Фактчек | Путин раванди дарёфти шиносномаҳои русиро барои зодагони Шӯравӣ содда кард

14 мая 2019
142
Муаллиф: Rushnoi.org

Чӣ санҷида шуд?

 Рӯзи якуми май сомонаи русии “РБК” дар хабаре зери унвони “Путин гирифтани шиносномаҳои русӣ барои сокинони Сурия ва Афғонистонро содда кард” (асл: Путин упростил получение российских паспортов жителям Сирии и Афганистана) (бойгонӣ), аз имзои як фармони раисҷумҳури Русия иттилоъ дод, ки дарёфти шаҳрвандии ин кишварро барои як гуруҳ аз хориҷиҳо осон мекунад. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Афғонистон, Ироқ, Яман ва Сурия метавонанд бо шеваи соддашуда шиносномаи русиро дарёфт кунанд. Сомона таъкид мекунад, ин фармон инчунин ба онҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федеративии Русия (Российская Советская Федеративная Социалистическая Республика) ба дунё омадаанд, собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, фарзандон, ҳамсарон ва наздикони онҳо дахл дорад (асл: Указ в том числе касается родившихся на территории РСФСР, бывших граждан СССР, их детей, супругов и родных).

Скрин аз сомонаи РБК

Тоҷикистон ҳам яке аз кишварҳои Шӯравии собиқ буда, ҳазорҳо атбои он дар гузашта шаҳрвандии Иттиҳоди Шӯравиро доштанд. Хабари “РБК” тарзе таҳия шудааст, ки гӯё фармони Путин ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба ҳайси шаҳрвандони собиқи Шӯравӣ рабт дорад. Сомонаи “РБК” барои хонандагони тоҷик низ шинос буда, матлабҳояш метавонад то ба мо расад ва хонандагони тоҷикро гумроҳ кунад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон хабарҳои марбут ба дарёфти табаияти Русияро бо ҳассосият қабул мекунанд, зеро даҳсолаҳо аст, ки бахши аъзами муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор ба он кишвар мераванд ва қисме ҳам барои дарёфти шаҳрвандии Русия, ки бо доштани он пайдо кардани кор, ҷойи иқомат ва ҳақмузди бештар имконпазир аст, талош мекунанд. Аз ин хотир тасмим гирифтем, ин хабарро мавриди санҷиш қарор бидиҳем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Хабари фармони Владимир Путин дар мавриди сабукиҳо барои гирифтани шиносномаи русиро даҳҳо сомонаи маъруфи Русия нашр кард, аммо ҳеч кадоми онҳо дар мавриди собиқ шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ, бо истиснои Украина чизе нанавиштаанд. Дар асл, ишораи бештари расонаҳо маҳз ба атбои Украина равона шуда буд ва ҳатто дар сарлавҳаи хабарҳо низ ба он таъкид доштанд. Дар хабари РИА Новости – “Путин тартиби дарёфти шаҳрвандиро барои як гуруҳи укроиниҳо содда кард” (“Путин упростил порядок получения гражданства для ряда категорий украинцев” (бойгонӣ) бандҳое аз фармони президентро овардааст, ки марбут ба укроиниҳо ҳастанд. Танҳо дар як сатр навиштааст, ки “бар илова ин қоидаҳо ба шаҳрвандони Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Яман, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ таваллуд шуда, шаҳрвандии Шӯравиро донштанд, дахл дорад. Ба навиштаи ин расона пайвандони наздики онҳо низ аз ин имтиёзҳо бархӯрдоранд”/

Скрин аз сомонаи Лента.ру

Ҷустуҷӯи одӣ дар Гугл нишон медиҳад, ки аксари кулли хабарҳои мунташира ба ҳамин мазмунанд. Ҳамин тариқ, сомонаҳои “Лента.ру” (“Путин упростил получение российского гражданства для некоторых украинцев”), “Новая газета” (“Путин упростил получение российского гражданства украинцам из Крыма и Донбасса”) ва “Шабакаи 5-и телевизиони Русия (“Путин упростил получение гражданства некоторым категориям украинцев”) бо такя ба фармони президенти Русия аз сабукиҳо дар додани шиносномаи русӣ барои як гуруҳ шаҳрвандони Украина, Афғонистон, Ироқ, Яман ва Сурия хабар додаанд.

