Афви муҳоҷирон: Эълон шуд ва ё эълон мешавад?

25 июня 2019
1071
Муаллиф: Rushnoi.org

Чӣ санҷида шуд?

Созмонҳое ки бо муҳоҷирон кор мекунанд, мегӯянд, чанд вақти ахир афроди зиёде ба онҳо тамос гирифта, аз дурустӣ ё нодурустии сару садоҳо дар бораи эълон шудани афви навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби ҳукумати Русия мепурсанд. Ба гуфтаи онҳо, миёни мардум овоза ҳаст, ки ҷониби Русия муҳоҷирони меҳнатиеро, ки аз ҳаққи вуруд ба он кишвар маҳруманд, афв кардааст. Ин овозаҳоро муаллифи ин матлаб низ дар миёни мардуми оддӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ шунидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин/акс аз president.tj

Сару садоҳо дар пайи баррасии мавзӯъи афви муҳоҷирон дар суҳбатҳои расмӣ миёни мақомоти ду кишвар, қабл аз ҳама, дар дидори раисҷумҳурони ду давлат, боло шудааст. 17 апрели соли равон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафар ба Русия хостори афви як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон шуд, ки бо сабабҳои мухталиф вуруди онҳо ба қаламрави он кишвар манъ шудааст. 18 июн мавзӯи афви муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторӣ ва сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия доир ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова баррасӣ карданд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Муҳтавои комили ҳар ду мулоқот дар торнамоҳои расмӣ нашр шудаанд. Аммо бино бар он чӣ ки дар ин сомонаҳо мунташир шуд,  на дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путин ва на дар суҳбати Имомуддин Сатториву Валентина Казакова замони эълон шудани афви муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид нашудааст.

Мавзӯъи афви такрорӣ нахустин бор расман дар сатҳи баланд аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Владимир Путин дар дидори 17 апрели 2019 ба миён гузошта шуд ва он дар ҳоли ҳозир танҳо пешниҳод аз ҷониби Тоҷикистон мебошад. Тавре дар торнамои расмии раисҷумҳури Тоҷикистон доир ба ин мавзӯъ омадааст:

скрин аз сомонаи Президенти Тоҷикистон

“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки нисбат ба як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун будубоши онҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ гардидааст, авф эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин қабул карданд ва дар навбати худ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Россия супориш доданд, ки оид ба ҳалли ин масъала чораандешӣ намоянд”.

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Маскав бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия доир ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова низ ҷонибҳо сари ин мавзӯъ табодули андеша кардаанд.

Хулоса

Мавзӯъи афви муҳоҷирон ҳоло танҳо дар сатҳи пешниҳод аз ҷониби Тоҷикистон ва омӯзиш аз ҷониби мақомоти Русия қарор дорад, на бештар аз ин. Ин ки оё ин пешниҳод қабул мешавад, дар чӣ шакл қабул мешавад, кай эълон ва амалӣ мегардад, киҳо вориди афв мегарданд, кадом қонуншиканиҳо бахшида мешавад, чӣ гуна ҷараёни он сурат мегирад, маълум нест. Боварӣ дорем, ки ҳангоми пайдо шудани хабари наве доир ба афв, мақомоти расмӣ онро ба мардум мерасонанд.

Иброҳим Аҳмадӣ/акс аз шабакаи иҷтимоӣ

Зимнан, Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, якуми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “пешниҳоди афв пазируфта шудааст ва ду ҷониб сари ҷузъиёти он кор мекунанд”. Ба гуфтаи ӯ, “хомӯшӣ ба маънои он нест, ки мавзӯъ фаромӯш шудааст. Ҳоло пешниҳодҳо сари ин аст, ки кадом қонуншиканиҳо мавриди афв қарор бигиранд ва кадоме не”.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, боиси таъкид аст, ки ҳанӯз замони эълони афв мушаххас нест ва сару садоҳо дар ин маврид бепоя ҳастанд. Ин овозаҳоро танҳо ҳамчун бардошти нодуруст аз баррасии мавзӯъ дар дидорҳои расмӣ метавон маънидод кард.

Барои маълумот

Бино ба омори расмӣ, теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд, марзи 200 ҳазорро убур мекунад. Моёншо Маҳмадбекзода, муовини аввали раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе гуфта буд, бештари ин афрод барои амалҳои оддие, монанди нодуруст убур кардани роҳ, дар ҷойи мамнӯъ таваққуф додани мошин, пардохт накардани муштарипулии телефони ҳамроҳ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум гардидаанд.

Русия чанд соли ахир дар муқобили муҳоҷирон аз бархӯрдҳои шадид бо истифода аз сангинии қонунгузориҳои муҳоҷираташ кор мегирад. Аз ҷумла, муҳоҷирон барои нақзи қоидаҳои одии зиндагӣ дар Русия аз вуруди дубора ба муҳлатҳои аз се то панҷ сол маҳрум мешаванд. Ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои бештар аз 10 сол аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум гардидаанд.

Ду сол қабл, соли 2017 мақомоти Русия афви муҳоҷирони тоҷикро эълон кард, ки дар натиҷа беш аз 100 ҳазор нафар имкон пайдо карданд, ҳузури худро дар он кишвар қонунӣ намоянд.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД