоҳ, раҳбари ҷадиди Афғонистон, гуфта мешуд, ки бояд Зоҳиршоҳро баргардонд ва ӯро раиси Ҷабҳаи миллии ватанӣ ё раиси парлумон таъйин кард. Худи ҳамон рӯз Бюрои сиёсии Ҳизби коммунияти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти раёсати Михаил Горбачёв ба машварат нишаст ва қарор қабул намуд, ки дар ҳалли қазияи Афғонистон бо шоҳи собиқ тамос барқарор шавад. Шӯравиҳо ба ин натиҷа расида буданд, ки режими коммунистӣ ва мухолифони исломии онҳо ҳеҷ гоҳ оштӣ намекунанд, аз ин хотир, бояд як маркази мӯътадили сиёсӣ таҳти сарварии Зоҳиршоҳ ба вуҷуд ояд, то ба ҷанги дохилӣ дар Афғонистон хотима дода шавад. Дипломатҳо ва истихбороти шӯравӣ чанд дафъа бо Зоҳиршоҳ тамос гирифтанд, вале ин талошҳо ба нокомӣ анҷомиданд.

Соли 1987 аввалин тарҳи мусолиҳа аз сӯи Диего Гордоветс, фиристодаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон пешниҳод шуд. Бино ба ин тарҳ, як давлати эътилофие иборат аз муҷоҳидин, паноҳандагон, шахсиятҳои интихобӣ, Ҳизби демукротики халқ ва раҳбарони табъидии афғон бояд рӯи кор меомад. Аммо он қабули Вашингтону Исломобод ва муҷоҳидин нашуд. Онҳо дар ҳукумати ояндаи Афғонистон нақше барои коммунистон ва кадом як шоҳи собиқ ба номи Зоҳиршоҳро намедиданд.

Вашингтон соли 1990 фикрашро тағйир дод ва ба ин далел, ки ба сулҳи Афғонистон мусоидат намояд, хост Зоҳиршоҳро вориди саҳна кунад. Маскав аз ин тарҳ ҳимоят кард, аммо муҷоҳидин онро напазируфтанд. Вашингтон, бахусус пас аз он ба хашм омад, ки Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон ба террори Сайид Бурҳонуддин Маҷрӯҳ дар Пешовар муттаҳам шуд. Маҷрӯҳ миёни паноҳандагони афғон дар Покистон як назарсанҷӣ анҷом дода буд, ки бино ба он, 72 дарсад ба унвони раҳбари ояндаи Афғонистон Зоҳиршоҳро бар раҳбарони муҷоҳидин бартарӣ дода буданд.

Январи соли 1992 Бутрос Ғолӣ, дабири кулли СММ, аз нерӯҳои сиёсии Афғонистон хост, ки номзадҳои худро ба як иҷлоси умумимиллӣ ба хотири ташкили давлати муваққат ва баргузории интихобот пешниҳод кунанд. Наҷибуллоҳ эълон кард, ки омода аст қудратро ба Зоҳиршоҳ таҳвил диҳад, на муҷоҳидини рақибаш, ки натавонистанд ӯро шикаст диҳанд. Ин ҳам аз сӯи муҷоҳидин рад ва рӯйхате ҳам ба СММ пешниҳод нашуд.

Фармондеҳ Масъуд низ сари Зоҳиршоҳ ҳисобҳое дошт. Ӯ ба ҳадафи интиқоли қудрат ба як ҳукумати бетараф ва технократ дар шаҳри Ҳирот ҳамоиши бузургеро дар соли 1994 баргузор кард. Ӯ Раббониро мутақоид карда буд, ки “кобинаи давлат бояд иҷроӣ бошад, на сиёсӣ!” Раббонӣ президент боқӣ мемонд, аммо умури иҷроӣ бояд ба нахуствазир — Доктор Муҳаммад Юсуф, собиқ нахуствазири ҳукумати Зоҳиршоҳ таҳвил мешуд. Исмоилхон, волии вақти Ҳирот ин тарҳро барбод дод. Доктор Юсуф ба Аврупо баргашт.

