Фейк | Ҳавопаймо ва паррандаҳо аз фазои Каъба парвоз намекунанд

21 мая 2019
1208
Муаллиф: Rushnoi.org

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук маълумоте паҳн шудааст, ки дар фазои Каъба, ки барои мусалмонон ҳамчун Хонаи Худо дониста мешавад, ҳавопаймо ва паррандаҳо парвоз намекунанд. Дар зери ин хабар акси Каъба гузошта шуда дар фазои он як ҳавопаймо ва як паррандаи дар ҳоли оташ гирифтан дида мешавад. Ин иттилоъ моҳи сентябри соли сипаришуда дар гуруҳи “Айтарым бар”  нашр шудааст, аммо ахиран дар Фейсбуки тоҷикӣ низ бознашр шуд.

Скрин аз Фейсбук

Чӣ гуна санҷида шуд?  

Мушоҳидаи сомонаи FlightRadar, ки тавассути он парвозҳоро ба тамоми ҷаҳон мешавад, назорат кард, нишон медиҳад, ки дар фазои Макка ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд.

Скрин аз сомонаи FlightRadar

Дар ин паёми фейсбукӣ ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар шаҳри Макка фурудгоҳ нест. Аммо дар асл дар ин шаҳри мусалмонҳо фурудгоҳ мавҷуд аст, аммо хеле хурд мебошад. Аз ин хотир зиёраткунандаҳои Хонаи Худо ба шаҳри Ҷидда, ки дар 100 километрии Макка ҷойгир аст, мераванд. Аз сӯи дигар Макка дар минтақаи куҳӣ ҷойгир мебошад, ки мавҷудияти фурудгоҳро душвор мекунад.

Хабари парвоз накардани паррандаҳо бар фазои Каъбаро видеои мазкур ботил мекунад.

Ва акси дар ин хабар гузошта низ сохташуда аст, зеро ҳавопаймо ва парранда як ҳаҷм доранд. Дар асл, ҳеч парандае наметавонад дар бузургӣ ҳатто баробари як чархи ҳавопаймо бошад.

Скрин аз Фейсбук
Ин далелсанҷӣ бо истифода аз сомонаи маълумоти uzjournal.uz таҳия шуд

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.