Рушди малакаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти коркард ва таҳлили додаҳо (даври дуюм)

14 декабря 2024
255
Муаллиф: Rushnoi.org

Даври дуюми тренинги “Рушди малакаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти коркард, таҳлил ва дидорисозии додаҳо” дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» бо дастгирии Иттиҳодияи Аврупо ва “Acted” баргузор шуд. Бахши аввали тренинг охирҳои моҳи сипаришуда доир гардида буд.

Даври дуюм бештар ба корҳои амалӣ ихтисос ёфта буд. Иштрокдорон истифода аз абзорҳои марбути дидорисозиро таҷриба карданд. Табдили файлҳои PDF ба форматҳои дигар, истифодаи Flourish.studio, Tableau, Datawrapper ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар мисоли “ChatGPT”-ро барои дидорисозии додаҳо омӯхтанд.

Уктам Ҷумаев, коршинос дар умури шаффофият ва ҳисоботдиҳии молияи давлатӣ, Рустам Гулов, коршиноси дидорисозии додаҳо, Яъқуб Ахмедов, коршинос дар умури таҳлили додаҳо давоми се рӯз барои баланд бардоштани малакаи дарёфт, коркард ва дидорисозии додаҳо ба иштирокдорон ёрӣ расониданд.