“Ҷанги сулҳ” | Русия ва Амрико ба Афғонистон раҳм мекунанд?

04 октября 2018
865
Муаллиф: Фахриддини Холбек

Ҳар қадар дар Афғонистон ҳарфи сулҳ бештар садо медиҳад, ҳамон қадар нигарониҳо аз ташдиди авзоъ ва зуҳури ноамниҳои хориҷ аз тасаввур бештар мешаванд.

Нозирони аҳвол бар инанд, ки ихтилоф миёни Русия ва Амрико бар сари музокироти сулҳ дар Афғонистон рақобати ин ду абарқудратро шиддат бахшидааст ва эҳтимоли аз саҳнаҳои ҷанги Ховари Миёна ва Украина ба ин кишвар тамаркуз кардани онҳоро бештар кардааст. Масъуд Тараштвол, сухангӯи Шӯрои ҳаросат ва субот, як ниҳоди сиёсии муҷоҳидини Афғонистон мегӯяд, сулҳ ба як сароб ба мардуми Афғонистон табдил шудааст. Вай гуфт: “Ҳар боре, ки мо шиори сулҳро медиҳем, қурбониамон дар роҳи сулҳ бештар шуда меравад».

2 октябр як мақоми баланди дастгоҳи диплумосии ҳукумати Кобул ҳушдор дод, ки тамоми мухолифатҳои Амрикову Русия ба Афғонистон “кӯч” мебандад. Ҳикмат Халил Карзай, муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи Афғонистон зимни як нишаст дар Маркази мутолаоти ҳуқуқ ва сиёсати Афғонистон гуфт, вазъи ҷаҳонӣ ба гунае равон аст, ки ихтилофҳои Амрикову Русия дар саҳнаҳои дигари ҷангҳои ҷаҳон коҳиш ва дар Афғонистон афзоиш меёбад.

Ҳарчанд ин нишаст ба сиёсатҳои хориҷӣ ва роҳҳои расидан ба сулҳ дар Афғонистон ихтисос ёфта буд, Карзай гуфт, ихтилофҳои Амрикову Русия аз Украина ба сӯи Афғонистон дар ҳаракат аст ва агар ин рақобатҳо расмӣ шаванд, барои Афғонистон пайомадҳои зиёнборе хоҳад дошт.

Дар шарҳи ин ҳушдори Ҳикмат Карзай мақомоти Кремл изҳор доштанд, ки Русия барои ҳамкорӣ бо Амрико дар Афғонистон ҳозир аст, магар Вашингтон ҳамеша аз масири ҳамкорӣ туфра меравад.

4 октябр Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, зимни як нишасти матбуотӣ, гуфт, сиёсати Иёлоти Муттаҳида дар самтҳои гуногун мӯҷиби нигарониҳо ва интиқодоти Маскав шудааст. Вай гуфт: “Воқеан, Амрико як қатор корҳое дар қиболи Афғонистон анҷом медиҳад, ки мутаассифона, вазъро на беҳбуд мебахшанд, балки ба ташдид “дар рӯи замин” мебаранд, он чи ки тайи солҳои зиёд шавоҳиди бисёр дорад”.

Захарова гуфт, Маскав борҳо ба хотири ҳалли мухолифатҳо Вашингтонро сари мизи музокирот даъват кардааст, аммо амрикоиҳо агарчи ҳар дафъа алоқа нишон медиҳанд, баъдтар ба далоили номаълум худро “ба соя” мекашанд, ҳол он ки кӯшишҳои муштараки Русияву Амрико ба нафъи Афғонистон тамом мешаванд.

Маскав чанд бор изҳор дошт, ки Амрико ҷангиёни ба ном “Давлати исломӣ” ё ДОИШ–и шикастхӯрда дар Ховар Миёнаро ба Афғонистон интиқол медиҳад, то ба манофеъи миллии Русия дар Осиёи Марказӣ зарба занад. 28 сентябр дар нишасти 73 – и Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, бидуни зикри номи кишвари мушаххас гуфт, Маскав ҳеҷ гоҳ иҷоза нахоҳад дод, ки ҷангиёни ДОИШ аз Идлиби Сурия ба кишвари дигар, аз ҷумла Афғонистон, интиқол дода шаванд. Мухотаби Лавров, аз нигоҳи огаҳони ҳол, Амрико буд.

Дар навбати худ Амрико низ Русияро барои пуштибонӣ аз Толибон муттаҳам мекунад ва сиёсатҳои Русия дар қиболи Афғонистонро талошҳо барои густариши нуфуз арзёбӣ мекунад.

6 октябр Ҷозеф Вотел, сардори Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар Афғонистон, Русияро ба ривоятпардозиҳои мукаррар муттаҳам кард ва гуфт, русҳо бо пахши иттилооти нодуруст саъй доранд дар Афғонистон, Ироқ ва Сурия ин иддаоро тарвиҷ диҳанд, ки гӯё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳомӣ ва маблағгузори ДОИШ дар минтақа аст. Вай гуфт: “Ин иддаоҳо хом ва масхараанд”.

Фармондеҳи амрикоӣ гуфт, Русия мехоҳад барои ёфтани як роҳҳали сиёсӣ саҳм гирад, аммо ин кишвар ҳамроҳ бо Эрон дар талоши афзоиши нуфузи хеш дар Афғонистонанд. Вай афзуд, “мақомоти Маскав мехоҳанд то ҷое, ки метавонанд, аз тариқи ташдиди рақобат бо мо нуфузи худро дар Афғонистон ва Сурия густариш бахшанд”.

Ҳамзамон як намояндаи парлумони Афғонистон аз кӯмакҳои Русия ба фармондеҳони Шимоли Афғонистон сухан гуфт. Назир Аҳмадзай, узви Вулуси Ҷирга, гуфт, тайи вақтҳои охир русҳо “ба бархе афрод пул ва силоҳ кӯмак кардаанд, дар заминаи амнияташон ҷиддӣ будаанд, қумондонҳои асбақро дубора ҳимоят карданд ва мудохилаи рус баҳси пинҳон нест, балки аланӣ аст». Аҳмадзай аз аснод ва мадорики мавҷуд дар дасташ суҳбат кард, ки иҷолатан дар ихтиёри расонаҳо қарор додани онҳоро номумкин хонд.

Асадуллоҳ Ваволиҷӣ, як коршиноси аршад ва нозири аҳволи Шимоли Афғонистон мегӯяд, корҳои русҳо аксаран истихборотӣ аст ва Ӯзбекистону Тоҷикистон низ дар канори Русия фаъолият доранд. Вай афзуд, «русҳо бо қумондонони собиқу ҷадиде, ки имрӯз силоҳ дар даст доранд ва дар қудрат ҳастанд, иртибот доранд ва ин як чизи пинҳон нест, ки мустақиму озодона ба Ӯзбекистону Тоҷикистон рафту омад мекунанд».

7 октябр Залмай Халилзод, сафири вижаи Амрико дар умури Афғонистон, силсилаи сафарҳои худ дар ин симатеро, ки тоза аз сӯи Вашингтон эҷод шуд, аз Кобул шурӯъ кард. Ӯ ба вазоҳат гуфт, ки ҳукуматаш мехоҳад ҳукумати Афғонистон ва Толибонро сари мизи музокирот бинишонад. Ӯ Афғонистонро ба қасди Покистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар ва Арабистони Саудӣ тарк кард.

Маъмурияти Залмай Халилзод дар ин сафарҳо ҳамоҳангӣ ва раҳбарии талошҳо барои оғоз гуфтугӯҳои сулҳ миёни Толибон ва Афғонистон аст, аммо коршиносон мегӯянд, ӯ минҳайси як афғони Амрико манофеъи ин кишварро дунбол мекунад ва ин ба он маънӣ буда метавонад, ки кӯшишҳояш метавонанд мунҷар ба ташдиди вазъи амниятӣ шаванд.

Коршинос Аҳмади Ормон мегӯяд, Халилзод ба ин бовар аст, ки ҳаракати Толибон ҳамоно аз пуштибонони қаблиаш, назири Саудиву Қатар ва Аморот, ҳамонҳое, ки онҳоро соли 2001 ба Амрико фурӯхта буданд, фармон мебаранд, аммо вазъ тайи 17 соли ахир тағйири ҷиддӣ хӯрдааст ва акнун пуштибонҳои эшонро бояд дар Теҳрону Маскав ҷуст. Вай афзуд: “Русия танҳо ҳамтани Амрико дар ҷангҳои ҷаҳонӣ аст ва сулҳи Афғонистон танҳо ба мувофиқати Маскаву Вашингтон як амри амалӣ аст”.

Ду сол ба ин сӯ “себи мухолифат”–и Русияву Амрико гирифтани ибтикор ё зимоми гуфтугӯҳои сулҳ дар Афғонистон аст. Моҳи январи соли гузашта музокироти чорҷониба – Амрико, Чин, Афғонистон ва Толибон, ки дар Покистон баргузор шуд, бо адами хоҳиши ахириҳо барои идомаи он ба нокомӣ дучор шуд. Иддае инро кори дасти Русия ва ҳам бозигари дигари минтақа – Эрон арзёбӣ карданд.

14 апрели ҳамон сол Маскав низ як конфронси бузурги байнулмилалиеро ташкил дод, ки дар он муовинони вузарои корҳои хориҷии 11 кишвар, ба шумули Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон, Чин, ҳамчунин Осиёи Миёна — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд. Амрико ба ин нишаст даъват шуд, аммо аз ширкат даст кашид. Дар он нишаст қарор шуд, ки ҷаласаи навбатӣ дар Кобул ва бо ширкати Амрикову НАТО баргузор хоҳад шуд, аммо то имрӯз чизе ба даст наомад.

Маскав эълон кард, ки 4 сентябри соли равон дар Маскав нишасти 12 кишвар, ба шумули Толибон баргузор мешавад, аммо ба далели адами хоҳиши ҳукумати Афғонистон онро ба вақти дигар интиқол доданд. Иддае ҳам инро кори Амрико гуфтанд, аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, президенти Афғонистон ба ҳамтои русаш гуфтааст, ки омода аст бо Толибон дар ҳар кишваре набошад ба музокира нишинад, на ба гуфтугӯ.

Қисса кӯтоҳ, сулҳи Афғонистон ба бистаре шабоҳат дорад, ки ҳар кас ба болои худ мекашад. Ҷонибҳо бар якдигар тариқи нерӯҳои ниёбатии худ ба якдигар фишор меоранд ва натиҷа ҳам ин шудааст, ки бино ба омори СММ, теъдоди афроди мулкии кушташуда тайи 9 моҳи соли равон аз ҳамин давраи соли гузашта 25 дарсад зиёд шудааст.

Ин ҳам ҳикмати ҷангест, ки ҳадаф аз он расидан ба сулҳ аст…