Дурӯғ | Марги кӯдак аз истеъмоли қулфинай (садо)

06 мая 2019
1221
Муаллиф: Rushnoi.org

Чӣ санҷида шуд?

Тайи чанд рӯзи ахир миёни мардум, хоса дар бозори «Панҷшанбе» овозае паҳн гардид, ки гӯиё баъд аз истеъмоли меваи қулфинай кӯдаке ба ҳалокат расидааст. Ин овоза ахиран дар гурӯҳи «Дунёи дилҳо» низ паҳн гардид ва корбарони шабакаи иҷтимоии «Facebook» дар бораи заҳролудшавӣ ва марги кӯдаке аз қулфинай хабар доданд.

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва YouTube аксу наворҳое аз ҷараёни ҷамъоварии меваи қулфинайи мӯҳлаташ гузашта пайдо шуданд. Хабари беморшавӣ аз сабаби истеъмоли қулфинай тариқи Messenger (Facebook) ва Viber низ паҳн гаштааст.

Чӣ тавр санҷида шуд?

Бо мақсади таҳқиқи ин масъала ба масъулини Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд муроҷиат намудем. Мудири шӯъбаи эҳёи кӯдаконаи беморхонаи вилоятии клиникавии кӯдакона Қурбонбой Каримов дар суҳбат бо мо гуфт, ки дар чормоҳаи аввали соли равон касе бо аломати заҳролудшавӣ аз меваи қулфинай ба мо муроҷиат накардааст.

Ҳакимов Фахриддин, сармутахассиси амрози кӯдаконаи Раёсати тандурстии вилояти Суғд низ хабари заҳролудшавӣ аз меваи тарро дар ҳудуди вилоят инкор кард.

Дар ҳамин ҳол Манучеҳр Каримов, Сардори Шӯъбаи маркази ташкили бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки ин қазияро таҳқиқ кардааст ва чунин ҳолат ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Маркази ташкили бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд суханони болоиро такрор намуда, гуфтанд, ки 9 тоннаю 598 кг меваи қулфинай аз маркази «Панҷшанбебозор» бинобар гузаштани мӯҳлат ва пайдо шудани бемории занбӯруғи пӯсиши кабуд дар таркибаш дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ва бахши фитосанитарӣ аз фурӯш бардошта шуд.

Хулоса

Санҷиши мо дар такя ба иттилои мақомоти расмӣ собит кард, ки хабари заҳролудшавӣ аз меваи қулфинай ва фавти кӯдак аз он ягон асос надорад. Бинобар ин мо ба хулоса омадем, ки хабари мазкур «Дурӯғ» аст.

бознашр аз factcheck.tj

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.