“Хатари оянда“. Ҷаҳон пеши хонаводаҳои аъзои ДОИШ чӣ масъулият дорад?

22 мая 2019
1250
Муаллиф: Rushnoi.org

Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон тааҳҳуд супурд, ки барои бозгашти на фақат кӯдакон, балки занони тоҷик аз Ироқу Сурия низ кумаки ҳамаҷониба хоҳад кард. Ин изҳорот зимни нишасти хоси “Бозгашти хонаводаҳои ҷангиёни террорист ба зиндагии муқаррарӣ”, ки дар ҳошияи конфронси “Ҳамкории байнулмилалӣ ва минтақаӣ дар мубориза алайҳи терроризм ва манбаъҳои сармоягузории он, ба шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфта” ва бо ширкати 50 кишвари ҷаҳон дар Душанбе (17 майи соли 2019) баргузор шуд, садо дод.

84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе оварданд/акс аз Озодӣ

Юрий Воронков, муовини Дабири кулли СММ, дар посух ба суоли “Rushnoi.org” — то куҷо ниҳодҳои байнулмилалӣ ба баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз зиндонҳои Ироқу Сурия мусоидат хоҳанд кард, гуфт, “мо фаъолона ва самимона аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон барои бозгардонидани занону кӯдаконе, ки дар урдугоҳҳои мухталифи Ироқу Сурия ба сар мебаранд, пуштибонӣ мекунем”. Вай афзуд, ин ки 84 кӯдак аз Ироқ ба ватан интиқол ёфтанд, баёнгари хуби бархӯрди кишварҳо ба он идда шаҳрвандонест, ки ба ин ё он сабаб ба бадбахтӣ афтодаанд.

2 майи соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода аз намояндагони ширкатҳои «Равзатайн» ва «Дарвозаи адолат»-и Ироқ, ки барои интиқоли 84 ноболиғ ба Душанбе саҳм гирифтанд, хоҳиш кард, барои бозгашти занони тоҷик ҳам аз он кишвар мусоидат кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, то 30 апрели соли равон дар маҳбасҳои Ироқ 43 зан ва 95 тифли тоҷик нигаҳдорӣ мешуданд, ки шумораи ахириҳо пас аз таслими 84 кӯдак ба Тоҷикистон коҳиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, нуктаи муҳиме ки дар ин баҳсҳо зикр намешавад, теъдоди кӯдаку занонест, ки дар маҳбасҳои Сурия, кишвари дигари даргир ба низоъ, будубош доранд.

Гвенн Лайне, мудири Шабакаи субот дар Осиёи Марказӣ, ки собиқаи кор дар Сурияро дорад, мегӯяд, соли 2015 танҳо дар урдугоҳи “Ал-ҳол”, марбути гуруҳҳои ҷангии курд дар шимолу шарқи Сурия ва қарибии марзи Ироқ, 73 ҳазор нафар, ба шумули 12 ҳазор хонаводаи атбои хориҷӣ нигаҳдорӣ мешуданд, ки дар миёни онҳо 7 ҳазор кӯдак буданд.

Аммо бино ба додаҳои охири UNICEF (Бунёди кӯдакони СММ), танҳо дар Сурия дар ҳоли ҳозир 29 ҳазор тифли хориҷӣ, ки ағлаб таҳти синни 12–анд, ба сар мебаранд ва қисмати умдаи онҳо – 20 ҳазор — аҳли Ироқ буда, бақия — 9 ҳазор аз ҳудуди 60 кишвари дигар мебошанд. Ин созмон тахмин мезанад, ки ҳудуди ҳазор тифли ҷангиёни хориҷӣ дар Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари ин тифлон ба минтақаҳое, ки ДОИШ (созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) вориди ҷанг буд, аз сӯи волидайн оварда шудаанд ва ё ҳамин ҷо ба дунё омадаанд.

Дар ин омор кадом кишвар чӣ қадар саҳм дорад, маълум нест. Аммо он чӣ маълум аст, ин аст, ки ҳам дар Ироқ ва ҳам дар Сурия ин хонаводаҳо дар шароити бадтарин қарор доранд, миёни онҳо амрози сироятӣ паҳн шуда, ҷудо аз олами беруна ва бидуни дастрасӣ ба интернет, кӯдакон бидуни таълиму тарбия ва таҳти таъсири идеологияи “бояд дар хилофат зиндагӣ кунанд” ба сар мебаранд.

