“Шаҳри Имоми Аъзам”. Коре ки 18 сол пеш бояд мешуд

28 июня 2019
405
Муаллиф: Фахриддини Холбек

Абдураб Расули Сайёф, яке аз раҳбарони бонуфузи ҷиҳодии Афғонистон, пешниҳод кард, ки номи шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон ба “Имоми Аъзам Абуҳанифа” тағйир ва як Маркази илмиву таҳқиқотие низ дар ин шаҳр ташкил дода шавад. Далели ӯ ҳам ин аст, ки гузаштагони Имоми Аъзам Абӯҳанифа зодагони деҳаи Хоҷа Сайёрони имрӯза вилояти Парвони Афғонистонанд.

Сайёф мушаххасан ба Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, президенти Афғонистон пешниҳод намуд, ки дар қатори даҳҳо олими ҳанафии ҷаҳон аз кишварҳои араб, Туркия, Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ дар толор ҳузур дошт ва ҳарфҳои ӯро мешунид. Пешниҳоди Сайёф дар симпозиуми байнулмилалӣ бахшида ба Имоми Аъзам Абуҳанифа, поягузори бузургтарин мазҳаби олами Ислом садо дод, ки рӯзи панҷшанбе, 20 июл, дар Кобул баргузор шуд.

Ишора:

Пешниҳоди Абдураб Расули Сайёф, дар миёни ом маъруф ба Устод Сайёф, маҳофили диниву фикрии Афғонистонро тарконд. Амалан руҳонии маъруф ва муҷоҳиди пир хостори расмият бахшидан ба мактаби ҳанафии Афғонистон дар муқобили девбандии Покистон, салафии Арабистони Саудӣ ва шиаи Эрон шудааст.

Устод Сайёф то ба ҳол шарҳе дар бораи ин пешниҳоди худ надодааст, аммо муаллифи ин сатрҳо дар гузашта аз наздикони ӯ мешунидам, ки мегуфтааст, як сабаби бадбахтиҳои Афғонистон маҳз баста шудани роҳи Бухоро ва мондани рӯзаш ба Девбанд аст.

Ин иддаои Устод Сайёф беҳуда нест. Аз хотираҳои уламои араб, ки дар ҷиҳоди Афғонистон ширкат доштанд, назири Абдулло Азом (Фаластин), Абдулло Анас (Алҷазоир) ва Мӯсо ал-Қарнӣ (Арабистони Саудӣ) ва дигарон бармеояд, ки афғонҳо ба салафият ва ҳамразмони араби салафии худ ҳассосияти шадид нишон медоданд ва агар касеро мехостанд беобрӯ ва аз саҳна ҳазф кунанд, ба пайравӣ аз ин ҷараён муттаҳам мекарданд.

Толибон дуо ва таъйиди муллоҳои Дорулулуми Девбандро гирифта буданд. Раҳбарони он – Мулло Умар, Мулло Ахтар Мансур ва Ҷалолуддини Ҳаққонӣ дар Дорулулуми Ҳаққонияи Покистон тарбият шуда буданд. Он чӣ онҳо дар Афғонистон анҷом доданд, ҳанафиҳои зидддитолиби ин сарзаминро сахт ба шӯр овард ва дар муқобили онҳо қарор дод. Агарчи мактаби Девбанд низ аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад, он гунаи покистонии ин мазҳаб арзёбӣ мешавад ва ба гунаи афғонии он ҳамхонӣ надорад. Дар замони Толибон ақоиди салафӣ дастури “Ал-қоида” қарор гирифт, ки то тавонист ба ақидаву мазҳаби ин сарзамин реша давонд. Ихтилофҳои фикриву мазҳабӣ муҳаррики ҷанги Афғонистон ва бадбахтиҳои мардумаш буданду ҳастанд. Онҳоро қудратҳои дохил хуб мудирият мекунанд.

Устод Сайёфро дар оғози ҷиҳоди Афғонистон салафӣ мехонданд, аммо ҳузури ӯ дар канори Аҳмадшоҳи Масъуд – пайрави ростини мазҳаби ҳанафӣ нишон дод, ки ӯ бо салафиҳо ва девбандиҳо сари созиш надошт ва роҳи худро аз онҳо ҷудо кард.

Устод Сайёф чӣ мехоҳад? Оё пушти сӯҳбатҳои ӯ чӣ меистад?

Тибқи бархе иттилооти дарзкарда аз маҳофили сиёсии Афғонистон, Ҳомид Карзай, президенти собиқи Афғонистон, Устод Сайёфро “муллои НАТО” ва “муфтии Амрико” хондааст, ки ҳатто боре дар муқобили Амрико чизе нагуфтааст. Сайёф аз ҷиргаи машваратии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки ба мухолифати қишрҳои бузурге аз мухолифини ҳукуматаш рӯ ба рӯ шуд, пуштибонӣ кард ва дар кори он ширкат намуд.

Оё қарор додани мазҳаби ҳанафӣ дар муқобили Толибон, ки аз сӯи девбандиҳои Покистон, салафиҳои Саудӣ ва Эрони шиа пуштибонӣ мешавад, ба нафъи амрикоиҳо анҷом мешавад ва тарҳи қаблан тарҳрезишуда аст? Оё то куҷо он алайҳи манофеъи шиаҳои худи Афғонистон, ки узви комилҳуқуқи ин ҷомиаанд, нест? Бахусус, ки Устод Сайёф дар миёни шиаҳои Афғонистон он қадар шахсияти пазируфта нест.

Чорикор, маркази Парвон, дар замони муқовимат хатти муқаддами ҷангҳои Ҷабҳаи Муттаҳиди Аҳмадшоҳи Масъуд алайҳи Толибон, “Ал-қоида” ва артиши Покистон буд. Амалан ҳанафиҳо ва шиаҳои зиддитолиб, ки Сайёф дар қатори онҳо буд, дар ин хат бо девбандиҳои толибу покистонӣ ва салафиҳои “Ал-қоида” алайҳи якдигар меҷангиданд.

Аз сӯи дигар, дар нигоҳу ормонҳои Устод Сайёф, ки дар ҷамъи уламои ҳанафӣ аз тамоми ҷаҳон сӯҳбат мекард, шаҳри Имоми Аъзам маркази ҳанафиҳои ҷаҳон ё “Бухорои дуввум” арзёбӣ шуд.

Аммо инҷониб, ки сари ин мавзӯъ дербоз мутолиа дорам, бар инам, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Ҳинд, Эрон, Русия ва Чин дар дарозмуддат маҳз сари Бухоро, минҳайси як маркази динии паҳнои Созмони ҳамкориҳои Шанхай бояд андеша кунанд. Бухоро дар баробари Девбанд ва Ал–азҳар, ҳатто қабл аз онҳо, қутби собит ва муассири исломи ин паҳно буд. Он чӣ дар пайи суқути Бухоро аз сӯи болшевизм рух дод ва дасти Девбанду Ал-азҳарро боз кард, на фақат Афғонистонро ба бадбахтӣ кашид, балки қариб ним аср ба ин сӯ тамоми ҷуғрофияеро, ки дар боло зикраш рафт, дарҳаму барҳам зад.

Худ ҷанги Афғонистон, мушкили Кашмир, ихтилофҳои мазҳабӣ дар Покистон, баҳси шиаву суннӣ дар Эрон, аввалин хезишҳои мазҳабӣ дар Ӯзбекистон, ҷанги дохилии Тоҷикистон, ҷанги Чечену Русия, чандастагии мазҳабии имрӯза дар Қирғизистону Қазоқистон ва мушкили ӯйғурҳои Чин марказият бахшидан ва бозгашт ба ақидаи аслии мазҳабии ин ҷуғрофиёро, ки аз сӯи макотибу мадориси Бухоро танзим мешуд, нигоҳ ва бархӯрди навро тақозо мекунад, то сулҳу оромиш ва субот дар ин паҳно таъмин шавад.

ДАР ИДОМАИ ИН МАТЛАБ ДУ НАЗАРИ ДИГАРРО НИЗ ПЕШКАШИ ХОНАНДАГОНИ “РӮШНОӢ” МЕКУНЕМ:

РАЗЗОҚИ МОМУН:

Ин бузургтарин зарбаи Сайёф бар марҷаъияти фақоҳат (асли фақеҳигарӣ)-и Толибон аст. Афғонистон роҳи худро аз Арабистон ва мароҷеъи динии Покистон ҷудо мекунад.

Ҳамзамон бо пешрафти музокирот барои расидан ба як созиши мумкин бо Толибон, пешниҳоди ногаҳонии Устод Сайёф барои тағйири номи шаҳри Чорикор ба шаҳри «Имом Абуҳанифа» мутобиқи як барномаи ҷадиду истротежик эълом шудаву ҷонибҳои дарозмуддату фарогир дорад. Нахустин пайомади ин иқдом, эҷоди як Маркази пажӯҳишии ҷаҳонии афкору омӯзаҳои шахсияти динӣ аст, ки асолати ғайрарабӣ дорад ва чаҳор шохаи пайравони аҳноф аз он ҳисоб мебаранд.

Устод Сайёф бо ин иқдом роҳи исломгароии Афғонистонро аз маҷомеъи муфтиёни араби мустақар дар ҳавзаи Арабистон ва меҳварҳои ифротиюни тасаннун дар Покистон ҷудо карда ва бистари раҳбарии тоза ва боэътибореро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон дар дохили Афғонистон фароҳам меовард.

Дар ҳоле, ки андешаварзи пешгоми аҳл суннат бо ваҷҳаи ҷаҳонӣ асолатан аз ҳавзаи ғайриараб аз Хуросон бархостааст, аммо Афғонистон чиҳил сол аст, ки аз назари фатвоҳои дини дар меҳвари ҷиҳод ва шеваҳои зиндагии иҷтимоӣ дар асорати муфтиёни фартути саудӣ ва мавлавиҳои сохти АйЭсАй (ISI – истихбороти Покистон) ва девбандӣ дар шибҳиқорра (Ҳиндустон) ба сар мебурд, ки ҳам дунёи худро хароб кардаанд ва ҳам кишварашонро.

Таъсиси Маркази раҳбарӣ ва марҷаъияти диниву тафсир дар Чорикор, чашмандози тозае дар мубориза бо Покистон ва дунёи ифротии араб мегушояд ва ба ихтироъи «амирулмуъмининҳои» мақтаъӣ ва ниёбатӣ барои эъмоли султа бар Афғонистон нуқтаи поён мегузорад. Чунин марказе ба мурур, қидосати зодгоҳи Имоми Аъзамро барҷаста карда ва аз назари нуфуз ва таълимоти хеш рӯ дар рӯи шаҳри муқаддаси Қум қарор мегирад.

Шаҳри Имом Абуҳанифа мароҷеъи диниро дар ҳавзаи шаҳри Бухоро ва кулли Осиёи Миёна аз ҳамин ҷо раҳбарӣ хоҳад кард. Ин тарҳ ҳар гоҳ ҷомаи амал дар пӯшад, муқаддимаи як тағйири таърихӣ хоҳад буд, ки ҳатто метавонад дар ояндаҳо меҳвар ё марҷаъи тавҷеҳоти фақоҳати муназзамеро шакл бидиҳад то битавонад ҷангҳои дохилӣ дар Эрони пасохоманаиро теориза ва мудирият кунад.

Чаро ин пешниҳод ҳаждаҳ сол пеш ё баъд аз суқути давлати дуктур Наҷибуллоҳ матраҳ нашуд? Ҳоло Имоми Аъзам аз куҷо ва барои чӣ манзуре ба саҳна оварда шудааст?

Инро бояд худи оқои Сайёф посух бидиҳад. Ӯ дар ваҳлаи аввал қасд дорад аз назари қудрати мазҳабӣ ва густараи тафосири динӣ ба разми Толибон биравад. Афғонистон, худ ба даргоҳи аслии фатво ва тафосири динӣ мубаддал хоҳад шуд. Омӯзаҳои Имом Абуҳанифа ҳаргиз дар мағзи одамҳо тухми фархундакушиву сангсорҳо ва даҳандаридагиҳои аз навъи Мавлавӣ Ҳаётуддин намекорад. Ин иқдом барои Покистон ва Саудӣ хабари хуше нест.

Ин пешниҳод дар асос ба ҳифзу таъмини амнияти комили пойгоҳи Багром дар Парвон низ муртабит аст.

ФАҲИМИ КӮҲДОМАНӢ:

Ҳанафиҳои дунё, ки ҳудудан 70% мусулмонҳои ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва солҳои зиёде аст, ки мароҷеъи боэътибори мазҳабии мо сахт осеб дида ва маркази фатво, ки қобил қабул ба ҳама ҳанафиҳо бошад, надорем.

Ҷуғрофияи ҳанафиҳо, ки дастхуши мудохилаи ҷараёноти ифротиву такфирӣ аст ва дар гӯшаҳои дигар он режими вилояти муталлақаи фақеҳ ҳар рӯз бо путк бар фарқи ҳанафиҳо дар манотиқи мухталифи Эрон мекӯбад.

Шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон ба унвони зодгоҳ Имом Абуҳанифа (р), ки дар тӯли таърих мардуми он низ нақши боризе дар муборизоташон доштанд, метавонад маркази фаъолиятҳои таҳқиқотӣ, хадамотӣ, фарҳангӣ ва даъватии ҳанафиҳои ҷаҳон бошад.

Дар даври муосир, ки ёғиёни толиб бо шиори фиребандаи динӣ алайҳи мардуми кишвар мо шамшер кашиданд ва вилоёти мутааддидеро ишғол карданд, Чорикор ба ҳайси маркази муқовамат алайҳи Толибон дижи маҳкам буд, ки фатҳи муҷаддади Кобул ва ҳама кишвар аз ҳамин ҷо оғоз шуд.

Дар канори эҷоди Маркази таҳқиқотии Имоми Аъзам (р) дар Парвон ниёз аст, ки як бунёди хадамотӣ ва иқтисодии дигар ба номи Имоми Аъзам эҷод гардад, ки дар ҳама ҷаҳон фаъолияти фарҳангӣ (нашри китоб, маҷалла, сайт, телевизион), иқтисодӣ, имдодӣ ва хадамотиро анҷом диҳад.

Бо пахш ва нашри осори бузургони аҳноф метавонем ҷилави ифротиҳои такфирӣ ва золимони вилоят фақеҳро бигирем.

Сӯҳбатҳои раҳбари фарзонаи ҷиҳоду муқовимат ва олими барҷастаи уммати исломӣ дар ҳамоиши байналамилалии Имоми Аъзам (р) ҳомиёни ДОИШ, Толибон ва лашкар Фотимиюнро вархато карда ва дарк микунанд, ки бо қомат рост кардани уламои аҳноф дар миёни уммат дигар ба гурӯҳакҳои ифротӣ ва террорист боқӣ намемонад.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД