Тафсири Одобномаи шаҳрванди электронӣ

06 марта 2025
262
Муаллиф: Rushnoi.org

Одобнома аз ҷониби Конфронси 11-уми октябри соли 2013 қабул гардид.

Ҳадафи асосии Одобномаи шаҳрванди электронӣ (эТИКет) – густариши пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек дар фазои электронӣ новобаста аз макону замон, мебошад. Аз ин рӯ мо, аъзои ҷомеаи иттилоотии рақамӣ, одобномаи шаҳрванди электрониро пазируфта, бар онем, ки меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар ҳаёти виртуалӣ бояд пурра риоя гарданд.

Меъёрҳои ҳамин одобнома ҳангоми муошират бо телефони мобилӣ, шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва бо татбиқи дигар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) амалишавандаанд.

Шакли кӯтоҳшудаи номи санади мазкур ЭТИКЕТ аст, ки аз калимаҳои «мобикэт» ва «нетикэт» таркиб ёфтааст ва дар маҷмӯъ одоб ё этикаи дастрасӣ ва истифода ба ТИК-ро ифода менамояд.

 

Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Далели чунин гуфтаҳо ин аст, ки ҳангоми истифодаву татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ низ пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек муътабар аст. Фазои виртуалӣ ҷузъи ҳаёти воқеии мо мебошад. Вақте дар сайтҳои интернетӣ ворид мешавем, вақте бо телефон сӯҳбат менамоем, вақте дар ҷамъомадҳои шабакавӣ ширкат меварзем ва вақте ТИК-ро дар дигар ҳолатҳо бо мақсади ба муошират, таҳсил, эҷод, тиҷорат, фароғат ва дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ истифода мебарем, фазои виртуалиро ба вуҷуд меорем. Яъне фазои виртуалӣ дар натиҷаи пиндор, гуфтор ва рафтори мо пайдо мешавад ва агар мо нек бошем, фазои виртуалии солимро хоҳем дошт. Дар акси ҳол ТИК метавонад ба воситаи рушди «беодобӣ» табдил ёбад.

Фазои виртуалӣ инъикоси қобилияти инсон аст. Инсон нерӯю қобилияти хоси худро дорад ва дар ҳар замону макон, ки аз фазои виртуалӣ истифода мебарад бояд аз сифатҳои неки худ дарак диҳад. Фарҳанги мо аз панду андарз ғанӣ аст. Аммо ба ин маҳдуд нашуда, 31 нафар дар конфронси ҷумҳуриявии рӯзи 11 октябри соли 2013 ҷамъ 2 шуда, ҳамин ҳуҷҷатро бо унвони Одобнома қабул карданд. Ин ҳуҷҷат қонун нест. Бо он касеро ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ (аз ҷумла ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ) кашида намешавад. Ин ҳуҷҷате аст, ки ҳар кас метавонад онро бо зеҳн ва виҷдони худ эътироф намояд (аз ҷумла шумо низ хонандаи гиромӣ).

Ҷавҳари Одобномаи мазкур ҳамин аст, ки меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар фазои виртуалӣ (маҷозӣ) бояд пурра риоя гарданд.

Яъне, фазои маҷозӣ ҷузъиҳаёти воқеии инсон аст. Салом додан дар хона, ҷойи кор ва ҷомеаро, ки мо одоб меҳисобем, пас салом додан дар почтаи электронӣ, чат, суҳбати телефонӣ ва ғ. низ айнан ҳамон одоб аст. Яъне тамоми меъёрҳои одоб дар фазои виртуалӣ низ пойдор бояд бошад. Имкони «ношинос» мондан дар фазои виртуалӣ боиси риоя накардани одоб шуда наметавонад.

Меъёрҳои Одобномаи мазкур тавре ифода шудаанд, ки натанҳо интернет ва телефони мобилӣ, инчунин ТИК-еро, ки дар оянда пайдо мешавад, низ фаро мегирад.

Ба хотири осонфаҳм шудани Одобномаи мазкур, шакли кӯтоҳшудаи онро эТИКет гуфтаанд. Он аз калимаҳои «мобикэт» ва «нетикэт» таркиб ёфтааст. Мобикет одоб ҳангоми истифодаи телефонҳо, аз ҷумла телефонҳои мобилиро дар назар дорад. Нетикет одоб ҳангоми истифодаи шабакаро дар назар дорад. Дар маҷмуъ эТИКет ҳардуи ин мафҳумро ба инобат гирифта, этикаи дастрасӣ, истифода, татбиқ ва дигар амалҳои вобаста ба ТИК-ро ифода менамояд.

1. МАНФИАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ҲАНГОМИ ИСТИФОДА ВА ТАТБИҚИ ТИК ҲАМЕША БОЯД БА НАЗАР ГИРИФТА ШАВАД

Инсон ҳамеша дар талоши манфиатҳои худ талош менамояд ва натиҷаи дилхоҳ он гоҳ ба даст меорад, ки, манфиатҳои ҷамъиятиро сарфи назар нанамояд. Ҳамин қоидаи умумӣ ҳангоми истифода ва татбиқи ТИК низ бояд риоя гардад. Чунки манфиати ҷамъиятӣ аз манфиати ҳар як узви он иборат аст ва риояи он пос доштани манфиати ҳар як фард мебошад. Агар дар шабакаи иҷтимоӣ рафтори шахс боиси халалдор шудани манфиати дигарон бошад, пас ӯ бояд худдорӣ намояд. Дар акси ҳол нафари дигаре метавонад манфиати ӯро поймол кунад. Тадриҷан чунин рафтор ба амали муқаррарӣ дар фазои маҷозӣ табдил меёбад ва ба ҳаёти воқеӣ таъсир мерасонад.

2. ЭҲТИРОМ ВА РИОЯИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН, САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ МИЛЛӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ФАЗОИ ВИРТУАЛӢ ШАРТ ВА ЗАРУРАНД

Ахлоқ заминаи асосии ҳуқуқ ва қонун аст. Агар ахлоқ риоя гардад баҳсҳои ҳуқуқӣ камтар мешаванд. Ҳамчунин агар ҳуқуқ ва қонун риоя гарданд, фарҳанги риояи қонун ва ахлоқ низ меафзояд. Яъне миёни ахлоқ ва ҳуқуқ алоқаи мутақобила ҳаст. Ахлоқ сутуни қонун аст. Шахсе, ки ахлоқи хуб дорад ҳеҷ гоҳ қонуншиканӣ намекунад. Зеро, ахлоқи нек маснунияти (имунитети) зеҳнию ботинии инсонро ташаккул дода, ҳамагуна зуҳуроти манфиро мисли вирусбандон (антивирус) ботил менамояд. Яке аз вазифаҳои мо ҳамин аст, ки эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба ҳукми анъана ворид намоем. Ҳар шахс бояд ба эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон одат намояд, зеро ба «қонуншиканӣ» ё «поймол шудани ҳуқуқи худ ва дигарон» одат намудан бар зарари шахс ва ҷамъият аст.

3. РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ, ИНЧУНИН ЭҲТИРОМ БА АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ВА МИЛЛАТҲОИ ДИГАР ДАР ФАЗОИ ВИРТУАЛӢ ЗАРУР АСТ

Забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷҷатгузорӣ ва кору фаъолияти ҳамаи мо, забони расмӣ ба шумор меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009, № 553 «Дар бораи забони давлатӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 № 458, «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» заминаҳои меъёрию ташкилии рушди забони давлатиро муқаррар кардаанд. Имрӯз ТИК низ омили рушди забон буда метавонад. Тавассути ТИК муайян кардан ва ислоҳи хатоҳои грамматикӣ ва имкони мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои гуногуни забони адабии тоҷик фаровон мебошад. Бинобар ин, риояи қоидаҳои имло, меъёрҳои грамматикӣ ва одоби гуфтори забони адабии тоҷик тавассути ТИК осон аст. Риоя накардани онҳо дар мукотибот ва муоширати оммавӣ ва 4 расмӣ, масалан, хато навиштани ному насаб, истифодаи лаҳҷа дар мукотибот ва муошират, истифодаи зиёди аломатҳои хитобу савол дар матни мактуб, бо ҳарфҳои калон навиштани матн метавонад ба иззати нафси дигарон расад. Ҳамзамон бесводона навиштан дар сарчашмаҳои электронӣ боиси он мегардад, ки тули солҳои зиёд бесаводии шумо барои дигарон ошкор бошад. Зеро, сарчашмаҳои электронӣ ҳамагуна маълумотро дар хотираашон нигоҳ дошта, онро зуд паҳн менамоянд. Дар ин асно ҳақ барҷониби шоир аст — «пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад», дар миёни сайтҳо афсонаи лабҳо шавад. Илова бар ин, бо рушди ҳуши маснуъӣ (artificial intelligence) шикастани забони адабӣ ба мушкилиҳои шахсӣ дар истифодаи таҷҳизоти ҳушманди рақамӣ оварда метавонад. Дар баробари эҳтироми арзишҳои миллӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва эҳтироми арзишҳои дигар миллату халқиятҳо аз маданияти боло ва таҳаммулпазирии мо дарак медиҳад. Ин ҳолат бештар дар интернет ва дигар сарчашмаҳои электронӣ назаррас мебошад. Зеро маҳз интернет муоширати моро бо дигар халқияту миллатҳо ва башарият ба ҳазорҳо маротиба афзуд. Аз ҳамин хотир дахолат кардан, таҳқир намудан ва анҷоми дигар амалҳо ба арзишҳои маънавию фарҳангии дигар миллату халқиятҳо зебандаи тоҷикистониён нест.

4. САБТ ВА ПАХШИ РАСМУ НАВОРҲОИ ФАҲШОМЕЗ ВА ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ПОРНОГРАФӢ НОРАВОСТ

Сабт ва паҳн кардани маводи порнографӣ ва фаҳшомез (матн, акс, аудио, видео) тавассути ТИК хусусан дар ҳолате, ки он барои омма дастрас аст нораво мебошад. Фаҳш ва порнография падидае мебошанд, ки қабули он аз ҷониби ҷомеа гуногун аст. Масалан, расми шахси нимурён шояд дар сайт ё дигар маводи тахассусии тиббӣ, санъати тасвирӣ ва инчунин барои ҷомеаи баъзе давлатҳо муқаррарист, аммо барои кишварҳои бештар суннатии Шарқ ин ғайримуқаррарӣ ва ғайриахлоқӣ буда метавонад. Аз ҳамин сабаб баҳо додан ба ҳолатҳои мушаххас, ки оё он фаҳш аст ё на, аз мақсад, далелҳо ва мазмуну шакли маводи паҳншуда вобаста аст. Дар ҳама ҳолат бо мақсади ғаразнок сабт ва паҳн намудани саҳнаҳои фаҳшомез, таҳқиромез, натанҳо бадахлоқист, инчунин ҷиноят аст.

5. ТАБЛИҒУ ТАРҒИБИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БО ТАМОМИ ЗУҲУРОТАШ БА ВОСИТАИ ТИК НОРАВОСТ

 Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми терроризм чунин таъриф шудааст: «Терроризм — яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъи, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалӣ таҳти ҳимояи байналмилалии қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд, мебошад».

Терроризм ва дигар амалҳои хусусияти террористидошта дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 179, 179(1), 179(2), 6 179(2), 181, 182 ва ғ.) манъ шудааст. Ҳамчунин таблиғу тарғиби терроризм дар шакли даъвати оммавӣ барои содир намудани амалҳои хусусияти террористидошта, тибқи моддаи 179 (1) ҷиноят эътироф мегардад. Инчунин иттилооти баръало бардурӯғ оид ба кирдори террористӣ (моддаи 180 Кодекси ҷиноятӣ) низ ҷиноят мебошад. Мақсади иттилоърасонӣ ба омма ё мақомоти масъул оид ба ҳодисаву ҳолатҳои воқеӣ тибқи тартиби муайяншуда бошад, дар ин ҳолат мушкилие вуҷуд надорад. Аз таблиғу тарғиби терроризм ҳамеша бояд худдорӣ намуд, зеро ин ҷо эҳтимолияти зиёди содиршавии ҷиноят вуҷуд дорад. Ҳангоми иттилоърасонӣ муайян кардани фарқияти хабари холисона аз таблиғу тарғиб дар таҷриба душвор аст. Масалан, зоҳиран баъзан мо гуё хабар дастрас менамоем, аммо аслан он таблиғу тарғиби мақсади ғаразноке буда метавонад. Бинобар ин, ҳангоми масъалагузорӣ ҳалли он аз муайян кардани мақсад вобаста аст. Мафҳуми экстремизм дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм” чунин пешбинӣ гардидааст: «экстремизм — ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зўроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст». Дар Кодекси ҷиноятӣ якчанд моддаҳо дар ин самт муайян шудааст: Моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм; Моддаи 307(2). Ташкили иттиходи экстремистӣ (ифротгароӣ); Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ); Моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гуруҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта. Надонистани талаботи қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Аз ҳамин сабаб дар шабакаҳои интернетӣ ба маълумот ва маводҳои мавҷуда бояд боэҳтиёт буд, зеро як амали ноҷо метавонад боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс гардад.

6. ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ НОБОЛИҒОН ВА ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ВАЗИФАИ АФЗАЛИЯТНОК ДАР ФАЗОИ ТИК МЕБОШАД

 Ноболиғон (шахсони то 18 сола) ва шахсони имконияташон маҳдуд 7 (маъюбон, пиронсолон ва ғ.) бинобар имкониятҳои заъифи моддӣ, ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавӣ ниёз ба ёрӣ ва ҳимоя доранд. Фиреби кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон, ҷалби кӯдакон ба амалҳои ғайриқонунию ғайриахлоқӣ нисбатан осон аст. Аз ин лиҳоз, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони зикршуда, ҳангоми истифода ва татбиқи ТИК вазифаи ҳар яки мо мебошад. Масалан, кӯдакон дар ҳолати набудани назорат метавонанд тавассути ТИК ба сарчашмаҳои ғайриахлоқӣ дастрасӣ дошта бошанд. Бинобар ин чораҳои гуногун, аз ҷумла назорат, пешгирӣ, маслиҳатдиҳӣ ва мусоидат барои қонеъ намудани ниёзҳои онҳо тавассути ТИК, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои халалдоршудаи онҳо дар ТИК аз ҷониби ҷомеа бояд ба роҳ монда шавад. Масалан, агар акси ноболиғ дар интернет бо мақсади ғайриахлоқӣ истифода шавад, ҷомеа ба ин бояд вокуниш нишон диҳад, зеро кӯдак қобилияти муборизаро надорад. Ё барои аз интернет истифода бурдани кӯдакон барои онҳо бастаи «интернети кӯдакона»-ро (яъне маводи аз нигоҳи равониву ҷисмонӣ барои кӯдак безарарбуда) муҳайё намудан зарур аст. Масалан, дар Бритониёи Кабир дар ҳолати пайдо шудани порнографияи кӯдакона аҳли ҷомеа зуд ба ташкилоти Internet Watch Foundation муроҷиат менамоянд, то ин ки ташкилоти мазкур барои фавран аз интернет нест намудани порнографияи кӯдакона чораҳои заруриро андешад.

7. ИСТИФОДАИ ТИК БАРОИ ТАЪҚИБ, ТАҲҚИР, ТУҲМАТ, ИҒВО, ВОҲИМА, ҒАРАЗВАРЗӢ, МАҲАЛГАРОӢ ВА ДИГАР АМАЛҲОИ НОРАВО ҒАЙРИ ҚОБИЛИ ҚАБУЛ АСТ

 Таъқиб, таҳқир, туҳмат, иғво, воҳима, ғаразварзӣ, маҳалгароӣ аз амалҳое мебошанд, ки ба манфиатҳои шахсию ҷамъиятӣ зарар меоваранд. Лозим ба таъкид аст, ки таъсири манфии чунин амалҳо тавассути ТИК бештар мебошад. Масалан, таҳқири шахс дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба таҳқири шахс дар кӯча таъсири манфии бештар дорад. Сабти пинҳонии суханони як нафар бе розигии ӯ, зарари бештар аз «хабаркашӣ»-ро дорад. Ҳамин тавр, тавассути ТИК содир намудани амалҳои мамнуъ, таъсири онҳоро бештар мегардонад, ки дар натиҷа ин истифодаи ТИК-ро маҳдуд мекунад.

8. ТАБЪИЗИ МИЛЛӢ, ЗАБОНӢ, ДИНӢ, НАЖОДӢ ВА ҶИНСӢ ДАР ФАЗОИ ВИРТУАЛӢ РАВО НЕСТ

Табъиз (дискриминатсия) одатан ба маънои «маҳдуд кардан» фаҳмида мешавад. Ба нафаре вобаста ба миллат, забон, дин, нажод ва ҷинс маҳдуд кардан ё бартарӣ додан дар фазои виртуалӣ низ раво нест. Имрӯз сиёсати рушди ТИК чунин аст, ки технологияҳо бо ҳамаи забонҳо дастрас бошанд ва ҳамаи қишрҳои ҷомеа новобаста аз вазъи молиявӣ тавонанд онҳоро соҳиб гарданд. Маҳз ТИК сарҳадҳои касногузарро гузашт ва имкониятҳои навро ба инсоният фароҳам овард. Бинобар ин, маҳдудиятҳои беасос ва зарароварро набояд дар ҷомеа ва хусусан дар фазои ТИК вусъат бахшид.

9. ЭҲТИРОМИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ ҲАТМӢ БУДА, БО ИСТИФОДА АЗ ТИК АСАРДУЗДӢ РАВО НЕСТ

 Моликияти зеҳнӣ (мақола, шеър, асарҳои бадеӣ, илмӣ, расм, акс, барномаҳои компютерӣ ва ғ.) ба мисли моликияти моддӣ, (масалан дастгоҳи мобилӣ) ниёз ба эҳтиром доранд. Мардум дар бозор ба як дона мева, сабзавот ва ё маҳсулоти дигар бе розигии соҳиби он ва пардохташ даст намерасонанд, ки кафили эътимоду давомнокии бозор аст. Ҳамин гуна муносибат ба моликияти зеҳнӣ хусусан дар интернет ва дигар бахшҳои ТИК эҳтиром ба ҳаққи соҳиби он ва ҳаққи худи корбар чи дар фазои маҷозии кишвар ва чи глобалӣ мебошад. Яъне хулоса ин аст, ки эҳтироми моликияти зеҳнӣ на танҳо арҷгузорӣ ба ҳаққи муаллифу соҳибмулки он мебошад, балки кафили эҳтироми моликияти ватанӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва рушди тавонмандии эҷодкории фарогир дар ҷомеа аст. Асардуздӣ дар қонунгузорӣ низ манъ шудааст ва барои ин кор ҷавобгариҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Аммо ин масъала дар ҷомеа ҷанбаи маънавию ахлоқӣ дорад. Таъсири манфии асардуздӣ тавассути ТИК бештар аст. Хусусан асардуздӣ нерӯи эҷодии ҷомеаро заиф мегардонад ва ба эҷодкорони воқеӣ зарар меовараду тарбияи эҷодкорони ояндаро мушкил месозад. Аммо ин масъала низ тадриҷан роҳи ҳалли худро ёфта истодааст. Яъне тавассути ТИК муайян кардани асардуздон осон шудааст ва онҳо пайваста мавриди муҳокимаи аҳли ҷомеа қарор мегиранд. Яке аз мисолҳои равшани он ин ошкор шудани асардуздии олимон (ё 9 олимшавандагон) тавассути барномаи «АНТИПЛАГИАТ» буд, ки баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.