Шӯрои машваратӣ тарҳи дигаре буд, ки Маҳмуд Местирӣ, фиристодаи вижаи СММ дар умури Афғонистон (1994) пас аз машварат бо Зоҳиршоҳ таъсис дод. Ин Шӯро Раббониро таҳти фишор гирифт, то қудратро диҳад. Бино ба ин тарҳ, бояд Луи Ҷирга – маҷлиси умумимиллии афғонон даъват мешуд, то як ҳукумати муваққат ё убуриро ташкил диҳад. Раббонӣ, Ҳикматёр ва раҳбарони дигар усулан ба ин тарҳи СММ мувофиқат карданд.

Аммо ин маҳз замоне буд, ки дар уфуқи Афғонистон талабаҳои мадориси динӣ намудор шуданд. Ин фасли наве дар бӯҳрони Афғонистон буд. Ҳукумати Раббонӣ – Масъуд тариқи Ашраф Шоҳ, мушовири иқтисодии Раббонӣ ба сафорати Амрико дар Душанбе паём дод, ки қудратро ба ҳукумати муваққат таслим нахоҳад кард, то ин ки онҳо – Толибон ба тарҳ ҳамроҳ нашаванд.

“Good guys”

Дар асл Толибон аз масири дигар ва бо барномаи мутафовите, ки аз сӯи Покистон, Амрико ва Арабистони Саудӣ муайян шуда буд, ба саҳнаи ҷангҳои Афғонистон андохта шуданд. СММ дар ин тарҳ даст надошт. Ё ҳадди ақал субуте дар ин бора нест.

Моҳи декабри соли 1992 Осиф Алӣ Навоз, фармондеҳи ситоди кулли артиши Покистон бо иттифоқи беш аз 10 пешвои қабоили сарҳадии Покистон ҷиҳати музокирот бо Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба Италия сафар намуд. Пас аз ин сафар Навоз ба таври мармуз вафот кард. Ҷои ӯро генерал Ваҳид, як паштуни покистонӣ гирифт. Тааҳҳудоте, ки бо Зоҳиршоҳ ба даст омада буд, вориди марҳалаи иҷрои худ шуд. Дар ин тааҳудот ду банд махсуси шоҳи собиқ буд: 1) таблиғот ба нафъи Муҳаммад Зоҳиршоҳ дар манотиқи сарҳадии паштуннишини Афғонистон ва 2) бозсозии дафтари намояндагии ӯ дар Покистон.

Ин ду ҷузъи як тарҳи бузургтаре буданд, ки пешрафти нерӯҳои ифротӣ ба Кашмир, Осиёи Миёна, Югославия ва Русияро пешбинӣ мекард. Онро созмонҳои ҷосусии Амрикову Инглис пуштибонӣ ва Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ мекарданд. Дар Тоҷикистон (1992-1997), Босния (1992–1995) ва Чеченистон (1994—1996) ҷангҳои дохилӣ бо ширкати фориғшудагони “ҷиҳоди афғон” — “Ал-қоида” ва дигар созмонҳои террористӣ сар заданд.

Ҳукумати Раббонӣ дар Кобул бояд тариқи таблиғоти густарда ва доман задани масоили мазҳабиву қавмӣ суқут мекард. Муҷоҳидини “бунёдгаро”, ки қудратро дар даст доштанд ва Зоҳиршоҳро намехостанд, бояд аз саҳна ҳазф мешуданд. Нерӯи қавие, ки ӯро ба тахт менишонд, маҳз Толибон буданд. Сиддиқ Чакарӣ, муовини Бурҳонуддини Раббонӣ дар Ҳизби Ҷамъияти исломи Афғонистон, ки шоҳиди мулоқотҳои Рафел ва Масъуд буд, мегӯяд, вақте Толибон ҳанӯз дар Ҳилманду Қандаҳору Ғазнӣ буданд, хонум Рафел ба сароҳат мегуфт, ки онҳо — лашкари Зоҳиршоҳ ҳастанд, бо онҳо наҷангед».

