Дар Филипин ғайбат карданро манъ карданд

13 мая 2019
874
Муаллиф: Rushnoi.org

Раиси шаҳри Биналонан Рамони Филипин, В. Гико III ғайбат карданро манъ кард ва барои паҳн кардани овоза- ҷарима ва корҳои маҷбурӣ таъин кардааст.

Ин қарорро ҳукумати Биналонан баъд аз як ҷанҷоли калоне, ки бо сабаби ғайбат сар зада буд, қабул кард. Зеро барои ҳали ин низоъ маҷбур шуд, ки ҳатто ҳукумати маҳалӣ дахолат кунад. Ҳоло ғайбатчиҳоро дар Биналонан ҷарима ба маблағи 4 доллари Амрикоӣ ё 3 соат ҷамъоварии партов дар ҷойҳои ҷамъиятӣ интизор аст. Дар сурати такрори иштибоҳ – ҷазо вазнинтар мешавад.

“Овозаҳои гуногун мешаванд, аммо қисми зёди ғайбат ба масъалаҳои молу мулкӣ, маблағ, робитаи инсонҳо ва ғайра дахл дорад. Ин қарор ба одамон чун ёдоварӣ хизмат мекунад, ки мо барои ҳар чизе ки чун шахсият ва ё шаҳрванд мегӯем, масъулият дорем. Мо мехоҳем, нишон диҳем, ки дар Биналонан одамони хуб зиндагӣ мекунанд ва инҷо ҷойи амн ва хуб аст”, — гуфт Гико зимни мусоҳиба бо The Guardian.

Ҳаминтавр раиси шаҳр мехоҳад сатҳи зиндагиро дар шаҳр боло бубарад, зеро ӯ бовар дорад, ки машғулиятҳое “ҳастанд”, ки аз паҳн кардани овозаҳои манфӣ дар бораи ҳамсояҳо, беҳтар аст”. Тибқи қонуни нав алакай чандин нафарро ҷарима карданд. Ба гуфти раиси шаҳр, ҳоло зарурати касеро дубора ҷазо додан пеш наомадааст. Қонунҳои зидди фейк-дар кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё ва дар тамоми ҷаҳон дар муд ҳастанд. Бисёриҳо дар он маҳдудияти озодии суханро мебинанд.

Аммо Шумо дар бораи маҳдудиятҳо чӣ фикр доред?

манбаъ: Три.точки. Знай, что смотришь!

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД