Сомонаҳои мо: Сомонаи Вазорат | Агентии меҳнат ва ША | Хадамоти муҳоҷират | Тафтиши манъи вуруд ба ФР | Намояндагӣ дар ФР | Лоиҳаи GOPA
ПОРТАЛИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МЕҲНАТӢ
Хизматрасониҳо
Дар ин пайванд ҳамаи сохторҳои зертобеи Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, марказҳои ҷамъиятӣ, хусусӣ ва молиявие, ки ба Шумо оид ба маълумотдиҳӣ ва машварат, таълим, кортаъминкунӣ, иқтисодиёт, кумаки ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ хизмат мерасонанд, ҷамъ оварда шудаанд.
Бо воситаи ин пайванд Шумо метавонед аз сомонаи www.kor.tj ҷойҳои кории холиро ҷустуҷу намоед ё ҳолномаи худро барои дарёфти ҷойи кор пешниҳод намоед.
Дар ин пайванд Шумо метавонед аз коршиносони соҳаи муҳоҷират тариқи онлайн машваратҳои ҳуқуқи гиред. Машваратҳо аз ҷониби коршиносони ташкилоти ҷамъиятии “Центр по правам человека” пешниҳод мегардад.
Дар ин пайванд , шакли аризаҳои намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оварда шудаанд, ки Шумо метавонед дастрас намоед.
Бо истифода аз ин хизматрасонӣ, Шумо метавонед пеш аз сафари муҳоҷират ба Федератсияи Россия мамнуъ будан ё набудани вуруди худро тафтиш намоед.
Бо истифода аз ин хизматрасонӣ, Шумо метавонед бо аризаи худ новобаста ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тариқи онлайн муроҷиат намоед.
Нақшаи санҷишии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобаста ба назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, меъёрҳои бехатарии меҳнат, риояи стандартҳо ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият барои соли 2019