10. ОДОБИ МУОШИРАТ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ ТИК БОЯД РИОЯ ГАРДАД; МУОШИРАТИ ДУРУДАРОЗИ БЕЗАРУРАТ, ИСТИФОДАИ САДОҲОИ ГӮШХАРОШ, СУХАНОНИ ҚАБЕҲУ БЕОДОБОНА ВА БАЛАНД ГӮШ КАРДАНИ МУСИҚӢ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ РАВО НЕСТ

Маъмулан тавассути телефони ҳамроҳ вайрон кардани одоби муошират, хусусан садоҳои гӯшхароши баланди телефонҳо, гӯш кардани мусиқии баланд, сӯҳбати телефонии дурудароз дар ҷойи ҷамъиятӣ, безарурат сабт кардани ин ё он лаҳзаҳо, ки шояд барои шахсони дар кадр сабтшаванда маъқул набошад, сабтҳои ғайриахлоқиро тавассути телефонҳо паҳн кардан, дар занги телефон гузоштани масхараю суханҳои қабеҳ, риоя накардани одоби салом ва хайрухуш дар телефон ва ғайраҳо бештар ба чашм мерасад. Айнан ҳамин гуна рафторҳо ҳангоми истифодаи компютер, планшет ва дигар дастгоҳҳо метавон мушоҳида кард, ки одоби муоширатро вайрон менамояд. Муоширати инсонӣ масъалаест, ки дар тули таърих, аҷдоди мо ҳазорҳо маротиба ба он тавааҷҷӯҳ зоҳир кардаанд, зеро вайрон кардани одоби муошират боиси нороҳат шудани ҷомеа мегардад. Чунин нороҳатӣ бештар мешавад, агар мо муоширатро тавассути ТИК вайрон намоем. Бубинед, агар ба касе сухани нороҳате гуфтем, шояд муддате пас онро фаромӯш созад, аммо агар ҳамин суханро тавассути почтаи электронӣ нависем, он боқӣ монда, бо кушодани почта метавонад такроран нороҳат шавад. Яъне тавассути ТИК имконоти бемӯҳлат нигоҳ доштан, фавран ва васеъ паҳн кардани ҳамагуна маълумот вуҷуд дорад. Бинобар ин, дараҷаи таъсирнокии ҳар падидаи мусбат ва ҳар падидаи манфӣ дар ТИК басо калон аст. Бояд кӯшиш намуд, ки падидаҳои манфӣ дар ТИК роҳ наёбанд.

11. ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНӢ БОЯД ТАРЗЕ ИСТИФОДА ШАВАНД, КИ БА ФАРОҒАТИ ДИГАРОН ХАЛАЛ ВА БА САЛОМАТИИ ОНҲО ЗАРАР НАРАСОНАНД

Истифодаи ТИК агар ба нафаре роҳат бошад, ҳамзамон шояд  фароғат ва саломатии дигареро халалдор созад. Албатта, ин аз ҳолати мушаххас вобаста аст. Агар асаби нафаре хароб аст, ҳангоми истифодаи ғайриахлоқии ТИК аз ҷониби дигарон нороҳат мегардад. Бинобар ин, истифодаи ТИК бо назардошти манфиатҳои дигарон зарур аст.

12. АЗ ТАҶҲИЗОТ ВА ВОСИТАҲОИ ТЕХНОЛОГИИ ДИГАРОН БЕ ИҶОЗАТ ИСТИФОДА БУРДАН БЕОДОБИСТ

ТИК вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Масалан телефон натанҳо воситаи техникии сӯҳбат мебошад, балки воситаи нигоҳдории маълумоти зиёди шахсию махфӣ ҳам ҳаст. Худи компютер агар 2 ҳазор сомонӣ бошад, пас маълумоти дар он маҳфузбуда шояд, аз садҳо ҳазор сомонӣ зиёд бошанд. Илова ба ин телефон ва компютер инъикоскунанда ва сабткунандаи рафтори гузаштаи инсон, нақшаҳои оянда ва дунёи зеҳнию ботинии ӯ буда метавонад. Ҳеҷ кас намехоҳад, ин арзишҳо дастраси дигарон бошанд, ҳатто назар кардан ба монитори компютери шахси дигар аз рӯи одоб нест. Барои ҳамин ҳама гуна истифода аз воситаҳои технологии дигарон бидуни иҷозат ғайри қобили қабул аст.

13. МАЪЛУМОТИ ИНФИРОДИИ ҲАР ШАХС ДАР ФАЗОИ ВИРТУАЛӢ ДАХЛНОПАЗИР БУДА, ИСТИФОДАИ БЕИҶОЗАТИ ОН НОРАВОСТ

Шахс дар фазои виртуалӣ метавонад, дорои тахаллус, рамз, маълумоти махфӣ, мукотиботи виртуалӣ ва дигар маълумоте бошад, ки дахолат ба онҳо нораво мебошад. Мабодо ТИК (телефон, компютер, флешка) –и гумшудаеро нафаре ёбад, ё тасодуф дастрасаш шавад, то соҳибаш пайдо шудан, бояд ҳамчун амонат нигоҳ дорад. Зеро, иттилооти дар он маҳфузбуда ҳатман барои соҳибаш арзишманд аст. Амонатнигоҳдорӣ аз беҳтарин хислатҳои инсонист, ки он ба ТИК низ мутаалиқ аст. Яъне на танҳо пулу мол, инчунин иттилоот низ амонат буда метавонад.

14. СУХАН ВА ИТТИЛООТИ ШАХСИ ДИГАРРО ТАҲРИФ КАРДАН НОРАВОСТ

Коста намудани мазмуни сухан ва иттилооти шахси дигар тавассути усулҳои гуногун (таҳрири ғаразнок, воҳимаангезӣ, ғалатбаёнӣ ва ғ.) қобили қабул нест. Мазмуни сухан ва иттилооти дигарро тавассути ТИК (матн, аудио, видео ва ғ.) таҳриф намудан ба шарофати 11 имкониятҳои техникӣ осон шудааст. Аз ҳамин нуқтаи назар ба иттиллоот, хусусан дар интернет мардум ҷиддӣ муносибат ва бовар намекунанд. Ҳолатҳои сохтакорӣ ва таҳрифгароӣ бовариро ба шубҳаҳо мубаддал намудааст. Аз ҳамин лиҳоз барои эҳтиром ба сухан ва иттилооти шахс ва пойдории боварии аҳли ҷомеа зарур аст, ки аз сохтакорию таҳрифгароӣ ҷилавгирӣ намоем.

15. ШАРҲИ БЕОДОБОНАИ АНДЕШАИ ДИГАРОН ВА ПОСУХИ БЕОДОБОНА БА ОН ҚОБИЛИ ҚАБУЛ НЕСТ

Андешаи инсон лоиқи эҳтиром аст. Шарҳ ва посух ба он бояд дар доираи одоб сурат гирад. Шарҳ ва посухи беодобона, худи шореҳ ва посухдиҳандаро шарманда месозад, зеро мубоҳисаҳои дар ТИК (масалан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сайтҳо) суратгирифта, кӣ будани шахсро ба мардум муаррифӣ мекунад. Бинобар ин шарҳ ва посух бояд бо далел, пурмазмун ва дар доираи одоб сурат гирад.

16. БА ВОСИТАИ ТИК ҲАРЗАНОМА (СПАМ) ФИРИСТОДАН ҶОИЗ НЕСТ

Дар Қоидаҳои фароҳамоварии хизматрасонии Интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001, №389 тасдиқ шудааст, муқаррар гардидааст, ки абонент уҳдадор аст «ба таври оммавӣ ба ҳар тараф фиристодани ахбори электронии пешакӣ мувофиқа нагардидаро (spam) анҷом надиҳад, ҳамчунин ба гирандагоне, ки қаблан барои дарёфти ин ахбор хоҳиш накарда буданд, ахбор нафиристад». Спам барои қабулкунандаи он «дарди сар» буда метавонад. Қабулкунандаи спам вақт ва зеҳни худро бефоида сарф мекунад. Спам ҳам мисли беҳудагӯӣ метавонад табъи дигаронро хира созад.

17. СӮЙИИСТИФОДА АЗ ДОНИШУ МАЛАКАИ НОКИФОЯИ ТЕХНОЛОГИЮ ИТТИЛООТИИ ДИГАРОН НОРАВОСТ

Мутахассисони соҳаи ТИК дорои имкониятҳои дастрасӣ ба иттилооти махфии дигарон буда метавонанд ва медонанд, ки чӣ гуна онҳоро таҳти таъсири дониши технологии худ қарор диҳанд. Агар чунин таъсир мусбат бошад, боке нест, агар зараровар бошад аз он ҳазар бояд намуд. Бинобар ин мутахассисони соҳа набояд аз донишу малакаи нокифояи технологию иттилоотии дигарон суиистифода намоянд ва бо ин роҳ ба онҳо зарарҳои моддию маънавӣ расонанд.

18. ИСТИФОДАБАРАНДАИ ТИК БАРОИ МАЪЛУМОТИ ИНТИШОРКАРДАИ ХУД МАСЪУЛ МЕБОШАД

Маъмулан масъулият бо ду маъно фаҳмида мешавад. Якум, агар шахс нодуруст будани амали худро дарк намояд бояд аз анҷоми он худдорӣ кунад, зеро ҷавобгар хоҳад шуд. Яъне ин масъулият дар зеҳн барои пешгирӣ намудани амалҳои носазо мебошад. Дуюм ҷавобгарӣ барои амалҳои манфии содиршуда аст, ки шахс аз ҷавобгар шуданаш бояд ибрат гирад ва такрор нанамояд. Дар ҳама ҳолат то интишори иттилоот шахс масъулият бояд ҳис намояд. Яъне ӯ бояд муътақид бошад, ки иттилооти интишор диҳандааш воқеӣ ва беғараз аст.

19. КОРБАРИ ТИК БАРОИ РИОЯ НАМУДАНИ ОДОБ ДАР ФАЗОИ ВИРТУАЛӢ МАСЪУЛ АСТ

Чуноне дар банди 18 гуфтем, ҳар шахс пеш аз амал ва баъд аз он бояд масъулиятро дарк ва ба ӯҳда дошта бошад. Риоя накардани одоб дар фазои ТИК таъсири манфӣ дорад. Хусусан вақте чунин рафтор аз ҷониби афроди маъруф содир мешавад, он ба ахлоқи ҷомеа таъсири бад мегузорад. Барои чунин беодобӣ чораҳои таъсиррасонии ҷамъиятӣ амал мекунанд, хусусан муҳокимаи аҳли ҷомеа, пайдо шудани беэҳтиромӣ нисбат ба чунин шахс, ба унвони ӯ ҷавобҳои маҳкумкунанда равона кардан ва ғ.

20. ВОЛИДАЙН ДАР ИСТИФОДАИ ТИК АЗ ҶОНИБИ ФАРЗАНДОНИ НОБОЛИҒ МАСЪУЛ МЕБОШАНД

Масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд, натанҳо тавассути қонун пешбинӣ шудааст, инчунин он аз азал яке аз муҳимтарин вазифаҳои волидайн ба шумор мерафтанд. Падару модар аз як тараф талош мекунанд, ки фарзандони онҳо аз ТИК баҳраманд бошанд. Аммо ҳамзамон онҳо бояд огоҳ бошанд, ки эҳтимоли истифодаи нодуруст ва ғайриахлоқии ТИК маҳз аз ҷониби ноболиғон зиёд мебошад. Хусусан гирифтори бозиҳои компютерӣ, тамошои фаҳш, суҳбатҳои дурударози беҳуда, безарурат  дар интернет сайр кардан аз ҷониби ноболиғон зиёд ба чашм мерасад. Бинобар ин, падару модар истифодаи ТИК–ро аз ҷониби фарзандони ноболиғ бояд назорат кунанд.

21. ИСТИФОДАИ ТРАФИКИ ИНТЕРНЕТИ ОЗОД ТАВАССУТИ ВАЙФАЙ, ДАР ҲОЛАТЕ ҲАЛОЛ АСТ, КИ АГАР СОҲИБИ ВАЙФАЙ ОНРО БО ҲАМИН МАҚСАД ИМКОН ДОДА БОШАД

Агар тасодуфан касе ВАЙВАЙ-и худро озод гузошта бошад, аз он истифода бурдан ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ аст. Илова бар ин на ҳама ВАЙФАЙ-и кушода безарар аст.