Чанд нукта дар бораи ақида, масъала ва таҷриба

02 июля 2019
990
Муаллиф: Rushnoi.org

Ақида – назари шахсӣ ба мавзӯст, ки тариқи он ба назари мустақил расидан душвор аст. Андешаи мо -ин ифодаи факт ва муносибати шахсию эҳсосотиямон ба он аст. Вақте, ки мо дар бораи хусусияти субективӣ доштани андеша ва ҷанбаҳои эҳсосотии он сӯҳбат мекунем, оё мешавад ки андешаи мустақилро бисозем? Мо ба он боварем, ки мешавад. Дар шарҳи кортҳои худ, ба Шумо машварат медиҳем, ки чӣ хел ба мустақилият дар тартиби андеша наздик шавед.

Таҷрибаи манфӣ ё мусбатӣ мо дар гузашта ба андешаву бархурдҳоямон таъсир мекунанд. Барои сохтани андеша, таҷрибаи шахсӣ шояд кофӣ набошад. Мешавад, ки аз дӯстонатон хоҳиш намоед, ки аз таҷрибаи хуб дар мавзӯҳои қобили таваҷҷӯҳатон ба шумо қисса кунанд. Аммо дар ин замон бояд бидонед, ки таҷриба на ҳамеша воқеъиятро нишон медиҳад.
Роҳи аз ҳама беҳтари хубтар омӯхтани мавзӯ ин -адабиёт аст. Инҷо муҳим аст, ки мақсаду мароми нависандаҳоро ба назар бигиред. Агар ҳадафи муаллиф танҳо бовар кунонидани хонанда ба идеяҳои ӯст ва на мустақилият ва санҷидани факту омор, пас ба ин мавод чандон аҳамият набояд дод. Ҳатто агар оид ба мавзӯи мавриди омӯзиш мақолаҳои мустақил нестанд, пас бо ба ҳам овардани далелҳои ду мақолае, ки ҳамдигарро инкор мекунанд, мешавад хулосае кард.
Ҳамаи маълумоти ба дастамон расидаро мо ғаразнок қабул мекунем, инро мо мехоҳем ё намехоҳем. Майнаи мо ҳаминхел сохта шудааст, ки мо на ҳамеша ба чизи нав омода ҳастем, ба мо бо ҳамон донишҳое ки то ин вақт доштем, зиндагӣ кардан роҳат аст. Зимни сӯҳбат ба мо ҳамеша ҷолиб аст он чиро шунавем, ки алакай медонем ва дидгоҳи моро тасдиқ мекунад. Бо андешаи интиқодӣ – бо боварҳои нодуруст мубориза бурда мешавад.
Бояд сабабҳоро омӯхт, ки вобаста ба он дар инсон андешаҳои мухолиф ба вуҷуд меоянд. Кӯшиш кунед, худатон барои дастгири чунин ақидаҳо ячанд далел пайдо кунед, ҳарчанд ба андешаи мазкур розӣ набошед ҳам. Муҳим аст, зимни бархӯрдан бо андешаи дигар, оромиро нигоҳ доред. Агар яке аз ҷонибҳои баҳс ба эҳсосот дода шуда, дағалона эрод гирифта, ба шахсият бирасад, пас ин сӯҳбат аз эҳтимол дур аст, ки созанда бишавад -беҳтар аст онро хотима бахшед ва ё муадабона пешниҳод кунед, ки якҷо барои исботи андеша, далелҳои мӯътамад истифода намоед.
Ба фарқ аз факт, андеша таъғир меёбад. Вай набояд дар шуури шумо мавқеъи оҳанин дошта бошад. Мо метавонем таҷриба ва донишҳои нав бигирем, фактҳои навро ошкор кунем, ки бояд ҳатман ба андешаҳои Шумо бояд таъсир расонанд.
манбаъ: Три.точки. Знай, что смотришь!

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД