Намояндаи Дафтари Комиссари олии СММ дар бораи тавсияҳо, вазъи озодии баён ва маҳдудиятҳои замони пандемия

07 мая 2021
322
Муаллиф: Rushnoi.org

Суҳроб Шоев/акс аз khоmа.tj

Намояндаи Дафтари Комиссари олии СММ дар бораи тавсияҳо ба ҶТ, вазъи озодии баён ва маҳдудиятҳои замони пандемия 

Намояндаи Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, бар асоси таҳлили намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, тадбирҳое, ки Тоҷикистон барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ дар бахши озодии баён анҷом медиҳад, кофӣ нестанд. Суҳроб Шоев, намояндаи Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 5 май дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот гуфт, “мувофиқи ин таҳлил, вазъи озодии баён дар кишвар дар солҳои охир ба таври назаррас бадтар шудааст. Расонаҳои чопӣ ба мушкилоти молӣ дучор ва баста мешаванд, рӯзноманигорони мустақил бошанд, барои маводи танқидию ҳассос сензура ва таъқиб мешаванд”.

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо UNHCR, ЮНЕСКО ва ТҶ “Хома” созмон дода шуд.

Rushnoi.org матни пурраи суҳбати ҷаноби Шоевро бидуни тағйир барои хонандаҳо пешниҳод мекунад:

Озодии баён, хусусан дастрасӣ ба иттилоот, имконияти муҳокимаи афкори гуногун ва ҳамчунин ҳифзи гуногунандешӣ аз унсурҳои муҳими фазои озоди шаҳрвандӣ ҳисоб мешаванд.

Озодии баён аз ҳуқуқҳои бунёдии инсон мебошад ва низоми СММ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ин ҳуқуқ ба таври ҷиддӣ расидагӣ мекунад.

Воқеияти замони “Ковид-19” бори дигар то кадом дараҷа муҳим будани ин озодиро собит намуд ва дар ин давра оид ба ин масъала хеле санадҳои СММ қабул шуданд.

Дар Барномаи СММ оид ба чораҳои таъҷилии иҷтимоию иқтисодӣ дар давраи “Ковид-19” гуфта мешавад, ки дар амалигардонии чораҳо барои бартарафсозии “Ковид” ва оқибатҳои он бояд уҳдадории кишварҳо дар бахши ҳуқуқи инсон ба роҳбарӣ гирифта шаванд. Алоҳида қайд мешавад, ки ҳимояи дастрасӣ ба иттилоот, озодии баён дар радифи дигар ҳуқуқҳои сиёсиву шаҳрвандӣ қисми таркибии чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодии СММ мебошанд.

Дар ин баромад кушиш мекунам оид ба уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳифзи ҳуқуқи СММ, ки аз тавсияи ниҳодҳои СММ бармеоянд, ба Шумо маълумоти фишурда диҳам. Бешубҳа, иҷрои тавсияҳои механизмҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои беҳтару қавитар аз замони “Ковид” берун омадан зарур мебошанд.

Низоми ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ аслан се бахши муҳимро дарбар мегирад:

  1. Низоми Созишномавӣ;
  2. Расмиёти махсус;
  3. Шарҳи универсалии даврии Шӯрои ҳуқуқи инсон.

Ҳамаи ин ниҳодҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи озодии баён сарукор гирифта ва барои беҳбуди вазъ дар кишвар тавсияҳо додаанд. Бо назардошти кутоҳии вақт ба Шумо танҳо тавсияҳои 5 соли охирро мебиёрам ва оғоз мекунем аз ниҳодҳои созишномавии СММ.

Кумитаи ҳуқуқи инсон, ки иҷрои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро назорат мекунад,  соли 2019 аз баъзе маҳдудиятҳо, аз ҷумла, маҳдудкунии дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии алоҳида, мудохилаи мақомоти амниятӣ ба ҷараёни бақайдгирии ВАО, таъқиби рӯзноманигорони мустақил изҳори нигаронӣ намуда буд. Баъди баррасии гузориши Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳуқуқи инсон аз ҷумла тавсия дод, ки Тоҷикистон:

  • Ҷавобгарии ҷиноятиро барои таҳқири Президент\Пешвои миллат ва шахсони мансабдор аз байн барад.
  • Гуногунандеширо дар ВАО таъмин кунад то рӯзноманигорон тавонанд бе дахолати мақомоти давлатӣ озодона фаъолият кунанд.

Бо мақсади бекор кардани маҳдудиятҳо ба қонун ва дигар санадҳои меъёрӣ тағирот ворид ва ин санадҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шаванд.

Кумитаи ҳуқуқи инсон ҳамчунин тавсия додааст, ки дастрасии саривақтии ҷомеа ба маълумоте ки дар ихтиёри мақомоти давлатӣ ҳаст, таъмин карда шавад. Ин вобаста ба ҳолатҳоест, ки ВАО ба мақомот муроҷиат мекунанд, вале сари вақт маълумоти дурусту кофӣ дастрас намекунанд. Инчунин дидани чораҳо барои таъмини мустақилияти Кумитаи телевизион ва радио, ки барои фаъолият иҷозат медихад, ҳимояи рӯзноманигорони мустақил ва кормандони ВАО аз ҳама гуна тарсдиҳӣ, худдорӣ аз истифодаи ҷавобгарии гражданӣ ва ҷиноятӣ нисбати рӯзноманигорон, аз ҷумла муқаррароти қонунгузорӣ оид ба мубориза бо ифротгароӣ ҳамчун воситаи пешгирикунандаи ахбори танқидӣ оид ба масъалаҳои ба манфиати умум дахлдошта тавсияҳои дигари Кумитаи ҳуқуқи инсон мебошанд.

Кумитаи ҳуқуқи инсон ҳамчунин, аз назорати интернет траффик, мониторинги мукотибаҳо бе назорати суд, ки маҳрамияти ҳаёти шахсиро поймол мекунад, изҳори нигаронӣ кардааст.

Барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсон Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи миллии амалҳоро барои солҳои 2020-2025 қабул намуд, ки баъзе чорабиниҳоро аз қабили таҳлили қонунгузорӣ пешбинӣ мекунад.

Аз механизми дуюми ҳимояи ҳуқуқи инсони СММ, яъне Расмиёти махсуc тавсияҳои Гузоришгари вижа оид ба озодии баёнро зикр намудан бамаврид аст. Чӣ тавре ки огоҳ ҳастед, Гузоришгари вижаи СММ оид ба озодии баён моҳи марти соли 2015 бо даъвати ҳукумати кишвар ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Ин гузоришгар аз ҷумла тавсия дода буд, ки:

  • ҳамаи махдудиятхо нисбати озодии баён ба талаботи банди 3-и моддаи 19-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мутобиқ карда шаванд.

Чӣ тавре ки маълум аст, озодии баён мутлақ нест ва метавонад маҳдуд карда шавад. Асосҳо барои маҳдудкунӣ дар банди 3-и моддаи 19-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандию сиёсӣ оварда шудаанд ва эҳтироми ҳуқуқ ва обрӯи шахсони дигар, ҳифзи амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва солимию ахлоқи ҷомеаро дарбар мегиранд. Аммо ин маҳдудиятҳо набояд моҳияти озодии баёнро аз байн баранд. Онҳо бояд ба қонун асос ёфта, зарур ва муносиб бошанд. Аз ҷумла, вақте ки дар бораи маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ суҳбат мекунем, маҳдудиятҳо асосан бояд ба мазмуни маводи алоҳида равона шаванд ва аз ҳамин сабаб, барои нашри як мавод ба таври умумӣ маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳо ба банди 3-и моддаи 19-и Паймон мувофиқ намеояд.

Ҳамчунин Гузоришгари вижа тавсия дод, ки талабот ба бақайдгирии ВАО ва аккредитатсияи рӯзноманигорон бояд аз дахолати давлат ҳимоя шаванд. Меъёри қоидаҳо бояд оқилона, аниқу шаффоф ва бидуни табъиз бошанд.

Низоми бақайдгириву иҷозатдиҳӣ, аккредитатсияи фаъолияти рӯзноманигорӣ, дар кадом кишваре ки набошад, тибқи мушоҳидаҳои Кумитаи ҳуқуқи инсон ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ нест.

Гузоришгар ҳамчунин исрор намуд, ки мақомот, аз ҷумла мақомоти судӣ бояд рӯзноманигоронро ҳимоя кунанд, то онҳо тавонанд рисолати худро иҷро намоянд. 

Бахши дигари тавсияҳои Гузоришгар ба дастрасӣ ба интернет марбут аст. Аз ҷумла, тавсия дода мешавад, ки Маркази ягонаи коммутатсиониро барҳам дода, ба маҳдудкунии дастрасӣ ба сомонаҳои алоҳида хотима дода шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ бояд ба машваратҳо оиди танзими соҳа ҷалб карда шаванд, чунки таъмини инфрасохтори қавӣ ва амн на танҳо барои таъмини ҳуқуқи инсон, балки барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар низ зарур аст.

Чӣ тавре ки дар Қарори Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аз соли 2016 қайд мешавад, он ҳуқуқҳое, ки инсон дар фазои оффлайнӣ дорад, аз ҷумла озодии баён бояд дар фазои онлайнӣ ҳам ҳимоя шаванд ва кишварҳои аъзо бояд аз худсарона маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет худдорӣ кунанд.

Маҳдудкунии озодии баён дар давраи пандемия мушкилоти бисёр кишварҳо мебошад. Аз ин сабаб, Гузоришгари вижаи СММ оид ба озодии баён соли 2020 дар гузориши худ ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аз маҳдудияти озодии баён дар замони “Ковид-19” дар давлатҳои аъзои СММ ибрози нигаронии амиқ намуда, аз ҷумла изҳор намуд, ки:

“Одамон фавтиданд барои он ки ҳукуматҳо дурӯғ гуфтанд, воқеиятро, хатарро пинҳон доштанд ва барои паҳнкунии иттилои бардурӯғ рӯзноманигоронро дастгир карданд”.

Механизми сеюми СММ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои марбут ба озодии баёнро додааст, Шарҳи универсалии даврӣ мебошад. Мувофиқи ин механизм, ки нисбатан нав аст, давлатҳо дар давоми хар 4-5 сол ба Шӯрои ҳуқуқи инсон (ШУД) дар хусуси иҷрои уҳдадорихои худ гузориш медиҳанд. Дар даври дуюми ШУД соли 2016 хеле давлатҳои аъзо, аз ҷумла Словакия, Швейтсария, Франсия, Литва ва дигарон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи озодии баён тавсияҳо дода буданд. Аз ҷумла, таъмини озодии баён мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ, бе қарори суд манъ накардани дастрасӣ ба интернет ва ғайра.

Барои иҷрои тавсияҳо хукумати кишвар Нақшаи миллии амалҳоро барои солҳои 2016-2020 қабул намуда буд. Мутаассифона, тибқи тахлили намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тадбирҳое, ки барои иҷрои тавсияҳо дар бахши озодии баён андешида шудаанд, кофӣ нестанд ва вазъи озодии баён дар кишвар дигаргуниҳои бештарро талаб мекунад. Расонаҳои чопӣ ба мушкилоти молӣ дучор ва баста мешаванд; рузноманигорони мустакил бошанд барои маводи танқидию ҳассос сензура ва таъқиб мешаванд, омадааст дар ин таҳлил. Моҳи ноябри имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба Шӯрои ҳуқуқи инсон гузориш медиҳад ва боварӣ дорам, ки тавсияҳои бештаре дар ин бахш барои кишвар ирсол мешаванд.

Дар Дастури СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар давраи “Ковид-19” омадааст, ки маълумот оиди пандемия ва чораҳои дидашуда бояд ба ҳама дастрас бошанд. Дар ин замина дастрасӣ ба интернет мавқеи муҳим дорад ва ҳукуматҳо бояд ба маҳдудкунии дастрасӣ ба интернет хотима диҳанд. Кормандони тиб ва мутахассисон бояд озодона сухан карда маълумоти заруриро ба мардум гуфта тавонанд. Рузноманигорон ва ВАО бошанд, тавонанд озодона ва бе тарсу ҳарос оиди пандемия маълумот диҳанд.

Дар Даъвати Дабири Кулли СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон аз соли 2020 қайд мешавад, ки ҷомеа ҳамон вақт устувор ва тобовар мешавад, ки агар мардум аз ҷумла, бо роҳи дастрасӣ ба иттилоот, муколама ва ибрози норозигӣ тавонанд дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ иштирок кунанд.