Дар бораи мо

Rushnoi.org – як манбаъи расонаомӯзӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буда, барои онҳое нигаронида шудааст, ки дар талоши дарк ва шинохти хабарҳои воқеӣ аз иттилои дурӯғ ҳастанд. Ин пойгоҳ (сомона) талош мекунад, дар замири хонандаҳо тафаккури интиқодиро бедор созад, то бо василаи санҷидани факту далелҳо ба ҳар иттилои бофта ва дасткоришуда бовар накунанд. Ҳайати эҷодӣ саъй мекунад, абзорҳои содда ва маъмули санҷиши факту далелҳоро ба корбарон пешниҳод намояд. Инъикоси хабару гузориш, матолиби таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ дар бораи авзоъи минтақа, кишварҳои ҳамсоя, тавзеҳи ҳаводиси ҷаҳон низ дар платформа истисно нест.
 
Rushnoi.org барои ҳамкорӣ омода аст. Ҳамеша мунтазири андеша ва пешниҳодҳои Шумо ҳастем.
 
Нишонӣ: Шаҳри Душанбе, к. Маҳмадалӣ Қурбонов 25, ҳуҷраи 10. Дафтари Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет”
Имейл: rushnoitj@gmail.com