UNICEF то ба имрӯз муваффақ ба бозгашти 270 кӯдак ба кишварҳои волидайнашон шудааст.  Лучиано Калестини, раҳбари дафтари UNICEF дар Тоҷикистон мегӯяд, 50 дарсади ин тифлоне, ки дар Ироқу Сурия қарор доранд, аз 5-сола поён ҳастанд ва ин ба он маънист, ки мушкили аслии онҳо масъалаи шаҳрвандӣ аст.

Каллестини чолишҳоеро ҳам номбар мекунад, ки кӯдакон пас аз бозгашт ба ватан мувоҷеҳ мешаванд. Ба қавли ӯ, онҳо қабл аз ҳама ба дастгирии равонӣ эҳтиёҷ доранд, то бо муҳит ва атрофиёни нав унс гиранд.

“Онҳо ба хонаводаҳои худ ҳамроҳ мешаванд, аммо аксаран падару модар надоранд ва бояд таҳти ғамхории дигар наздикону аъзои хонавода қарор бигиранд. Онҳоро набояд аз мактаб ва ҳамсолонашон маҳрум сохт”, – мегӯяд ӯ.

Каллестини бар ин аст, ки ҳалли ягона барои мушкили онҳо вуҷуд надорад, балки бо ҳар яки онҳо бархӯрди инфиродӣ бояд сурат гирад.

Аммо ду нукта Юрий Воронковро нигарон кардаанд. Аввал ин ки на ҳама кишварҳо барои соҳибии шаҳрвандони худ дар Сурияву Ироқ майл нишон медиҳанд. Ӯ аз чанд кишвар, ба шумули Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия ва Узбекистон ном бурд, ки дар ин амр зуд даст ба кор шудаанд.

“Як қатор кишварҳои аврупоӣ қонунгузориашонро такмил мекунанд ва ҳоло ором – ором ба баргардонидани шаҳрвандонашон аз урдугоҳҳои Сурияву Ироқ шурӯъ кардаанд”,– мегӯяд ӯ.

Дуввум, баргузории равандҳои одилонаи баррасиҳои судӣ аст. Ба қавли Воронков, мурофиаи занону кӯдакон бояд тибқи қонунгузориҳои миллӣ ва байнулмилалӣ анҷом шавад. “Онҳо қурбониҳои терроризманд. Табиист, ки бо онҳо бояд тибқи асноди қабулшуда аз сӯи СММ ва меъёрҳои ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон бархӯрд шавад”,– афзуд вай.

Муовини Дабири кулли СММ аз кишварҳое, ки аз шаҳрвандони худ даст кашидаанд, ном набурд. Аммо дар гузашта ин қабил маворид дар расонаҳо бозтоб ёфта буданд. Аз ҷумла, соли 2015 Бритониё аз шаҳрванди бангладешитабораш Шамима Бегим, ки расонаҳо ба ӯ барчаспи “арӯси ДОИШ”–ро заданд, рӯ тофт, ҳатто ҳаққи шаҳрвандии ӯро салб кард. Мақомоти Бангладеш ҳам эълон карданд, ки дар ҳоли бозгашт ӯро эъдом хоҳанд кард. Ҳамин тавр, навзоди ӯ дар боздоштгоҳе дар шимоли Сурия ҷон дод.

Ҳамчунин мақомоти Канада дар амри баргардонидани Эми, яке аз чаҳор зани канадаӣ, ки аз сӯи расонаҳо “арӯси канадаии ДОИШ” муаррифӣ шуд, эълон карданд, ки бозгашти ҷангиён ва хонаводаҳои онҳо барои ҳукумати он кишвар авлавият нест.

Аммо ин вазъ барои Тоҷикистон, кишваре, ки худ шоҳиди ҷанги дохилӣ дар даҳаи 90-уми асри гузашта буд ва бо ҳамчунин қурбониёни ҷанг сарукор дошт, ноошно нест. Мақомоти кишвар аз ҳамон оғоз эълон карда буданд, ки ҳар касе бо хоҳиши худ бармегардад ва ба гуноҳи худ иқрор мешаванд, бахшида мешавад. Ҳамин тавр, 300 нафар ба кишвар бозгаштанд ва авф шуданд.

Аммо як мақоми тоҷик ба “Rushnoi.org” гуфт, Тоҷикистон дар масъалаи бозгашти шаҳрвандонаш, бахусус занону кӯдакон аз Ироқу Сурия хеле ҳассос аст ва ҳоло онро яке аз афзалиятҳои сиёсатҳои хориҷиаш мешуморад.

“Ин на танҳо масъалаи сиёсӣ ё ҳуқуқӣ, балки ахлоқӣ низ ҳаст. Мо наметавонем иҷоза диҳем, ки занону кӯдакони мо дар кишварҳои дигар дучори маҳрумиятҳо шаванд. Онҳо бесоҳиб нестанд”,– афзуд ӯ.

Ин манбаъ гуфт, аксари занҳои тоҷик ба хотири иҷрои қарзи ҳамсарӣ фирефтаи шавҳарон мешаванд, аммо бо онҳое, ки огоҳона ва мустақилона тасмим гирифтаанд, бархӯрди қонунӣ сурат хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, занону тифлоне, ки дар Ироқу Сурия дар бесарнавиштӣ ба сар мебаранд, қурбониёни сиёсатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ низ мебошанд.

Гвенн Лайне, мудири Шабакаи субот дар Осиёи Марказӣ, гуфт, насли нави ҷангиён меросбари ҳамонҳоеанд, ки дар Афғонистон ҷангида, соли 2010 ба Сурия омадаанд ва ё таҷрибаи зиндонҳои “Абу Ғурайб”–и Ироқро низ доранд. “Ин тифлон ояндаи минтақаро хоҳанд сохт”,– гуфт ӯ.

Мавсуф дар ин бора вориди ҷузъиёт нашуд. Аммо ногуфта маълум аст, ки ДОИШ (созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ва қабл аз он “Ал-қоида” (созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ)–ву дигар созмонҳои террористӣ маҳсули истихбороти қудратҳои минтақиву ҷаҳониянд ва ба хотири пиёда кардани манофеъи онҳо ба саҳнаҳои ҷанги Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Афғонистон партоб шудаанд. Бетафовутии ҷомиаи ҷаҳонӣ ба сарнавишти кӯдакони ҷангиёни хориҷӣ ба ин маънӣ хоҳад буд, ки онҳо ояндаи аҳли башарро таҳти хатар мегузоранд. Онҳо ба сарбозони боз кадом як тарҳҳои дигари ҷангӣ табдил хоҳанд ёфт, тавре аз ҷиҳоди Афғонистон дар даҳаи 80–и асри гузашта Толибон (созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) – талабаҳои афғони мадориси Покистон — ба майдон омаданд ва чӣ кор карданд, ба ҳама маълум аст. Эҳтимолан ҳам СММ ва ҳам UNICEF турфаравии бархе кишварҳоро аз ин мушкиле, ки ба қавли Воронков, “яке аз масоили доғи ҷомиаи ҷаҳонист”, қабул надоранд ва пайваста сараш таъкид мекунанд. Ба иборати дигар, он хатое ки қудратҳо карданд, бояд СММ ва дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ ислоҳ кунанд.

Ин хатар дар оянда ба Тоҷикистон низ метавонад таҳдид кунад. Бахусус, таҷрибаи баргардонидани ҳудуди 500 ҳазор фирории ҷанги дохилии Тоҷикистон аз Афғонистон дар даҳаи 90 – уми асри гузашта собит мекунад, ки сиёсати солим дар ин замина хатарҳоро билқувваро хунсо хоҳад кард. Ин имкон низ вуҷуд дошт, ки кӯдакони таваллудшуда дар урдугоҳҳои муҳоҷирин дар Афғонистон ба ҷангиёни созмонҳои террористии баъдтар фаъолшуда дар он кишвар ва хатаре ба амнияти кишвару минтақа табдил ёбанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки дар майдонҳои набарди Сурияву Ироқ 1900 шаҳрванди кишвар ширкат доранд. Аммо теъдоди онҳо пас аз шикастҳои ДОИШ (созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар ин кишварҳо ба чанд нафар расида, маълум нест. Ин ҳам маълум нест, ки чӣ теъдоде аз онҳо ҷон ба саломат бурда ва ба куҷо паноҳ бурдаанд.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД