Дидгоҳ | Ифроту тафрит. Кай ин ду ҷин бадани моро тарк мекунанд?

17 июня 2019
1315
Муаллиф: Фахриддини Холбек

Ду ҷавонро хуб мешинохтам, ки солҳо овозхонӣ карданд ва як рӯз тарки пеша намуда, ба истилоҳ, кунҷи масҷидро гирифтанд. Замоне ки онҳоро дидам, ришҳояшон хеле дамида ва аз он ду ҷавони хушпӯшу саршор аз зиндагӣ асаре намонда буд. Онҳо ба толибони мадорис ва типи нави ҷавононе шабоҳат пайдо карда буданд, ки он рӯзҳо (имрӯзҳо ҳам) зиёд ба чашм мехӯрданд ва “ҳарому ҳалол” ченаки афкору “иншоаллоҳ” такяи гуфторашон шуда буд. Ман ба ҷуз аз боварҳои козиб дар онҳо ҳеч таҳаввули рӯҳониро, ки аз “исломӣ” шудани инсон рух медиҳад, надидам. Дар анҷоми матлаб ба ин қисса бармегардам, аммо ҳоло…

Манижа Давлатова/акс аз Фейсбук

Аслан на ин қисса, балки суҳбатҳои Манижа Давлатова, овозхони маъруф ва солҳо ба ин сӯ пушти пардаҳо рафтаи мо ба навиштани ин матлаб таҳрик дод. Вай гуфтааст, суруд сароидан ва хурсанд кардани хотири дигарон назди Худованд гуноҳи азим аст. Инро ба ман устодам гуфта буд, ки ман аз ӯ дарси Қуръони муқаддасро меомӯхтам.

Инро, ки “хурсанд кардани хотири дигарон назди Худованд гуноҳи азим” будааст, нав мешунавам. Аммо “гуноҳи азим” ё “ҳарому ҳалол” будани мусиқӣ, бахусус, айёме ки ифротишавӣ дар ҷомаи “исломишавӣ” дар ҷомиаи мо ҷавлон мекард, чанд бор баррасӣ шудаву соҳибназарон, ҳатто уламои барҷаста назари худу ҳукми исломро дар ин боб баён карданд. Гуфта шуд, ки мусиқии хуб ҳалол аст ва мусиқии бад – ҳаром, вагарна тайи 1400 соли ҳукумати Ислом аз он ҳеч асаре боқӣ намемонд. Далели маҳкамтар само – мусиқии сӯфиёнаи Мавлавии Балхӣ аст. Ҳатто тариқати суфия — чиштия вуҷуд дорад, ки само ё мусиқӣ (қаволӣ) барои расидан ба ҳақиқати илоҳӣ истифода мешавад.

Аслан шавқу шӯри ин баҳс барвақт, ҳеч аҷаб нест, ки дар ҳамон замони Паёмбар (с) фурӯкаш шудаасту ҳеч гоҳ ҳоҷати пардохтан ба он набуду нест ва огоҳона ё ноогоҳона доман задани он, бешак, кори афроди ҳангомаҷӯ ва ё манфиатдор аст.

Зимнан, мо аз ин гуна “баҳсҳои беохир” ва “супоришӣ” зиёд дорем. “Босмачигарӣ”, тағйири номи забони давлатӣ аз тоҷикӣ ба форсӣ, бозгашт ба расмулхати ниёгон ва гоҳо тақвими миллӣ, “ҳалолу ҳаромӣ”-и Наврӯзу милливу бегона будани Соли нави милодӣ бо арчааш ва ғайраву ҳоказо, гоҳу ногоҳ баҳс мешаванд ва анқариб ҳарфи наве ҳам дар ин боб намонда. Ин ҳама баҳсҳои фаротар аз фаҳму салоҳияти ҷомиа аст, ки бо сиёсатҳои дохилӣ, ҳатто хориҷӣ гиреҳ мехӯранд. Сухан дар бораи арзишҳои миллӣ меравад. Лузуман, ҳарфи охир бояд дар сатҳи ҳукумат ва ё парлумон зада шавад, ки ба далоили маълуму номаълум ин ҳама солҳо хомӯшӣ ихтиёр кардааст.

Афроде ки дар ин баҳсҳо манфиат доранд, кор, шояд маоши худро мекунанд. Ин қобили дарк аст. Аммо инро, ки “ҳарому ҳалолӣ”–и мусиқӣ собит шудаву он ду ҷавон, Манижа ва дигар овозхононе, ки аз ин зумра дар гузашта буданду имрӯз низ ҳастанд, онро “гуноҳи азим” ё “ҳаром” мешуморанд, воқеияти номалмус ва ғайри қобили дарк аст. Чаро бо он вуҷуд ки ҳама номафҳумиҳо мафҳум шудаанд ва норӯшаниҳо рӯшан, мардуми оддӣ-ку як тараф истад, худи овозхонон наметавонанд мутмаин шаванд? Чаро як нафар ноогоҳона кори худро, ки худашу хонаводаашро мехӯронад, “гуноҳи азим” арзёбӣ кунад?

Ин нукта на фақат ҷолиб ва суолангез, балки нигаронкунанда аст. Аз ин хотир, он моро ба суроғи “ифроту тафрит” – ду ориза ё маризии таърих ва умуме мебарад, ки асрҳо ба ин сӯ рӯҳу равони ҷомиаи моро балъида, чун ҷине дар баданаи он хона кардаанд.

Ифрот — тундравӣ ва тафрит — кундравӣ дар ҳар коре мебошад. Ҳарду реша дар калимаи «фарт» доранд, ки ба маънии хориҷ шудан аз ҳадди муайян аст. Аз ҳад хориҷ шудӣ ифрот ва дар як масири дуруст кӯтоҳӣ ё саҳлангорӣ кардӣ, тафрит хонда мешавад. Онҳо танҳо хоси дину мазҳаб нестанд, ки ҳоло мо одат кардаем, қазоват кунем, балки тамоми зиндагии инсониро фаро мегиранд.

Ҳоло бубинед, ки то куҷо ҷомиаи мо дар ифроту тафрит ғарқ шудааст. Ин ҳарду дар ҳама ҷову ҳама кор, чӣ зиндагии оддӣ бошад ва чӣ сиёсату иқтисоду фарҳанг ҳукм меронанд. Аммо дур намеравем, таҷрибаи 30 соли ахир нишон дод, ки дар кори ҷилавгирӣ ва раҳоӣ бахшидани ҷомиа аз онҳо на ҷанги шаҳрвандӣ бо ҷумла талафоти ҷониву захмҳои равониву хисороти иқтисодиаш кӯмак кард ва на ҳатто қонунҳое, ки баъдтар вориди амал шуданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ кифоят мекард, то ҷомиаи Тоҷикистон тундгароии мазҳабиро дарк кунад ва дигар арзиши билоивазеро, ба монанди Ислом ба бозӣ нагирад. Ҷанг анҷом ёфт, аммо тафаккури ифротии толибонӣ монд, балки бо такфирияту ғайраву ҳоказо пурра шуд. Чаро? Заҳҳоки ифроте, ки дар ҷомиаи мо ҳукм меронад, тӯъмаи нав мехосту мехоҳад.

Ҳукумат ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди андешаҳои ифротӣ дар шакли мазоҳиби ҷараён ва созмонҳои бегонаву ифротии нав, ки аз сӯи истихбороти хориҷӣ ворид ва пуштибонӣ мешуданд, Қонуни динро такмил ва мазоҳиби суннатиро расман бар тахт нишонд. Аммо ҳарчанд он мазҳабу ҷараён ва созмонҳои ифротӣ саркӯб шуданд, аммо ақидаи ифротии онҳо аз миён нарафт.

Решакан кардани ифротгароӣ танҳо кори қонун нест. Он худ як падидаи иҷтимоиву таърихӣ ва равонӣ аст, ки як солу ду сол на, балки садҳо сол ба вуҷуд меояд ва як қонун ба сару ҳисоби он нахоҳад рафт. Шояд барҷастатарин қонуне, ки алайҳи ифроти иҷтимоӣ роҳандозӣ шуд, Қонуни танзиму расму оинҳост. Аммо пас аз 12 соли тасвиби ин қонун чӣ дорем? Оё моҳияти он ба мардум расидааст?

Омор натиҷаҳои ҷолибе аз коҳиши нақзи Қонуни расму оинҳоро ба даст медиҳад. Суди Олии Тоҷикистон эълон кард, ки соли 2018 барои риоя накардани қонуни мазкур 660 парвандаи маъмурӣ, 133 адад кам аз соли 2017 баррасӣ шудааст. Муайян кардани ин, ки то куҷо ин омор дуруст аст, ҳарфи ҷудост. Аммо коҳиши парвандаҳо нишондиҳандаи афзоиши дарки мардум аз ифрот дар харҷу хароҷоти маъракаҳо буда метавонад? Ҳатман, ки на. Зеро ҷомиаи мо бо ифрот унс дорад. Маъмулан ба ин мекӯшад, ки чӣ тур аз парванда нашудани ифроташ фирор кунад, то дарки ин ки набояд ифрот ва қонунро нақз кард.

Маъракаи шод ё ғам, тӯй ё азои мо дар аксари кишварҳои олам, аз ҷумла олами Ислом, хусусияти рамзӣ доранд. Аммо тӯйҳои мо бо хостгориву ноншиканон, фотиҳа, сандуқбарон, сарупобинон, ордбезон, чойгаштаки духтарон, базми дӯстони домод, ақди никоҳи давлатӣ ва динӣ, оши наҳор аз ду тараф, келинфуророн, рӯйбинон, домодталабон, қудоталабон, рӯғанрезон, духтарбинон ва азоямон бо севу ҳафту чилу сол… хуллас, чандин маъракаи хурду реза “такмил” мешаванд, ки моҳияти шодишарикиву ғамшарикӣ ва суруру азои онҳо таҳти сояи додугирифту хароҷотҳои беҳуда меафтанд ва ҷуз азияти руҳониву ҷисмонӣ чизи дигаре дар пай надоранд.

Ё манъи ҷашнҳои мактабӣ, назири «Занги камолот», «Хайр, боғча!» ва «Хайр, Алифбо!» ба ифрот чӣ рабт дорад? Аз соли 2012 вазорат мекӯшид, ки онҳоро ба танзим дарорад, аммо муваффақ нашуд ва соли 2016 маҷбур шуд, ҳамаро манъ кунад. Чаро? Ин ҷашнҳо моҳияти аввалӣ, ташрифотӣ ва рамзии худро гум карданд ва ба маъракаҳои худнамоиву харҷҳои ҳангуфт, ҳатто майнӯшиву фаҳшои хонандагон табдил ёфтанд. Кор ба садамаҳои нақлиётӣ ва задухӯрдҳои миёни хонандагон низ расид. Пас айб дар вазорати маориф аст ё ҷомиа?

Ба як сухан, ҷомиа ба ин ҳад расидааст, ки то ифрот накунад, дилаш об намехӯрад. Фоҷиа бузургтар мешавад, вақте кас мебинад, ки падару модар барои дар шарр ё харҷҳои беҳудаи фарзанд омодаи ҳама гуна ифрот – зиёдаравӣ аст, аммо дар хайри ӯ тафрит – кундравӣ мекунад. Оё касеро суроғ доред, ки барои таълиму тарбия, китоб ва муҳимоти дарсии фарзандаш камоӣ накунад? Бовар дорам, ки чунин афрод ҳастанд, аммо банда шахсан ҳеч якеро надидаам. Зеро мо ҳамоно як ҷомиаи хонанда нестем ва хондан фарҳанг ва ҷузъи зиндагии ҳама – шурӯъ аз деҳқон то вазир – нашудааст.

Пушти мисолҳои дигар нахоҳам рафт. Танҳо кофист ба ҳамин шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ дар интернет сар занед ва ифроту тафритро дар ҳама ҷо ва аз тарафи ҳама – чӣ сиёсиёну ғайрисиёсиён ва чӣ мувофиқону мухолифон бубинед.

…Аз он ду ҷавон пурсидам, ки чаро овозхониро бас карданд? Посухашон ин буд, ки чун фаҳмиданд, мусиқӣ ҳаром аст, таркаш кардаанд. Аммо ягон далеле барои ин ҳарфҳои худ надоштанд. Дар онҳо ҳамон ифрот ва боварҳои козибе, ки дар ҷомиаи мо садсолаҳо ба ин сӯ ҷамъӣ ва таърихӣ шудааст, буруз карда буд. Аз ин хотир аст, ки мо “на мусулмони тамом шудему на кофири мутлақ”.

Хуллас, ҷине аз ифроту тафрит дар баданаи ҷомиаи мо хона кардааст. “Бисмиллоҳ”–е бояд, ки онро фирор диҳад*.

*Бино ба эътиқодоти мардуми тоҷик, ҷин пас аз шунидани “Бисмиллоҳи раҳмони раҳим” дафъ мешавад.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД