Душанбе: Вазъи кунунӣ ва дурнамои иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон баҳсу баррасӣ шуд

26 апреля 2021
1036
Муаллиф: Rushnoi.org

Таҳлили стратегии иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон, вазъи сомонаҳои расмӣ, ҷанбаъҳои ҳуқуқии омодагии Тоҷикистон ба иқтисоди рақамӣ, нақши додаҳои боз ва ҳукумати боз дар рушди иқтисоди рақамӣ, имконият ва маҳдудиятҳои муҳити ҳуқуқӣ барои иқтисоди рақамӣ. Ин феҳристи нопурраи мавзӯъҳоеанд, ки дар семинари “Иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон” баҳсу баррасӣ шуданд.   

Семинар 23 ва 24 апрели соли равон дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ҷомеаи академикӣ, расонаӣ ва шаҳрвандӣ дар шакли ҳузурӣ ва онлайнӣ доир гардид. Он бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” ва дастгирии молии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон созмон дода шуд. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, сарвари БҶ “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” дар расми оғози семинар гуфт, татбиқи фанновариҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои “пешқадам” метавонад рушди устувори иқтисодӣ ва рақобатпазирии байналмилалии кишварро таъмин намояд. Ба гуфтаи ӯ, рақамикунонии иқтисодиёт модели нави рушди иқтисодиро ба вуҷуд оварда, ҷалби сармоягузории иқтисодиро зиёд менамояд.

“Солҳои ахир дар Тоҷикистон бо мақсади таъмини танзими ҳуқуқии фаъолият дар муҳити рақамӣ якчанд санадҳо қабул карда шудаанд, ки метавонанд ба рушди иқтисоди рақамӣ таъсиргузор бошанд. Илова бар ин, дар кишвар ташаббусҳое анҷом дода шуда истодаанд, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунанд. Дар ин марҳила зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ҷиҳати таъмини фаҳмиши якхела ба миён омадааст. Бо назардошти ин нуқта, ки ин корро ҷомеаи академикӣ, расонаӣ ва шаҳрвандӣ аз ҳама беҳтару хубтар метавонанд анҷом бидиҳанд, мо баргузории ин семинарро ба нақша гирифтем»,-илова намуд ӯ.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Диловар Мунавваров

Диловар Мунавваров, директори барномаҳои Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон аснои ироаи сухани ифтитоҳӣ гуфт, иқтисоди рақамӣ ҳаҷми бузурги маълумотро дар худ дорад, истифодабарандаҳои иқтисоди рақамӣ имкон доранд, дар ҳолати вақти воқеӣ арзиши молу маҳсулоти гуногунро аз сомонаҳои мухталиф аз назар гузаронанд: «Иқтисоди рақамӣ инчунин барои сарфаи вақт ҳам бисёр муҳим аст. Як мисоли одӣ, пештар барои хариди доруворӣ дорухати табибро гирифта, барои харидории он ба маркази шаҳр рафтан зарур буд, ки ҳам вақт ва ҳам харҷҳоеро дар пай дошт. Ҳоло бошад, тавассути замимаҳои мобилӣ ва сомонаҳои махсус дилхоҳ дору ба хона ё ҷойи кор дастрас карда мешавад. Ин чиз ҳам аз нигоҳи сарфаи вақт ва ҳам аз нигоҳи сарфаи маблағ қуллай мебошад».

Ӯ дар идома афзуд, яке аз дастовардҳои асосии иқтисоди рақамӣ ин аст, ки кишварҳои рушдкунанда имкон доранд, дар истеҳсолоти ҷаҳонӣ ширкат кунанд: «Яке аз намунаҳо барномасозони ҳинд ҳастанд, ки кишвари худро тарк накарда, метавонанд дар сохтани барномаҳои компютерӣ ё маҳсулоти рақамӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ иштирок кунанд».

Мавзуна Абдураҳмонова
Талъат Нуъмонов

Дар ин семинари маърифатӣ коршиносони аршади бахши ТИК ва иқтисоди рақамӣ аз Тоҷикистон ва хориҷ дар мавриди зарурати тавсеаи иқтисоди рақамӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои он суҳбат карда, таҳлилҳои анҷомшуда дар ин самтро муаррифӣ намуданд. Екатерина Громова, ки ба таври онлайн аз Амрико дар ин семинар иштирок мекард, таҳлили стратегии иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ва мақоми кишвари моро дар шохис ё индексҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ин таҳлилро Бонки ҷаҳонӣ анҷом дода ва як таҳлили комили вазъи иқтисоди рақамии Тоҷикистон дар солҳои ахир гуфта мешавад. Хонум Громова дар рӯзи дуввуми семинар аз “Зарурати малакаҳои рақамӣ дар иқтисоди рақамӣ” суҳбат кард.

Екатерина Громова
Парвина Ибодова

Азизҷон Азимӣ

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, сарвари БҶ “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” таҳлили анҷомшуда дар заминаи вазъи сомонаҳои расмии мақомотро пешниҳод намуд. Таври маълум бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, № 344 “қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет” тасдиқ шудааст. Аммо таҳлили мазку нишон медиҳад, ки ягон сомонаҳои расмӣ ҳамаи 159 банди қарори мазкурро иҷро намекунанд.

Асомиддин Атоев, намояндаи ташкилоти SecDev Foundation (Қирғизистон) таҳлили омодагии Тоҷикистон ба иқтисоди рақамиро муаррифӣ кард. Дар ин муаррифӣ ба паҳлӯҳои қавию заиф, тавонмандӣ ва хавфҳои масъала дахл карда шуд.

“Ҷанбаъҳои ҳуқуқии омодагии Тоҷикистон ба иқтисоди рақамӣ”-ро Парвина Ибодова, ҳуқуқшиноси БҶ  “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” муаррифӣ намуд. Уктам Ҷумъаев, корманди намояндагии Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии “МИСиС” дар шаҳри Душанбе “Нақши додаҳои боз ва ҳукумати боздар рушди иқтисоди рақамӣ”, Санҷар Саидхоҷаев, коршиноси ТИК “Таҷрибаи Узбекистон дар соҳаи ТИК”, Ярослав Еферин, намояндаи Дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Маскав “Нақши платформаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар рушди иқтисод”-ро муаррифӣ каданд.

Сарвар Холиқзода

Инчунин дар семинари мазкур Сарвар Холиқзода, намояндаи Вазорати адлия “Имконият ва маҳдудиятҳои муҳити ҳуқуқӣ барои иқтисоди рақамӣ”, Умрило Меликов, устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон “Иқтисоди рақамӣ ва таними ҳуқуқии он дар Тоҷикистон”, Суҳроб Рустамов, намояндаи Бунёди ҷамъиятии “Интернет” – “Таҳлили вазъи омодагии низоми маориф ба таълими фосилавӣ ар шароити КОВИД-19”, Азизҷон Азимӣ, бунёдгузори Tajrupt “Зеҳни сунъӣ ҳамчун омили рушд дар Тоҷикистон”-ро муаррифӣ карданд.

Иштирокдорон дар саволу ҷавоб ва муҳокимарониҳо иштироки фаъол доштанд.