Амирӣ мегӯяд, соли 1994 ӯ ба ҳузури Насрулло Бобур, вазири корҳои дохилии ҳукумати Беназир Буту рафт, замоне, ки овозаи як нерӯи нав дар минтақа ба миён афтода буд.

“Вақте дар қабулгоҳи Бобур интизор будам, дари утоқи кориаш боз шуд ва аз он ҷо як теъдоди бузурги афроди ришбаланду амомабасар берун омаданд. Ман дар ҳайрат афтодам, ки инҳо кӣ бошанд” – қисса мекунад Амирӣ. Инҳо Толибон буданд ва Бобур – “падархонд” — и онҳо. Амирӣ мегӯяд, вақте дидаҳояшро бо Масъъуд ба миён гузошт, вай гуфт: “Ҷанги мо бо ҳамин нерӯ хоҳад буд”.

Охирҳои ҳамон сол Амирӣ барои дарёфти кӯмак барои беҷошудагони ҷанги дохилии Афғонистон дар Исломобод бо муовини сафири Амрико дар Покистон, шахсе ба номи Новак мулоқот кард. Вақте сухан дар бораи Толибон, ки дар Афғонистон нав зуҳур ва хеле нуфуз карда буданд, рафт, Новак ба Амирӣ гуфт: “Онҳо бачаҳои хубанд!” Қандаҳор, Урузгон, Ҳилманд, Ҳирот, Фароҳ, Нимрӯз – пойгоҳҳои аслии мардумии Зоҳиршоҳ ба ҳисоб мерафтанд. Толибон аз дарвозаи ин манотиқ — Спинбулдаки Қандаҳор — 12 октябри соли 1994 вориди Афғонистон шуданд. Аз 5 ноябри соли 1994 то 5 сентябри соли 1995 онҳо Қандаҳор, Урузгон, Ҳилманд, Пактиё, Пактико, Хуст, Нимрӯз, Фароҳ, Ҳирот, Ғазнӣ ва ду вилояти шафати Кобул – Вардак ва Лугарро забт карданд. Истифода аз номи Зоҳиршоҳ пешрафтҳои барқосои онҳоро осон мекард. Посгоҳҳои амниятӣ бо пулҳои андак пешашон суқут мекарданд.

Бо он вуҷуд ки пуштибонони онҳо – Амрико, Покистон ва Саудӣ “тарҳи Зоҳиршоҳ” – ро қадам ба қадам пеш мебурданд, Толибон пас аз ин ҳама футӯҳот ба ин натиҷа расиданд, ки дигар ба шоҳи собиқ ниёзе надоранд. 4 апрели соли 1996 роҳбари онҳо Мулло Умар дар Қандаҳор ҳудуди 1500 шайху олими динро ҷам овард ва дар ҳузури онҳо худро бо ҳирқаи Паёмбар ислом (с) печонд. Ӯро “амирулмӯъминин” – “амири тамоми мусалмонони ҷаҳон” эълон карданд.

19 апрел хонум Рафел ба Қандаҳор омад, то шарҳи ин худсариҳоро бифаҳмад. Толибон, ки дигар дар умури сиёсат зирак шуда буданд, ӯро итминони хотир доданд, ки ба паймони СММ – рӯи кор овардани як ҳукумати муваққат – пойбанд ҳастанд. Тааҳҳуд ин буд, ки Толибон набояд вориди Кобул мешуданд. Яъне барномаи “на Раббонӣ ва на Толибон!” рӯи даст буд. Маҳмуд Местирӣ мегуфт, на Толибон Кобулро гирифта метавонанд, на Масъуд Қандаҳорро. “Агар Кобулро ҳам гиранд, бақия манотиқ навъи дигари исломи онҳоро чӣ гуна қабул мекунанд?” – суол мекард ӯ. Дипломат як ҷанги ҷадидро дуруст ташхис дода буд. Қазияи халабонҳои рус дар ҳамин давраи ҳассоси ҷангҳои Афғонистон нақши худро гузошт. Русия ҳам Русия намебуд, агар дар чунин вазъият даст ба кор намешуд ва муҳосабаҳои Амрикову шариконашро барбод намедод.

Толибон ба пул ниёз доштанд, то Кобул – пойтахт ва Ҷалолобод – шаҳри калидии ҷанубу шарқро ба даст оранд. Инро Покистон ҳам мехост, аммо пул дода наметавонист, зеро намехост Амрикову Саудиро, ки мухолифи забти ин шаҳрҳо буданд, ранҷонад. Ба ривояти Амирӣ, ин замон Русия ба кӯмаки Покистон ва Толибон омад. Тавофуқе, ки бо миёнҷигарии покистониҳо миёни Толибон ва Замир Кобулов ё ҳайати русӣ дар Исломобод ҳосил шуд, маҳз ин буд, ки маблағи ҳангуфте ба баҳонаи озодии халабонҳо дар ихтиёри Толибон қарор дода шавад.

Амирӣ мегӯяд, русҳо дар як тайёра 12 тон банкноти 10 – ҳазорафғониро дар Санкт – Петербург чоп карда, моҳи августи соли 1996 ба Қандаҳор оварданд. Ба ҳамин минвол, дар як муддати кӯтоҳ Ҷалолобод (11 сентябри 1996) ва Кобул (27 сентябри 1996) бо ҳамон шева – харидани посгоҳҳои амниятӣ — ба дасти Толибон суқут карданд. Масъуд ҳам пойтахтро бидуни муқовимат тарк кард, ки эҳтимолан як гуна ҳамкории ӯ бо русҳо, шарикони аз ин ба баъд муҳимаш ва ҳам як посухи амалӣ ба Робин Рафел буд.

Пас аз забти Кобул Салмон Амрӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Афғонистон дар қасри Гулхонаи Кобул бо Мулло Ҳасан Охунд, вазири хориҷаи Толибон вохӯрд ва тамоми хашми худро аз ин «амали худсарона» ба сари ӯ рехт. Вай қаблан бо Мулло Ҳасан ва Мулло Раббонӣ, нафари дуюм пас аз Мулло Умар, тавофуқ карда буд, ки Толибон набояд дохили Кобул шаванд. Маълум нест, ки 12 тон коғаз барои русҳо чӣ қадар ҳазина дошт, аммо Русия ва Покистон кори худро карда буданд, он чӣ, ки Амрикову Саудӣ интизор надоштанд. Ба хотири ҳифзи эътимоди онҳо дафтари Зоҳиршоҳ дар Италия эъломияе нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, шоҳи собиқ ба зудтарин фурсат ба Афғонистон бармегардад. То Толибон буданд, Зоҳиршоҳ ҳам барнагашт.

Амрико ҳам пушти гап нашуд. Тарҳи ҷиддитаре пеш омад. Соли 1997 – замони раҳбарии Бил Клинтон — Залмай Халилзод, яке дигар аз ҷонибдорони “тарҳи Зоҳиршоҳ” (падараш мушовири шоҳи собиқ буд) ва мушовири афғони ширкати нафтии “Юнокал” – и Амрико, муваффақ шуд як ҳайати Толибонро ба Вашингтон барад, то онҳоро ба иҷрои тарҳи лӯлаи гази “ТАПИ” (Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳиндустон) ҷалб созад. Амрико дар ин тарҳ низ ноком шуд.

Толибон 15 июли соли 1999 дар шаҳри Кветтаи Покистон собиқ сенатор Абдул Аҳад Карзай, яке аз миллигароёни боризи афғон пас аз он ба қатл расонданд, ки дар Рим бо Зоҳиршоҳ мулоқот анҷом дода буд. Ин хашми Амрикову СММ – ро ба вуҷуд овард, чун паёми Толибон ин буд, ки “тарҳи Зоҳиршоҳ” дигар набояд матраҳ шавад ва воқеияти Афғонистон маҳз онҳоянд.

Аммо Амрико “тарҳи Зоҳиршоҳ” — ро раҳо накард. Абдул Аҳад Карзай, падари Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон (2001 – 2014) буд, ки бо зӯри амрикоиҳо ва Ҷабҳаи Муттаҳид ба қудрат расид. Ҳукумати муваққат ва ба дунболи он технократе, ки бо кӯшишҳои Залмай Халилзод ба миён омад, давоми мантиқии ҳамон “тарҳи Зоҳиршоҳ” буд. Гӯё Амрико посухи худро ба Русия дод. Аммо раванди ҳаводиси 18 соли ҳузури Амрико дар Афғонистон нишон медиҳад, ки русҳо низ даст болои даст гузошта нанишастанд.

Чархи таърих

Залмай Халилзод ва Замир Кобулов ба муҳимтарин сарбозони “Бозии бузург” дар “саҳнаи афғонӣ” табдил ёфтанд. Соли 2001 ҳарду сафири кишварҳояшон дар Кобул таъин шуданд. Ҳоло фиристодаҳои вижаи Амрикову Русия дар умури Афғонистон мебошанд. Бозӣ идома дорад. Зоҳиршоҳ 18 апрели соли.2002 пас аз 29 соли ғурбат ҳамчун як фарди оддӣ ба Афғонистон баргашт. Ӯ барои давлатдорони нав хавфнок маҳсуб мешуд, зеро ҷонибдорони низоми монархияи конститутсионӣ дар кишвар зиёд буданд. Аммо вай даъвои салтанат накард, зеро як пири фартут шуда, ҳатто ба сахтӣ ҳарф мезад. Ба ӯ унвони “Бобои Миллат” – ро доданд. Ҳамин тавр, соли 2007 ҷон ба ҷонофарин супурд.

Залмай Халилзод ва Замир Кобулов

5 апрели соли 2012 додгоҳе дар Амрико Виктор Бутро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ то куҷо бо истихбороти Русия ҳамкорӣ дошт, рӯшан нест. Аммо ахборе, ки дар ин миён ба нашр расиданд, бозгӯӣ аз он мекунанд, ки робитаи ӯ бо Кремл барои амрикоиҳо ҷолиб аст. Маскав ҳам ба сарнавишти ӯ бетаваҷҷӯҳ нест ва ба раҳоии ӯ умед бастааст.

Ваха Иброҳимов соли 1996 ба Чеченистон баргашт. Ӯ то як муддат намояндаи хоси ҳукумати ҷудоихоҳони чечен дар Кобул низ буд. Як муддат бо ҳукумати Аслон Масҳадов ва Шомил Басаев ҳамкорӣ кард. Соли 1999 ба Боку рафт, то корҳои икмолотии ҷабаҳоти чеченҳо алайҳи русҳоро анҷом диҳад. Дар ҳамин шаҳр соли 2003 ба таври мармуз кушта шуд.

Толибон 16 январи соли 2000 Ҷумҳурии чечении Ичкерияро ба расмият шинохтанд ва 23 январ сафорати он дар Кобул ифтитоҳ ёфт. Сафири аввалини чечен Салимхон Яндарбиев таъйин шуд. Толибон тариқи роҳҳои дипломатӣ хеле кӯшиш ба харҷ доданд, то эътирофи ҳукумати ҷудоихоҳони чеченро аз сӯи кишварҳои ҷаҳон, бахусус олами ислом ба даст оранд. Ин танҳо нерӯе буд, ки аз чеченҳо то лаҳзаи охир ҳимоят кард ва ҳоло ҳам мекунад.

Аммо агар Толибон соли 1996 халабонҳои русро ба чеченҳо таслим мекарданд ва аз русҳо сари хони қазоқро мегирифтанд, шояд чархи таърих ба гунаи дигар давр мехӯрд? Гузаштаро намешавад тағйир дод.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД