Муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия: Таҳлили равандҳои нав    

27 мая 2019
509
Муаллиф: Rushnoi.org

Ҷудо кардани қитъаи замин, ба тиҷоратҳои хурд ҷалб кардан ва бунёди корхонаҳои хурду таъсиси ҷойҳои корӣ дар Ватан аз роҳҳалҳое барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик унвон мешавад, ки дар “феҳрасти сиёҳ”-и мақомоти Русия шомил шуда, аз ҳаққи рафтан ба он кишвар барои муҳлатҳои муайяне маҳрум шудаанд.

Дар як мулоқоти коршиносӣ дар шаҳри Душанбе мушкили муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳалҳои он ба баррасӣ гирифта шуд. Ин ҳамоиш, ки бо ибтикори Намояндагии IWPR, Институти инъикоси масоили ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон баргузор шуд, “Муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия: таҳлили равандҳои нав” ном дошт ва намояндагони Хадамоти муҳоҷират, Cозмони байналмилалии муҳоҷират, созмонҳои ҷамъиятӣ, коршиносон ва рӯзноманигоронро гирди ҳам овард.

КАМЕ РАҚАМ…

Бар пояи иттилои расмии Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли 2018 аз Тоҷикистон 484 ҳазору 176 нафар бо ҳадафи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар кардаанд.

Аз ин теъдод 419 664 мард, ки 86,7 дарсадро ташкил медиҳад ва 64 512 зан (13,3%) мебошад.

463 252 нафар барои муҳоҷирати меҳнатӣ Русияро интихоб кардаанд, ки 95,7%-ро ташкил медиҳад.

13 585 ё 2,8% ба Қазоқистон рафтаанд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 бошад, 87 546 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. 76 257 мард (87,1%) ва 11288 зан (12,9%).

1 МИЛЛИОНУ 200 ҲАЗОР АЗ КУҶО ПАЙДО ШУД?

Моёншо Маҳмадбекзода, муовини аввали раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар шарҳи омори ҷониби Русия, ки теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар он кишвар як миллиону 200 ҳазор мегӯяд, иброз дошт, “ин рақам аз теъдоди умумии шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар маҷмӯъ марзи Русияро убур кардаанд”. Яъне, ба иддаои ҷаноби Маҳмадбекзода, ҳамаи ин шаҳрвандон бо қасди муҳоҷирати корӣ ба Русия нарафтаанд.

Теъдоди муҳоҷирони меҳнатие, ки аз ҳаққи вуруд ба он кишвар барои муҳлатҳои муайян маҳрум шудаанд ё ба қавли дигар шомили “феҳрасти сиёҳ”-и мақомоти Русия гардидаанд, расман беш аз 200 ҳазор гуфта мешавад. Ба иттилои Моёншо Маҳмадбекзода, аксари ин афрод барои амалҳои оддие, монанди нодуруст убур кардани роҳ, дар ҷойи мамнӯъ таваққуф додани мошин, пардохт накардани муштарипулии телефони ҳамроҳ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум гардидаанд. Вай гуфт, дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ комиссияи корӣ таъсис шудааст, ки бо Хадамоти муҳоҷирати Русия муштарак кор мекунад:

“Давоми ду соли ахир беш аз 1900 нафар муроҷиат карданд, мо ба ҷониби Русия пешниҳод кардем ва онҳо дубораи ҳаққи вуруд ба Русияро дарёфт карданд”.

“РӮЙХАТИ СИЁҲ” ТӮЛОНИТАР МЕШАВАД

Мавҷуда Азизова, мушовири ҳуқуқии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди афроде, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд, дар оянда зиёдтар мешавад, зеро ба гуфтаи ӯ, иҷро кардани тамоми талаботҳое ки ҷониби Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки кишварашон ба Созмони иқтисодӣ шомил нашудаанд, пешбини кардааст, хеле душвор аст: “Сабти номи ҷойи зист худаш як девор аст. Барои шаҳрвандони мо 300 доллар лозим меояд, ки патент гиранд. Муҳоҷирони мо аз асосан  қарз мегиранд ё чорвояшонро фурӯхта чипта мегиранд. Онҳо пуле надоранд, ки дар Русия аққалан ҷойи хуберо иҷора бигиранд. Ва чун наметавонанд патент бигиранд, ҳамчун муҳоҷири ғайриқонунӣ шинохта мешаванд. Ва бо ин сабаби ба “рӯйхати сиёҳ” меафтанд. Аз ин сабабҳо теъдоди онҳое, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешаванд, афзудан мегирад”.

МУҲОҶИРАТИ КОРИИ ТОҶИКОН “ҶАҲОНӢ”МЕШАВАД?

Муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо таъкиди ин нукта, ки муҳоҷирати корӣ танҳо хоси кишвари мо нест, гуфт, он талоши инсонҳо барои беҳбудии зиндагӣ мебошад. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадбекзода, “агар муҳоҷирати меҳнатӣ аз тарафи давлатҳо ба танзим дароварда шавад, сабаби рушд мегардад”. Дар зимн, ӯ таъкид намуд, ки ахиран як созишномаи баёнидавлатӣ ба имзо расид, ки бар асоси он шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври муташакил ба Русия равон карда мешаванд.

Ба гуфтаи намояндаи Хадамоти муҳоҷират соли 2018 дар Абу Дабӣ ёддошти тафаҳҳум ба имзо расид, ки ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷиратро дар назар дорад. Бо Қатар низ созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст: “Мо бозори меҳнати Чехия, Лаҳистон, Олмон, Кувайт ва Кореяро омӯхтем”.

ТОҶИКИСТОНИҲО РУСИЯРО ВАТАН ИХТИЁР МЕКУНАНД

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Перспектива+”, ки солҳои тӯлонӣ мавзӯи муҳоҷирати меҳнатиро таҳлил кардааст, мегӯяд, фаъолият дар Русия солҳои ахир ҳар чӣ бештар барои муҳоҷирони меҳнатӣ душвор мешавад:

“Ҳоло онҳо коре кардаанд, ки хоҳед нахоҳед муҳоҷир ба дом меафтад. Агар қаблан муҳоҷир танҳо ҷойи корашро сабт мекард, бар асоси қонуни нав бояд ҷойи зисташро сабт кунад. Ин чӣ маънӣ дорад?  Онҳое ки ба муҳоҷирон манзил иҷора медиҳанд, намехоҳанд андоз супоранд, ҳоло акнун мехоҳанд муҳоҷир маблағи андозеро ки бояд соҳибхона пардозад, пардохт кунад. Яъне акнун муҳоҷир ду баробар пул месупорад. Арзиши муҷавизи кор ё патент боло бурда шуд ва дар бархе минтақаҳои Русия анҷом додани бархе фаъолиятҳоро барои муҳоҷирон манъ карданд. Масалан, дар Ёқутистон барои муҳоҷирон дар 33 бахш кор кардан манъ шуд. Ин хеле бад аст”.

Ба гуфтаи ӯ, ахиран Русия инчунин талош дорад, ки “мағз”-ҳо ва ихтисосмандони Тоҷикистонро ҷалб кунад. Ӯ аз барномаи ҳамроҳи хонавода ба Русия кӯч бастани шаҳрвандон мисол зад, ки ҳоло Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал аст. “Ҳоло Вазорати иқтисоди Русия ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кард, дониҷшуёне, ки муассисаҳои олии он кишварро хатм мекунанд, тавонанд ба роҳатӣ шаҳрвандӣ дарёфт кунанд. Барои ихтисосмандон ҳам шеваи гирифтани шаҳрвандӣ осон гардид. Бо ин шева дар оянда тамоми ихтисосмандон мераванд”.

Аммо Никита Биковский, намояндаи “Россотрудничество”, як ниҳоди фарҳангии Русия мегӯяд, кишвараш манфиатдор нест ки мағзҳои тоҷикро ба Русия бикашонад. “Мо манфиатдорем, ки мағзҳо ба Тоҷикистон баргашта барои рушди кишвари худ кор кунанд”.

ДУ ЛОИҲАИ ҚОНУН КУҶО ШУД?

Ойниҳол Бобоназарова аз норӯшан шудани тақдири ду лоиҳаи қонун дар Тоҷикистон, ки 9 сол қабл таҳия шуд, изҳори нигаронӣ кард. “Ҳукумати Тоҷикистон солҳои дароз Комиссияи коркарди лоиҳаи конун “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ”- ро таъсис дод. Онҷо 10-15 нафар аз ҳукумат буданд, ки маош мегирифтанд. Вакте ин лоиҳа омода шуд ва бояд пешниҳод мегардид, тасодуфан ба дасти ман афтид. Он як даҳшат буд. Тасаввур мекунед, онҷо тамоман ҳифзи муҳоҷирони кории мо набуд, танҳо манфиатҳои Русия буд. Маҷбур шудам ба парлумон ва тамоми вазоратҳо нависам, ки агар ин лоиҳа қабул шавад, тамоми умр шуморо гунаҳкор мекунанд, зеро инҷо манфиати муҳоҷирони кории тоҷик инҷо нест. Вақте бо раҳбари Кумитаи қонунгузории парлумон вохӯрдам, лоиҳаро ба ӯ нишон додам. Гуфтам, шумо инро қабул мекунед? Ин барои Тоҷикистон мояи шарм аст”.

Ба гуфтаи ӯ, аммо пас аз коркарди дубора дигар дар мавриди қабул кардани он садое набаромад. Ӯ ҳамчунин аз лоиҳаи дигари қонун “Дар бораи Оҷонсиҳои хусусии шуғл” ёд овард, ки ба масъалаи муҳоҷират рабт дошт, вале акнун ба кунҷи фаромушӣ андохта шудааст.

Мавҷуда Азизова, як масъули Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар тақвияти суханҳои хонум Бобоназарова гуфт, созмони онҳо аз соли 2010 ҷиҳати таҳияи ин қонунҳо ёрии фаннӣ ва машратӣ мерасонд: “Ду маротиба тавассути Хадамоти муҳоҷират ба ҳукумат пешниҳод кардем, аммо дубора баргардонида шуд. Ва ҳамин тавр шуд, ки Хадамоти муҳоҷират дар назди Вазораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шуд. Ва аз он замон ин ду лоиҳа рӯи мизи Вазорати меҳнат қарор дорад. Ду сол қабл дар паёми президент гуфта шуд, ки то охири сол ин ду лоиҳа кабул карда шавад, аммо то имрӯз чизе тағйир наёфт. Ин ду лоиҳа барои мо хеле зарур аст, чун бисёр масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатиро ба танзим медароранд”.

МУҲОҶИРАТИ ЗАНОНРО ЭЪТИРОФ КАРДАНД

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик дар идомаи суҳбатҳояш гуфт, як чизи мусбат, ки ахиран мушоҳида мешавад, зикр намудани занони муҳоҷир аст. Яке аз тавсияҳои Кумитаи муҳоҷирати СММ ба Тоҷикистон ҳам ин буд, ки ҳузури занҳо дар муҳоҷират таъкид шавад ва ҳоло ҳар куҷо элементи муҳоҷират зикр шуд, аз муҳоҷирати занҳо низ мегӯянд, ки ин хуб аст.

 “Ман дар тамоми минтақаҳои Русия будам вобаста ба ин масъала ва он қадар занҳо ҳастанд, ки гумонам 35 дарсади муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд. Онҳое ки мегӯянд, 15 ё 16 дарсадро занон ташкил медиҳанд, дурӯғ мегуянд. Ман метавонам собит кунам. Рӯйхат дорам ки дар кадом минтақа чӣ қадар занҳои тоҷик кор мекунанд”,-афзуд Бобоназарова.

“ГРУЗ-200”

 Маргу мир дар Русия як мушкили асосӣ аст. Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова яке аз тавсияҳои дигари Кумитаи муҳоҷирати СММ ба Тоҷикистон ин буд, ки аз рӯи ҳар факти марги муҳоҷирон ҷониби Тоҷикистон комиссия таъсис дода, онҳоро биомӯзад ва ин масъала дар сатҳи олӣ бо Русия баррасӣ шавад. Агар ин маргҳо бо айби корфармо ё мақомот бошад, Русия ба хонаводаи ин муҳоҷирон ҷуброн пардохт кунад: “Аммо мутаассифона ман надидам, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин кор машғул шуда бошад”.

Аммо Моёншо Маҳмадбекзода, муовини аввали раиси Хадамоти муҳоҷират гуфт, ҷасади тамоми муҳоҷироне, ки дар Русия ба ҳалокат расидаанд, тавассути ширкати “Сомон эйр” ройгон ба Ватан интиқол меёбанд, ки ба гуфтаи ӯ “дар таҷрибаи кишварҳои узви ИДМ аввалин шуда, Тоҷикистон ин коро анҷом дод”.

ЧӢ БОЯД КАРД?

 “Бубинед, қирғизҳо чӣ мекунанд, ҳар вақт санадҳои байнидавлатиро бо Русия имзо карданӣ мешаванд, зуд масъалаҳои муҳими худро ба миён мегузоранд. Мо ҳам шонсҳои хубе доштем. Вақте барои 49 сол тамдид кардани будубоши пойгоҳи Русия ба миён омад, чаро мавзӯи муҳоҷиронро набардоштем?”,-мепурсад ҳуқуқшиноси тоҷик. Ӯ дар идома таъкид кард, барои беҳтар шудани вазъ бояд дар кишвар шароите фароҳам овард, ки сармояи хориҷӣ ҷалб шавад. “Барои ин бояд қонунгузорӣ бознигарӣ шавад. Чаро сармоягузорон таваҷҷуҳи кам доранд, зеро ниҳоди додгоҳӣ ба таври бояду шояд кор намекунад. Сармоягузорон метарсанд, ки инҷо пул гузоранд, зеро ояндаи ин сармояашон норӯшан аст. Маҷмааҳои бузург набояд сохт, балки корхонаҳои хурд бояд бунёд кард. Ва аз ҳама асосӣ андозҳоро бояд кам кард. Дар Тоҷикистон феҳрасти дурударози молиёт мавҷуд аст. Бо чунин вазъ кӣ мехоҳад сармоягузорӣ кунад?”

МУҲОҶИРОНИ БАРГАШТА ФАРОМӮШ НАШАВАНД

Тоҳир Валиев, ҳамоҳангсози барномаи рушди иқтисодии Институти Бунёди мадад мегӯяд, бо афзоиш ёфтани теъдоди муҳоҷироне ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд, масъалаи муҳоҷирони баргашта доғ мешавад ва бояд таваҷҷуҳи бештар ба ин самт равона карда шавад: “Барои мутобиқгардонии муҳоҷирони баргашта дар Ватан бояд талош кард.  Масъалаи пайдо кардани шуғл барои онҳо, рушди худӣ ва ҷалб шудан ба тиҷорат дар мадди назар бошад”. Ӯ таъкид намуд, ки ҳангоми таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба муҳоҷират ҳатман як банд бояд ба мавзӯи муҳоҷирони баргашта марбут бошад. “Агар дар гузаша дар санадҳо танҳо дар бораи рафтани муҳоҷирон таъкид мешуд, акнун бояд ҳам дар бораи рафтан ва ҳам дар мавриди баргаштан бошад”,-афзуд Валиев.

Ба гуфтаи Мавҷуда Азизова, Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар доираи як барнома миёни онҳое, ки беш аз панҷ сол ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд, озмун мегузаронад:

“Ҳар нафар нақшаи тиҷоратии худро пешниҳод мекунад ва нишон медиҳад, ки барои пеш бурдани тиҷорат ба ӯ кадом таҷҳизот зарур аст. Ҳаҷми як грант то 5 ҳазор доллар аст. Мо ба онҳо пул намедиҳем, балки ҳамон таҷҳизоти заруриро барояш мехарем, то тиҷорати хурдро пеш бурда, зиндагии худро гузаронанд. Ҳоло ин барнома танҳо дар ду минтақа — Бадахшон ва Хатлон амал мекунад”.

Сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷустуҷӯи кор муваффақ ҳастанд, аммо амният ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо мушкил дорад, махсусан муносибати пулис бо онҳо хуб нест. Дар ин самт бояд ҳукумат ба кумаки муҳоҷирон иқдом кунад. Давлат бояд дар самтҳое ки худи муҳоҷирон қобилияти ҳалли онро надоранд, фаъол бошад. “Инҷо маҳз фаъолияти сиёсии ҷониби Тоҷикистон ва ҷониби Русия лозим аст. Яъне, на гоҳ-гоҳ, балки ҳамеша бояд парлумони Тоҷикистон бо парлумони Русия, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо Дастгоҳи иҷроияи президенти Русия, намояндаҳои пулиси Тоҷикистон бо пулиси Русия ва ба ин монанд, дар мулоқоту ҳамкорӣ бошанд”,-афзуд ӯ.

Гузал Маҳкамова, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, чанде пештар дар минтақаҳои наздимарзи шимоли Тоҷикистон пажуҳише анҷом доданд ва натиҷаи он нишон дода, ки муҳоҷират интихоби озоди мардони тоҷик набуда, як чораи маҷбурӣ аст:

“Муҳоҷират бисёр мушкилиҳои иқтисодии хонаводаро ҳал мекунад. Инро касе инкор намекунад, аммо вақте онҳо бармегарданд, инҷо худро сохта наметавонанд. Дар Тоҷикистон ислоҳоти замин шуд ва таъкид гардид, ки муҳоҷирон ҳам бояд насибаи худро бигиранд. Аммо дар ниҳоят ин ислоҳот нодуруст шакл гирифт ва муҳоҷирон натавонистанд ки кисмати ба онҳо таалуқдоштаи заминро соҳиб гарданд. Ва ин сабаб мешавад, муҳоҷирони депортшуда, ки замин барои кишту кор надоранд, бо иваз кардани ному насаб дубора ба Русия мераванд. Ҳамаи онҳо мехоҳанд, ки дар Ватан кор кунанд, назди волидонашон аммо барои ин дар кишвар шароит нест”.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД