“Ҳафтаи инноватсия ва гузариши рақамӣ дар Тоҷикистон”
18 ноября 2024
109
Дар шаҳри Душанбе “Ҳафтаи инноватсия ва гузариши рақамӣ дар Тоҷикистон” ҷараён дорад. Он бо ибтикори Агентии инноватсия ва ва технологияҳои рақамӣ баргузор мешавад.
Барномаи чорабинӣ аз ин қарор аст:
- Рӯзи ҳалли инноватсионӣ дар рушди соҳибкории занон
- Рӯзи IT
- Рӯзи механизмҳои маблағгузорӣ ва барномаҳои инноватсионии дастгирии стартапҳои IT ва КХМ, аз ҷумла шарикӣ ва мусоҳибаи давлат ва бахши хусусӣ
- Рӯзи технологияҳои молиявӣ (FinTech)
- Рӯзи инфрасохтори рақамӣ барои ҳукумати электронӣ
- Рӯзи савдои электронӣ (E-commerce)
- Рӯзи амнияти киберӣ ва марказҳои маълумот
- Рӯзи малакаҳо, Техҷам ва платформаи IT гап
Чорабиниҳо дар бинои Агентии технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ, IT — Park Душанбе, меҳмонхонаи Hyatt Regency, Донишгоҳи технологӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор мешаванд.