Баррасии дурнамо ва тамоюли рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон

31 марта 2022
499
Муаллиф: Rushnoi.org

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизбони конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ташаккулёбӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамо ва тамоюли он” буд. Ин чорабинӣ рӯзи чоршанбе, 30 марти соли равон баргузор шуд.   

Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори ДДМИТ дар оғози кори конфронс бо таъкид ба зарурати доир намудани чунин ҳамоишҳо изҳор дошт, ки бояд сатҳи огаҳии донишҷӯён ва мардум дар бораи иқтисоди рақамӣ боло бурда шавад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” дар мавзӯи “Таълими иқтисоди рақамӣ: дурнамо ва мушкилиҳои он” суханронӣ намуд. Ӯ муаррифии худро аз шарҳ додани мафҳуми содаи иқтисоди рақамӣ  шурӯъ намуда, иброз дошт, ки “бинобар хусусияти гуногунӣ ва динамикии худ ба шарофати рушди босуръати технологияҳои рақамӣ пайваста инкишоф меёбад”.

 

Ба гуфтаи вай, қаблан иқтисоди рақамӣ танҳо бо бахши ТИК (технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) ва тиҷорати электронӣ алоқаманд буд, аммо дар мафҳуми нисбатан васеътар он “имкониятҳои нави технологияҳои рақамиро ҷиҳати таъсиррасонӣ ба ҳама ҷанбаҳои ҳаёти кишварҳо ва минтақаҳо ба назар мегирад”.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев дар идомаи суҳбат манъи истифодаи технологияи мобилӣ дар раванди таълим, дарки номукаммали мафҳуми иқтисоди рақамӣ, кам будани маводи таълимӣ дар ин замина, мухталиф будани барномаи таълимии фан/ихтисос дар муассисаҳои таълимии олӣ, ҳамкории заифи ҷонибҳо дар таъмини таҷрибаомӯзӣ, ба сатҳи зарурӣ дастрасӣ надоштан ба интернет ва муҳтавои миллиро аз мушкилиҳои аслии таълими иқтисоди рақамӣ унвон кард.

Барои беҳтар шудани вазъ ба андешаи раҳбари БҶ “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” бояд пешниҳодҳои зерин амалӣ карда шаванд:

  • омода намудани кадрҳои педагогӣ дар самти иқтисоди рақамӣ;
  • Рушди муҳтаво бо забони давлатӣ;
  • Баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ аз манфиатҳои ТИК, иқтисоди рақамӣ ва амнияти рақамӣ;
  • Дастгирии навовариҳо ва StartUP дар макотиби олӣ (тавассути 22 технопаркҳои мавҷуда);
  • Таъмини шарикии тарафҳои ҳавасманд дар рушди иқтисоди рақамӣ.

 

Дар идома Асомиддин Атоев, коршиноси аршади ТИК барои рушд дар мавриди “Нақши иқтисоди рақамӣ дар расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза кард. Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, татбиқи дуруст ва огаҳмандонаи иқтисоди рақамӣ роҳи кишвари моро барои расидан ба чор ҳадафи стратегӣ ҳамвор мекунад. Маърӯзаи Сайдалӣ Ҳаитов, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд.

Дар бахши дуввуми конфронси мазкур “Ҷанбаҳои назариявӣ ва методологии иқтисоди рақамӣ” баҳсу баррасӣ гардид. “Заминаҳои рақамисозии иқтисодиёт ва таъсири он ба бозори дохилии меҳнат”, “Иқтисоди рақамӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ”, “Андозбандӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”, Татбиқи иқтисоди рақамӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар”, “Хусусиятҳои хавфҳои молиявӣ дар иқтисоди рақамӣ” ва даҳҳо мавзӯи дигар аз сӯи омӯзгорони ДДМИТ дар бахши дуввуми конфронс муаррифӣ ва мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.