Танҳо сомонаи “Спутник” дар хабаре бо номи “Путин гирифтани шаҳрвандиро барои бархе аз атбои Афғонистон, Сурия ва Ироқ осон кард” (бойгонӣ) навиштааст, гуруҳе аз шаҳрвандони Афғонистон, Сурия, Яман ва Ироқ, ки дар гузашта дар Русияи Шӯравӣ таваллуд шудаанд ё шаҳрвандии Иттиҳоди Шӯравиро доштанд, метавонанд бо шеваи соддашуда шаҳрвандии Русияро дарёфт кунанд.

“РБК” хабари худро бо такя ба фармони Путин, ки сомонаи маълумоти ҳуқуқӣ (бойгонӣ) нашр кард, пешниҳод мекунад. Дар ин санад, ки бори аввал сомонаи расмии Президенти Русия –“Кремлин” нашр кардааст (бойгонӣ), бештари бандҳо ба шаҳрвандони Украина рабт дорад. Танҳо дар банди “д”-и ин фармон гуфта мешавад, “шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Яман ва Ҷумҳурии арабии Сурия, ки дар қаламрави ҶШСФР (РСФСР) таваллуд шуда, дар гузашта шаҳрвандии ИҶШС (СССР)-ро доштанд, инчунин фарзандони онҳо, аз ҷумла писархонд (духтархонд), ҳамсарон ва волидон” ҳаққи дарёфти шиносномаи русӣ бо шеваи соддашударо доранд.

Скрин аз сомонаи Кремлин

Хулоса

 Тавре аз ин санҷиш маълум гардид, фармони президенти Русия бештар барои  гуруҳи муайяне аз шаҳрвандони Украина нигаронида шуда, дар як банди ҷудогона барои шаҳрвандони Афғонистон, Яман, Ироқ ва Сурия, ки дар ҳудуди марзҳои Русияи шӯравӣ зода шуда, дар гузашта шиносномаи Иттиҳоди Шӯравиро доштаанд, дахл дорад. Дар хабари “РБК” ҳамин нозукӣ ба шевае навишта шудааст, ки гӯиё бар иловаи ҳамин категорияи шаҳрвандони Афғонистон, Ироқ, Яман ва Сурия, собиқ шаҳрвандони ИҶСШ (СССР) низ аз ин сабукиҳо бархӯрдор ҳастанд. Ин сомона банди “д”-и фармони Владимир Путинро ба шевае пешниҳод карда, ки хонандаро ба роҳгумӣ мебарад. Фикр мекунем, муаллифи хабар ҷумлаи сеюми хабарро маҳз барои манипулятсияи хонандаҳо навиштааст, аз ин рӯ хулосаи мо дар ин санҷиш “дасткорӣ” хоҳад буд.

 

Барои маълумот

Владимир Путин моҳи ноябри соли 2012 фармони федеролӣ “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия”-ро имзо кард. Ин санад тартиби соддашудаи барқарор намудани шаҳрвандии Русия, инчунин қонунӣ кардани шиносномаҳои русиро, ки дар бораи онҳо дар махзани Хадамоти федеролии муҳоҷират маъумот мавҷуд нест, муайян мекунад. Он танзими мақоми қонунии гуруҳи муайяни шахсонеро дар назар дошт, ки “барои муҳлати мадид дар қаламрави Русия зиндагӣ кардаанд”. Ба шумори чунин ашхос, шаҳрвандони шӯравии собиқ дохил мешаванд, ки шаҳрвандии Русияро тибқи муқаррароти муайянгардида нагирифтаанд, инчунин “шаҳрвандони Шӯравии собиқ, ки то 1-уми июли соли 2002 шиносномаи Русияро дарёфт кардаанд.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.