Суръати бесобиқаи рушди ҳуши маснӯӣ: зафар ё хатар?

28 мая 2025
273
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар интернет наворе бо суръат паҳн ва пурбинанда мешавад. Дар он мебинем ки як кенгурӯчаи бисёр ширинакеро иҷозаи ворид шудан ба ҳавопаймо намедиҳанд. Ин ҷонвари безабон ончунон бо раҳму шафқат ба дурбин нигоҳ дорад, ки сангилтарин дилро ҳам об мекунад…

Аммо чизи ҷолиб ин аст ки навори мазкур комилан аз ҷониби ҳуши маснӯии Veo 3 сохта шудааст. Бинандаи одӣ наметавонад ташхис бидиҳад, ки навор воқеӣ нест.
Бо чунин суръат рушд кардани шабакаҳои нейронӣ зиндагии маъмулии моро ба зудӣ дучори тағйироти бузург хоҳад кард. Моро инқилоби воқеии технологӣ интизор аст.
Аммо ҳар пешрафт ҳамеша ду тараф дорад: зеҳни сунъӣ василаест ки метавон онро ҳам ба нафъ ва ҳам ба зиёни инсон истифода кард.

Дар сурати истифодаи гузинаи дуввум шабакаҳои иҷтимоиро «дипфейкҳо» фаро хоҳанд гирифт, ки фарқ кардани онҳо аз наворҳои аслӣ номумкин мешавад, миллионҳо одам ҷойи корашонро аз даст медиҳанд ва низоми маориф ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёзманд мешавад.

Аммо гузашта аз ҳамаи ин саволи асосӣ ин аст: оё зеҳни сунъӣ ва зеҳни инсонӣ метавонанд ҳамзистии дарозмуддат дошта бошанд? Чӣ фикр доред?

(бо истифода аз матни nexta комил шудааст)